ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тартиби муваққатии баргардонидани андоз aз арзиши иловашуда ҳангоми aз мамлакатҳои дури хориҷӣ ворид кардани таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсолӣ ва технологӣ
Мутобиқи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 май соли 1998 № 607 "Оид ба баргардонидани андози арзиши иловашуда ҳангоми аз мамлакатҳои дури хориҷи ворид кардани таҷҳизоти технологи" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби муваққатии баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми ворид кардани таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли ва технологи аз кишварҳои хориҷаи дур, ки замима мешавад, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазоратҳо ва идораҳои дахлдор дар мувофиқат бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати таҷҳизоти истеҳсоли ва технологи, маснуоти такмилоти ва узву қисматҳои навсозии ин таҷҳизотро (минбаъд таҷҳизоти технологи), ки аз рӯи онҳо андози қаблан пардохташудаи арзиши иловашуда аз буҷет баргардонида мешавад, муайян намояд.
Муқаррар карда шавад, ки аз рӯи таҷҳизоти технологии аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва кредитҳои ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ воридшаванда, бо хулосаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самаранокии он, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимаи воридотӣ аз тарафи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркуни аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда ва баргардонидани он гузаронида мешавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 манбаъҳои баргардонидани андози арзиши иловашударо аз буҷет хангоми воридоти таҷҳизоти технологӣ, маснуоти такмилотӣ ва узву қисматҳои он аз ҳисоби буҷет бидуни зиёд кардани касри буҷети давлатӣ дар соли ҷори муайян намуда, чунин пардохтро дар Буҷети давлатии соли 1999 пешбини намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 сентябри соли 1998 № 326
ш. Душанбе