ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД
(Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 628, аз 14.05.1999 № 765, аз 10.12.1999 № 869, аз 3.05.2002 № 13, аз 8.12.2003 № 50, аз 17.05.2004 № 39, аз 9.12.2004 № 70, 1.03.2005 № 91, аз 28.12.2005 № 146, аз 5.01.2008 № 343, аз 20.03.2008 № 367, 31.12.2008 № 454, 19.05.2009 № 511, аз 5.08.2009 № 538, аз 19.11.2009 № 562, аз 19.11.2009 № 563, аз 21.07.2010 № 611, аз 21.07.2010 № 615)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи хоҳиши сершумори коллективҳои меҳнати ва дархости Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷори қарор мекунад:
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерини ид қонуни гардонида шаванд:
1 январ - Соли Нав;
8 март - Рӯзи модар (Конун аз 19.05.2009с. №511);
21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз (Қонун аз 3.05.02с. № 13, Қонун аз 28.12.05с. № 145, аз 21.07.2010 № 611);
1 май - Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон;
9 май - Рӯзи Галабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (Қонун аз
22.05.98с. № 628);
27 июн - Рӯзи Ваҳдати милли (Қонун аз 22.05.98с. № 628);
9 сентябр - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз 22.05.98с. № 628);
6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Иди "Рамазон" - ҳар сол як рӯз дар мавридаш;
Иди "Қурбон" - ҳар сол як рӯз дар мавридаш;
5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.07.2010 № 615);
Иди "Меҳргон"
Иди "Сада"
2. Бо назардошти он ки оила дар тарбияи насли наврас, пойдор сохтани асосҳои ҷамъият ва муътадил гардонидани он аҳамияти зиёд дорад, ҳар сол 15 май ҳамчун Рӯзи байналхалқии оила ид карда шавад.
3. Бинобар хизматҳои бузурги мутафаккир, файласуф ва ҳакими номи Абӯали ибни Сино ҳар сол 18 август ҳамчун Рӯзи таваллуди Абӯали ибни Сино ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ҳамчун рӯзи касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шавад.
4. Ба муносибати хизматҳои навъу хелҳои қӯшун ва бинобар вазифаҳои бағоят муҳимро дар роҳи ҳифзи меҳнати осоиштаи халқи Тоҷикистон ба ҷо овардани он ҳар сол рӯзҳои зерин ид карда шаванд:
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
Рӯзи Қӯшуни Сарҳади - 28 май;
Рӯзи қӯшини дохила - 10 апрел (Қонун аз 22.05.98с. № 628);
Рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ - 17 август (Қонун аз 31.12.2008 с. № 454).
5. Ба нишони қадрдонии хизмати меҳнаткашони соҳаҳои дахлдори халқ ва соҳаи фаъолият ҳар сол рӯзҳои зерин ҷашн гирифта шаванд:
Рӯзи кормандони гумрук - 22 январ;
Рӯзи милиса - 6 феврал;
Рӯзи геологҳо - якшанбеи якуми моҳи апрел;
Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;
Рӯзи ихтироъкор ва навовар - Рӯзи байналмилалии моликияти ақли26 апрел (Қонун аз 22.05.98с. № 628, Қонун аз 22.04.03с. № 2);
Рӯзи матбуот - 11 март;
Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март (Қонун аз 1.08.03с. № 26);
Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа - 7 май;
Рӯзи Шашмақом - 12 май (Қонун аз 3.05.02с. № 12);
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май (Қонун аз 22.05.98с. № 628);
Рӯзи адвокатҳо - 26 май (Қонун аз 8.12.03с. № 50);
Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охирини моҳи май;
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн (Қонун аз 28.12.05с. № 146);
Рӯзи кормандони саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;
Рӯзи мелиоратсия - якшанбе охирини моҳи июн;
Рӯзи кормандони савдо, адои хизмати маишии аҳоли ва хоҷагии манзилию коммунали - якшанбеи якуми моҳи июн;
Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 5 июн (Конун аз 20.03.2008 № 367);
Рӯзи байналхалқии кормандони кооператсия - 6 июн;
Рӯзи маъюбон ва пиронсолон - 8 июл (Қонун аз 17.05.04с. № 39);
Рӯзи моҳигирон - якшанбеи дуюми моҳи июл;
Рӯзи металлургҳо - якшанбеи сеюми моҳи июл;
Рӯзи кормандони нақлиёти автомобили - 25 июл;
Рӯзи сӯхторнишони ва умури наҷот аз фалокат - 30 июл;
Рӯзи кормандони сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август (Қонун аз9.12.04с. № 70);
Рӯзи ангиштканҳо - якшанбеи охирини моҳи август;
Рӯзи варзишгарон - 10 август;
Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август (Қонун аз 9.12.04с. № 70);
Рӯзи кормандони саноати нефту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;
Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
Рӯзи дониш - 1 сентябр;
Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
Рӯзи китоб - 4 сентябр (Қонун аз 5.01.2008 № 343);
Рӯзи Рӯдаки-22 сентябр (Қонун аз 3.05.02с. № 14);
Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охирини моҳи сентябр;
Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;
Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр (Қонун аз 19.11.2009 № 562);
Рӯзи кормандони адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр;
Рӯзи кишоварзи - 8 октябр (Қонун аз 5.08.2009 № 538)
Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр (Қонун аз 14.05.99с. № 765);
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр (Қонун аз 19.11.2009 № 563);
Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр (Қонун аз 10.12.99с. № 869);
Рӯзи кормандони Прокуратура - 14 декабр;
Рӯзи энергетикҳо - 22 декабр;
6. Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои кори нестанд:
1 январ, 8 март, 21-24 март, 1 май, 9 май, 27 июн, 9 сентябр, 6 ноябр, Рамазон - ҳар сол як рӯз дар мавридаш, Қурбон - ҳар сол як рӯз дар мавридаш (Қонун аз 10.12.99с. № 869, Қонун аз 3.05.02с. № 13, Қонун аз 28.12.05с. № 146).
7. Дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома "Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
8. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлати, ташкилотҳои ҷамъияти ва коллективҳои меҳнати чораҳои ҷамъиятию сиёси андешида мешаванд.
Парадҳои ҳарби, салюти артиллери ва оташбози дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
3 ноябри соли 1995 № 98