×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, № 989 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 354 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Вазифаҳои қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузорие, ки мутобиқи он нашр мешаванд, иборат мебошад.

Вазифаи қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар ҳолати озодии табиӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмини шароити мусоиди зиндагии онҳо, истифодаи илман асоснок, ҳифзи оқилона ва афзоиши онҳо, танзими саршумори онҳо, ҳифзи шаклҳои гуногуни биологӣ, ягонагии гурӯҳҳои табиии ҳайвонот, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва хоҷагии халқ ба захираҳои табиии олами ҳайвонот, инчунин аз таҳкими қонуният дар ин соҳа иборат аст.

Муносибат дар соҳаи истифода ва муҳофизати ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва дигар ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ, ки ба мақсади хоҷагӣ, фарҳангӣ, илмию эстетикӣ ва ғайра дар шароити ғайриозод ва нимозод нигоҳ дошта мешаванд, инчунин дигар ҳайвоноте, ки сарвати табиии ҷумҳурӣ ҳисоб меёбанд, бо қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бобати истифода ва муҳофизати ҳайвоноти кӯчанда бошад, бо қонунгузории махсус танзим карда мешавад. Масъулият барои вайрон кардани қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифода ва муҳофизати ҳайвоноти мазкур бо қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар мегардад.

Моддаи 2. Моликияти давлатӣ будани олами ҳайвонот

Олами ҳайвонот дар ҳолати табиӣ моликияти давлатӣ буда, дороии умумии тамоми халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Моддаи 3. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бобати танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони дар бобати танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, дар қаламрави худ ба муқаррар кардани тартиби муҳофизати олами ҳайвонот ва истифодаи он; тартиб додану тасдиқ кардани нақшаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи самараноки олами ҳайвонот; ҷорӣ кардани назорати давлатӣ ба кори муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот; инчунин ҳалли дигар масъалаҳо дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, агар онҳо мансуби салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд, соҳибихтиёр аст.

Моддаи 4. Идораи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Идораи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), инчунин мақомоти ба ин кор махсус ваколадор ва дар бобати истифодаю муҳофизати ҳайвоноти кӯчанда ва анвои ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китоби Сурхи Байналхалқӣ дохилшуда ё мутобиқи шартномаҳои байналхалқӣ муҳофизатшаванда бошад, аз тарафи мақомоти байнидавлатии ба ин кор махсус ваколатдор сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223)

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) дар доира ва тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар қаламрави худ дар муайян намудани ояндаи олами ҳайвонот ва истифодаи он иштирок намуда, таҳия ва татбиқи тадбирҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва афзун гардонидани олами ҳайвонотро таъмин менамоянд; ба риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ назорат мекунанд; дигар масъалаҳои соҳаро бо мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оиди ҳифзу танзими истифодаи олами ҳайвонот ҳал мекунамд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 6. Мақомоти давлатии махсуси ваколатдор оид ба муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот

Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот мақоми давлатии махсуси ваколатдор мебошад.

Моддаи 7. Фонди олами ҳайвонот. Фонди фауна. Объектҳои олами ҳайвонот

Ҳайвоноти ваҳшии озоди сокини хушкӣ, об ва хок, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, фонди олами ҳайвонот ва номгӯи намудҳои (зернамудҳои) популятсияи ин ҳайвонот бошад, фонди фаунаи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Фонди олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ аз ҳайвоноти ширхори хокӣ, паррандаҳо, хазандагон, обхокиён (ҳайвоноти дубаҳра), моҳӣ гирдадахонҳо, ҳайвоноти бекосасарон, ҳайвоноти пардадор, хорпӯстон ва дигар ҳайвоноти дудахана, хартумдорон, моллюскҳо, ҳазорпоён, буғумпойҳо кирмҳо, шонашаклҳо, рӯдаковокҳо, нӯлдорон ва дигар ҳайвоноти бисёрҳуҷайра иборат мебошад.

Мувофиқи ҳамин Қонун объектҳои зайли олами ҳайвонот бояд муҳофизат ва оқилона истифода бурда шаванд;

ҳайвоноти ваҳшии озоди сокини табиат ва гурӯҳҳои табиии ҳайвоноти қаламрави ҷумҳурӣ;

тухм, чанин, узв ва маҳсулоти ин ҳайвонот;

мавзеи сукунат, лона, ҷои тухмгузорӣ, мурчахона, дигар иқоматгоҳҳо ва ҷои сукунати табиии ҳайвонот, хандакҳои зимистонгузаронӣ, ҷои тулаккунӣ ва қароргоҳҳо барои истироҳат ва ғизохурии мурғони кӯчанда, ҷойҳои доимӣ ё мавсимии ғуншавӣ, "таваллудхонаҳо" ва дигар маҳалҳои ғуншавии ҳайвонот.

Моддаи 8. Ба нақшагирии тадбирҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот

Супоришу тадбирҳо оид ба истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот дар ояндабинии фаъолияти иқтисодиёт дар назар дошта мешавад. Лоиҳаҳои ояндабинии муҳофизату истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот, ки вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо таҳия менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот, ки ба им кор махсус ваколатдоранд, мувофиқа карда мешаванд.

Тадбирҳои оид ба муҳофизату истифодаи олами ҳайвонот бояд ба маълумоти мониторинг, баҳисобгирии шумора ва кадастри объектҳои олами ҳайвонот, ки мутобиқи ҳамин Қонун гузаронида мешаванд, асос ёбанд.

