Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1999, № 326 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.11.2003 с. № 486 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд"

Бо мақсади таъмини маҳфуз будани захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба номгӯи иншооте, ки бо қарори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 № 388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд" хусусӣ гардонида намешаванд, бо сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

- Базаи вилоятии иттиҳодияи "Ленинободконтрактторг", Базаи вилоятии иттиҳодияи "Хатлонконтрактторг", "Базаи ҷумҳурияви саноатии ш. Душанбе"- и Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои номбаршударо аз рӯйхати объектҳои хусусишаванда хориҷ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 26 июли соли 1999 № 326

ш. Душанбе

Утратило силу Постановлением Правительства РТ от 7 ноября 2003г. № 486

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 августа 1997 года № 388 "Об объектах, не подлежащих приватизации, и объектах, подлежащих приватизации по решению Правительства Республики Таджикистан"

В целях обеспечения хранения государственного и мобилизационного резерва в условиях перехода к рыночным отношениям, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Перечень объектов, не подлежащих приватизации, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 августа 1997 года № 388 "Об объектах, не подлежащих приватизации, и объектах, подлежащих приватизации по решению Правительства Республики Таджикистан", дополнить абзацем следующего содержания:

- Областная база объединения "Ленинабадконтрактторг", Областная база объединения "Хатлонконтрактторг", "Республиканская промбаза г. Душанбе" Государственного комитета Республики Таджикистан по контрактам и торговле.

2. Государственному комитету Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом исключить указанные организации из списков объектов, подлежащих приватизации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан      Э. Рахмонов

от 26 июля 1999 года № 326

 г. Душанбе