ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГАРАВ
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 22.05.1998 № 626)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми гарав
Гарав яке аз тарзҳои иҷрои ӯҳдадорист.
Қарздиҳанда (гаравдор) дар асоси гарав ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми ӯҳдадориашро иҷро накардани қарздор талаботашро аз арзиши амволи ба гаравмондаи гаравгузор қонеъ гардонад.
Моддаи 2. Қонун дар бораи гарав
Қонуни мазкур нуқтаҳои асосии гаравро муайян мекунад. Муносибатҳои гаравие, ки ин Қонун танзим накардааст, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом медароранд.
Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои дар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ корбаст мешаванд.
Моддаи 3. Асосҳои ба миён омадани гарав
Гарав ба ваҷҳи шартнома ё санади дигари қонунгузорӣ ба миён меояд.
Санади қонунгузорие, ки ба миён омадани гаравро пешбинӣ менамояд, бояд чунин нуқтаро фаро гирад, ки маҳз кадом амвол бинобар кадом ӯҳдадорӣ бояд ба гарав гузошта шавад.
Моддаи 4. Соҳаи татбиқи гарав ва ваҷҳи гарав
Талаби воқеӣ, аз ҷумла талабе, ки аз шартномаи қарз, аз ҷумла қарзи бонк, шартномаҳои хариду фурӯш, кирои амвол, боркашонӣ ва шартномаҳои дигар бармеояд, мӯҷиби гарав шуда метавонад.
Ашё, коғазҳои қиматдор, амвол ва ҳуқуқи дигари амволӣ метавонанд ваҷҳи гарав шаванд.
Талабҳое, ки хусусияти фардӣ доранд ва инчунин дигар талабҳое, ки гарав мондани онҳоро Қонун манъ намудааст, ваҷҳи гарав шуда наметавонанд.
Агар тарафҳо аз андозаи таъмини гарави талабҳои минбаъда аҳду паймон кунанд, нисбати чунин талабҳо гарав муқаррар шуда метавонад.
Ҳуқуқи гаравгузорӣ мувофиқи шартнома амволеро дарбар карда метавонад, ки дар оянда моликияти гаравгузор мешавад (хоҷагидории пурра ё идораи оперативӣ).
Агар дар шартнома ё қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи ба гарав гузоштани ашё ҳамчунин ҷиҳозу самараи таркибии вайро дарбар мегирад. Ҳуқуқи ба гарав гузоштани ашё самараи ҷудопазири онро танҳо дар маврид ва ба ҳадду тартиби пешбиникардаи қонун ё шартнома дар бар карда метавонад.
Номгӯи объектҳоеро, ки аз сабаби қимати таърихӣ ё фарҳангӣ ва қимати дигар доштанашон ё аз лиҳози бехатарии давлатӣ ба кор бурдани гарав мумкин нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 5. Шаклҳои гарав
Дар Қонун ё шартнома пешбинӣ кардан мумкин аст, ки амволи гаравшуда дар ихтиёри гаравгузор монад ё гаравдор (замонат) гирад.
Молро бо роҳи ба гаравдор супурдани ҳуҷҷати тақсими он, ки қоғази қиматдор ба ҳисоб меравад, ба гарав мондан мумкин аст. Коғазҳои қиматдори гаравшударо метавон ба амонати (пасандози) идораи нотариалӣ ё бонк супурд.
Моддаи 6. Гарав гузоштани амволе, ки моликияти умумист
Моликияти умумию муштаракро фақат бо розигии ҳамаи соҳибмулкон ба гарав мондан мумкин аст.
Барои гарав мондани ҳиссаи худ аз моликияти умумии ҳиссавӣ розигии дигар соҳибмулкон лозим нест.
Соҳиби манзил масъалаи ба гарав мондани манзилро худаш ҳал менамояд.
Моддаи 7. Иваз намудани ваҷҳи гарав
Ваҷҳи гаравро фақат бо розигии гаравдор иваз намудан мумкин аст. Тартиби иваз намудани ваҷҳи гарави моли дар муомилотбударо моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба низом медарорад.
Моддаи 8. Гарав ва суғурта
Гаравдорро мувофиқи Қонун ва шартнома ӯҳдадор кардан мумкин аст, ки амволи гаравшудаи дар тасарруфашбударо суғурта намояд.
Ломбард ӯҳдадор аст, ки амволи гаравшударо аз рӯи арзиши пуррааш, ки бо розигии тарафайн ҳангоми гарав гирифтани амвол муайян шудааст, аз ҳисоби гаравгузор суғурта намояд.
Гаравгузорро мувофиқи Қонун ё шартнома ӯҳдадор кардан мумкин аст, ки ҳолатҳои амали мақомоти давлатӣ ва қабул кардани санадҳое, ки боиси қатъ ё монеаи фаъолияти хоҷагидории ӯ мегарданд ва ё таъсири номусоид мерасонанд (мусодираи амвол) ва инчунин дар мавриди барҳам додан ё худ қарздори ғайриқобили пардохт эътироф карда шуданаш амволашро суғурта намояд.
Гаравдор баъди суғурта кардани амвол ҳуқуқ пайдо мекунад, ки аз товонпулии суғурта талабҳои худро боимтиёз қонеъ гардонад.
Моддаи 9. Мазмуни шартномаи гарав
Шартномаи гарав шартҳои намуди гарав, моҳияти талабҳои гаравшуда, андозаи вай, мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ, таркиб ва арзиши амволи гаравшуда, макон ва инчунин шартҳои ивази он ва дигар шартҳоеро дарбар мегирад, ки аз рӯи аризаи яке аз тарафҳо бояд мувофиқа даст диҳад.
Ин қоидаҳо ба шартномаи гарави таъмини баргардонидани кредити бонкӣ истифода намешавад .
Шарти гаравро метавон ба шартнома сабт кард, ки дар асоси он ӯҳдадории гаравшуда ба миён меояд. Чунин шартнома бояд дар шакле ба имзо расад, ки барои шартномаи гарав пешбинӣ шудааст.
Моддаи 9 (1). Муқаррар кардани арзиши амволи барои таъмини баргардонидани кредити бонкӣ ба гарав гузошташуда
Арзиши амволи барои таъмини баргардонидани кредити бонкӣ ба гарав гузошташуда бо мувофиқаи тарафайн муқаррар карда мешавад ва ҳангоми норозигии тарафҳо он бо иштироки намояндаи ташкилоти манфиатдорнабуда муқаррар карда мешавад .
