ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚӯШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994, №3-4, мод. 62) тағьироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо" мутобиқан ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1 калимаҳои "дар давраи ҷанг ташкил медиҳанд" ба калимаҳои "ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати он дохил мегарданд" иваз карда шаванд.
3. Қисми дуюми моддаи 3 хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода гардад:
"Моддаи 7. Асоси ҳуқуқии фаъолияти қӯшунҳои дохилӣ
Асоси ҳукуқии фаъолияти қӯшунҳои дохилиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо ва санадҳои дигари ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси онҳо кабул шудаанд ташкил медиҳанд".
5. Номи фасли II дар таҳрири зайл ифода гардад:
"Фасли II. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳҳалҳо оиди роҳбарӣ ба қӯшунҳои дохилӣ".
6. Моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода гардад:
"Моддаи 8. Ваколатҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба қонунӣ будани ҷалби қӯшунҳои дохилӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда назорат мекунад;
- бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумӣ, сохтор ва ҳайати қӯшунҳои дохилиро тасдиқ мекунад;
- либосҳои ҷангӣ ва байрақи қӯшунҳои дохилиро тасдиқ мекунад."
7. Дар сарсатри шашуми моддаи 9 калимаҳои "Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи ВАБК, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" ба калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 11:
дар қисми чорум калимаҳои "Раёсати роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Роҳи оҳани тоҷик" иваз карда шаванд;
дар қисми шашум калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати роҳҳои оҳан" ба калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳи оҳани тоҷик" иваз карда шаванд.
9. Дар қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои "додгоҳи халқӣ" ба калимаи "суд" иваз карда шавад.
Дар матни Қонун калимаҳои "Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, додгоҳҳои вилоятӣ ва дигар додгоҳҳо" ба калимаҳои "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ ва дигар судҳо" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 16:
қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода шавад:
"Вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ ва тартиби иҷрои ин вазифаҳо тавассути Қонуни мазкур ва оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд".
қисми сеюм хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми дуюми моддаи 25:
дар сарсатри дуюм калимаҳои "фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "фармонҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар сарсатри ҳаштум калимаҳои "Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
12. Дар сарсатри чоруми қисми сеюми моддаи 26 калимаҳои "фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "фармонҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар ин модда ва дар матни Қонун калимаҳои "Сардори Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ" ба калимаҳои "Фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ" иваз карда шаванд.
13. Моддаи 34 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Моддаи 34. Ҳукуқи хизматчии ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ ба ҳимояи судӣ
Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ ба ҳимояи судӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ҳақ доранд."
14. Дар матни Қонун ибораҳои "Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додситонҳо - ба ибораҳои "Прокурори генералӣ ва прокурорҳо" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
22 маи соли 1998 № 630