ПРОТОКОЛИ ИЛОВАГӢ БА ПАЙМОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДОИР БА ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДӢ ВА СИЁСӢ
Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генерали 16 декабри соли 1966 қабул шудааст ва ҷиҳати имзо, тасвиб ва ҳамроҳ шудан боз аст.
Мутобиқи моддаи 9 аз 23 марти соли 1976 эътибор пайдо кардааст.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Протокол,
бо дарназардошти ин, ки ба хотири ноилшавии минбаъда ба мақсадҳои Паймон доир ба ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёси (минбаъд "Паймон" номида мешавад) ва амали намудани муқаррароти он мувофиқи мақсад хоҳад буд, ки ба Кумитаи ҳуқуқи башар (минбаъд "Кумита" номида мешавад), ки дар асоси қисми IV Паймон таъсис дода мешавад, чунон ки дар ҳамин Протокол пешбини шудааст, имконияти қабул ва барраси кардани маълумотро аз ашхоси алоҳида, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро поймолшуда меҳисобанд, дода шавад,
доир ба моддаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
Моддаи 1
Давлати ширкаткунандаи Паймон, ки ширкаткунандаи ҳамин Протокол мегардад, салоҳияти Кумитаро дар бобати қабул ва барраси кардани маълумот аз ашхоси таҳти тoбеияти ҳуқуқии он, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро дар давлати ширкаткунанда поймолшуда меҳисобанд, эътироф мекунад. Кумита ягон маълумотеро, ки ба давлати ширкаткунандаи Паймон, вале ширкаткунандаи ҳамин Протокол набуда дахл дорад, қабул намекунад.
Моддаи 2
Дар сурати риояи муқаррароти моддаи 1 ашхосе, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро поймолшуда меҳисобанд ва ҳамаи воситаҳои дохилии ҳимояи ҳуқуқиро то ба охир истифода кардаанд, метавонанд ба баррасии Кумита маълумоти хатти пешниҳод намоянд.
Моддаи 3
Кумита метавонад ҳар маълумоти мутобиқи ҳамин Протокол пешниҳодшудаеро, ки бе муаллиф аст ё ба ақидаи вай, суиистифода аз ҳуқуқи пешниҳод кардани чунин маълумот аст ё мухолифи муқаррароти Паймон мебошад, қобили қабул нашуморад.
Моддаи 4
1. Дар сурати риояи муқаррароти моддаи 3 Кумита ҳар маълумоти мувофиқи ҳамин Протокол ба вай пешниҳодшударо ба маълумоти давлати ширкаткунандаи ҳамин Протокол, ки тибқи маълумот, ягон муқаррароти Паймонро вайрон мекунад, мерасонад.
2. Давлате, ки хабарномаро гирифтааст, дар давоми шаш моҳ ба Кумита шарҳ ё изҳороти хаттие пешниҳод мекунад, ки дар он ин масъала тафсир дода мешавад ва ҳар тадбире (агар андешида шуда бошад), ки метавонист аз тарафи ин давлат андешида шавад, зикр мегардад.
Моддаи 5
1. Кумита маълумоти мутобиқи ҳамин Паймон гирифташударо бо дарназардошти ҳамаи далелҳои хаттие, ки ба вай аз тарафи шахси алоҳида ва давлати ширкаткунандаи манфиатдор пешниҳод шудаанд, барраси мекунад.
2. Кумита ягон маълумотро аз ашхос барраси намекунад, агар итминон ҳосил накунад, ки:
a) ҳамин масъала мутобиқи дигар расмиёти мурофиа ё танзими байналхалқи барраси намегардад;
b) ҳамин шахс ҳамаи воситаҳои имконпазири дохилии ҳимояи ҳуқуқиро то ба охир истифода накардааст. Ин қоида дар ҳолатҳое, ки истифодаи чунин воситаҳо беасос ба таъхир андохта мешавад, амал намекунад.
3. Ҳангоми баррасии маълумоте, ки ҳамин Протокол пешбини менамояд, Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир мекунад.
4. Кумита мулоҳизоти худро ба давлати ширкаткунанда ва шахси дахлдор хабар медиҳад.
Моддаи 6
Кумита ба маърӯзаи ҳарсолаи худ, ки дар моддаи 45 Паймон пешбини шудааст, гузориши мухтасарро дар бораи фаъолияти худ мутобиқи ҳамин Протокол дохил мекунад.
