ФАРМОН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳавасмандгардонии рушди истеҳсоли металлу сангҳои қиматбаҳо
Мутобиқи роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷалби васеи, инвестицияҳои хориҷи ва технологияи пешқадам ба саноати истихроҷи маъдан ва ба мақсади истифодаи самарабахши иқтидори содиротии кишвар фармон медиҳам:
1. Муқаррар карда шавад ки:
металлу сангҳои қиматбаҳои поку холисшуда (аффинажшуда), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, пас аз коркард, ба навъҳо чудо кардан ва таъини нарх бо назардошти нархҳои дар Ассоциацияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон муқарраргардида ба асъори озод табдилшаванда фурухта мешаванд;
истеҳсолкунандагони металлу сангҳои киматбаҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштараки дорои сармояи хориҷи ҳуқуқ доранд онҳоро содир намоянд, дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятноки хариди ин маҳсулотро бо нархи фуруш бе суғуртаи киропули (фрахт), пардохтҳои комиссиони ва ғайра дорад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар хусуси такмили низоми андозбанди, ки ба ҳавасмандгардонии сармоягузории хориҷи ба саноати истихроҷи маъдани ҷумҳури равона тардидааст, инчунин оид ба дигар масъалаҳое, ки бинобар қабули Фармони мазкур тағйир додани қонунгузориро талаб мекунанд, таклифҳо таҳия намуда, ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
дар бобати танзими муносибатҳои вобаста ба металлу сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла металлу сангҳои қиматбаҳое, ки баҳри ғани гардонидани захираҳои тиллою асъори кишвар, таъмини кафолатҳои дар қонунгузори пешбинигардидаи сармоягузории хориҷи равона гардидаанд, карорҳои дахлдор қабул намояд;
қарорҳои қаблан қабулгардидаро бо Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
аз 18 марти соли 1996 № 439