×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993, № 899 "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни: 08.12.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 34 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАОРИФ

(Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130, аз 14.12.1996 № 335, аз 15.05.1997 № 421, аз 8.12.2003 № 62)

Маориф соҳаи дорои аҳамияти стратегӣ ва бештар тараққиёбандаи фаъолияти одамон ба шумор рафта, асоси рушди шахс, ҷомеа ва давлатро ташкил медиҳад.

Мақсади маориф қонеъ гардонидани талаботи шахс барои рушди ҳамаҷониба баҳри амалӣ сохтани тамоми истеъдод, баланд бардоштани сифати ҳаёту кори худ ва дар ин замина афзун намудани мероси иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ барои таъмини тараққии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазифаи таълим ва тарбия ҳамчун ҷузъӣ таркибии маориф дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз он иборат аст, ки шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорат, малакаи касбӣ тайёр намояд, ки онҳо бо ғояҳои сулҳдӯстӣ, инсонпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи инсонпарварӣ, ҳуқуқ ва қонунҳо фаро гирифта шудаанд.

Ин қонун асосҳои умумии сохтор, фаъолият ва идораи системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, барои дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои маориф, ки мутобиқи он таҳия мегардад, заминаи ҳуқуқӣ мебошад.

ФАСЛИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосие, ки дар ин қонун истифода мешаванд

1. Дар ин қонун зери мафҳуми маориф просесси мақсадноки таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷомеа, давлат фаҳмида мешавад, ки дар он соҳиби дараҷаи маълумоти муайяни давлатӣ (меъёри маълумот) гардидаи шаҳрванд (таҳсилкунанда) ба қайд гирифта мешавад.

2. Зери мафҳуми соҳиби маълумот шудани шаҳрванд (таҳсилкунанда) ба меъёри муайяни маълумот молик гардидани ӯ фаҳмида мешавад, ки он бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда мешавад.

3. Зери мафҳуми системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ин чизҳо фаҳмида мешавад:

идомоти системаи барномаҳои таълимӣ ва меъёрҳои давлатии маълумоти умумии дорои дараҷа ва ҷиҳатҳои гуногун;

шабакаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи дорои шаклу тип ва намудҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ;

системаи мақомоти идораи маориф ва муассисаҳою корхонаҳои тобеи он.

4. Муассисае таълимӣ ба шумор меравад, ки просесси таълимро ба роҳ мемонад, яъне як ё якчанд барномаҳои таълимро амалӣ мегардонад ва (ё) нигоҳубину тарбияи таҳсилкунандагон, тарбиягирандагонро таъмин мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи маориф

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Қонун, санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маориф иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 3. Вазифаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф

Вазифаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф аз инҳо иборат аст:

1. Танзими ҳуқуқӣ ва инкишофи муносибатҳои байни субъектҳои раванди таълиму тарбия.

2. Қонеъ гардонидани талабу дархостҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир ба маълумот, ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба таҳсил.

3. Муҳайё сохтани замонати ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи муассисаҳои маориф ва танзими муносибатҳои онҳо бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ.

4. Муайян намудани салоҳиятҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи дараҷаҳои гуногун дар соҳаи маориф.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1. Ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани таълим дар муассисаҳои таълимии давлатӣ.

2. Ягонагии фазои фарҳангӣ ва маърифатӣ, алоқаи таълим бо анъанаҳои миллию фарҳангии халқи тоҷик ва дигар халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ба мадди аввал гузошта шудани арзишҳои умумибашарӣ, ҳаёту саломатии инсон, инкишофи озодонаи шахс, тарбияи шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан.

4. Ҳатмӣ будани маълумоти асосӣ, дастрас будани маълумоти миёна ё маълумоти касбии ибтидоӣ ва асоси озмунии дараҷаҳои минбаъдаи таълим.

5. Тамомияти системаи маориф ва идомати замонатҳои он дар муассисаҳои таълиму тарбияи давлатӣ ва хусусӣ.

6. Дастрас будани маълумот, ҳимояи шахс аз ҳама гуна маҳдудиятҳо дар соҳаи таълиму тарбия.

7. Ҷанбаи демократӣ ва давлатию ҷамъиятӣ доштани идораи маориф. Новобаста будани муассисаҳои таълимии давлатӣ аз нишондодҳои идеологӣ ва қарорҳои ҳизбҳо, ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ.

8. Бепул будани маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва нахуст маълумоти касбии ҳамаи зинаҳо дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ё маҳаллӣ, дар ҳудуди меъёри дахлдори маълумот.

