ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТИҶОРАТИИ ХОРИҶӢ
Ҳамин Қонун асосҳои танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, тартиби аз ҷониби ашхоси ватанӣ ва хориҷӣ амалӣ намудани он, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ муайян мекунад.
Моддаи 1. Хадафҳои ҳамин Қонун
Хадафҳои ҳамин Қонун ҳимояи мустақилияти иқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасмандкунии инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва таъмини шароити гароиш (интегратсия)-и самараноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 2. Мафҳумҳое, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши мубодилаи байналхалқии молҳо, корҳо, хизматҳо, иттилоот, натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои дахлнопазир ба онҳо (моликияти ақлонӣ);
2) мол - ашё, маҳсулот ё ҳар гуна амволи манқул (ҳамчунин тамоми шаклҳои энергия) аз ҷумла асъор ва сарватҳои асъорӣ инчунин киштиҳои ҳавоӣ ва киштиҳои дар дохил шинокунандаи ба амволи ғайриманқул шомилгардида, ки унсури фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ҳисобида мешаванд. Васоити нақлиёт, ки ҳангоми иҷрои шартномаи байналхалқии боркашонӣ истифода мешаванд, мол ба шумор намераванд;
3) хизматҳо - фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба таъмини талаботи ашхоси дигар равона шудааст, ба истиснои фаъолияте, ки дар асоси муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ амалӣ мегардад;
4) содирот (экспорт) - аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол, хизматҳо, натиҷаҳои фаъолияти ақлонию, бидуни ӯҳдадории ворид намудани онҳо ба ин қаламрав. Далели содирот (экспорт) дар лаҳзаи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудани мол, пешниҳоди хизматҳо ва ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти ақлони қайд карда мешавад. Нисбат ба молҳои содиротӣ амалиёти тиҷоратии ҷудогона бе баровардан аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, аз ҷумла дар мавриди аз ҷониби шахси хориҷӣ харидани молҳо ва додани онҳо ба шахси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коркард ва минбаъд содир кардани моли коркардашуда ба хориҷа баробар карда мешавад;
5) воридот (импорт) - ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа ворид намудани мол, корҳо, хизматҳо, натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ, бидуни ӯҳдадории содир намудани онҳо аз ин қаламрав. Далели воридот (импорт) дар лаҳзаи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудани мол, қабули хизматҳо ва ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ қайд карда мешавад;
6) иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - шахсони ҳуқуқии тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта, ки дар қаламрави он сукунати доими доранд, инчунин шахсони воқеие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зисти доими доранд ва ба сифати соҳибкорони инфродӣ ба қайд гирифта шудаанд;
7) иштирокчиёни хориҷии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои дигар шаклҳои ҳуқуқӣ, ки қобилияти ҳуқуқӣ ва амалкунии шаҳрвандии онҳо тибқи қонунгузории давлати хориҷие, ки онҳо дар он таъсис дода шудаанд, муайян мегардад; шахсони воқеие, ки қобилияти ҳуқуқӣ ва амалкунии шаҳрвандии онҳо тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки шаҳрванди он ба шумор мераванд, муайян карда мешаванд ва шахсони бетабаият, ки қобилияти амалкунии шаҳрвандии онҳо тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҳамин ашхос макони доимии зист доранд;
8) амнияти иқтисодӣ - ҳолати иқтисодиёт, ки сатҳи кофии мавҷудияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, мудофиавӣ ва пешрафти тадриҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дахлнопазирӣ ва истиқлолияти манфиатҳои иқтисодии онро нисбати эҳтимолияти таъсироту таҳдидҳои берунаю дохилӣ таъмин менамояд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ бар пояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- ягонагии сиёсати тиҷоратии хориҷӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ягонагии системаи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва назорат аз болои амалӣ гардидани он;
- бартарияти чораҳои иқтисодии танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ;
- баробарҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ;
- аз ҷониби давлат ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ;
Моддаи 5. Сиёсати тиҷоратии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ дар асоси риояи меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва ӯҳдадориҳои аз шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеомада сохта мешаванд.
