Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 895 "Оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИДИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА"

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1990, № 24, мод.421; Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, № 10, мод.144; № 11, мод.175; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48., с.1997, № 23-24, мод.333) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Қисми якуми моддаи 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, дар воситаҳои ахбори омма манъ аст".

2. Моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 14. Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори омма

Фаъолияти табъу нашри ахбори омма дар асосҳои зерин метавонад қатъ гардад:

1. бо қарори муассис;

2. бо сабаби барҳам хурдан ё аз нав ташкил кардани воситаҳои ахбори омма;

3. бо ҳалномаи суд, дар ҳолати вайрон кардани талаботи моддаҳои 6 ва 22 ҳамин Қонун.

Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун барои қатъ намудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма ба суд муроҷиат мекунад".

3. Ба моддаи 22 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, манъ аст.";

қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум хонда шаванд.

4. Қисми якуми моддаи 34 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Интишор ва паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, истифодаи ғаразноки ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон манъ буда, мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

 11 декабри соли 1999 № 895