9. Мутобиқати маълумот бо стандарти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таълим

1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу кор, ҷои истиқомат, эътиқод, мазҳаб ва муносибат ба дин ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, экстернат ва ғайра) ҳуқуқ доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи касбу ихтисосҳоеро, ки ба шакли экстернат гирифтани онҳо иҷозат нест, муқаррар менамояд.

3. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқи таҳсил давлат хароҷоти таълими шаҳрвандонеро, ки ба ёрӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, дар муддати таҳсил қисман ё пурра ба зиммаи хеш мегирад, иқдомоти хайрияро нисбати онҳо дастгирӣ менамояд.

4. Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро дастгирӣ мекунад, ба онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад, барояшон идрорҳои махсус муқаррар менамояд, онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.

5. Шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву мувофиқатномаҳои байнидавлатӣ ва хориҷиён ва шахси бетабааи муқими ҷумҳурӣ бошанд, дар асоси муқаррароти умумӣ таҳсил менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

6. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 6. Забони таҳсил

1. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълиму тарбияи ҷумҳурӣ бо Қонун "Дар бораи забон" танзим мешавад.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон интихоби озодонан забони таълимро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сарҷамъи шаҳрвандони миллатҳои дигар ба забони модариашон гирифтани маълумоти миёнаи умумиро таъмин менамояд.

3. Интихоби озоди забони таълим бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии муассисаҳои таълимӣ, синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

Моддаи 7. Меъёрҳои давлатии таълим

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои давлатии таълим муқаррар карда мешаванд, ки онҳо талаботи асосиро доир ба сатҳи маълумоти хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ муайян мекунанд. Тартиби муқаррар ва ҷорӣ кардани меъёри давлатии таълимро Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян мекунад.

Меъёрҳои давлатии таълим мувофиқи барномаҳои нави таълимӣ баъди панҷ соли шурӯъи кор аз рӯи онҳо ҷорӣ карда мешавад.

ФАСЛИ II. СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 8. Таркиб ва сохтори муассисаҳои таълимӣ

1. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ системаи ягонаи таълими муттасил амал мекунад, ки маълумоти ҳамагонӣ, касбӣ ва тайёрии махсуси шаҳрвандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳоро таъмин сохта, ба тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи шахсият мусоидат мекунад.

2. Муассисаҳои таълимӣ аз инҳо иборатанд:

- томактабӣ;

- маълумоти ҳамагонӣ;

- муассисаҳои махсуси таълиму тарбия;

- берун аз мактабӣ;

- касбӣ (ибтидоӣ, миёнаи махсус, олӣ, комплексҳои таълимии истеҳсолӣ ва ғайра);

- муассисаҳои таълимии иловагӣ ва хадамоти таълимӣ.

3. Муассисаҳои таълимӣ чунин буда метавонанд:

- давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- пулакӣ ва бепул;

- тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ.

4. Муассисаи давлатии таълимӣ дорои ҳуқуқи мустақили шахси юридикӣ буда, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад.

5. Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ аз лаҳзаи мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шуданаш ба ҳуқуқи шахси юридикӣ соҳиб мешавад.

6. Асоси ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои таълимии давлатиро низомномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳое, ки дар асоси онҳо тартиб дода мешаванд, ташкил медиҳад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130).

7. Бо мақсади ба муассисаҳои таълимӣ додани мақоми муайян (гимназия, литсей, донишкада, донишгоҳ, академия ва ғайра), инчунин санҷиши сифати кори онҳо мувофиқи Низомномае, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, аз ҷониби мақомоти маориф, аттестатсияи давлатию ҷамъиятии онҳо гузаронида мешавад.

8. Давлат риояи ҳуқуқи муассисаҳои таълимиро кафолат медиҳад.

Моддаи 9. Муассисони муассисаҳои таълимӣ

Мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии идораи давлатӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, созмонҳо ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва динӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида муассиси муассисаҳои таълимӣ шуда метавонанд.

Моддаи 10. Оинномаи муассисаи таълимӣ

1. Дар Оинномаи муассисаи таълимӣ ҳатман инҳо зикр карда мешаванд:

ном, нишонӣ (нишони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), мақоми муассисаи таълимӣ; муассиси муассисаи таълимӣ; шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ; мақсади раванди таълим; типҳо ва намудҳои барномаҳои таълимии амалишаванда, тавсифи асосии ташкили раванди таълим, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ; тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ; ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокдорони раванди таълим.