Бо мақсади гароиши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳои байналхалқӣ дар бораи идтиҳоди гумрукӣ, тиҷорати озод ширкат меварзад, ки дар заминаҳои барқарор намудани қаламрави ягонаи гумрукии бидуни истифодаи чораҳои танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифии тиҷорат миёни кишварҳои иштирокчие, ки дар минтақаҳои тиҷорати озод фаъолият мекунанд, поягузорӣ мешаванд.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Ваколати Маҷлиси Оли:
- ба додугирифти қарзи давлатӣ иҷозат медиҳад, ҳамчунин барои ёрии иқтисодӣ ба давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии онҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ризоият медиҳад. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таҳияи консепсия ва стратегияи инкишофи робитаҳои тиҷоратии хориҷӣ ва принсипҳои асосии сиёсати тиҷоратии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини амнияти иқтисодӣ, ҳимояи мустақилияти иқтисодӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, аз ҷумла танзими молиявӣ, тарифию гумрук ва ғайритарифӣ;
- муайян намудани сиёсат дар соҳаи сертификатсияи молҳо вобаста ба воридоту содироти онҳо;
- дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани стандарту меъёрҳои ҳатмии бехатарӣ ва ё безарар барои инсон ҳангоми воридоти молҳо ва қоидаҳои назорати онҳо;
- муайян намудани тартиби воридот ва содироти маводи таҷзияшаванда, модаҳои заҳролудкунанда, тарканда, захрнок психотропӣ, маводи сахттаъсиркунандаи муҳадира, маводи фаъоли биологи (хуни донорӣ, қисмҳои дохилӣ ва дигар мавод), маводи фаъолити генетики (зироатҳои замбуруғҳо, бактерияҳои вирусӣ, маводи тухмии чорво ва инсон ва дигар мавод), чорво ва растаниҳое, ки хавфи маҳвшавӣ онҳоро таҳдид мекунад, инчунин қисмҳо ва маҳсули онҳо ва тартиби истифодаи онҳо;
- муайян намудани тартиби содироти навъҳои алоҳидаи молҳои хоми хусусияти муҳими стратеги дошта, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;
- муайян намудани тартиби воридот ва содироти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, маҳсулот аз онҳо, пораҳои металлҳо ва сангҳои қимтабаҳо, партовҳои коркарди онҳо ва пайвастагиҳои химиявӣ, ки таркибашон дорои металлҳои қиматбаҳоянд, партовҳои хатарнок ва истифодаи он;
- ҷорӣ намудани маҳудияти миқдории содироту воридот мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани нишондиҳандаҳои ҳисоботии омории фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмиянд;
- бастани шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ;
- иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байналхалқӣ;
- таъсиси намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналхалқии иқтисодию илмӣ-техникӣ;
- таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани чораҳо оид ба ҷорӣ намудани он;
- таҳияи ҳарсолаи барномаи инкишофи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ;
- муайян намудани бузургии мизони тарифи гумрукӣ;
- таъмини амали системаи кафолат ва суғуртаи қарзҳои содиротӣ;
- ташкили ярмаркаю намоишҳои тиҷоратӣ, симпозиумҳо ва конференсияҳо ва иштирок дар онҳо;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба тарғиби молҳо ва инкишофи содиротӣ молҳо (корҳо ва хизматҳо);
- таъмини таъсиси системаи ахбори тиҷоратии хориҷӣ ва хизматрасониҳои машваратии иттилоотӣ, инчунин татбиқи дигар шаклҳои ҳавасмандкунии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ;
- амалӣ гардонидани ваколатҳои дигаре, ки бо ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
Таҳияи таклифҳо оид ба сиёсати давлатии тиҷоратии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими фаъолияти тиҷоратии хориҷии иштирокчиёни он, аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақоми ваколатдор) амалӣ мегардад.
Ваколатҳои Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- танзими асъор ва қарз;
- ташкил ва истифодаи захираҳои давлатии тиллою асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи баланси пардохтӣ.
Моддаи 7. Субъектҳои фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Ҳамаи иштирокчиёни ватании фаъолиятии тиҷоратии хориҷӣ дорои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Ашхоси хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тиҷоратии хориҷиро амалӣ мекунанд.
Моддаи 8. Усулҳои танзими фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ бо роҳи танзими гумрукию тарифи ва ғайритарифӣ амалӣ мегардад.
Дигар усулҳои танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ бо роҳи дахолат намудан ва муқарраркунии маҳдудиятҳои мухталиф аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода намешавад.
Танзими шаклҳои дигари фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои байналхалқӣ ва сармоягузорӣ, кооператсияи истеҳсолӣ, амалиёти асъори ва молиявию қарзӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 9. Танзими гумрукию тарифии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Бо мақсади танзими амалиёти содиротию воридотӣ, аз ҷумла барои ҳимояи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасмандкунии ислоҳоти сохтории инкишофёбанда дар иқтисодиёти давлат, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи гумрукии содиротию воридотӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 10. Маҳдудиятҳои миқдории содироту воридот
Маҳдудиятҳои миқдории содироту воридотӣ молҳо (корҳо, хизматҳо) дар ҳолатҳои истиснои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ҷорӣ карда мешаванд:
барои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъият дар бозори дохилии молҳо;
барои ҳимояи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 12-и ҳамин Қонун.