Моддаи 10. Шакли шартномаи гарав
Шартномаи гарав бояд хаттӣ тартиб ёбад.
Шакли шартномаи гарав аз рӯи ҳамин Қонун муайян карда мешавад. Шартномаи гарави берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон имзошударо, агар дар он талабҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шуда бошанд, боэътибор донистан мумкин аст.
Дар ҳолати пешбининамудаи Қонуни мазкур шартномаи гарав (ба истиснои шартномаи гарав дар хусуси таъмини баргардонидани кредити бонкӣ) бояд аз тарафи идораҳои нотариалӣ тасдиқ карда шавад ва дар мақоми давлатие, ки чунин сабтро амалӣ менамояд, ба қайд гирифта шавад. Мақоми бақайдгирандаи шартномаи гарав бо пешниҳоди кредитдиҳанда (бонк) ба каси дигар додани предмети гаравро манъ мекунад .
Шартномаҳои гарави амволи ғайриманқула ва ҳуқуқи ба он дошта ва инчунин шартномаҳои гарави моли мавриди гардиш ва коркард бояд ба таври расмӣ ҳатман тасдиқ карда, ба қайд гирифта шаванд.
Дар Қонун, инчунин мавридҳои дигари ба таври расмӣ ҳатман тасдиқ ва қайди давлатӣ кардани шартномаҳои гарав пешбинӣ шуда метавонанд.
Идораи нотариалӣ дар мавридҳои пешбиникардаи шартнома дар баробари тасдиқи шартномаи гарав ба каси дигар додани ваҷҳи гаравро манъ менамояд.
Шарти гаравро метавон ба шартнома дохил намуд, ки дар ин ҳол аз он ӯҳдадории гаравшуда ба миён меояд. Чунин шартнома бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун бояд дар идораи нотариалӣ тасдиқ ва қайд карда шавад.
Дар сурати риоя нагардидани шакли шартномаи гарав ва тартиби тасдиқу қайди он шартнома беэътибор дониста мешавад.
Моддаи 11. Лаҳзаи ба миён омадани гарав
Гарав аз лаҳзаи имзогардидани шартномаи гарав ва дар мавридҳое, ки шартнома бояд ба қайд гирифта шавад, аз лаҳзаи ба қайдгирии он ба вуҷуд меояд. Агар ваҷҳи гарав мувофиқи шартнома ё қонунгузорӣ дар дасти гаравдор бошад, ҳуқуқи гарав дар лаҳзаи ба ӯ супурдани ваҷҳи гарав ва агар ваҷҳи гаравро ӯ то имзои шартнома гирифта бошад, дар лаҳзаи ба имзо расидани шартнома ба вуҷуд меояд.
Моддаи 12. Гаравгузор
Ҳамаи шахсиятҳои юридикӣ ва воқеие, ки ба соҳибият ё хоҷагидории пурраи ваҷҳи гарав ҳуқуқдоранд, гаравгузор шуда метавонанд.
Корхонае, ки ба хоҷагидории пурраи амвол ҳуқуқдор шудааст, тамоми корхона, ҷузъу воҳидхҳи таркибии онро ба сифати маҷмӯи ҷузъиёти амвол, ҳамчунин иморату иншоотҳои ҷудогонаро бо розигии соҳиби ин амвол ё мақомоти ваколатдораш ба гарав гузошта метавонад.
Муассиса (ташкилот) метавонад амволеро, ки қонунан ба ҳуқуқи мустақилона идора кардани он соҳиб шудааст, ба гарав диҳад.
Гаравгузори ҳуқуқ шахсе буда метавонад, ки ҳуқуқашро ба гарав мемонад.
Иҷорагир ҳуқуқи иҷоравиашро бо розигии иҷорадеҳ ба гарав монда метавонад, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Шахсиятҳои юридикӣ ва воқеии давлатҳои дигар, ҳамчунин шахсони бетабаа дар муносибатҳои гарав, агар дар Қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, айнан ҳамон ҳуқуқу вазифаҳоро доранд, ки шахсиятҳои юридикӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон доро мебошанд.
Моддаи 13. Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани амволи гаравшуда
Агар дар Қонун ё шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравгузор ҳамоно ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани амволи гаравшударо дорад.
Зимнан, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани амволи гаравшуда танҳо дар сурати қарзи асосии гаравшударо ба ӯҳда гирифтани гаравгузори нав имкон дорад.
Моддаи 14. Аз нав ба гарав мондани амволи гаравшуда
Амволи гаравшударо ҳамон вақт аз нав ба гарав мондан мумкин аст, ки дар ҳамин Қонун ва шартномаҳои пештараи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 15. Ҳуқуқи гаравдори собиқ
Агар амволи гаравшудае, ки худ ӯҳдадории дигари гаравшуда аст, ваҷҳи гарав шавад, ҳуқуқи ба гаравдоштаи гаравдори собиқ ҳамоно боэътибор хоҳад буд.
Талаби гаравдори минбаъда аз арзиши ваҷҳи гарав баъди қонеъ гаштани талаби гаравдори собиқ қонеъ карда мешавад.
Гаравгузор ӯҳдадор аст, ки ба ҳар гаравдори минбаъда доир ба гарав гузошта шудани ин ё он амвол ва инчунин оид ба хусусият ва андозаи таъмини ин ӯҳдадориҳои гаравшуда маълумот диҳад. Гаравгузор ӯҳдадор аст товони зиёнеро, ки аз иҷро нашудани ин ӯҳдадориҳо ба ҳар гаравдор расидааст, диҳад.
Моддаи 16. Талаби гаравдоре, ки аз ҳисоби амволи гаравшуда қонеъ карда мешавад
Гаравдор ҳуқуқ дорад талабҳояшро, аз ҷумла фоиз ва зиёнеро, ки бинобар гузаштани мӯҳлати ӯҳдадорӣ расидааст, пурра қонеъ гардонад (ҳаҷми он дар лаҳзаи қонеъ намудани талаби воқеӣ муайян карда мешавад); дар мавридҳои пешбиникардаи Қонун ва шартнома бошад, ҷаримаро аз ҳисоби амволи гаравшуда, ҳамчунин хароҷоти сариштаи амволи гаравшуда ва амалӣ гардонидани талаби гаравшударо пардозад.
Моддаи 17. Ҳуқуқдор гаштан ба соҳибӣ кардани ваҷҳи гарав
Агар ӯҳдадории гаравшуда сари вақт иҷро нагардад, гаравдор ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ваҷҳи гаравро соҳибӣ намояд, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз рӯи қонун ё шартнома вай баъдтар ба ин ҳуқуқдор мешавад, ё худ онро аз рӯи Қонун пештар соҳибӣ карда метавонад.