2. Оинномаи муассисаи таълимии шаҳрвандӣ, дар бахше, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим накардааст, мустақилона таҳия ва қабул карда мешавад.

Моддаи 11. Таълими томактабӣ

1. Ба мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоидтари тарбияи кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ бо назардошти майлу рағбат ва ниёзи волидайн ширхоргоҳ, кқдакистонҳо ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва кӯдакистонҳои типи интернати гуногунсоҳа ташкил карда мешаванд.

2. Давлат таъминоти молиявию моддии таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабиро кафолат медиҳад.

3. Вазифа ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои томактабӣ, хусусиятҳои ташкили онҳо мутобиқи шароиту хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра муайян мегардад ва вобаста ба намуди муассисаи томактабӣ вазифа ва ҳуқуқи он мушаххас карда мешавад.

4. Муносибатҳои ҳуқуқии байни муассисаи томактабӣ ва волидайн (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартнома танзим карда мешаванд.

Моддаи 12. Маълумоти миёнаи ҳамагонӣ

1. Маълумоти миёнаи ҳамагонӣ қисми асосии системаи муттасили таълим буда, инкишофи шахсият, аз худ намудани асосҳои донишҳои илмӣ, малакаҳои меҳнатӣ ва касбии ибтидои, рушди қобилияти эҷодии инфиродӣ, сатҳи фарҳангӣ ва тарбияи ҷисмониро таъмин мекунад.

2. Барои гирифтани маълумоти миёнаи ҳамагонӣ типҳо ва намудҳои гуногуни мактабҳо ташкил карда мешаванд, ки аз се зина - ибтидоӣ, асосӣ ва миёна иборат буда, ҳар кадоми онҳо бо нигоҳ доштани идомат мустақилона амал карда метавонанд. Синну сол ва давомнокии таҳсил дар ҳар зинаи таълим мувофиқи Низомномаи мактаби маълумоти ҳамагонӣ муайян карда мешавад.

3. Давлат маълумоти асосии (нӯҳсолаи) ҳатмиро кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

4. Қабули хонандагон ба зинаи сеюми маълумот дар муассисаҳои маълумоти ҳамагонӣ дар асоси озмун бепул ва (ё) мувофиқи қарордод (пулакӣ) сурат мегирад. Ҳангоми аз як синф ба синфи дигар гузаштан бо қарори мақоми идораи муассисаи таълимӣ мумкин аст имтиҳонот ҷорӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Бо Қарори Шӯрои мактаб хонандагонеро, ки 15-сола шудаанд, аз муассисаи таълимии давлатӣ хориҷ кардан мумкин аст.

5. Аз рӯи нишондоди тиббӣ ва дигар асосҳои пешбининамудаи Оинномаи муассисаи таълимӣ имтиҳонҳоро ба дигар шаклҳои санҷиш иваз кардан мумкин аст.

6. Муассисаҳои маълумоти ҳамагонӣ илова ба меъёри давлатӣ метавонад шаклҳои зайли таълимро низ ҷорӣ намоянд:

а) таълими тафриқавӣ;

б) курсҳо мувофиқи талаби хонандагон;

в) курсҳои омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ.

Барномаи ин курсҳоро мақомоти идораи муассисаҳои маълумоти умумӣ тасдиқ мекунанд.

7. Мувофиқи хоҳиши хонандагон ва волидайни онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар сурати мавҷуд будани базаи зарурии моддӣ дар мактаби миёнаи маълумоти ҳамагонӣ тайёрии ибтидоии касбиро ҳам ташкил кардан мумкин аст.

8. Кӯдакону бачагони ятим ва наврасоне, ки аз сарпарастии волидайн маҳрум шудаанд, дар хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои маълумоти ҳамагонии гуногун, ки барои онҳо таъсис гардидаанд, тарбия меёбанд.

9. Барои бачагон ва наврасоне, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, мактабҳои маълумоти ҳамагонии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории бачагона ташкил карда мешаванд.

10. Барои бачагон ва наврасони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ, ки имкони дар мактабҳои маълумоти ҳамагонии муқаррарӣ таҳсил карданро надоранд, мактабҳои махсуси (ёрирасони) маълумоти миёнаи ҳамагонӣ мактаб-интернатҳо ва синфҳое, ки таълиму тарбия ва табобати ин гуна бачагонро таъмин карда, онҳоро барои меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд, таъсис карда мешаванд.