Моддаи 9. Талаботи асосӣ оиди муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот

Ба мақсади истифодаи оқилона ва муҳофизати олами ҳайвонот талабҳои зайл риоя карда шаванд:

нигоҳдории шаклҳои гуногуни биологии ҳайвонот дар ҳолати озоди табиӣ;

нигоҳдории тамомияти популятсияи намудҳои нодири ҳайвонотй эндемӣ, қадимӣ, кӯчанда ва дигар анвои хеле пурқимати ҳайвонот, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад;

муҳофизати муҳити сукунат, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот ва гурӯҳҳои табиии онҳо;

истифодаи илман асосноку сарфакорона, комплексӣ, оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва мунтазам зиёд шудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ;

нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи хусусиятҳои фоиданоки фаъолияти ҳаётии ҳайвонот;

истифодаи барои аҳолӣ, олами ҳайвоноту наботот ва хоҷагии халқ безарари объектҳои олами ҳайвонот ва танзими афзоиши ҳайвонот ва шумораи онҳо дар ҳолати озоди табиӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани зараре, ки ба табиати зинда ва хоҷагии халқ мерасад.

II. ИШТИРОКИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ, КОЛЛЕКТИВҲОИ МЕХНАТӢ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 10. Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандон дар гузаронидани чорабиниҳои муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Иттифокҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон, ҷамъияҳхои илмӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, ҳамчунин шаҳрвандон мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин ойинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани чорабиниҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот иштирок карда, ба мақомоти давлатӣ ёрӣ мерасонанд.

Моддаи 11. Инспексияҳои ҷамъиятӣ

Барои ёрӣ расонидан ба мақомоти давлатӣ дар кори ҳифзи олами ҳайвонот инспексияҳои ҷамъиятӣ ташкил кардан мумкин аст.

Низомномаи инспексияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 12. Иштироки шаҳрвандон дар иҷрои тадбирҳои муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Шаҳрвандон вазифадоранд олами ҳайвонотро эҳтиёт ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд. Онҳо ба мақомоти давлатӣ дар кори иҷрои тадбирҳо оиди муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот бо роҳи иштирок кардан дар татбиқи корҳои зарурӣ, пешниҳод кардани таклифҳо дар бораи беҳтар кардани кори муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, хабар расонидан аз хусуси вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, ки ба онҳо маълум аст, мусоидат менамоянд.

Моддаи 13. Ба ҳисоб гирифтани пешниҳодоти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандон оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои тадбирҳо оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот пешниҳодоти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнаӣ ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба ба ҳисоб гиранд.

Моддаи 14. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот оиди ҳолати олами ҳайвонот

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки оиди вазъи олами ҳайвонот сари вақт ва пурра маълумот гиранд. Мақомоти давлатии махсуси ваколатдор оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот дар брраи вазъи олами ҳайвонот дар матбуоти даврӣ шарҳи маълумот нашр мекунанд.

III. ИХТИЕРДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТӢОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 15. Тартиби истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

Объектҳои олами ҳайвонот дар ихтиёри Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошанд. Онҳо ба корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ё шаҳрвандон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи конунҳо барои истифодаи бемӯҳлати объектҳои олами ҳайвонот ҳуқуқ медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Соҳибон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин, шикоргоҳҳои дахлдор ва маҳалҳои зисти ҳайвонот, ки объектҳои шикор нестанд, ба соҳибӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот ҳаққи аввалият доранд.

Ба корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи соҳибии бемӯҳлати объектҳои ҳайвонотро фақат мувофиқи тартиби ҷудо кардани замин ва ба онҳо вобаста кардани шикоргоҳҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ додан мумкин аст.

Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию кооперативӣ ва ҷамъиятӣ бо иштироки шахсони юридикии хориҷӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони юридикӣ, ва шаҳрвандони хориҷӣ истифодабарандагони мӯҳлатнок ва дарозмуддати объектҳои олами ҳайвонот (аз ҷумла бо шартҳои иҷора) буда метавонанд.

Дар мавридҳои пешбининамудаи Қонун дигар ташкилоту шахсон низ метавонанд истифодабарандагони мӯҳлатнок ва дарозмуддати объектҳои олами ҳайвонот (аз ҷумла бо шартҳои иҷора) бошанд.

Иҷорадиҳандагони объектҳои олами ҳайвонот мутаносибан Маҷлисҳои вакилони халқ, соҳибон ва истифодабарандагони ин объектҳои олами ҳайвонот мебошанд. Корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва шикор метавонанд объектҳои дар ихтиёр ва истифодаашон будаи олами ҳайвонотро мувофиқи тартиби дохилихоҷагии заминсозӣ, тадбирҳои ташкил ва танзими хоҷагии ҷангалу шикор ба коргарону коллективҳои иҷоравии алоҳида вобаста кунанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Мӯҳлат ва шартҳои иҷораи объектҳои олами ҳайвонот бо созишномаи тарафайн муайян ва дар шартнома нишон дода мешаванд.

Соҳибон ва истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба шахсони юридикӣ ва шаҳрвандон иҷозатномаҳои дахлдор (наряд-супоришномаҳо) диҳанд ё бо онҳо дар бораи истифодаи мӯҳлат ё дарозмуддати объектҳои олами ҳайвонот шартнома банданд.

Ҳуқуқи соҳибӣ ё истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо санадҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳуқуқи соҳибӣ ё истифодаи шикоргоҳҳо дода шудаанд, инчунин бо иҷозатномаҳои дахлдор ҷумла лисензияҳо, роҳхатҳо) барои сайд кардани (дошта гирифтан, ҷамъ овардани) ин намудҳои олами ҳайвонот, ки мувофиқи тартиби муқарршуда аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор дода мешаванд, тасдиқ мегардад.

Рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот ё дигар объектҳои олами ҳайвонотро, ки сайди онҳо бе иҷозат, бе наряд-супоришномаҳо ё бидуни бастани шартнома мумкин аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 16. Намудҳои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

Дар сурати риояи талабҳои пешбиникардаи Қонун намудҳои зайли объектҳои олами ҳайвонотро мавриди истифода қарор додан мумкин

- шикор;

- моҳидорӣ, аз ҷумла доштани ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ;

- сайди ҳайвоноте, ки аз объектҳои шикору моҳидорӣ ва бемӯҳраи обӣ нестанд;

- истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, барқароркунӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти онҳо ва хосиятҳои фоиданоки ҳаёти онҳо.

Қонун дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонотро низ пешбинӣ карда метавонад.

Моддаи 17. Мӯҳлатҳои истифодаи олами ҳайвонот

Мӯҳлати истифодаи намудҳои алоҳидаи олами ҳайвонотро қонун муқаррар мекунад.

Моддаи 18. Музди соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот

Соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот пулакӣ аст.

Тартибу меъёри музди соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Иҷорагири объектҳои олами ҳайвонот пули иҷора месупорад, андозаи он бо созишномаи тарафайн ва тартибу ҳаҷми муайяннамудаи қонун муқаррар карда мешавад.

Пули пардохти соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот, ки ба фондҳои ҷумҳури ва маҳалли дохил мегрдад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва мӯҳити зисти онҳо, барои ба роҳ мондани кадастри давлатӣ ва мониторинги олами ҳайвонот, Китоби Сурх, ободонии мамнӯъгоҳҳо ва сермаҳсул гардидани шикоргоҳҳо харҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 498).

Мамнӯъгоҳҳо, осорхона-мамнӯъгоҳҳо, чорбоғҳои миллию зоологӣ боғҳои зоологию ботаникӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагихои ҷангалу шикор, инчунин корхонаю ташкилотҳо, коллективҳо ва шаҳрвандоне, ки барои соҳибӣ ва истифода намудан шикоргоҳҳои осебдида ё каммаҳсулро гирифтаанд, ки барқарор кардани маҳсулнокии онҳо хароҷоти зиёдро металабад, аз пули пардохти соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот озод карда мешаванд.

Қонун дар бобати пардохти пули соҳибӣ ва истифода намудани объектҳои олами ҳайвонот дигар намудҳои имтиёзотро пешбинӣ карда метавонад.

IV. ШИКОР

Моддаи 19. Намудҳои шикор

Ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз ҷониби шикорчиёни касбӣ, инчунин ҳаваскорону варзишгарон ба тартиби муқарраргардида сайд карда мешаванд.

Дар шикор истифодаи аслиҳа ва усулҳои барои ҳамагон хатарноки сайд манъ аст.

Моддаи 20. Ба роҳ мондани хоҷагии шикор

Ба корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра ҳуқуқи идора кардани хоҷагии шикор ва шикоргоҳҳо дода шуда метавонад. Ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо вазифадоранд оиди муҳофизат ва афзун гардонидани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин шикоргоҳҳо, тадбирҳо андешанд.

Моддаи 21. Ҳуқуқу вазифаҳои корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки бо хоҷагии шикор машғуланд

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки ба онҳо ҳуқуқи идора кардани хоҷагии шикор дода шудааст, метавонанд бо мувофиқаи колхозу совхозҳо, хоҷагиҳои ҷангал ва дигар заминистифодабарон дар шикоргоҳҳо иморатҳои зарурӣ созанд, рустании хӯрокӣ ва ҳифозатӣ шинонанд, дигар корҳои мавриди зарурати хоҷагии шикорро анҷом диҳанд.

Моддаи 22. Муқаррар кардани қоидаҳои шикор ва идораи хоҷагии шикор

Қоидаҳои шикор ва идораи хоҷагии шикор бо қонун муқаррар карда мешаванд.

V. МОҲИДОРӢ

Моддаи 23. Намудҳои моҳидорӣ

Сайди моҳӣ, ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ аз ҷониби моҳигирони касбӣ ва ҳаваскорон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 24. Сайди моҳӣ ва ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ

Ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо дар шикоргоҳҳои ҷудогонаи обанборҳои хоҷагии моҳипарварӣ барои сайди моҳӣ ва ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ ҳуқуқ додан мумкин аст. Онҳо вазифадоранд дар ин шикоргоҳҳои обанборҳо оид ба муҳофизат ва афзун гардонидани моҳӣ ва ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ тадбирҳо андешанд.

Моддаи 25. Иҷозати сайди моҳӣ ва ҳайвоноти дигари обӣ

Барои сайди моҳӣ ва ҳайвоноти дигари обӣ дар ҷойҳои сукунати табиии онҳо мақомоти махсуси ваколатдори муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад.

Моддаи 26. Моҳӣ сайд кардани ҳаваскорон ва варзишгарон

Ба ҳамаи ҳаваскорон ва варзишгарон иҷозат дода мешавад, ки дар ҳамаи обанборҳо, ба истиснои мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳои моҳӣ, ҳавзу хоҷагиҳои дигари моҳипарварӣ бо риояи қоидаҳои муқарраршудаи моҳидорӣ ва истифодаи об музд дода моҳӣ сайд намоянд. Мақомоти муҳофизати моҳӣ метавонанд барои ин обанборҳо ё қитъаҳои алоҳида ҷудо кунанд.