Моддаи 11. Монополияи давлатӣ ба содирот ва воридоти навъҳои алоҳидаи молҳо
Монополияи давлатӣ ба содирот ва воридоти навъҳои алоҳидаи молҳо тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Чораҳои ҳимоякунанда нисбати воридоти молҳо
Дар ҳолате, ки агар ягон хел мол ё молҳо бо миқдорӣ зиёд ё бо чунон шартҳое ворид шаванд, ки боиси расонидани зарар ба истеҳсолкунандагони чунин молҳо ё бевосита ба молҳои бо онҳо рақобаткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ва ё таҳдиди расонидани чунин зарар пайдо мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, тибқи меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ барои бартараф кардани зарари ҷиддӣ ё қатъ сохтани таҳдиди чунин зарар дар шакли маҳдудияти миқдорӣ ё тибқи қонун ҷорӣ намудани боҷҳои махсуси гумрукӣ чораҳои ҳимоякунанда андешад.
Барои қабули қарор дар хусуси ҷорӣ намудани чораҳои ҳимоякунанда гузориши мақоми ваколатдор, ки аз рӯи натиҷаҳои тафтиши бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда таҳия гардидааст, асос мебошад.
Мавзуи тафтишот муқаррар намудани зарари ҷиддӣ ё таҳдиди расидани чунин зарар ва мавҷудияти сабаби воқеии робитаи байни афзоиши воридот ва зарари ҷиддӣ ё таҳдиди чунин зарар ба шумор меравад.
Тафтиш аз рӯзи қабули қарор на бештар аз ду моҳ гузаронида мешавад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор ба мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар бораи оғози тафтиши исботи мавҷудияти зарари воқеӣ ё таҳдиди расидани чунин зарар аз воридоти ин гуна мол, ба таври мушаххас аз чораҳои ҳимоякунандаи пешниҳодшуда ва мӯҳлати ҷорӣ кардани он, ки пешниҳод мегардад, инчунин дар хусуси омодагӣ оид ба додани маслиҳат аз рӯи ин масъалаҳо огоҳинома мефиристад.
Расмиёти ҷорӣ кардани чораҳои ҳимоякунанда ошкоро буда, интишори расмии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани чораҳои ҳимоякунанда бо зикри миқдорӣ умумӣ ва арзиши мол ё молҳо, ки таҳти маҳдудият қарор гирифтаанд, пешбинӣ мекунад. Мӯҳлати амали чораи ҳимоякунанда, пеш аз мӯҳлат бекор кардани он ё тамдиди мӯҳлати он, инчунин тамоми тағйирот дар ҳаҷми умумӣ ва арзиши молҳо дар давраи нисбати онҳо амалӣ будани чораи ҳимоякунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барои мақсадҳои моддаи мазкур таҳти зарари ҷиддӣ умуман бад гардидани ҳолати истеҳсолоти ватанӣ дар соҳаи мазкур, ки дар паст шудани истеҳсолот ё даромаднокии молҳо ё хизматрасониҳои дахлдор инъикос меёбанд, фаҳмида мешавад, таҳти таҳдиди расидани зарари ҷиддӣ бошад, мафҳуми бартараф намудани чунин зарар, ки бо далелҳои воқеӣ бо мақсади истиснои мулоҳизаҳои субъективӣ дар бораи имконияти расидани зарари воқеӣ тасдиқ гардидааст.
Моддаи 13. Мань ва маҳдудкунии содирот ва воридот вобаста ба манфиатҳои миллӣ
Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд вобаста ба манфиатҳои миллӣ манъ ё маҳдудкунии содирот ва воридоти молҳо (корҳо, хизматҳо) инчунин натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ, муқаррар шаванд, ки аз инҳо иборатанд:
риояи одоби ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқи;
ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва муҳити зист дар маҷмӯъ;
нигоҳ доштани мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ аз содироту воридоти ғайриқонунӣ ва додани ҳуқуқи моликият ба онҳо;
зарурати пешгирии тамомшавии захираҳои табиии бебозгашт, агар чораҳои ба ин вобаста якзамон бо маҳдудкуниҳои истеҳсолот ва истеъмолоти марбутаи дохилӣ гузаронида шаванд;
таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳимояи вазъияти берунӣ ва дохилии молиявӣ ва дастгирии баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Моддаи 14. Стандартҳо ва талаботи техники, фармакологи, санитарӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва экологи нисбати молҳои воридшаванда
Молҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда бояд ба талабот ва стандартҳои техники, фармакологи, санитарӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва экологи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, мувофиқат кунанд. Тартиби сертификатсияи молҳои воридшаванда бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Воридоти маҳсулоти аз ҷиҳати экологи хавфнок тибқи тартиби муайяннамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати махсус қарор мегирад.
