ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ
(Қонуни ҶТ аз 01.02.1996 № 223, аз 28.02.2004 № 20)
Ин Қонун муносибатҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва асосҳои ташкили зотпарвариро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Моддаи 1. Зотпарварӣ
Зотпарварӣ низоми тадбирҳои эҳтиёт ва беҳтар кардани хусусиятҳои матлуби ирсии ҳайвонот (парранда, моҳи, ҳашароти муфид, аз ҷумла занбури асал) ва барои истеҳсоли маҳсулот оқилона истифода бурдани онҳо мебошад ().
Бо зотпарвари хадамоти давлатии зотпарвари машғул аст ().
Моддаи 1(1). Маҳсулоти зотӣ
Ҳамаи намуди ҳайвоноти нарина ва модинаи чорво, парранда, занбури асал, моҳӣ, насл, нутфа, тухм ва зиготаи онҳо, ки барои онҳо сертификат ва ё шаҳодатномаи зотӣ дода шудааст, маҳсулоти зотӣ ҳисобида мешаванд.
Тартиб ва асоси додани сертификат ва шаҳодатномаи зотиро Низомнома, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунад.
Барои гирифтани сертификат ва шаҳодатномаи зоти субъектҳои зотпарвари ба хадамоти давлатии зотпарвари дар ҳаҷми хароҷоти воқеи маблағ пардохт менамоянд ().
Моддаи 2. Субъектҳои зотпарварӣ
Субъектҳои зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои зотпарварӣ;
шахсони воқеи-соҳибони маҳсулоти зотӣ ().
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст ().
Моддаи 4. Вазифаҳои асосии хадамоти давлатии зотпарварӣ
Вазифаҳои асосии хадамоти давлатии зотпарварӣ иборат аст аз:
ҳифзи ҳуқуқии ҷараён, объекту субъектҳои зотпарварӣ, ки мақсад аз он офаридани ҳайвоноти сермаҳсул ва зотҳои нав аст;
истифодаи оқилонаи захираҳои зотпарварӣ, такомул ва тағйири сифатии генофонди имрӯзаи зотҳои ҳайвонот, ки комёбии миллии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ();
баровардани маҳсулоти зотӣ ба бозори ҷаҳонӣ ();
зиёд кардани даромаднокӣ ва беш аз пеш қобили рақобат кардани маҳсулоти зотӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ ();
ҳамаҷониба татбиқ намудани комёбиҳои илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ.
Моддаи 5. Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд.
Вазифа, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ бо Низомнома муайян карда мешавад.
Низомномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарвариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ().
Моддаи 6. Хориҷ карда шуд
Моддаи 7. Хориҷ карда шуд
Моддаи 8. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои зотпарварӣ
Дар сурати вайрон намудани меъёрҳо ва қоидаҳои зотпарварӣ, яъне:
- вайрон кардани тартиби фурӯхтан, ба моликияти шахси дигар додан, инчунин истифодаи маҳсулоти зотие, ки сертификат ва ё шаҳодатномаи зотӣ надоранд;
- барои такрористеҳсолии маҳсулоти зотӣ истифода бурдани ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, ки боиси гум гардидани арзиши зот мегарданд;
- вайрон намудани қоидаҳои муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии истифодаи ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, фурӯхтан, ба моликияти шахси дигар додан, ихтиёрдорӣ ва истифодаи маҳсулоти зотӣ, инчунин нодуруст муайян намудани арзиши зоти онҳо;
- сари вақт нагузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ, инчунин дигар чорабиниҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани ҳайвоноти зотӣ, паст ё гум шудани арзиш, ҳалок ё талаф гардидани маҳсулоти зотӣ мегарданд;
- вайрон намудани қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии маҳсулоти зотӣ, ё пешниҳод накардани маълумоте, ки дар китобҳои давлатии (феҳристҳо) маҳсулоти зотӣ бояд сабт гарданд,
шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Моддаи 9. Хориҷ карда шуд
Моддаи 10. Вазъи ҳуқуқии мутахассисони корхонаҳои зотпарварӣ
1. Ҳуқуқи дар корхонаҳои зотпарварӣ пардохтан ба кори зотпарварӣ (ба нақша гирифтани такомули генетикии ҳайвонот, арзёбии маҳсулнокӣ ва пайдоиш, интихоб кардан, хоста гирифтани ҳайвонот ва маҳсулоти дигари ҳайвоноти зотӣ) ба мутахассисоне (зотпарвароне) дода мешавад, ки литсензия доранд. Субъекти зотпарвар баъди имзо шудани қарордоди байни мутахассисони номбурда ва субъектҳои зотпарвар ба зотпарварӣ ҳуқуқдор гардида, қарордодҳои хадамоти давлатии зотпарварӣ мувофиқи нақшаҳои тасдиқгардидаи кори зотпарварӣ қайд карда мешавад.
