ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТИҶОРАТИИ ХОРИҶӢ
Ҳамин Қонун асосҳои танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, тартиби аз ҷониби ашхоси ватанӣ ва хориҷӣ амалӣ намудани он, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ муайян мекунад.
Моддаи 1. Хадафҳои ҳамин Қонун
Хадафҳои ҳамин Қонун ҳимояи мустақилияти иқтисодӣ, таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасмандкунии инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва таъмини шароити гароиш (интегратсия)-и самараноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 2. Мафҳумҳое, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши мубодилаи байналхалқии молҳо, корҳо, хизматҳо, иттилоот, натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои дахлнопазир ба онҳо (моликияти ақлонӣ);
2) мол - ашё, маҳсулот ё ҳар гуна амволи манқул (ҳамчунин тамоми шаклҳои энергия) аз ҷумла асъор ва сарватҳои асъорӣ инчунин киштиҳои ҳавоӣ ва киштиҳои дар дохил шинокунандаи ба амволи ғайриманқул шомилгардида, ки унсури фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ҳисобида мешаванд. Васоити нақлиёт, ки ҳангоми иҷрои шартномаи байналхалқии боркашонӣ истифода мешаванд, мол ба шумор намераванд;
3) хизматҳо - фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба таъмини талаботи ашхоси дигар равона шудааст, ба истиснои фаъолияте, ки дар асоси муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ амалӣ мегардад;
4) содирот (экспорт) - аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол, хизматҳо, натиҷаҳои фаъолияти ақлонию, бидуни ӯҳдадории ворид намудани онҳо ба ин қаламрав. Далели содирот (экспорт) дар лаҳзаи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудани мол, пешниҳоди хизматҳо ва ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти ақлони қайд карда мешавад. Нисбат ба молҳои содиротӣ амалиёти тиҷоратии ҷудогона бе баровардан аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, аз ҷумла дар мавриди аз ҷониби шахси хориҷӣ харидани молҳо ва додани онҳо ба шахси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коркард ва минбаъд содир кардани моли коркардашуда ба хориҷа баробар карда мешавад;
5) воридот (импорт) - ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа ворид намудани мол, корҳо, хизматҳо, натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ, бидуни ӯҳдадории содир намудани онҳо аз ин қаламрав. Далели воридот (импорт) дар лаҳзаи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудани мол, қабули хизматҳо ва ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти ақлонӣ қайд карда мешавад;
6) иштирокчиёни ватании фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - шахсони ҳуқуқии тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта, ки дар қаламрави он сукунати доими доранд, инчунин шахсони воқеие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зисти доими доранд ва ба сифати соҳибкорони инфродӣ ба қайд гирифта шудаанд;
7) иштирокчиёни хориҷии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои дигар шаклҳои ҳуқуқӣ, ки қобилияти ҳуқуқӣ ва амалкунии шаҳрвандии онҳо тибқи қонунгузории давлати хориҷие, ки онҳо дар он таъсис дода шудаанд, муайян мегардад; шахсони воқеие, ки қобилияти ҳуқуқӣ ва амалкунии шаҳрвандии онҳо тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки шаҳрванди он ба шумор мераванд, муайян карда мешаванд ва шахсони бетабаият, ки қобилияти амалкунии шаҳрвандии онҳо тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҳамин ашхос макони доимии зист доранд;
...