Моддаи 15. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҷозоти иқтисодии байналхалқӣ
Қарор дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани муҷозоти иқтисодии байналхалқӣ нисбати як ё якчанд давлат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ҳуқуқ доранд зарари вобаста ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҷозоти иқтисодии байналхалқӣ ба онҳо расидаро аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн кунанд.
Моддаи 16. Тиҷорати наздисарҳадӣ
Тиҷорати наздисарҳадии молҳо метавонад миёни иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, ки дар қаламрави наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон макони доимии зист доранд ва ашхоси хориҷие, ки мутобиқи нуқтаҳои муайянкардаи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҷавор дар қаламрави наздисарҳадии марбута макони зисти доими доранд, ба амал бароварда шавад.
Ҳангоми тиҷорати наздисарҳадӣ низоми имтиёзноки гумрукӣ (меъёри пасти боҷ, тартиби соддагардидаи назорати гумрукӣ ва барасмиятдарорӣ ва ғайра) муқаррар карда мешавад.
Тартиби амалӣ намудани тиҷорати наздисарҳадӣ тибқи қонунҳо ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 17. Таъмини иттилоотии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Бо мақсади инкишоф ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи иттилоотии тиҷорати хориҷӣ амал мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
Мақоми ваколатдор вазифадор аст ба иштирокчии ватанӣ ё хориҷии фаъолияти тиҷорати ба ивази маблағ иттилооти зарурии тиҷоратии хориҷиро бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркарда пешниҳод намояд.
Моддаи 18. Омори тиҷорати хориҷӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси системаи давлатии ҳисоботи оморӣ, ҷамъ овардан ва тибқи дастуруламали ягона таҳияи маълумотҳои омории дар сатҳи байналхалқӣ муқоисавиро таъмин менамояд.
Моддаи 19. Суғуртакунӣ дар фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Суғуртакунӣ дар фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Давлат бо мақсади ҳавасмандкунии содирот метавонад дар системаи суғуртакунии қарзҳои содиротӣ иштирок намояд. Суғуртакунӣ аз таваккали тиҷорати дар фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ тибқи шартномаҳои суғуртакунӣ бо суғуртакунандаҳои ватанӣ ё хориҷӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 20. Иттиҳодияҳои субъектҳои фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ
Иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - шахсони ҳуқуқӣ метавонанд аз рӯи принсипҳои соҳавӣ, ҳудудӣ ва ғайра ба таври ихтиёрӣ дар ассосиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳо мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шаванд.
Моддаи 21. Таъмини шароити мусоид барои дастрас гардидани бозорҳои хориҷӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ дастрас гардидани бозорҳои дигар давлатҳо шароит фароҳам месозад, аз ҷумла бо ин мақсад ба музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба шомил мегардад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад, дар таъсисдиҳӣ ва фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ ва комиссияҳои байниҳукуматӣ, ки ба инкишофи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ мусоидат мекунанд, иштирок мекунад.
Намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масоили тиҷоратии хориҷи дар давлатҳои хориҷи дар асоси шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки дар мамлакатҳои хориҷи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои фаъолияти тиҷоратии хориҷи ифода мекунанд ва ҳимояи онҳоро таъмин менамоянд.
Аз ҷониби намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳуртии Тоҷикистон рад намудани пешниҳоди хизматрасониҳои иттилоотӣ ва машваратӣ ба иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷи роҳ дода намешавад.
Моддаи 22. Намояндагиҳои давлатҳои хориҷи оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намояндагиҳои давлатҳои хориҷи оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷии дахлдор мебандад, таъсис дода мешаванд.
Моддаи 23. Чораҳои ҷавобӣ дар соҳаи фаъолияти тиҷоратии хориҷи оиди ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷи
Дар ҳолати аз ҷониби давлатҳои хориҷи қабул гардидани чораҳои вайронкунандаи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати аз ҷониби ин давлат иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои қабулкардаи он аз рӯи шартномаҳои байналхалқӣ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар соҳаи фаъолияти тиҷоратии хориҷи тибқи меъёрҳои эътирофгардидаи байналхалқӣ дар доираи барои ҳимояи самараноки манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷи зарур буда, чораҳои ҷавобӣ ҷорӣ намояд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайронкунии ҳамин Қонун
Шахсоне, ки дар вайронкунии нуқтаҳои ҳамин Қонун гунаҳгоранд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
3 сентябри соли 1999 № 822