Моддаи 18. Ваҷҳи гарав ҳангоми қисман иҷро намудани ӯҳдадорӣ
Агар дар Қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, қарздор ӯҳдадории гаравшударо қисман иҷро намояд ҳам, ҳаҷми аввали гарав то иҷрои пурраи ин ӯҳдадорӣ тағйир намеёбад.
Моддаи 19. Қонеъ намудани талаби гаравдор аз ваҷҳи гараве, ки аз чанд ашё (ҳуқуқ) иборат аст
Агар ваҷҳи гарав аз чанд ашё ё ҳуқуқ иборат бошад, гаравдор бо хости худ метавонад, аз ҳисоби ҳамаи ин амвол ё аз ҳисоби ягон ашё (ҳуқуқ) талабашро қонеъ намояд ва дар оянда ҳам аз ҳисоби дигар ашё (ҳуқуқ), ки ваҷҳи гарав мебошад, ин имконияташро нигоҳ дорад.
Моддаи 20. Оқибати талаби гаравдорро қонеъ намудани шахси сеюм
Дар ҳолати талаби гаравдорро қонеъ намудани шахси сеюм ба вай дар баробари ҳуқуқи талаб бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гаравмонӣ низ мегузарад.
Моддаи 21. Тартиби соҳибӣ кардани амволи гаравшуда
Бонк мутобиқи созишнома бо гаравгузор метавонад предмети гаравро ба сифати пардохти ӯҳдадориҳои гаравгузорро аз рӯи шартномаи кредитӣ қабул намояд ва ҳангоми норозӣ будани гаравгузор рӯёндани он бо тартибе, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур муқаррар гардидааст, сурат мегирад .
Агар дар Қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, амволи гаравшуда аз рӯи ҳалномаи додгоҳ, додгоҳи ҳакими соҳибӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигари пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи гаравшуда бечунучаро соҳибӣ карда мешавад .
Агар бо хамин Қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, амволи гаравшудае, ки онро соҳибӣ хоҳанд кард, мувофиқи Кодекси шаҳрвандии мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
Номгӯи амволи шаҳрвандонро, ки соҳибӣ кардан мумкин нест, Кодекси шаҳрвандии мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ваҷҳи гарав ба савдои музояда, ба конкурсҳо гузошта мешавад ё худ ба воситаи мағозаҳои комиссионӣ фурӯхта мешавад.
Ҳангоми соҳибӣ кардани ваҷҳи гарав талаби гаравдор нисбат ба талаби қарздодагони дигаре, ки амволашонро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнданианд, боимтиёз қонеъ гардонда мешавад.
Моддаи 22. Қонеъ намудани талаби гаравдор бинобар маблағи нокифояи савдои ваҷҳи гарав
Агар маблағи савдои ваҷҳи гарав барои пурра қонеъ намудани талаби гаравдор нокифоя бошад, ба шарте, ки дар Қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, вай ҳуқуқ дорад талабашро аз маблағи амволи дигари қарздор қонеъ намояд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соҳибӣ кардан мумкин аст. Дар ин ҳол набояд аз имтиёзе, ки ба ҳуқуқи гарав асос ёфтааст, истифода кард.
Моддаи 23. Ба гаравгузор баргардонидани маблағи савдои ваҷҳи гарав
Агар маблағи савдои ваҷҳи гарав аз ҳаҷми ин талаби гаравшудаи гаравдор зиёд бошад, бақияи вай ба гаравгузор баргардонида мешавад.
Моддаи 24. Қатъӣ соҳибӣ кардани амволи гаравшуда бо иҷрои ӯҳдадорӣ
Гаравгузор ҳақ дорад то замони ба фурӯш рафтани ваҷҳи амвол соҳибӣ кардани амволи гаравшударо бо иҷрои ӯҳдадории гаравшуда ҳар вақт қатъ намояд.
Агар дар ӯҳдадории гаравшуда қисм ба қисм иҷро кардани он пешбинӣ шуда бошад, гаравгузор ҳақ дорад, соҳибӣ кардани ваҷҳи гаравро бинобар таъхири иҷрои қисми ӯҳдадорӣ қатъ намояд.
Созишҳои дар бандҳои 1 ва 2-юми ҳамин модда пешбинишудае, ки ҳуқуқи гаравгузорро маҳдуд менамоянд, беэътиборанд.
Моддаи 25. Боэътибории гарав ҳангоми ба шахси сеюм гузаштани ваҷҳи гарав
Агар гаравдор бо тартиби муқарраркардаи Қонун талаби гаравшуда ва ё ҳуқуқе, ки ваҷҳи гарав аст, ба шахси сеюм гузарад, гарав беэътибор намешавад.
Моддаи 26. Боэътибории гарав ҳангоми гузашт намудани талаб ва гузаронидани қарз
Агар гаравдор бо тартиби муқарраркардаи қонун талаби гаравшудаҳо ба шахси сеюм гузашт намояд ё худ гаравгузор қарзи ӯҳдадории гаравшударо ба номи шахси дигар гузаронад, гарав ҳамчунон боэътибор мемонад.
Моддаи 27. Асосҳо ва оқибати қатъ ёфтани гарав
Ҳуқуқи гарав дар ҳолатҳои зерин қатъ меёбад:
1) ҳангоми қатъ ёфтани ӯҳдадории гаравшуда;
2) ҳангоми нобуд шудани амволи гаравшуда;
3) ҳангоми гузаштани мӯҳлати эътибори ҳуқуқ, ки ваҷҳи гарав аст;
4) ҳангоми ба гаравдор гузаштани ҳуқуқи ваҷҳи гарав;
5) дар ҳолатҳои дигари пешбиникардаи Қонун.
Моддаи 28. Оқибати навсозӣ ё барҳам додани шахсияти юридикӣгаравдор
Гаравдор ҳангоми навсозӣ кардан ё барҳам додани шахсияти юридикӣ - гаравдор ҳуқуқдор мешавад қатъи назар аз фаро расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории гаравшуда амволи гаравшударо соҳибӣ намояд.
