ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба меъёрҳои боҷи давлатӣ, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993 № 587 тасдиқ карда шудааст
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи нотариати давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба меъёрҳои боҷи давлатӣ, ки қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993 № 587 тасдиқ кардааст, тағйирот иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
I. Ба банди 3:
1) зербанди "в.1" бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"в.1) барои тасдиқ кардани шартномаи
фурӯши амволи ғайриманқул ва дигар амволи
бақайдгирифташавандаи ба воситаи музоядаҳо
(тендерҳо) фурӯхташаванда...............ҳафт андозаи ҳадди ақали маош;
барои додани шартнома дар
бораи ҳуқуқи моликият се
андозаи ҳадди ақали маош";
2) сархати се зербанди "у" ба таври зайл баён карда шавад:
корхонаи дорои сармоягузориҳои
хориҷи.......................панҷсад андозаи ҳадди ақали
маош";
3) зербанди "э" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"э) барои додани шаҳодатнома дар
бораи барҳам додани корхона.............50 фоиз аз маблағи
ситонидашудаи боҷи давлати
ҳангоми бақайдгирии корхонаҳо
мувофиқи шакли моликият";
II. Дар сархати дуюми банди 8 баъди калимаҳои "эълони эмиссия" калимаи "ғайридавлати" илова гардад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 июли соли 1999 № 263
ш. Душанбе