Сайди моҳй дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷамъиятҳои шикорчиёну моҳидорон ва дигар ҷамъиятҳои ихтиёрӣ барои шаҳрвандрн бо иҷозатномаи бепул ё пулакии ин ҷамъиятҳо мумкин аст.

Моддаи 27. Қоидаҳои моҳидорӣ ва сайди ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ

Қоидаҳои моҳидорӣ ва сайди ҳайвоноти бемӯҳраи обӣ бо қонун муқаррар карда мешаванд.

VI. НАМУДҲОИ ДИГАРИ ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 28. Сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд

Ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон шикори ҳайвоноте, ки объекти шикору моҳидорӣ нестанд, иҷозат дода мешавад.

Мувофиқи тартиботи муайяннамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи намудҳои ҳайвоноте, ки объекти шикор ва моҳидорӣ нестанд ва онҳоро танҳо бо иҷозати мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот шикор кардан мумкин аст, инчунин рӯйхати чунин намудҳои ҳайвонот, ки шикори онҳо манъ аст, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 29. Манъи худсарона доштан ва нобуд кардани морҳо

Дар қаламрави ҷумҳурӣ худсарона доштан ва нобуд кардани ҳамаи наудҳои мор, ба истиснои маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои муҳофизати санатории курортҳо манъ аст.

Морро бо иҷозатномаи мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот доштан мумкин аст.

Моддаи 30. Истифодаи олами ҳайвонот ба мақсадҳои илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебошиносӣ

Барои истифодаи олами ҳайвонот ба максадҳои илмӣ, фарҳангию марифатӣ, тарбиявӣ ва зебошиносӣ бо роҳҳои гуногуни мушоҳида, нишонгузорӣ, суратгирӣ ва ғайра бидуни аз мӯҳити табиӣ ҷудо кардани ҳайвонот иҷозат дода мешавад, агар он ба ҳайвонот ё мӯҳити зисти онҳо зарар нарасонад ва ҳуқуқи дигар истифодабарони олами ҳайвонотро халалдор накунад, ба истиснои мавридҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.

Истифодаи олами ҳайвонот ба мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебошиносӣ бо ҷудо кардани ҳайвонот аз мӯҳити табиӣ мувофиқи тартиби пешбиникардаи ҳамин қонун ва санадҳои дигар қонунгузорӣ низ мумкин аст.

Моддаи 31. Истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот

Ба истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонотмазраъофаринҳо, поккорони табиии муҳит, гардолудкунадагони рустаниҳо ва дигар ҳайвонот бидуни ҷудо кардани онҳо аз табиат ба истиснои мавридҳои муайянкардаи қонун иҷозат дода мешавад.

Моддаи 32. Истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардан маҳсулоти ҳаётии онҳо

Истифодаи ҳайвонот ба мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо (асал, муми занбури ваҳшӣ ва ғайра) фақат бо шарти аз табиат ҷудо ва нобуд накардани ҳайвонот ва бидуни вайрон кардани муҳити табиии сукунати онҳо мумкин аст.

Қоидаҳои истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо аз тарафи мақомоти давлатии махсус ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот муқаррар карда мешавад.

Моддаи 33. Тартиби аз муҳити табиӣ ҷудо карда гирифтани ҳайвонот барои истифода бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебошиносӣ

Аз муҳити табиӣ ҳайвонотро барои истифода бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебошиносӣ дар асоси иҷозатномаи мақомоти давлатии махсус ваколатдоршудаи муҳофизат ва танзим истифодаи олами ҳайвонот ҷудо карда мегиранд. Чунин иҷозатнома ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳое дода мешавад, ки мувофиқи оинномаю низомномаҳояш ва қарорҳои мақомоти болоӣ ба ин мақсад анҷом додани корҳо вазифаи онҳо мебошад.

VII. ТАНЗИМИ САРШУМОРИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 34. Тадбирҳои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвонот

Ба мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии касалиҳои ҳайвоноти кишоварзӣ ва ғайра ва пешгирии зиёне, ки ба хоҷагии халқ мерасад, барои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Моддаи 35. Муайян кардани намудҳо ва тартиби ташкили чорабиниҳои танзими саршумори ҳайвонот

Намудҳои ҳайвоноте, ки саршуморашон бояд ба низом оварда шавад ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои танзими саршумори онҳо аз тарафи мақомоти давлатии муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот, ки барои иҷрои ин корҳо махсус ваколатдор шудаанд, бо дар назардошти хулосаи ташкилотҳои илмии дахлдор ва мувофиқаи ташкилотҳои манфиатдори давлатию ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.

VIII. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ, АСОСИ ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 36. Ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонот

Корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон фақат ба татбиқи он намудҳои истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо иҷозат дода шудааст.

Дар мавридҳои муқарраркардаи қонун ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонотро ба манфиати давлат ва ба манфиати дигар истифодабарандагони олами ҳайвонот маҳдуд кардан мумкин аст.