ФАСЛИ II. ГАРАВИ АМВОЛ ВА ДАР ИХТИЁРИ ГАРАВГУЗОР МОНДАНИ ОН
БОБИ 1. МАСЪАЛАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 29. Ваҷҳи гарав ва дар ихтиёри гаравгузор мондани амволи гаравшуда
Корхонаҳо, иморатҳо, иншоотҳо, манзилгоҳ, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи дар моддаи 4-уми ҳамин Қонун зикршуда ваҷҳи гараванд, ки онҳоро дар ихтиёри гаравгузор мондан мумкин аст.
Самарҳои ҷудошудание, ки дар банди 1-уми ҳамин модда зикр шудаанд, ваҷҳи гарав шуда метавонанд, ба шарте ки аз лаҳзаи ҷудо гаштан, моли шахси сеюм нашаванд.
Гарави амволе, ки гаравгузор муваққатан ба тасарруф ё истифодаи шахси сеюм додааст, гараве ҳисоб меёбад, ки гаравгузор онро дар ихтиёри ӯ мондааст.
Моддаи 30. Ҳуқуқи гаравдор ҳангоми дар ихтиёри гаравгузор мондани амволи гаравшуда
Агар амволи гаравшуда дар ихтиёри гаравгузор монад, гаравдор, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ дорад:
1) мавҷудият, андоза, ҳолат ва шароити саришта кардани ваҷҳи гаравро аз рӯи ҳуҷҷат ва воқеан санҷад;
2) аз гаравгузор барои сариштаи ваҷҳи гарав андешидани чораҳои лозимиро талаб намояд;
3) аз ҳар шахс қатъи қасдеро талаб намояд, ки боиси нобуд шудан ё осеб дидани ваҷҳи гарав шуда метавонад.
Агар ваҷҳи гарав на бо гуноҳи гаравдор гум шуда бошад ва гаравгузор онро ёфта ба ҷояш намонда бошад, ё бо маслиҳати гаравдор онро бо амволи дигари баробарарзиш иваз накарда бошад, гаравдор ҳуқуқ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории гаравшударо талаб намояд.
Моддаи 31. Ҳуқуқи гаравгузор ҳангоми дар ихтиёри ӯ мондани амволи гаравшуда
Агар дар Қонун ё шартнома дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд, гаравгузор ҳангоми дар ихтиёраш мондани амволи гаравшуда ҳуқуқ дорад:
1) ваҷҳи гаравро мувофиқи таъиноташ тасарруф намояд ва истифода барад;
2) ваҷҳи гаравро бо роҳи ба талабгор дода, ба номи ӯ гузаронидани ӯҳдадории гаравшуда ё худ бо роҳи ба иҷора додани он ихтиёрдорӣ намояд.
Моддаи 32. ӯҳдадории гаравгузор ҳангоми дар ихтиёри ӯ мондани амволи гаравшуда
Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравгузор ҳангоми ба ихтиёри худ мондани амволи гаравшуда ӯҳдадор аст:
1) ваҷҳи гаравро бо арзиши пуррааш аз ҳисоби худ суғурта намояд;
2) барои сариштаи ваҷҳи гарав чораҳои лозимӣ андешад, аз ҷумла онро таъмири асосӣ ва ҷорӣ кунад;
3) гаравдорро аз иҷора додани ваҷҳи гарав огоҳ намояд.
Моддаи 33. Оқибати ӯҳдадории худро риоя накардани гаравгузор дар мавриди ба ихтиёраш мондани амвол
Агар гаравгузор ӯҳдадории дар бандҳои 1 ва 2-юми моддаи 32-юми ҳамин Қонун пешбинишударо риоя накунад, гаравдор ҳуқуқ дорад то мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории гаравшуда ваҷҳи гаравро соҳибӣ намояд.
БОБИ 2. ИПОТЕКА
Моддаи 34. Мафҳуми ипотека
Ипотека гарави амволи ғайриманқулаест, ки ваҷҳи гарав дар ин ҳол дар ихтиёри гаравгузор ё шахси сеюм мемонад.
Моддаи 35. Ваҷҳи ипотека
Амволе, ки бо замин алоқаманд аст, яъне иморату иншоотҳо, хонаҳои бинои серутоқа, корхона, комплексҳои дигари амволӣ, амволи дигаре, ки мувофиқи қонунгузорӣ дар қатори амволи ғайриманқулаанд, ҳамчунин воситаҳои нақлиёт ваҷҳи ипотека буда метавонанд.
Натиҷаҳои дар хоҷагӣ ва соҳаҳои дигар истифода кардани амволи ғайриманқула, аз ҷумла маҳсулоту самар ва даромади дигар, агар ин дар шартномаи ипотека пешбинӣ шуда бошад, ваҷҳи мустақили гарав шуда метавонанд.
Моддаи 36. Шакли шартномаи ипотека ва қайди он
Шартномаи ипотека бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 10-уми ҳамин Қонун ба расмият дароварда мешавад.
Агар дар шартнома ипотека пешбинӣ шуда бошад, мақомоте, ба қайд мегирад ва ё идораи нотариалӣ ҳамзамон бо тасдиқи шартнома ба каси дигар додани предмети ипотекаро манъ мекунад .
Дар мавриди тағйир ёфтани мазмуни ӯҳдадории ипотекашуда ва ҳамчунин дар мавриди аз гаравгузор ба шахси сеюм гузаштани ҳуқуқи моликияти (хоҷагидории пурра ё идораи оперативӣ) ваҷҳи ипотека шартнома дигарбора қайд карда мешавад. Риоя накардани ин талаб тағйироти ба ӯҳдадорӣ даровардаро беэътибор мегардонад.
Ҳангоми ӯҳдадории ипотекашударо ба ҷо овардани қарздор гаравдор вазифадор аст бо талаби гаравгузор ба мақомоте, ки ипотекаро қайд мекунад, ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки барои дохил кардани тағйироти дахлдор ба дафтари қайд заруранд. Агар гаравдор ин талабҳоро риоя накунад, гаравгузор ҳақ дорад аз ӯ пурра пардохтани товони зиёнро талаб намояд.
Моддаи 37. Ҳуқуқҳои гаравгузори ипотекӣ
Гаравгузори ипотекӣ, агар дар Қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ дорад:
1) ваҷҳи ипотекаро тибқи таъиноташ соҳибӣ ва истифода намояд;
2) дар сурати бо розигии гаравдор фурӯхтани ваҷҳи ипотека ӯҳдадории асосиро пеш аз мӯҳлат ба ҷо оварад ё ваҷҳи ипотекаро фурӯхта, қарзи асосиро бо ташвишҳои гарав ба зиммаи харидор гузорад;
3) ваҷҳи ипотекаро ба иҷора диҳад.
