ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СПИД
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)
СПИД - бемории сирояткунандаи бисёр хавфнок буда, инсон сироят кардани ангезандаи он дар шароити ҳозира, ки усули самарабахши муолиҷа ва пешгирии махсуси он вуҷуд надорад, сабаби марг мешавад.
Мубориза ба муқобили сирояти ин беморӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат дар соҳаи ҳифзи сиҳати аҳолӣ ба шумор меравад.
Ин Қонун тартиби аз роҳи ҳуқуқӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва тавсияҳои Созмони байналхалиқии ҳифзи саломатӣ танзим намудани масъалаҳоеро, ки бо паҳншавии ин беморӣ иртибот доранд, муайян мекунад.
ФАСЛИ I. МАФҲУМҲО ВА ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1.
Сирояти ВИЧ - бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти бадани инсон ба вуҷуд меоварад. Дар вуҷуди ашхосе, ки ВИЧ ба онҳо сироят кардааст, вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба категорияи ашхосе, ки мавриди сирояти ВИЧ қарор гирифтаанд, ашхосе ҳам ҳастанд, ки дар онҳо осори клиникии ин беморӣ зоҳир нашудааст ва ҳам беморони СПИД тааллуқ доранд.
СПИД аломати норасоии масунияти бадан - марҳалаи ниҳоии сирояти ВИЧ мебошад. Беморони СПИД - шахсоне мебошанд, ки зуҳуроти беморӣ дар онҳо гуногун буда, системаи масунияти бадани онҳо вируси норасоии масунияти бадан сахт зарар дидааст.
Моддаи 2.
Дар соҳаи мубориза ба муқобили бемории СПИД сиёсати давлатии Тоҷикистон бо роҳи ташкили иҷрои ин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин танзими таъминоти молиявӣ ва моддии Барномаи дахлдори давлатӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии ин беморӣ, бастани шартномаҳои байналхалқӣ дар ин бобат, васеъ огоҳ намудани аҳолӣ аз ин беморӣ, махсус тайёр намудани кадрҳои тиббӣ, гузаронидани тадқиқоти илмии ҳамаҷониба ва татбиқӣ амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 3.
Хориҷ карда шуд .
ФАСЛИ II. ШАРОИТ ВА ТАРТИБИ МУОЙИНАИ ТИББӢ БАРОИ МАЪЛУМ НАМУДАНИ АШХОСЕ, КИ БА ОНҲО ВИЧ СИРОЯТ КАРДААСТ, БАҲИСОБГИРӢ, МУОЙИНАИ ТИББӢ ВА МУШОҲИДАИ ПРОФИЛАКТИКИИ КАСОНЕ, КИ МАВРИДИ СИРОЯТИ ВИЧ ҚАРОР ГИРИФТААНД
Моддаи 4.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар давлатҳо ва шахсони ғайришаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ё будубош менамоянд, ҳуқуқ дода мешавад: барои ошкор намудани сирояти вируси бемории норасоии масунияти бадан, аз ҷумла ба сурати маҳрамона дар муассисаҳои махсуси тиббӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо, аз муойинаи тиббӣ ва тадқиқоти тиббӣ гузаранд. Ин ҳуқуқ бо расонидани ёрии пурихтисоси тиббӣ, таъсиси шабакаи кофии муассисаҳо барои пешгирии СПИД ва табобати шаҳрвандон таъмин карда мешавад.
Мақомот ва муассисаҳои мухофизати саломатӣ вазифадоранд, ки бехатарии чунин муойинаро ҳам барои шахси муойинашаванда ва ҳам барои коркунони тиббӣ таъмин намоянд.
Моддаи 5.
Шахсоне, ки дар Қоидаҳои муойинаи тиббӣ барои ошкор намудани сирояти норасоии масунияти бадан (бемории СПИД) ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, зикр ёфтаанд, бояд ҳатман мавриди муойинаи тиббӣ қарор дода шаванд .
Моддаи 6.
Шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ё кор омадаанд, ҳатман барои муайян намудани мавҷудияти сирояти ВИЧ таҳти муойинаи тиббӣ қарор дода мешаванд. Шахсоне, ки дорои сертификат мебошанд, ки он дар шартномаи дахлдори байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар пешбинӣ карда шудааст, аз муойинаи тиббӣ озод ҳастанд.
Кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии давлатҳо, инчунин шахсони дигар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзот ва масунияти дипломатӣ бархурдоранд, фақат бо ризояташон барои таҳқиқи сирояти вируси масунияти бадан (бемор СПИД) мавриди муойинаи тиббӣ қарор гирифта метавонанд.