Моддаи 7
Минбаъд то расидан ба мақсадҳои қатъномаи 1514 (ХV), ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1960 дар бобати Эъломия оид ба додани истиқлолият ба кишварҳо ва халқҳои истеъмори қабул шудааст, муқаррароти ҳамин Протокол ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқи пешниҳоди шикоятномаҳоро, ки ба ин халқҳо тавассути Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар конвенсияҳои байналхалқи ва асноди Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он дода шудааст, маҳдуд намесозад.
Моддаи 8
1. Ҳамин Протокол барои имзо аз ҷониби ҳар давлате, ки Паймонро имзо кардааст, боз аст.
2. Ҳамин Протокол аз тарафи ҳар давлате, ки Паймонро ба тасвиб расонидааст ё ба он ҳамроҳ шудааст, ба тасвиб расонида мешавад. Тасвибномаҳо барои нигоҳдори ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
3. Ҳамин Протокол барои ҳамроҳшавии ҳар давлате, ки Паймонро ба тасвиб расонидааст ё ба он ҳамроҳ шудааст, боз аст.
4. Ҳамроҳ шудан бо роҳи барои нигоҳдори ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшави сурат мегирад.
5. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Протокол имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси ба нигоҳдори қабул шудани ҳар як тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшави хабардор месозад.
Моддаи 9
1. Дар сурати эътибор пайдо кардани Паймон ҳамин Протокол баъди се моҳ аз рӯзи ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба нигоҳдори қабул шудани тасвибномаи даҳум ё санад дар бораи ҳамроҳшави эътибор пайдо мекунад.
2. Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Протоколро ба тасвиб мерасонад ё ба он баъди ба нигоҳдори қабул шудани тасвибномаи даҳум ё санад дар бораи ҳамроҳшави ҳамроҳ мешавад, ҳамин Протокол баъди се моҳ аз рӯзи ба нигоҳдори қабул шудани тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 10
Муқаррароти ҳамин Протокол ба тамоми қисмҳои давлатҳои федеративи бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд.
Моддаи 11
1. Ҳар давлати ширкаткунандаи ҳамин Протокол метавонад ислоҳот пешниҳод кунад ва онҳоро ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур намояд. Муншии умуми сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Протокол ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои ширкаткунанда бо мақсади баррасии ин пешниҳодот ва доир намудани овоздиҳи оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як қисми давлатҳои ширкаткунанда чунин конференсияро ҷонибдори кунанд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои ширкаткунандаи дар овоздиҳи дар ин конференсия ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.
2. Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду қисми давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Протокол мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор пайдо мекунанд.
3. Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, иҷрои онҳо барои давлатҳои ширкаткунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатми мешавад ва барои дигар давлатҳои ширкаткунанда иҷрои муқаррароти ҳамин Протокол ва ҳамаи ислоҳоти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шудаанд, ҳатми боқи мемонад.
Моддаи 12
1. Ҳар як давлати ширкаткунанда метавонад ҳар вақт ҳамин Протоколро бо роҳи фиристодани хабарномаи хатти ба номи Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид бекор кунад. Бекор кардани ҳамин Протокол баъди се моҳ аз рӯзи аз тарафи Муншии умуми гирифта шудани ин хабарнома эътибор пайдо мекунад.
2. Бекор кардан ба идома ёфтани истифодаи муқаррароти ҳамин Протокол дар мавриди ҳар маълумоте, ки мутобиқи моддаи 2 то рӯзи эътибор пайдо кардани бекоркуни пешниҳод шудааст, монеъ намегардад.
Моддаи 13
Сарфи назар аз хабарҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 8 ҳамин Протокол анҷом дода мешаванд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳоеро, ки дар банди 1 моддаи 48 Паймон сухан дар бораи онҳо меравад, доир ба нукоти зерин хабардор месозад:
a) имзо кардан, ба тасвиб расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 8;
b) санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Протокол мувофиқи моддаи 9 ва санаи эътибор пайдо кардани ҳама гуна ислоҳот мувофиқи моддаи 11;
c) бекор кардан мувофиқи моддаи 12.
Моддаи 14
1. Ҳамин Протокол, ки асли матнҳои англиси, испани, хитои, руси ва франсавии он бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдори ба бойгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида шавад.
2. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Протоколро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 48 Паймон зикр шудаанд, ирсол менамояд.