Моддаи 38. Вазифаҳои гаравгузори ипотекӣ
Гаравгузори ипотекӣ агар дар шартнома ё Қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, вазифадор аст:
1) барои нигоҳ доштани ваҷҳи ипотека, аз ҷумла барои таъмири асосӣ ва ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешад;
2) ваҷҳи ипотекаро суғурта кунад;
3) ҳангоми нобуд шудани ваҷҳи ипотека амволи ғайриманқулаи арзишаш ба он баробарро пешниҳод намояд ё новобаста аз фаро расидани мӯҳлати ӯҳдадорӣ онро пурра ё қисми дахлдори онро иҷро намояд;
4) гаравдорро аз ваҷҳи ба гарав мондани ипотека огоҳ кунад.
Моддаи 39. Ваҷҳи ипотекаро ба каси дигар додани гаравгузор
Ваҷҳи ипотекаро гаравгузор танҳо бо ризояти гаравдор ба каси дигар дода метавонад.
Моддаи 40. Хусусиятҳои ипотекаи бинову иморат ва иншоотҳо
Дар мавриди ипотекаи иморату бино ва иншоотҳо якҷоя бо он, ҳамчунин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замине, ки объектҳои мазкур дар он воқеъ гардидаанд, ваҷҳи гарав мешаванд. Дар ин ҳолат ҳангоми аз ваҷҳи гарав ситонидани ҷарима ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба харидори иморату бино ва иншоотҳо мегузарад.
Моддаи 41. Хусусиятҳои ипотекаи корхонаҳо
Корхонаҳоеро, ки моликияти коллективианд, ҳамчунин моликияти шаҳрвандонанд, худи корхонаҳо ба ипотека медиҳанд.
Корхонаҳоеро, ки ба ҳуқуқи хоҷагидории пурра асос ёфтаанд корхона бо ризояти соҳибмулк ба ипотека медиҳад.
Агар дар Қонун ё Шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ипотекаи корхона тамоми амвол, аз ҷумла фондҳои асосӣ ва маблағи гардон, ҳамчунин сарватҳои дигари дар баланси корхона бударо фаро мегирад.
Корхонаи гаравгузор ӯҳдадор аст бо талаби гаравдор баланси солонаашро пешниҳод намояд.
Агар корхонаи ипотекӣ ӯҳдадориашро иҷро накунад, гаравдор ҳуқуқ дорад барои беҳдошти ҳолати молиявии корхона мувофиқи шартномаи ипотека чора андешад. Аз ҷумла, намояндагонеро ба мақомоти роҳбарии корхона таъин карда, дар истифодаи маҳсулот ва дигар амвол ҳуқуқашонро маҳдуд намояд.
Агар чораҳои дар банди 5-уми ҳамин модда пешбинишуда натиҷаи матлуб набахшанд, гаравдор ҳуқуқ дорад, корхонаи ипотекиро соҳибӣ намояд.
Агар ин дар Қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад, корхона ба ихтиёри гаравдор мегузарад. Дар ин ҳолат арзёбии қатъии ваҷҳи ипотека дар лаҳзаи бо розигии тарафайн аз гаравгузор ба ихтиёри гаравдор гузаштани корхона ва дар сурати рух додани баҳс бо қарори додгоҳ муайян карда мешавад.
Моддаи 42. Пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории ипотекӣ
Гаравгузор ҳуқуқ дорад ӯҳдадории ипотекашударо ҳар вақт пеш аз мӯҳлат пурра иҷро намояд, агар дар шартномаи ипотека имконияти минбаъд ба гарав гузоштани он ваҷҳи ипотека истисно шуда бошад.
БОБИ 3. ГАРАВ ГУЗОШТАНИ МОЛЕ, КИ МАВРИДИ ГАРДИШ ВА КОРКАРД АСТ
Моддаи 43. Ваҷҳи гарави моле, ки мавриди гардиш ва коркард аст
Ашёи хом, маҳсулоти тайёр ва нимтайёр, маснуоти комплектшаванда ваҷҳи гарави моле шуда метавонанд, ки мавриди гардиш ва коркард аст.
Ҳангоми ба гарав мондани моли мавриди гардиш ва коркард таркиб ва шакли аслии ваҷҳи гарав (захираи мол, ашёи хом, масолеҳ, маҳсулоти нимтайёру тайёр ва ғайра)-ро тағйир додан, мумкин аст, ба шарте, ки арзиши умумии онҳо аз арзиши пешбининамудаи шартномаи гарав кам нагардад.
Арзиши моли гаравшудаи мавриди гардиш ва коркардро мутаносибан ба қисми иҷрогардидаи ӯҳдадории гаравшуда кам кардан мумкин аст, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар моли мавриди гардиш ва коркард ба гарав монда шавад, молҳои фурӯхтаи гаравгузор аз рӯзи моликияти хусусӣ шуданашон, пурра дар хоҷагии ӯ истифода гаштанашон ё худ таҳти идораи оперативии вай қарор доштанашон дигар ваҷҳи гарав шуда наметавонанд ва молҳои харидаи гаравгузор, ки дар шартномаи гарав пешбинӣ шудаанд, аз рӯзи моликияти ӯ ё худ пурра дар хоҷагӣ истифода гаштанашон ваҷҳи гарав мешаванд.
Моддаи 44. Ҳуқуқу вазифаҳои тарафҳои шартномаи гарави моле, ки мавриди гардиш ва коркард аст
Гаравгузор вазифадор аст амалиёти моли гаравшударо махсус ба қайд гирад. Вай ҳуқуқи тасарруф, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ваҷҳи гаравро дорад.
Гаравдор ҳуқуқ дорад миқдору намуд ва арзиши моли гаравшуда ва ҳамчунин шароити нигоҳ доштани онро ҳар вақт тафтиш намояд.
Агар гаравгузор шартҳои шартномаи гаравро иҷро накунад, гаравгузор ҳуқуқдор мешавад талаб намояд, ки моли гаравшуда ба ӯ супурда шавад ё худ он таҳти қулфу мӯҳри гаравдор дар тасарруфи гаравдор монад ва ё қарзи гаравшуда пеш аз мӯҳлат ситонида шавад.
ФАСЛИ III. ГАРАВИ АМВОЛ ВА БА ГАРАВДОР ДОДАНИ АМВОЛИ (АШЁИ) ГАРАВШУДА (ЗАМОНАТ)
Моддаи 45. Мафҳуми замонат
Замонат шартномаи гаравест, ки амволи гаравшуда (ашё) аз рӯи шартҳояш ба тасарруфи гаравдор мегузарад.