2. Хадамоти давлатии зотпарварӣ, корхонаҳои зотпарварӣ ва иттиҳодияҳои корхонаҳои зотпарварӣ мутахассисонро ба офаридани ҳайвоноти сермаҳсул, ба даст овардани маҳсулоти басо пурарзиши ҳайвоноти зотӣ, ба парвариши ҳайвоноти бағоят сермаҳсул ҳавасманд мекунанд ().
Моддаи 11. Дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ
1. Барои хароҷоти тартиб додану амалӣ гардонидани барномаҳои ҷумҳуриявии беҳсозии генетикии зотҳои ҳайвоноте, ки парвариш меёбанд ва нав офарида мешаванд, барои барпо намудани низоми ахбори вилояту ноҳияҳо, ба ҳисоб гирифтан ва назорат кардани маҳсулнокии ҳайвонот, ҳамчунин барои нашри ҳуҷҷатҳои меъёрии зотпарварӣ ва ҷорӣ кардани дафтарҳои (маълумотномаҳои) давлатии сабти ҳайвоноти зотӣ аз буҷети ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
2. Гирифтани замини корхонаҳои зотпарварӣ ва ба онҳо тақсим карда додани саршумори ҳайвоноти зотӣ манъ аст.
3. Хориҷ карда шуд ().
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
Таъминоти илмии зотпарвариро Институти тадқиқоти илмии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад ().
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,
аз 20 июли соли 1994 № 985
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ
Ин Қонун муносибатҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва асосҳои ташкили зотпарвариро дар соҳаи чорводории қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 1. Зотпарварӣ
Зотпарварӣ низоми тадбирҳои эҳтиёт ва беҳтар кардани хусусиятҳои матлуби ирсии ҳайвонот ва барои истеҳсоли маҳсулот оқилона истифода бурдани онҳо мебошад.
Бо зотпарварии соҳаи чорводорӣ хадамоти давлатии зотпарварӣ машғул аст.
Моддаи 2. Субъектҳои зотпарварӣ
Субъектҳои зотпарварӣ инҳоанд:
- заводҳои давлатии зотгирӣ;
- корхонаҳои зотпарварӣ;
- марказҳои бордоркунии сунъӣ;
- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва иттиҳодияҳои дигари корхонаҳо ва шаҳрвандони соҳаи зотпарварӣ;
- шахсиятҳои дигари ҳуқуқӣ ва воқеӣ - соҳибони маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ.
Байни заводи давлатии зотгирӣ, корхонаҳои зотпарварӣ, маркази бордоркунии сунъӣ ӯҳдадориҳои иҷрои ҳатмии вазифаҳои парвариш кардан, фурӯхтан, додан ва истифода бурдани ҷавонаи зоти дахлдор, сифат ва нишондиҳандаҳои маҳсулнокии зоти худӣ ва авлодӣ муқаррар мешаванд.
Моддаи 3. Қонуни оид ба зотпарварӣ
Қонуни оид ба зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Қонун, Ойинномаи хадамоти давлатии зотпарварӣ, қарорҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии хадамоти давлатии зотпарварии назди Вазорати кишоварзӣ иборат буда, онҳо барои субъектҳои зотпарварӣ, сарфи назар аз тобеъияти идоравӣ ва шаклҳои моликияташон ҳатмианд.
Моддаи 4. Вазифаҳои асосии хадамоти давлатии зотпарварӣ
Вазифаҳои асосии хадамоти давлатии зотпарварӣ иборат аст аз:
ҳифзи ҳуқуқии ҷараён, объекту субъектҳои зотпарварӣ, ки мақсад аз он офаридани ҳайвоноти сермаҳсул ва зотҳои нав аст;
истифодаи оқилонаи захираҳои зотпарварӣ, такомул ва тағйири сифатии генофонди имрӯзаи зотҳои чорвои ҷумҳурӣ, ки комёбии миллии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад;
баровардани маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ ба бозори ҷаҳонӣ;
зиёд кардани даромаднокӣ ва беш аз пеш қобили рақобат кардани ҳайвоноти зотӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ;
ҳамаҷониба татбиқ намудани комёбиҳои илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ.