Моддаи 37. Вазифаҳои истифодабарандагоми олами ҳайвонот

Истифодабарандагони олами ҳайвонот вобаста ба намуди истифода вазифадоранд, ки:

қоидаю меъёр ва мӯҳлатҳои истифодаи олами ҳайвонотро риоя кунанд;

олами ҳайвонотро тавре истифода баранд, ки тамомияти гурӯҳҳои табиӣ халалдор нашавад ва ҳайвоноти ба истифода доданашуда осеб набинад;

муҳити сукунати ҳайвонотро халалдор накунанд;

саршумор ва ҳолати популясияи ҳайвоноти мавриди истифода, инчунин вазъи муҳити мавҷудияти онҳоро ба ҳисоб гиранд;

оид ба афзун гардонидани саршумори ҳайвонот тадбирҳои зарурии комплексӣ андешанд;

ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот назорат мекунанд, ҳамаҷониба ёрӣ расонанд.

Истифодабарандагони олами ҳайвонот вазифадоранд дигар талаботи оид ба муҳофизату истифодаи олами ҳайвонот ва афзунгардонии саршумори онро, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро кунанд.

Моддаи 38. Қатъ гардидани ҳуқуқи соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот

Ҳуқуқи соҳибӣ ва истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот дар мавридҳои зайл бояд мутобиқан пурра ё қисман қатъ карда шаанд:

ихтиёран даст кашидани молик ё истифодабаранда аз объектҳои олами ҳайвонот;

намондани зарурати соҳибӣ ё истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот;

ба охир расидани мӯҳлати муқарраргардидаи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;

барҳам хурдан ё қатъ гардидани фаъолияти корхонаю муассиса, ташкилоту хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, қатъ гардидани фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон, ки ба онҳо ҳуқуқи соҳибӣ ё истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот дода шудааст;

қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатие, ки вобаста ба онҳо объектҳои олами ҳайвонот барои истифода дода шуда буданд, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;

зарурати андешидани тадбирҳои махсуси муҳофизати олами ҳайвонот ё аз сабаби ба миён омадани хатаре, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд;

мудом риоя накардани қоидаю меъёр ва дигар талабҳои истифодаю муҳофизат ва афзун гардонидани объектҳои олами ҳайвонот;

мудом иҷро накардани мӯҳлати муқарраршудаи пардохт барои соҳибӣ ё истифода кардани объектҳои олами ҳайвонот;

зарурати мувофиқи тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳо ва объектҳои олами ҳайвонот ба мақсади муҳофизати ҳайвонот, рустаниҳо ва дигар захираҳои табиӣ ё тамоми комплекси табиӣ;

мувофиқи тартиби муқарраршуда гирифтани заминҳое, ки дар онҳо объектҳои олами ҳайвонот мавриди истифода қарор мегиранд.

Бо қонун дигар асосҳои қатъи соҳибӣ ва истифода намудани объектҳои олами ҳайвонот пешбинӣ шуда метавонанд.

Ҳуқуқи соҳибӣ ва истифода намудани олами ҳайвонот бо роҳи иҷозатномаҳои додаашонро бекор кардани мақомоти дахлдор қатъ мегарданд.

IХ. МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ, ТАДБИРҲОИ МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 39. Муҳофизати олами ҳайвонот

Олами ҳайвонот бо роҳҳои зайл муҳофизат карда мешавад:

муқаррар кардани қоидаю меъёрҳои мунофизат, истифодаи оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва афзун гардонидани он;

муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот, ки дар моддаи 42-и ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд;

муҳофизат аз истифодаи худсарона ва кирдорҳои дигари риоя нашудани тартиби муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;

муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчидани ҳайвонот;

пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолӣ;

барпо кардани мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҷудо кардани қитъаҳои дигари таҳти муҳофизати махсус қарордошта;

дар шароити ғайриозод парвариш кардани ҳайвоноти нодир ва ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавй таҳдид мекунад;

ба мақсади коллексияҳои зоологӣ камтар дошта гирифтани ҳайвонот;

ёрӣ расонидан ба ҳайвонот дар мавриди касалшавӣ, хатари нобудшавии онҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва ба сабабҳои дигар;

ташкили тадқиқоти илмӣ, ки мақсад аз он асоснок кардани тадбирҳои муҳофизати олами ҳайвонот аст;

тарбияи шаҳрвандон дар рухи дӯст доштани ҳайвонот;

таблиғи муҳофизати олами ҳайвонот аз тариқи воситаҳои ахбори оммавӣ;

андешидани дигар тадбирҳо ва муқаррар кардани талабҳои дигар оид ба муҳофизати олами ҳайвонот.

Моддаи 40. Ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ, ки ба иҷрои корҳои оид ба муҳофизати ҳайвонот мусоидат менамоянд

Бо қонун тадбирҳои ҳавасмандгардонии моддию маънавии корхонаю муассиса дар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро, ки ба иҷрои корҳои муҳофизати олами ҳайвонот мусоидат менамоянд, муқаррар кардан мумкин аст.

Моддаи 41. Муқаррар кардани маҳдудият ва мамониат дар истифодаи олами ҳайвонот

Бо мақсади ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршумори баъзе намудҳои ҳайвонот, истифодаи онҳо дар ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонун метавонад маҳдуд ё пурра манъ карда шавад.

Х. МУҲОФИЗАТИ МУҲИТИ СУКУНАТ, ШАРОИТИ АФЗОИШ ВА РОҲҲОИ КӯЧИШИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 42. Риояи талабҳо зимни фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонад

Ҳама гуна фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот, муҳити сукунат, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талабҳои муҳофизати олами ҳайвонот иҷро гардад.