Бо созиши гаравдору гаравгузор ваҷҳи замонат дар ихтиёри гаравгузор монда метавонад ва гаравдор онро мӯҳр зада қулф карда мемонад (гарави устувор). Ашёи муайяни ҷудогонаро нишона гузошта, ба гаравгузор мондан мумкин аст, ки ин аз замонат шаҳодат медиҳад.
Қоидаҳои фасли мазкур нисбати гарави устувор татбиқ мешаванд, чунки татбиқи онҳо ба моҳияти муносибатҳои гаравдору гаравгузор мухолифат намекунад.
Моддаи 46. ӯҳдадории гаравдор ҳангоми замонат
Ҳангоми замонат агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдор ӯҳдадор аст:
1) ваҷҳи замонатро аз ҳисоби гаравгузор ва ба манфиати вай бо арзиши пуррааш суғурта намояд;
2) барои сариштаи ваҷҳи замонат чораҳои лозимӣ андешад;
3) аз таҳдиди талафот ё осеб дидани ваҷҳи замонат фавран ба гаравгузор хабар диҳад;
4) ба гаравгузор ҳисоботи истифодаи ваҷҳи замонатро мунтазам пешниҳод намояд, агар истифодаи он мувофиқи банди 1-уми моддаи 47-уми ҳамин Қонун раво бошад;
5) ваҷҳи замонатро баъди ӯҳдадории замонатшударо иҷро кардани гаравгузор ё шахси сеюм фавран баргардонад.
Гаравдор бояд аз ваҷҳи замонат ба нафъи гаравгузор даромад кунад, дар сурате ки ин дар шартнома пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 47. Ҳуқуқи гаравдор ҳангоми замонат
Гаравдор ҳуқуқ дорад дар мавридҳои пешбиникардаи шартномаи гарав аз ваҷҳи замонат истифода намояд. Даромад ва дигар фоидаҳои амволие, ки гаравдор дар натиҷаи истифодаи ваҷҳи замонат ба даст даровардааст, барои хароҷоти сариштаи ваҷҳи замонат, ҳамчунин барои пардохти баҳраи қарз ё худи қарзи ӯҳдадории замонатшуда сарф мешавад.
Агар хавфи ҳақиқии гумшавӣ, камомад ё харобшавии ваҷҳи замонат на бо гуноҳи гаравдор таҳдид намояд, вай ҳақ дорад, ивази ваҷҳи замонатро талаб намояд. Ва агар гаравгузор ин талабро рад намояд, ваҷҳи замонатро пеш аз фаро расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории замонатшуда соҳибӣ карда метавонад.
Моддаи 48. Имконияти пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории замонатшуда
Агар гаравдор ваҷҳи замонатро бояду шояд саришта ё истифода накунад, гаравгузор ҳақ дорад шартномаи гаравро ҳар вақт бекор кунад ё пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории замонатшударо талаб намояд.
Моддаи 49. Ҷавобгарии гаравдор барои гум ва камомад шудан ё осеб дидани ваҷҳи замонат
Агар гаравдор гум ва камомад шудан ё осеб дидани ваҷҳи замонатро исбот карда натавонад, гуноҳи ин ҳама ба гардани ӯст.
Агар гаравдор ломбард ё дигар соҳбкор бошаду ба замонати амвол пул қарз додан аз фаъолияти ӯ ба шумор равад, ба шарте аз ҷавобгарӣ озод мешавад, ки бар асари қувваи муқовиматнопазир, қасд ё беэҳтиётии дағалонаи гаравгузор гум ва камомад шудан ё осеб дидани ваҷҳи замонатиро исбот карда тавонад.
Гаравдор ҳангоми замонат барои гум ва камомад шудани ваҷҳи замонат ба андозаи арзиши гум ва камомад шудани он ҷавобгар аст.
Вале барои осеб дидани ваҷҳи замонат ба андозаи арзиши камкардаи ашёи замонатӣ масъул мебошад. Агар ҳангоми ба замонат қабул кардани ашё арзиши онро муайян карда бошанд, гаравдор набояд аз он зиёдтар товон диҳад.
Гаравдор ӯҳдадор аст товони зиёнеро, ки дар натиҷаи гумшавӣ, камомад ё осеб дидани ваҷҳи замонат ба гаравгузор расидааст, мувофиқи қонун ё шартҳои қарордод ба ӯ диҳад.
Моддаи 50. Дар ломбард ва ташкилотҳои дигари анҷомдиҳандаи корҳои ломбардӣ ба замонат мондани амвол
Шартномаи гарави амвол дар ломбард ё дар муассисаи (ташкилоти) дигар, ки ба шаҳрвандон ба гарав пул қарз додан аз фаъолияти хоҷагидории (соҳибкории) он ба шумор меравад, бо роҳи додани билети номнависи гарав ба расмият дароварда мешавад. Ин билетро дар ду тараф имзо мекунанд, аз ин рӯ қайд кардани он шарт нест.
Ломбард (муассисаи дигаре, ки бо корҳои ломбард машғул аст) амволи ба гарав гирифтаашро аз рӯи арзише, ки ҳангоми ба гарав қабул намудани он муайян карда шуда буд, аз ҳисоби гаравгузор бояд суғурта кунад.
Агар қарзи гаравшуда дар мӯҳлаташ пардохта нашавад, ломбард (муассисаи дигар) баъди гузаштани мӯҳлати боимтиёзи якмоҳа ҳуқуқ дорад ин амволро ба воситаи мағозаи комиссионӣ аз рӯи арзиши ҳақиқиаш, вале на пасттар аз нархи муқарраршуда фурӯшад. Баъди пардохти қарз ва хороҷоти дигар пули боқимонда ба гаравгузор баргардонда мешавад.
ФАСЛИ IV. ГАРАВИ ҲУҚУҚ
Моддаи 51. Ҳуқуқ ҳамчун ваҷҳи гарав
Ҳуқуқи тасарруф ва истифода кардан, ки ба гаравгузор тааллуқ дорад, аз ҷумла, ҳуқуқи иҷорагир ва ҳуқуқҳои (талабҳои) дигар, ки аз ӯҳдадориҳо ва аз ҳуқуқи амволӣ бармеоянд, ваҷҳи гарав шуда метавонанд.
Ҳуқуқе, ки мӯҳлати муайян эътибор дорад, танҳо қабл аз гузаштани ин мӯҳлат ваҷҳи гарав шуда метавонад.