Моддаи 7.
Маълумот дар бораи гирифтор будан ба вируси норасоии масунияти бадан ё бемории СПИД сирри вазифавӣ мебошад, ки он тавассути қонун ҳифз мегардад.
Додани чунин маълумот фақат ба намояндагони қонунии шахси бемор, муассисаҳои тиббӣ, мақомоти додситонӣ, таҳқиқ, тафтиш, додгоҳ ва дигар мақомоту шахсоне, ки қонун пешбинӣ намудааст, мумкин аст.
Моддаи 8.
Муассисаҳои дахлдори тиббӣ баҳисобгирию тадқиқ ва муойинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, инчунин шахсони бешаҳрвандиро, ки аломатҳои норасоии масунияти бадан доранд, ҳомилони вирус ва бемор мебошанд, таъмин менамоянд.
Моддаи 9.
Қоидаҳои тадқиқи тиббиро барои муайян намудани сирояти вируси норасоии масунияти бадан, ба ҳисоб гирифтан ва муойинаи ашхоси мавриди сирояти ВИЧ ва мушоҳидаи профилактикӣ аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад ва онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад .
Моддаи 10.
Шаҳрвандони дигар давлатҳо ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки мавриди сирояти ВИЧ шудаанд, мувофиқи тартибе, ки қонун муқаррар кардааст, аз ҷумҳурӣ хориҷ карда мешаванд.
ФАСЛИ III. ӯҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНЕ, КИ БА ОНҲО ВИЧ СИРОЯТ КАРДААСТ ВА ШАХСОНЕ, КИ МАВРИДИ МУОЙИНАИ БЕМОРИИ СПИД ҚАРОР МЕГИРАНД
Моддаи 11.
Шахсоне, ки барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти бадан ё бемории СПИД мавриди муойинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, бо даъвати хаттии муассисаҳои тиббӣ бояд ба он ҷо ҳозир шаванд.
Агар чунин шахсон бе сабаби узрнок барои муойина ҳозир нашаванд, бо хоҳиши муассисаҳои тиббӣ ва иҷозатномаи додситон мақомоти милисаи маҳалли зист ё будубош онҳоро ба муассисаи тандурустӣ меоваранд. Дар хоҳиш набояд он беморӣ, ки сабаби овардани ин шахсон аст, зикр ёбад. Дар сурате, ки шахси мавриди чунин муойина бо қарори муассисаи тиббӣ розӣ набошад, вай метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад.
Моддаи 12.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои дигар, инчунин шахсони бидуни шаҳрвандӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ё будубош менамоянд, баъди ҳосил намудани маълумот дар бораи мавриди сирояти барангезандаи СПИД қарор гирифтанашон, вазифадор ҳастанд бо даъвати муассисаҳои дахлдори тиббӣ барои гузаштан аз муойинаи тиббӣ ва мушоҳидаи профилактикӣ ба он муассисаҳо ҳозир шаванд, ки дар ин ҷо ба онҳо бояд дар бораи манбаъҳои эҳтимолии сирояти ВИЧ маълумот дода шавад. Дар сурати аз муойина саркашӣ намудани ин шахсон нисбати онҳо мувофиқи қисми дуюми моддаи 11 ин Қонун чора дида мешавад.
Ин шахсон бояд дар бораи зарурати риояи чораҳои пешгирии беморӣ бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии сирояти ВИЧ ва масъулияти ҷиноӣ барои дидаю дониста мавриди хатари сирояти беморӣ, ё ба шахси дигар сироят кунонидани он огоҳ карда шаванд.
Шахсоне, ки мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан гардидаанд, ба сурати хаттӣ роҷеъ ба гирифтани маълумот ва огоҳӣ дар ин бора тасдиқ намоянд.
Моддаи 13.
Шахсони мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан ва беморони СПИД ӯҳдадор ҳастанд, ки:
барои пешгирӣ намудани паҳншавии сирояти вирус тадбирҳо андешанд, ки онҳо бо дастуруламали дахлдор ва аз тарафи духтур муайян карда мешаванд;
шахсонеро, ки то ба қайд гирифта шудани факти сирояти вирус бо онҳо алоқаи ҷинсӣ доштаанд, дар бораи эҳтимоли ба онҳо сироят намудани вируси норасоии масунияти бадан хабар диҳанд.