Моддаи 43. Муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва кӯчиши ҳайвонот

Ҳангоми ҷойгиронӣ, ба лоиҳагирӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо, такмил додани просессҳои мавҷудаи технологӣ ва ҷорӣ кардани просессҳои нави технологӣ, ба истифодаи хоҷаги додани заминҳои навкорам, худуди ботлоқзор, назди соҳилҳо, дарёбод ва буттазор, мелиорасияи замин, истифодаи ҷангалзор, иҷрои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, истиҳроҷи маъдан, муайян кардани чароғоҳ ва гузаргоҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, тартиб додани хати сайр ва ташкили ҷои истироҳати оммавии аҳолӣ бояд оид ба муҳофизати муҳити сукунат ва шароити афзоиши ҳайвонот тадбирҳо андешида, ба амал бароварда шаванд, инчунин дахлнопазирии қитъаҳое, ки ҳамчун муҳити сукунати ҳайвонот аҳамияти хоса доранд, таъмин карда шавад.

Ҳангоми ҷойгиронй, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, қубургузар ва дигар роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли барқу алоқа, инчунин каналҳо, сарбандҳо ва дигар иншооти гидротехники бояд, тадбирҳое андешида, ба амал бароварда шаванд, ки ҳифзи роҳҳои кӯчиши ҳайвонотро таъмин намоянд.

Моддаи 44. Мувофиқа намудани ҷои сохтмони объектҳо, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонанд

Ҷои сохтмони корхонаҳо ва иншооти дар моддаи 43-и ҳамин Қонун зикршуда ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати олами ҳайвонот, муҳити сукунат, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонанд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии махсуси ваколатдор мувофиқа кунонида мешавад.

Моддаи 45. Пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот зимни анҷоми ҷараёни истеҳсолот ва истифодаи воситаҳои нақлиёт

Корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ, ҷубтайёркунӣ ва дигар корҳо, инчунин ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт барои пешгирӣ намудани талафоти ҳайвонот тадбирҳо андешанд.

Сӯхтани рустаниҳои хушк, нигоҳдории мавод, ашёи хом ва партовҳои истеҳсолот бидуни андешидани тадбирҳои муқарраршуда оид ба пешгирӣ намудани ҳалокати ҳайвонот манъ аст.

Моддаи 46. Муҳофизати ҳайвонот дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳ ва дигар минтакаҳои махсус муҳофизатшаванда

Дар минтақаи мамнӯъгоҳҳо шикор ва моҳидорӣ кардан, сайди намудҳои гуногуни ҳайвоноти бемӯхра, инчунин дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои мамнӯъгоҳҳо манъ аст.

Дар парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда намудҳои алоҳидаи истифодаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонотро пурра манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.

Тартиби муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонотро дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда қонун муқаррар мекунад.

ХI. МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТИ НОДИР ВА НАМУДҲОЕ, КИ БА ОНҲО ХАТАРИ АЗБАЙНРАВӢ ТАҲДИД МЕНАМОЯД

Моддаи 47. Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи ҳамин Қонун намудҳои ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари азбайнравӣ таҳдид менамояд, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китоби намудҳои ҳайвоноти нодир, ки ба онҳо хатари азбайнравӣ таҳдид мекунад, дохил карда мешаванд. Низомномаи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Корҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халал ёфтани муҳити зисти ҳайвоноти нодир ва навъҳо гардида, ба онҳо хатари азбайнравӣ таҳдид мекунад, манъ аст.

Моддаи 48. Тадбирҳо оид ба муҳофизати ҳайвоноти нодир ва навъҳое, ки ба онҳо хатари азбайнравӣ таҳдид менамояд

Ба мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир ва навъҳое, ки ба онҳо хатари аз байнравӣ таҳдид менамояд ва дар шароити табиӣ афзоиши саршумори онҳо имконнопазир аст, мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот вазифадоранд, ки барои афзоиши навъҳои мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.

Моддаи 49. Тартиби шикори ҳайвоноти нодир ва навъҳое, ки ба онҳо хатари аз байнравӣ таҳдид мекунад

Барои парваридан дар шароити махсус ва минбаъд ба озодӣ сар додан, ҳамчунин бо мақсади тадқиқоти илмӣ ва дигар мақсадҳо дошта гирифтани ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва навъҳое, ки ба онҳо хатари аз байнравӣ таҳдид мекунад, бо иҷозати махсуси мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот мувофиқи тартиботи муқарраршуда мумкин аст.

ХII. КОЛЛЕКСИЯИ ЗООЛОГӢ

Моддаи 50. Ташкил намудан ва такмил додани коллексияи зоологӣ

Бо корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо барои ташкил намудан ва такмил додани коллексияҳои зоологӣ (коллексияҳои зинда, боғи ҳайвонот ва боғҳои дигар, инчунин дар шакли коллексияи хусаҳо, дорҳо ва узвҳои ҳайвонот) бо роҳи аз муҳити табиӣ ба ин мақсадҳо дошта гирифтани онҳо мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад. Такмил додани коллексияҳои зоологӣ, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошанд ва аз тарафи шаҳрвандон ташкил намудани коллексияҳои нав манъ аст, ба истиснои коллексияҳои иборат аз ғаниматҳои шикор, моҳигирӣ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот, ки бо риояи талаботи муқарраршуда анҷом дода шудааст.

Моддаи 51. Баҳисобгирии давлатии коллексияҳои зоологӣ ва вазифаҳои корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд

Коллексияҳое, ки аҳамияти илмӣ, маданию маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё зебошиносӣ доранд, бояд дар қайди давлат бошанд. Корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд, вазифадоранд, ки қоидаҳои нигоҳ доштану ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани коллексияҳои объектҳои олами ҳайвонотро риоя намоянд.