Дар шартномаи гарави ҳуқуқ, ки қимат надорад, арзиши ваҷҳи гарав бо созиши тарафҳо муайян карда мешавад.
Гарави ҳуқуқ ба қитъаи замин ва ҳамчунин ҳуқуқ ба захираҳои дигари табиӣ ба ҳадду шартҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ раво мебошад.
Дар шартномаи гарави ҳуқуқ ғайр аз шартҳои барои ҳар қарордоди гарав ҳатмӣ бояд қарздори гаравгузор, ки ба ҳуқуқи ба гарав мондашуда муносибат дорад, зикр шавад. Қарздор бояд дар бораи ба гарав дода шудани ҳуқуқ хабардор карда шавад. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, шахси аз гаравгузор қарздор бояд ӯҳдадории худро дар назди гаравдор ба ҷо оварад.
Моддаи 52. ӯҳдадории гаравгузор ҳангоми гарави ҳуқуқ
Ҳангоми гарави ҳуқуқ, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравгузор ӯҳдадор аст:
1) тадбире андешад, ки барои ҳақиқӣ шудани ҳуқуқи гаравшуда зарур аст;
2) ба гузашт кардани ҳуқуқи гаравшуда роҳ надиҳад;
3) коре накунад, ки боиси қатъ ё коҳиши арзиши ҳуқуқи гаравшуда гардад;
4) чораҳое андешад, ки барои эмин гардонидани ҳуқуқи гаравшуда аз суиқасд аз ҷониби шахсони сеюм заруранд;
5) ба гаравдор аз тағйири ҳуқуқи гаравшуда ё аз тарафи шахси сеюм риоя накардани он ва аз даъвои шахси сеюм ба ин ҳуқуқ маълумот диҳад.
Моддаи 53. Ҳуқуқи гаравдор дар мавриди ба гарав мондани ҳуқуқ
Ҳангоми ба гарав мондани ҳуқуқ, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдор ҳақ дорад:
1) дар сурати ӯҳдадориҳои дар моддаи 57-уми ҳамин Қонун пешбинишударо иҷро накардани гаравгузор новобаста аз фарорасии мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории гаравшуда аз тариқи додгоҳ, талаб намояд, ки ҳуқуқи ба гаравмондаашро ба номи худаш гузаронад;
2) дар ҳаллу фасли даъвои ҳуқуқи гаравшуда ба сифати шахси сеюм ширкат намояд;
3) агар гаравгузор ӯҳдадориҳои дар банди 4-уми моддаи 52-юми ҳамин Қонун пешбинишударо иҷро накунад, мустақилона чораҳое андешад, ки барои муҳофизати ҳуқуқи гаравшуда аз хилофкориҳои шахси сеюм заруранд.
Моддаи 54. Оқибати ӯҳдадориҳои худро дар назди гаравгузор иҷро кардани қарздор
Агар қарздори гаравгузор ӯҳдадориҳои худро пеш аз ӯҳдадориҳои гаравшударо ба ҷо овардани гаравгузор иҷро намояд, тамоми фоидаи аз ин бадастовардаи гаравгузор ваҷҳи гарав мешавад, ки гаравгузор аз ин хусус бояд фавран ба гаравдор хабар диҳад.
Агар гаравгузор барои иҷро намудани ӯҳдадорӣ аз қарздори худ пул гирад, бояд бо талаби гаравдор маблағи муайянро ба ҳисоби иҷрои ӯҳдадории гаравшуда гузаронад, ба шарте ки дар шартномаи гарав тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
ФАСЛИ V. ТАРТИБИ ҚАЙДИ ГАРАВ
Моддаи 55. Қайди давлатии гарав
Ба гарав мондани тамоми корхона ё амволи дигаре, ки қайди давлатӣ шуданаш шарт аст, бояд дар мақомоти давлатӣ қайд карда шавад.
Шартномаи гарав аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш эътибор пайдо мекунад .
Моддаи 56. Дафтари қайди гарав кушодани гаравгузор
Шахсияти юридикӣ ё воқеӣ - соҳибкор вазифадор аст:
- дафтари қайди гарав кушояд;
- дар давоми 10 рӯзи баъди ба миён омадани гарав ба дафтари қайд маълумотро дар бораи хелу ваҷҳи гарав, ҳамчунин ҳаҷму андозаи ӯҳдадории гаравшударо сабт намояд.
Шахсияти юридикӣ ё воқеӣ - соҳибкор ба ҷабрдидагон, яъне гаравгузор ё мувофиқан ба шахси сеюм товони зиёнеро диҳад, ки дар қитоби қайди гарав аз дер сабт шудани маълумот, аз қайди нопурра ё худ ғалат, ҳамчунин аз надодани китоби қайди гарав, ки барои шиносоӣ талаб карда шуда буд, расидааст.
Моддаи 57. Вазифаҳои мақомоте, ки қайди давлатӣ мекунад
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гарав бояд мувофиқи аризаи гаравгузор дар давоми 20 рӯзи баъди имзо кардани шартномаи гарав қайди давлатӣ карда шавад.
Мақомоте, ки қайди давлатӣ мекунад, қайди гаравро бояд фавран ба гаравгузор хабар диҳад.
Моддаи 58. Мазмуни сабт
Ба дафтари қайди гарав бояд маълумоти зерин сабт карда шавад:
- ному нишонии гаравгузор (гаравгузорҳо) ва гаравдор (гаравдорҳо);
- таърихи имзо шудан ё эътибор пайдо кардани шартномаи гарав ё худ ба вуҷуд омадани гараве, ки аз Қонун бармеояд;
- ҳаҷму андозаи ӯҳдадории гаравшуда;
- шарҳи мухтасари ваҷҳи гарав;
- хусусияти ба ваҷҳи гарав ҳуқуқ доштани гаравгузор.
Агар гаравгузор ваҷҳи гаравро дар оянда хариданӣ бошад, бояд мӯҳлаташ муайян карда шавад.
Моддаи 59. Шаҳодатномаи қайди гарав
Мақомоте, ки гаравро ба қайд гирифтааст, бо талаби арзкунанда шаҳодатномаи қайди гарав медиҳад. Дар шаҳодатнома ҳаҷму андозаи ӯҳдадории гаравшуда, таъриху ҷои қайди сабт ва рақами он тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 60. Мӯҳлати эътибори қайди гарав
Қайди гарав 5 сол эътибор дорад ва кас метавонад онро аз рӯзи иҷрои ӯҳдадории гаравшуда ё баъди гузаштани мӯҳлати эътибори чунин ӯҳдадорӣ боз панҷ соли дигар дароз кунад.