ФАСЛИ IV. ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ МАВРИДИ СИРОЯТИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ БАДАН ҚАРОР ГИРИФТААНД, БЕМОРОНИ СПИД ВА АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲО
Моддаи 14.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои дигар ва шахсони бешаҳрвандӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан ва беморони СПИД, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ё будубош менамоянд, ҳуқуқ доранд, ки:
ҷомеа нисбати онҳо эҳтиромона ва инсондӯстона муносибат намояд, ки он аз таҳқири шаъну эътибори инсонӣ мустасно бошад;
аз дигарон нигоҳ доштани сирри вазъи саломатии худро талаб намоянд, агар шароит ва хусусиятҳои ҳаёт ва меҳнати онҳо хатари ба дигарон сироят кардани бемории онҳоро ба вуҷуд наоварад;
товони зарари ба сабаби ифшои маълумот дар бораи факти мубталои вируси норасоии масунияти бадан будани онҳо расондашуда барояшон дода шавад;
аз рӯи касби интихобкардаашон кор кунанд, ба истиснои ихтисосҳо ва вазифаҳое, ки бо феҳристи махсус муқаррар карда шудаанд;
бо дорувор ва дигар воситаҳои табобат дар шароити амбулаторӣ барои муолиҷаи ҳар беморие, ки онҳо доранд, таъмин карда шаванд;
аз нақлиёт ба мақсади рафту омад ба муассисаи тиббӣ барои муолиҷа, тавре ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бепул истифода баранд, он аз ҳисоби маблағе, ки барои марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии оид ба пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад.
Моддаи 15.
Нарасонидани ёрии тиббӣ, поймол намудани дигар ҳуқуқи шахсоне, ки ҳомили вируси норасоии масунияти бадан ё бемории СПИД мебошанд, ҳамчунин поймол намудани ҳуқуқи волидайн ва наздикони онҳо мумкин нест.
Моддаи 16.
Барои шахсоне, ки ҳангоми мувофиқи тартиби мавҷудаи расмӣ иҷро намудани амалҳои тиббӣ мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан гардидаанд, таъминоти нафақавӣ ва ҳуқуқ барои навбати аввал гирифтани манзил, дар сурати надоштани манзил, ба тавре ки қонун пешбинӣ менамояд, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 17.
Волидайни кӯдаконе, ки мавриди сирояти норасоии масунияти бадан гардидаанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, ҳуқуқ доранд, ки:
дар беморхона бо кӯдаки хурдсол (то 14-сола) бошанд. Дар ин муддат онҳо аз кор озод карда шуда, барояшон дар давраи корношоямии муваққатӣ ёрдампулӣ дода мешавад;
ба яке аз волидайн дар сурати рухсат шудан аз кор барои нигоҳубини кӯдаки то синии 16-сола собиқаи пайдарпаи кор барои таъини ёрдампулӣ барои корношоямии муваққатӣ, бо шарти дохил шудан ба кор баъди синни мазкурро пур кардани кӯдак, дода мешавад.
Моддаи 18.
Ба кӯдакони то 16-сола, ки мавриди сирояти СПИД қарор гирифтаанд, ёрдампулии ҳармоҳаи давлатӣ ба андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудаст, муқаррар карда мешавад .
ФАСЛИ V. ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ СОҲАИ ТИББ ВА ИХТИСОСҲОИ ДИГАР, КИ ҲАМЕША ДАР ЗЕРИ ХАТАРИ СИРОЯТИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ БАДАН ҚАРОР ДОРАНД
Моддаи 19.
Ҳангоми иҷрои вазифа мавриди сирояти вируси масунияти бадан қарор гирифтани шахсони соҳаи тибб ва кормандони дорусозӣ аз ҷумлаи бемориҳои касбӣ ба шумор меравад.
Моддаи 20.
Коркуноне, ки бо расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, гузаронидани тадқиқоти лабораторӣ ва илмӣ оид ба масъалаҳои сирояти вируси масунияти бадан (ВИЧ) ва истеҳсоли доруҳои зидди вирусӣ машғуланд, аз сирояти вируси норасоии масунияти бадан ҳангоми иҷрои вазифа, инчунин аз маъюбӣ аз он ё марг аз СПИД ҳатман суғурта карда мешаванд.
Ба коркунони суғуртакардашуда дар сурати мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан қарор гирифтанашон ба андозаи 10 маоши ҳадди ақал суғуртапулӣ, дар сурати маъюбӣ аз бемории СПИД - 25 маоши ҳадди ақалл суғуртапулӣ дода мешавад. Дар ҳолати марги шахси суғурташуда ба ворисони вай ба андозаи маоши панҷсола аз вазифаи охирини вай суғуртапулӣ дода мешавад.