Моддаи 5. Умури давлатиизотпарварӣ
Зотпарвариро дар соҳаи чорводорӣ хадамоти давлатии зотпорварӣ бо сарварии Инспексияи давлатии зотпарварии назди Вазорати кишоварзӣ, дар Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хадамоти дахлдори зотпарварии назди мақомоти ҳокимияти иҷроия ба роҳ мемонад, ба фаъолияти онҳо назорат мекунад.
Моддаи 6. ӯҳдадориҳои Хадамоти давлатии зотпарварӣ
1. Хадамоти давлатии зотпарварӣ:
- барномаҳои парвариши чорво, эҳтиёт намудану такмил додани зот ва нишонаҳои барои хоҷагӣ фоидабахши онро тартиб медиҳад ва татбиқ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои меъёрии идораи соҳаи зотпарвариро, ки тарзу усул ва воситаҳои ягонаи арзёбиро ба тартиб меоваранд, маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ, қоидаҳои сабти китобҳои давлатии (феҳристи) ҳайвоноти зотӣ, танзими литсензия ва тасдиқнома, таъминоти ахборотӣ, шартҳои иҷозати истифодаи ҳайвоноти наслдеҳ ва талаботро нисбати тарзҳои зотпарварӣ ва биотехнологӣ яксон намуда, ба ҳисоб мегирад, тартиб медиҳад ва бевосита таҳқиқ мекунад;
- номгӯи навъу зотҳои биологиро, ки аз модиёнашон зот (насл) мегиранд, муқаррар мекунад, ҳамчунин баъди тадқиқоти иммуногенетикии ҳайвоноти нарина, ки барои бордоркунии сунъии ҳайвонот ҷудо карда шудааст, ба қайд мегирад;
- дар соҳаи зотпарварӣ ба ҳамкории байналхалқӣ мепардозад, содироту воридоти маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ, таҷҳизот, асбобу анҷоми махсус ва маводи зотпарвариро асоснок мекунад ва ба тартиб меоварад;
- товони хароҷоти тартиб додани тасдиқномаю литсензияҳо, сабту нашри китобҳои (қайдномаҳои) давлатии ҳайвоноти зотӣ, таъминоти ахборотӣ ва коруборҳои дигари қонунан манфиатбахши соҳаи зотпарвариро меситонад.
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои хадамоти давлатии зотпарварӣ
1. Роҳбарони хадамоти давлатии зотпарварии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти давлатии зотпарварии Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ҳамзамон инспекторони давлатии мақомоти марбутаи иҷроия оид ба зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ мебошанд.
Ба инспекторони давлатии зотпарварӣ ваколат дода мешавад, ки аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳои гуногуни созмонию ҳуқуқӣ, ассотсиатсияву ҷамъиятҳо ва иттиҳодияҳо иҷро шудани қонунҳои зотпарварии соҳаи чорводориро назорат кунанд.
Инспекторони давлатии зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ ҳуқуқ доранд, ки:
- бемалол ба корхонаи зотпарварӣ омада, аз онҳо маълумот гиранд;
- ба субъектҳои зотпарварӣ амр диҳанд, ки вайронкунии қонунҳоро дар бораи зотпарварӣ бартараф намоянд;
- фурӯши маҳсулоти ҳайвоноти зотии корхонаҳои зотпарвариро, ки дар сабти ҳисобу китоби зотпарварӣ аз техналогияи истеҳсолот тахаллуф ошкор гардидааст, боздоранд;
- берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани маҳсулоти хеле пурқимати ҳайвоноти зотиро маҳдуд намоянд;
- ба татбиқи тарзҳои нави технологӣ, асбобу ускуна, таҷҳизот, масолеҳ, усулҳои биотехнологии зотпарварӣ назорат ҷорӣ намоянд;
- дар сурати риоя нашудани қоидаҳои зотпарварӣ корхонаҳои зотпарвариро аз литсензия ва мутахассисонро аз тасдиқнома маҳрум намоянд;
- ба истифодаи ҳайвоноти наринаи наслдеҳ ва нуфтаи онҳо, ки сифаташон ба талабот мувофиқ нест, роҳ надиҳанд.