Моддаи 52. Қоидаи истифода кардан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ

Тартиби ташкил кардан, такмил додан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ, қоидаҳои савдои онҳо, ҳамчунин тартиби фиристодан ва ба хориҷа бурдани объектҳои коллексияҳо ва маҳсулоти олами ҳайвонот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

ХIII. МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНӢ, АНГЕЗАҲОИ ИНКИШОФИ ОНҲО, НУРИҲОИ МАЪДАНӢ ВА ДИГАР МАВОДИ ДОРУВОР

Моддаи 53. Талабот оиди муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти ҳайвонот ҳангоми истифода ва ҳамлу нақли воситаҳои муҳофизати растанӣ

Ҳангоми истифода бурдани воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар маводи дорувор, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд талаботи муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо ба эътибор гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо ва дигар маводи дорувор ба мақсади кам кардани таъсири зараровари онҳо ба олами ҳайвонот бояд бо иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва ғайраҳо мувофиқ кунонида шавад.

Ба мақсади пешгирии ҳалокати ҳайвонот ва бадшавии муҳити зисти онҳо колхозу совхозҳо, хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ва дигар корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи доруҳои зикршударо риоя намоянд.

Ҳангоми ихтирои доруҳои нав бояд меъёри консентрасияи онҳо дар муҳити табиӣ, ки муҳофизати ҳайвонот ва муҳити зисти онҳоро таъмин менамояд, таҳия шавад.

Моддаи 54. Мувофиқа намудани қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар маводи дорувор

Қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар нуриҳое, ки дар хоҷагаи халқ истифода мешаванд, инчунин номгӯи доруҳои зикршуда бояд бо мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот мувофиқа карда шаванд.

ХIV. КӯЧОНИДАН, БА ОБУ ҲАВО ОДАТ КУНОНИДАН ВА ҶУФТИКУНИИ ҲАЙВОНОТ ВА МАҲДУДКУНИИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБЪЕКТҲОИ ТАБИӢ

Моддаи 55. Кӯчонидан, ба обу ҳаво одат кунонидан ва ҷуфтикунии ҳайвонот

Ба мақсади тадқиқоти илмӣ, зарурати хоҷагӣ ба ҷойҳои нави зиндагӣ кӯчонидан, ба обу ҳаво одат кунонидани анвои ҷонварони барои олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон нав, инчунин тадбирҳои ҷуфтикунии ҳайвонот дар асоси хулосаи муассисаҳои дахлдори тадқиқоти илмӣ бо қарори мақомоти махсуси давлатии ваколатдори муҳофизат, танзим ва истифодаи олами ҳайвонот мумкин аст.

Худсарона кӯчонидан, ба обу ҳаво одат кунонидан ва ҷуфтикунии ҳайвонот манъ аст.

Моддаи 56. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифрдабарандагони объектҳои табиӣ ба манфиати муҳофизати олами ҳайвонот ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳо

Ба мақсади ҳифзи олами ҳайвонот ҳуқуқи истифодабарандагони замин, ҷангал, об ва сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда, ба тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба зиммаашон ӯҳдадориҳои дахлдор гузошта мешаванд.

ХV. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 57. Баҳисобгирии давлатӣ ва кадастри давлатии олами ҳайвонот

Барои таъмини муҳофизат ва ташкили истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо ба роҳ монда, кадастри давлатии он ташкил карда мешавад, дар он маҷмӯи маълумот дар бораи паҳншавии ҷуғрофии намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, саршумори онҳо, маълумотномаи истифодаи эҳтиёткоронаи ҳозиразамони ҳайвонот ва дигар маълумоти зарурӣ зикр карда мешаванд.

Моддаи 58. Тартиби баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо дар ташкили кадастра давлатии олами ҳайвонот

Олами ҳайвонот, истифодаи онҳо ва ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот дар минтақаҳои озод (Фонди давлатии замин, Фонди давлатии ҷангал) аз ҳисоби давлат, дар минтақаҳои вобасташуда аз ҳисоби истифодабарандагони он ба ҳисоб гирифта мешавад.

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо вазифадоранд дар бораи паҳншавӣ, саршумор ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мақомоте, ки кадастри давлатиро ба роҳ мемонанд, маълумот диҳанд.

Қоидаҳои баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии олами ҳайвонот, муайян намудани рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, ки бояд ба ҳисоби давлатӣ гирифта ва ба кадастри давлатӣ дохил карда шаванд, инчунин пешниҳод кардани маълумот баҳисобгирӣ ва ташкили кадастр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

ХVI. НАЗОРАТ БА МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 59. Назорати давлатӣ ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Назорати давлатӣ ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот вазифадор аст, ки аз тарафи ҳамаи вазорату, кумитаҳои давлатӣ, идораю корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандон иҷро кардани ӯҳдадориҳояшонро оиди муҳофизати олами ҳайвонот, риоя намудани тартиби муқарраршудаи истифодаи олами ҳайвонот ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузориро дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот таъмин кунад.

Моддаи 60. Мақомоти назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи онҳо, ҳамчунин мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 61. Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот инҳоро тафтиш мекунанд:

риояи қоидаҳо, меъёрҳо, мӯҳлатҳо ва дигар талаботи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот;

риояи тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии олами ҳайвонот;

дурустӣ ва сари вақт андешидану амалӣ гардонидани тадбирҳо оиди муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчишӣ ҳайвонот.