Пардохти суғуртапулӣ аз сабаби бемори СПИД дониста шудани шахси суғурташуда ё марги вай аз ин беморӣ бидуни назардошти суғуртапулии қаблан додашуда сурат мегирад.
Талабномаи пардохти суғуртапулӣ метавонад дар давоми се соли баъди муайян карда шудани факти сирояти вируси норасоии масунияти бадан, маъюбӣ дар натиҷаи бемории СПИД ё марг аз ин беморӣ пешниҳод карда шавад.
Пардохти суғуртапулӣ ба коркунони мазкур, дар сурати марги онҳоба ворисонашон аз тарафи ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 21.
Коркунони тиббӣ, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан гардидаанд, ё бемории СПИД шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки:
шароити манзилашон дар навбати аввал ба тартибе, ки қонун муайян кардааст, бехтар карда шавад;
барояшон дар асосҳои имтиёзнок аз рӯи синну сол нафақа дода шавад, дар сурати маргашон аз СПИД ба аъзои корношоями оилаашон ва фарзандонашон, то ба балоғат расидани онҳо ба андозаи 100 фоизи маошашон нафақа дода шавад;
ҳар сол муддати 36 рӯзи корӣ барояшон рухсатӣ дода шавад ва метавонанд онро дар фасли тобистон ё ба вақти барояшон муносиб гиранд;
ҳар сол барои табобати курортию-санаторӣ дар муассисаҳои махсус, сарфи назар аз тобеияти онҳо, роҳхат дода шавад.
Моддаи 22.
Ба коркунони муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ, кормандони институтҳои тадқиқотӣ (ки махсус бо гузаронидани тадқиқот бо маводи сироятшуда машғуланд), ки кори профилактикӣ ва хизматрасонии ташхиси шахсони мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан ва беморони СПИД-ро анҷом медиҳанд, инчунин коркунони корхонаҳое, ки бо вируси СПИД ва маводи сирояти вируси норасоии масунияти бадан сарукор доранд, чунин ҳуқуқҳо дода мешавад;
ҳуқуқ ба нафақа аз рӯи синну сол бо шароити имтиёзнок;
ҳар сол рухсатӣ ба муддати 48 рӯзи корӣ;
ба рӯзи кори 6 соата (ҳафтаи кории 36 соата);
ба зиёд шудани маошхои хизматӣ ба андозаи сад фоиз.
Моддаи 23.
Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои ташхиси сирояти вируси норасоии масунияти бадан тадқиқот мебаранд, ба гирифторони вируси ВИЧ ва беморони СПИД ёрии тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти бадан сару кор доранд, бояд ин коркунонро бо воситаҳои зарурии муҳофиза таъмин намуда, онҳоро мунтазам таҳти муойина аз сирояти вируси норасоии масунияти бадан қарор диҳанд.
Коркуни тиббӣ дар сурати надоштани воситаи муҳофиза ҳуқуқ дорад аз табобат ва расонидани ёрӣ ба бемор саркашӣ намояд.
ФАСЛИ VI. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ БЕМОРИИ СПИД
Моддаи 24.
Шахсоне, ки аз муойинаи тиббӣ барои ташхиси сирояти вируси норасоии масунияти бадан саркашӣ мекунанд, сирри гузаронидани чунин ташхис ва натиҷаҳои онро ифшо менамоянд, коркунони тиббӣ, дорусозӣ ва дигар шахсони мансабдор, ки ба вазифаи касбии худ аз рӯи виҷдон муносибат накарда, боиси сирояти вируси норасоии масунияти бадан ба шахси дигар (ё якчанд нафар) шудаанд, инчунин аз расонидани кӯмаки тиббӣ ба шахсоне, ки мавриди сирояти вируси норасоии масунияти бадан ё беморони СПИД мебошанд, саркашӣ мекунанд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25.
Дидаю дониста мавриди хатари сироят ё сирояти вируси ВИЧ қарор додани шахси дигар (ё якчанд нафар) аз тарафи касе, ки мубталои сирояти вируси ВИЧ будани худро медонад, масъулияти ҷиноятӣ дорад. Шахси ба ин гунаҳкор товони зиёнеро, ки вобаста ба хароҷоти муолиҷа ва ёрии иҷтимоӣ сурат гирифтааст, ба тартибе ки Қонун муқаррар мекунад, низ мепардозад.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
27 декабри соли 1993 № 903