Агар мӯҳлати эътибори қайди гарав то рӯзи дар додгоҳ мавриди мурофиа қарор гирифтани масъалаи барҳам хӯрдани корхонаи қарздор (гаравгузор) ба охир расад, қайди гарав дар давоми шаст рӯзи баъди барҳам хӯрдани корхона ва то гузаштани мӯҳлате, ки барои барҳам хӯрдани корхона муқаррар карда шудааст, ҳамоно боэътибор хоҳад буд.
Аризаи дароз кардани мӯҳлати эътибори қайди гарав бояд 6 моҳ пеш аз гузаштани мӯҳлати панҷ моҳаи қайд фиристода шавад.
Агар аризаи дароз кардани мӯҳлати қайди гарав дар давоми мӯҳлате, ки дар банди 3-юми ҳамин модда зикр гардидааст, фиристода нашуда бошад, мақомоти мутасаддии қайд баъди гузаштани мӯҳлати эътибори қайд сабти гаравро дар дафтари қайд бекор мекунад.
Моддаи 61. Шикоят кардан аз қайди гарав
Шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад аз қайд накардан ё худ ғайриқонунӣ ба қайд гирифтани гарав ба додгоҳ и маҳалли воқеи мақомоти бақайдгирӣ шикоят намояд.
Моддаи 62. Ба шахсони манфиатдор фиристодани маълумоти қайди гарав
Мақоми сабти гарав вазифадор аст бо талаби шахсони манфиатдор барояшон маълумоти қайди гарави амволи шахсияти дахлдори юридикӣ ё воқеӣ - соҳибкорро фиристад.
Ҳаҷму тартиби хароҷоти аз ҷониби арзкунанда фиристодани маълумоти қайди гаравро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 63. Оқибати иҷрои ӯҳдадории гаравшуда
Агар мақоми гаравро қайдкунанда хабари дар бораи пурра ё қисман иҷро кардани ӯҳдадории гаравшуда ё худ маълумотро дар бораи он, ки гаравгузор дигар соҳиби ваҷҳи гарав нест (ҳуқуқи хоҷагидории пурра, идораи оперативиро надорад), гирад, ин мақом вазифадор аст, маълумоти заруриро ба дафтари қайд сабт намояд .
Моддаи 64. Боҷи давлатӣ барои қайди гарав
Барои қайди гарав, додани шаҳодатномаи қайд ва ҳамчунин барои иқтибоси дафтари қайд ба андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Арзкунанда ба мақомоте, ки мутасаддии қайд аст, санади пардохти боҷи давлатиро пешниҳод менамояд. Агар чунин санад набошад, ариза мавриди муҳокима қарор намегирад .
Моддаи 65. Масъулияти гаравгузор барои риоя накардани ӯҳдадории қайди гарав
Гаравдор ҳуқуқ дорад, барои риоя накардани мӯҳлати қайди гарав аз гаравгузор ҷарима ситонад ва ҳамчунин товони зиёнеро талаб намояд, ки аз гузаштани мӯҳлат расидааст. Андозаи ҷарима дар шартнома муқаррар карда мешавад.
Моддаи 66. Масъулияти мақомоте, ки гаравро қайд мекунад
Дар сурати ба ҷо наовардан ё бояду шояд ба ҷо наовардани корҳое, ки дар ҳамин Қонун зикр шудаанд, мақомоте, ки гаравро беасос ба қайд гирифтааст, ё худ қайд кардан нахостааст, бояд товони зиёнеро диҳад, ки аз кирдори ғайриқонуниаш ва ё бинобар бефаъолиятии ӯ расидааст.
ФАСЛИ VI. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВГУЗОРӢ
Моддаи 67. Муҳофизати манфиати гаравдор ҳангоми қатъ ёфтани ҳуқуқи вай ва ҳуқуқи гаравгузор ба амволи гаравшуда дар асоси нишондоди Қонун
Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузорие қабул намояд, ки ҳуқуқи гарав ё ҳуқуқи гаравгузорро ба амволи гаравшуда қатъ менамоянд, товони зиёне, ки дар натиҷаи қабули ин санадҳо ба гаравгузор расидааст, бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра пардохта мешавад. Баҳсҳои падохти зиёнро суд ё суди иқтисодӣ, ҳал менамояд .
Бинобар қабул гардидани қарори мақоми давлатии ҳокимият ва идоракунӣ, ки мақсад аз ин қарор бевосита ситондани амвол ё ҳуқуқи гаравшуда нест, аз ҷумла бинобар қарори кашида гирифтани қитъаи замине, ки дар он ҷо манзил, дигар иморатҳо, иншоот ё ниҳолзори гаравшуда ҷойгир аст, барҳам хӯрдани ҳуқуқи моликияти амволи гаравшуда ва ё қатъ гаштани ҳуқуқи гаравшуда, зиёне, ки дар натиҷаи қабули ин қарор ба гаравдор расидааст, пурра аз ҳисоби маблағи ин мақомоти давлатӣ пардохта мешавад. Баҳсҳои пардохти товони зиёнро додгоҳ ё суди иқтисодӣ ҳал менамояд .
Агар давлат барои миллӣ кунонидан, мусодираву забт кардани амвол ё ҳуқуқи гаравшуда чораҳои маҷбурӣ ва дигар чораҳои оқибаташон ба ин монанд андешад, Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зиёни аз ин чораҳо ба гаравдор расидаро медиҳад.
Моддаи 68. Беэътибор будани санадҳое, ки ҳуқуқи гаравро вайрон мекунанд.
Агар мақомоти идораи давлатӣ ё мақомоти худидораи маҳаллӣ санаде нашр кунад, ки мухолифи қонунгузорӣ буда, ҳуқуқи гаравдоррр халалдор менамояд, чунин санадро суд ё суди иқтисодӣ бо талаби гаравдор беэътибор меҳисобад.
Агар гаравгузор аз ҳуқуқи хоҷагидории пурра ё худ идораи оперативии ваҷҳи гарав маҳрум гардад, ҳамчунин дучори оқибатҳое мешавад, ки дар банди 1-уми ҳамин модда зикр шудаанд.
Товони зиёне, ки аз нашри санадҳои дар банди 1-уми ҳамин модда зикршуда ба гаравдор расидааст, пурра аз ҳисоби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё идораи давлатӣ пардохта мешавад.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
20 июли соли 1994 № 979