Моддаи 62. Мониторинги олами ҳайвонот

Мониторинги олами ҳайвонот аз системаи мушоҳидахо, баҳодиҳӣ ва пешгӯии вазъи олами ҳайвонот ба мақсади сари вақт ошкор кардани тағйирот, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибати равандҳои номатлуби фаъолияти хоҷагии инсон иборат мебошад.

Мониторинги олами ҳайвонот аз рӯи намудҳои ҳайвонот дар ноҳияҳо, вилоятҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонот маълумоти кадастри давлатии олами ҳайвонот заминаи ахбор ба ҳисоб меравад.

Сохтор, мундариҷа ва тартиби ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 63. Ҳуқуқи мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот

Мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки:

истифодаи худсаронаи олами ҳайвонот, ҳамчунин қоидаю меъёр, мӯҳлат ва дигар талаботи муқарраргардидаи муҳофизат ва истифода олами ҳайвонотро риоя накарда, ба кор бурдани олами ҳайвонотро қатъ намоянд;

дар бораи рафъи вайронкунии қоидаю меъёр, мӯҳлат ва дигар талабҳои оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот супоришҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳанд;

корҳоеро, ки ҳангоми иҷрояшон қоида, меъёр, мӯҳлат ва дигар талаботи оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвоноту муҳити зист шароити афзоиши саршумори ҳайвонот ва роҳҳои кӯчиши онҳо пайваста риоя намешаванд, то вақти бартараф кардани қонуншиканиҳо боз доранд;

шахсонеро, ки қоидаю меъёр, мӯҳлат ва дигар талабҳои оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонотро риоя намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, ё ҳуҷҷатҳои оиди қонуншиканиро ба мақомоти дахлдор фиристанд.

Моддаи 64. Иҷрои ҳатмии қоидаю дастуруламалҳои мақомоти давлатии махсуси ваколатдор

Қоида ва дастуруламалҳои мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонотро, ки дар доираи ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тасдиқ карда мешаванд, иҷро кардани ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилото, ҳамчунин шаҳрвандон, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин шахсони ёридикӣ ва хориҷӣ ҳатмист.

Моддаи 65. Дигар ҳуқуқи мақомоти давлатии махсуси ваколатдор

Ба мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот дар бобати огоҳонидан ва пешгирӣ кардани вайронкунии қоидаю меъёрҳо ва дигар талабҳои оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқи дигар низ дода шуда метавонад.

Моддаи 66. Назорати идории муҳофизат аз истифодаи олами ҳайвонот

Ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот мақомоте назорати идорӣ мекунанд, ки корхонаю муассиса ва ташкилотҳои истифодабарандаи олами ҳайвонот тобеи онҳо мебошанд.

Ҳангоми назорати идорӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо вазифадоранд, ки дар асоси қонунҳои ҷорӣ, қоидаҳо ва дастуруламалҳхои тасдиқкардаи мақомоти давлатии махсуси ваколатдори муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот амал кунанд.

ХVII. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 67. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот

Баҳсҳо байни корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот тибқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳал карда мешаванд.

ХVIII. МАСЪУЛИЯТИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 68. Беэътибории созишҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлат будани олами ҳайвонотро вайрон мекунанд

Худсарона гузашткунии ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, инчунин дигар амалиёте, ки ҳуқуқи моликияти давлат будани олами ҳайвонотро ба таври ошкоро ва ё пинҳонӣ вайрон мекунанд, эътибор надорад.

Моддаи 69. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Шахсони ба амалиёти дар моддаи 68-уми ҳамин Қонун зикршуда, ҳачмунин онҳое, ки ба кирдорҳои зерин гуннаҳкоранд:

- ба истифодаи худсаронаи объектҳои олами ҳайвонот;

- ба риоя накардани қоидаҳои шикор, моҳидорӣ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот;

- ба риоя накардани қоидаҳои муҳофизати муҳити зист ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот;

- ба худсарона кӯчондан, ба обу ҳаво одат кунонидан ва ҷуфтикунии ҳайвонот;

- ба азоб додани ҳайвонот;

- ба риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати рустанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруҳои дигар, ки ба олами ҳайвонот зарар мерасонанд;

- ба риоя накардани қоидаҳои аз ҷое ба ҷое бурдан ва ба хориҷа фиристодани объектҳои олами ҳайвонот ва коллексияҳои зоологӣ;

- ба амалиёте, ки боиси ҳалокат ва кам шудани саршумори ҳайвонот ё вайроншавии муҳити зисти ҳайвоноти нодир ва намудҳое гардидааст ё худ мегардад, ки ба онҳо хатари азбайнравӣ таҳдид мекунад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигар вайронкуниҳои қонуни муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот низ метавонад ҷавобгарӣ муқаррар намояд.

Моддаи 70. Додани товони зиёне, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонуни муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот расидааст

Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон вазифадоранд товони зиёнро, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонуни муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот расонидаанд, ба андоза ва тартиби муқрраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд. Мансабдорон ва дигар коркуноне, ки бо айби онҳо корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо барои додани товони зиён маблағ харҷ кардаанд, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба ҷавобгарии моддӣ кашида мешаванд.

Ҳайвоноти ғайриқонунӣ сайдшуда ва маҳсулоти аз он тайёргардида мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.

Ҳангоми мусодира карда натавонистани ҳайвоноти ғайриқонуӣ сайдшуда аз маҳсулоти аз он тайёргардида арзиши он бо нархи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

ХIХ. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Моддаи 71. Шартномаҳои байналхалқӣ

Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот қоидаҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ татбиқ карда мешаванд.

Раиси

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 20 июли соли 1994 № 989