2. Тартиби ба роҳ мондани фаъолияти хадамоти давлатии зотпарвариро Ойиннома муайян мекунад, ки онро Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, хадамоти давлатии зотпарварӣ метавонад як қисми вазифаҳои худро, ки бо назорати давлатӣ алоқаманд нестанд, ба ташкилотҳои дигари зотпарварӣ вогузорад.
Моддаи 8. Масъулияти риоя накардани меъёри зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ
Шахсоне, ки барои риоя накардани меъёрҳои зотпарварии соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла барои:
- фурӯхтан, додан, истифода кардани маҳсулоте, ки тасдиқномаи маҳсулот, ҳайвоноти зотӣ надоранд;
- истифода кардани ҳайвони наринаи зоташ номаълум ба мақсади наслгирӣ;
- риоя накардани санадҳои меъёрӣ ҳангоми фурӯхтани маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ ва муайян намудани аҳамияти ҳайвоноти наринаи зотӣ;
- бе ваҷҳ мурдану талаф ёфтан ва мубталои касалиҳои сирояткунанда шудани ҳайвоноти зотӣ, ки сари вақт чораҳои пешгириунӣ ва табобатӣ нагузаронидаанд;
- риоя нашудани қоидаҳои ҳисобу китоби ҳайвоноти зотӣ ва қалбакӣ кардани маълумоти оид ба маҳсулоти он;
- расонидани зиёни моддӣ ба корхонаҳо бинобар татбиқ намудани техналогияҳои ноозмудаи афзун гардонидани саршумори ҳайвонот гунаҳкоранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.
Моддаи 9 Соҳибкорӣ дар зотпарварӣ
Соҳибкорӣ дар соҳаи зотпарварӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда мешавад.
Моддаи 10. Вазъи ҳуқуқии мутахассисони корхонаҳои зотпарварӣ
1. Ҳуқуқи дар корхонаҳои зотпарварӣ пардохтан ба кори зотпарварӣ (ба нақша гирифтани такомули генетикии ҳайвонот, арзёбии маҳсулнокӣ ва пайдоиш, интихоб кардан, хоста гирифтани ҳайвонот ва маҳсулоти дигари ҳайвоноти зотӣ) ба мутахассисоне (зотпарвароне) дода мешавад, ки литсензия доранд. Субъекти зотпарвар баъди имзо шудани қарордоди байни мутахассисони номбурда ва субъектҳои зотпарвар ба зотпарварӣ ҳуқуқдор гардида, қарордодҳои хадамоти давлатии зотпарварӣ мувофиқи нақшаҳои тасдиқгардидаи кори зотпарварӣ қайд карда мешавад.
2. Ба фаъолияти мутахассисони корхонаҳои зотпарварӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, дар масъалаҳои зотпарварӣ танҳо хадамоти давлатии зотпарварӣ назорат мекунад.
3. Хадамоти давлатии зотпарварӣ, корхонаҳои зотпарварӣ ва иттиҳодияҳои корхонаҳои зотпарварӣ мутахассисонро ба офаридани ҳайвоноти сермаҳсул, ба даст овардани маҳсулоти басо пурарзиши ҳайвоноти зотӣ, ба парвариши ҳайвоноти бағоят сермаҳсул ҳавасманд мекунанд.
Моддаи 11. Дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ
1. Барои хароҷоти тартиб додану амалӣ гардонидани барномаҳои ҷумҳуриявии беҳсозии генетикии зотҳои ҳайвоноте, ки парвариш меёбанд ва нав офарида мешаванд, барои барпо намудани низоми ахбори вилояту ноҳияҳо, ба ҳисоб гирифтан ва назорат кардани маҳсулнокии ҳайвонот, ҳамчунин барои нашри ҳуҷҷатҳои меъёрии зотпарварӣ ва ҷорӣ кардани дафтарҳои (маълумотномаҳои) давлатии сабти ҳайвоноти зотӣ аз буҷети ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
2. Гирифтани замини корхонаҳои зотпарварӣ ва ба онҳо тақсим карда додани саршумори ҳайвоноти зотӣ манъ аст.
3. Воридоти маҳсулоти ҳайвоноти зотӣ, молҳои хоса, иҷрои кору адои хизмати соҳаи зотпарварӣ бо литсензияи хадамоти давлатии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, аз пардохти боҷпулӣ, ҳаққи русуми боҷхона ва андозҳои дигар озод карда мешавад.
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
Таъминоти илмии зотпарварии соҳаи чорводориро Институти тадқиқоти илмии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
аз 20 июли соли 1994 № 985