11. Бачагон ва наврасоне, ки ба шароити махсуси тарбия мӯҳтоҷанд, дар мактабҳои махсус ё омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ, ки офияти (реабилитатсияи) иҷтимоии онҳоро таъмин менамоянд, таълим мегиранд.

Моддаи 13. Тарбия ва таълими беруназмактабӣ

1. Таълиму тарбияи беруназмактабӣ қисми таркибии системаи маориф буда, ба ташаккули қобилияту истеъдоди бачагону хонандагон, қонеъ гардонидани шавқу завқ ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст.

Кори беруназмактабӣ якҷоя бо муассисаҳои таълиму тарбия, коллективҳои меҳнатӣ, кооперативҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои эҷодӣ, ширкатҳо, хазинаҳо, шаҳрвандон бепул ва (ё) дар асоси қарордод (пулакӣ) ташкил карда мешавад ва ба интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳо ва майлу рағбати алоқамандон асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

2. Ба муассисаҳои таълиму тарбияи беруназмактабӣ қасрҳо, хонаҳо, стансияҳо, клубҳо ва марказҳои эҷодии бачагону наврасон мактабҳои варзиши бачагону наврасон, мактабҳои ҳунарӣ, бадеӣ, студияҳои мусиқӣ, муассисаҳои солимгардонӣ ва дигар муассисаҳо тааллуқ доранд.

Мазмун ва шакли кори муассисаҳои беруназмактабиро мутобиқи Низомномаи муассисаҳои беруназмактабӣ шӯроҳои онҳо муайян мекунанд.

Тарбиягирандагон ва хонандагони онҳо ба истифодаи бепул ва имтиёзноки иншоотҳои варзишӣ, фарҳангӣ ҳуқуқ доранд. Тартиби истнфодаи имтиёзоти мазкурро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ муайян мекунад.

Моддаи 14. Маълумоти ибтидоии касбӣ

1. Муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, курсҳо, комбинатҳои таълимии курсӣ ва ғайра) ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки мувофиқи майлу рағбат ва қобилияташон дар заминаи маълумоти асосӣ касбу ихтисосҳои коргарӣ гиранд, вобаста ба талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ ба кадрҳои соҳибихтисос бозомӯзӣ намоянд ва ихтисосашонро такмил диҳанд.

2. Маълумоти ибтидоии касбиро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, хусусӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ, курсҳои тайёрӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, аз ҷумла дар курсҳои муваққатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ гирифтан мумкин аст.

3. Давлат ба шаҳрвандон бепул гирифтани касби аввалро дар ҳамаи шаклҳои маълумоти ибтидоии касбӣ, ҳамчунин бозомӯзиро мувофиқи роҳхати умури шуғл кафолат медиҳад, барои дар муассисаҳои таълими ибтидоии касбӣ маълумоти ҳамагонӣ гирифтани шаҳрвандон, инчунин барои касбомӯзии шахсони маълумоти асосӣ надошта шароит фароҳам меорад.

4. Феҳрасти касбҳои маълумоти ибтидоии касбиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 15. Маълумоти миёнаи касбӣ

1. Дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёнаи касбӣ (техникумҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимии ба онҳо баробар) шаҳрвандон метавонанд бепул ва (ё) дар асоси қарордод (пулакӣ) дараҷаи баландн касби коргарӣ ё дар заминаи маълумоти ибтидоии касбӣ, асосӣ ва миёнаи пурра ихтисос гиранд, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос кунанд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Шаҳрвандоне, ки маълумоти асосӣ доранд, баробари маълумоти миёнаи касбӣ метавонанд маълумоти миёнаи пурра низ гиранд.

2. Шаҳрвандоне, ки маълумоти миёнаи касбӣ ё маълумоти аз он баландтар доранд, метавонанд дар дигар муассисаҳои таълимии касбӣ ихтисоси нав гиранд.

3. Дар муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти миёнаи касбӣ ба шаҳрвандон бепул гирифтани касб ё ихтисоси аввалин кафолат дода мешавад.

Моддаи 16. Маълумоти олӣ

1. Маълумоти олӣ сатҳи зарурии тайёрии амиқи илмӣ, умумифарҳангӣ ва махсуси шаҳрвандонро мутобиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон, баланд бардоштани ихтисос ва бозомӯзии онҳоро барои давраи оянда таъмин мекунад.

Маълумоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи маълумоти миёнаи ҳамагонии пурра ва касбӣ аз ҳисоби давлат ва муассисаҳои таълимии ғайридавлати бепул ва (ё) дар асоси қарордод (пулакӣ) ба амал бароварда мешавад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар асоси шартнома (пулакӣ) бори дуюм маълумоти олӣ гиранд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

2. Барои дарёфти маълумоти олӣ донишкадаҳо, донишгоҳҳо, академияҳо ё дигар мактабҳои олии ба онҳо баробар ташкил карда мешаванд.

Мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар шакли комплексҳои таълимию илмӣ ё таълимии илмию истеҳсолӣ вуҷуд дошта метавонанд.

Барои тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ дар мактабҳои олӣ муассисаю ташкилотҳои илмие, ки дорои манбаи илмии бонуфуз ва заминаи моддию техинкии замонавӣ мебошанд, аспирантура ва докторантура ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Дар мактабҳои олии давлатӣ бо мақсади аз ҳисоби донишҷӯён тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ кафедраҳои ҳарбӣ ташкил кардан мумкин аст. Кафедраҳои ҳарбӣ яке аз ҷузъҳои сохтори таълимии мактабҳои олӣ мебошад. Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳо мувофиқи низомномаи махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

3. Мактабҳои олӣ фаъолияташонро дар асоси Низомномаи мактабҳои олӣ ба амал мебароранд.

4. Ба хатмкардагони мактабҳои олӣ унвони мутахассиси дорои маълумоти олии соҳаи муайян дода мешавад.

Таълим дар мактабҳои олӣ чун қоида, ба таври бисёрзинагӣ сурат мегирад ва ба хатмкунандагон вобаста ба Низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои мутахассиси хурд, бакалавр ва магистр дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130).

5. Унвони илмии профессор, дотсент, ходими калони илмро шӯроҳои илмии мактабҳои олӣ медиҳанд ва онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

6. Фаъолияти илмӣ дар системаи маълумоти олӣ аз тарафи коллективҳои илмӣ, олимон мутобиқи паймону қарордод, супоришҳои давлатӣ, барномаю лоиҳаҳо пеш бурда мешавад. Ба ин мақсад воҳидҳои илмӣ, илмию истеҳсолӣ, коллективҳои муваққатии эҷодӣ, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, паркҳои технологӣ, марказҳои ахбори нави технологӣ, марказҳои эҷодии илмию техникӣ ва дигар ташкилотҳо, аз ҷумла бо иштироки ҳаммаслакони хориҷӣ созмон дода мешаванд.

Моддаи 17. Маълумоти касбии баъд аз хатми мактаби олӣ

1. Шаҳрвандон баъд аз хатми мактабҳои олӣ имкон доранд барои баланд бардоштани дараҷаи касбӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ, гирифтани ихтисоси нав дар мактабҳои олӣ, муассисаю ташкилотҳои илмӣ, донишкадаҳо, курсҳои такмили ихтисоси мутахассисон таҳсил кунанд.

2. Такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси қарордод (пулакӣ) бо корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ, иҷоравӣ, хусусию муштарак ва дигар иттиҳодияҳо, инчунин шахсони хусусӣ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

3. Дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илм мувофиқи тартиби муқарраршуда дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 18. Таҳсили калонсолон

Таҳсил ва худомӯзии калонсолон аз тарафи мақомоти давлатӣ, кооперативҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои таълими муттасил, донишгоҳҳои халқӣ, лекторияҳо, курсҳо, барномаҳои таълимии садову симо ва дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ дар асоси қарордод (пулакӣ) бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши умумӣ, касбӣ ва фарҳангии калонсолон бо назардошти талабот ва ҳавасмандии онҳо сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 19. Ташкили ҷараёни таълиму тарбия

1. Мақомоти идоракунии давлатии маориф барои кори мунтазами муассисаҳои таълиму тарбия шароити заруриро фароҳам оварда, ба мустаҳкам намудан ва тараққӣ додани базаи моддию техникии онҳо мусоидат менамоянд. Тартиби ташкили таълимро муассисаҳои таълимӣ мустақилона мувофиқи оиннома муайян мекунанд.

2. Дар муассисаҳои давлатии таълимӣ аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани омӯзгорон, ҷалби хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия вобаста набуда, мувофиқи таъиноти бевосита истифода набурдани биноҳои муассисаҳои давлатии таълиму тарбия, вайрон кардани раванди таълиму тарбия аз тарафи мақомоти ҷамъиятию давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаю муассисаҳо, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

3. Дар системаи маориф метавонад умури давлатии психологӣ амал кунад.

Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот ва додани ихтисос

1. Муассисаҳои давлатии таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, ба хатмкунандагон оиди дараҷаи маълумот ва ихтисосашон мувофиқи намунаи умумидавлатӣ ҳуҷҷат медиҳанд. Муассисаҳои ғайридавлатӣ дар ҳамон сурат чунин ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда аз аттестатсияи давлатӣ гузашта бошанд.

2. Ба хатмкардагони мактаби асосӣ (миёнаи нопурра) шаҳодатномаи маълумоти миёнаи нопурра дода мешавад.

Ба хатмкардагони мактаби миёнаи маълумоти ҳамагонӣ шаҳодатномаи маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва ба шахсони аз рӯи муқаррароти пешбиншуда касбомӯхта - шаҳодатнома (гувоҳнома) дар бораи додани ихтисос (дараҷа, синф, гурӯҳ) аз рӯи касб дода мешавад.

Ба хатмкунандагони мактабҳои миёнаи касбӣ, махсус ва олӣ мутобиқи тахассус касбу ихтисос дода, диплом ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда супорида мешавад.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои оиди сатҳи маълумот, касбу ихтисос додаи муассисаҳои таълимии давлатии мамолике эътироф мегарданд, ки ин мамолик бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои дахлдор баста бошанд.

Моддаи 21. Бо кор таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таълими касбӣ

Хатмкардагони муассисаҳои таълими касбӣ мутобиқи қонунҳои оиди меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо кор таъмин карда мешаванд.

ФАСЛИ III. ИДОРАКУНИИ СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 22. Идоракунии давлатию ҷамъиятии системаи маориф

Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти ҷамъиятию давлатӣ дошта, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шӯроҳо оид ба маориф идора карда мешавад.

Моддаи 23. Мақомоти давлатии идоракунии маориф

Системаи мақомоти давлатии идоракунии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълиму тарбия доранд;

- Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва воҳидҳои сохтории дахлдори онҳо (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130).

Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1. Сиёсати давлатро дар соҳаи маориф муайян ва татбиқ менамояд.

2. Оиди таъсисдиҳӣ, аз нав ташкил намудан, барҳам додани мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси аҳамияти давлатӣ дошта, муассисаҳои таълимии маълумоти касбӣ ва навъҳои мухталифи муассисаҳои махсуси таълиму тарбия қарор қабул мекунад.

3. Барномаҳои ҷумҳурӣ, байни давлатҳо ва байналмилалии инкишофи маорифро баррасӣ ва тасдиқ менамояд.

Татбиқи ин барномаҳоро аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин мекунад.

4. Инҳоро муқаррар менамояд:

а) меъёри давлатии маблағгузорӣ ба системаи маориф, тартиби маблағгузории муассисаҳои таълимӣ;

б) андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат ва моҳонаи кормандони соҳаи маориф, андозаи идрорҳои хонандагон, донишҷӯён, аспирантҳо, коромӯзон, муҳаққиқон, докторантҳо ва дигарҳо;

в) имтиёзу меъёрҳои таъминоти моддии хонандагон, тарбиягирандагон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ;

г) андозу пасандозҳо ба мақсади беҳбуди маориф;

д) тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензияи муассисаҳои таълимӣ ва тартиби аттестатсияи кадрҳои педагогӣ ва илмӣ.

5. Низомномаи муассисаҳои таълимиро тасдиқ мекунад.

6. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи маълумоти омории соҳаи маорифро ташкил мекунад.

Моддаи 25. Салоҳияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайлро анҷом медиҳад:

1. Сиёсати давлатро дар соҳаи маориф татбиқ мекунад.

2. Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мувофиқи тартиби муқарраршуда шартномаҳои байнидавлатӣ мебандад.

3. Низомномаҳои муассисаҳои маорифи ҷумҳуриро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти болои пешниҳод мекунад.

Муассисаҳои таълимии тобеи худро ташкил, тағйир ва барҳам медиҳад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

4. Барои кушодани муассисаҳои таълимӣ, тағйири соҳа ва мақоми онҳо мутобиқи Қонун ,Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, литсензия, барои кушодани муассисаҳои таълимӣ, тағйири соҳа ва мақоми онҳо варақаҳои аккредитивӣ медиҳад. Масъалаҳои тайёркунии хатми экстернатиро дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ҳал менамояд.

5. Нақшаҳо ва барномаҳои асосии таълимии маорифро барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад, ҳамчунин риояи онҳоро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон, назорат менамояд.

Таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводи таълимию методиро ташкил мекунад.

6. Масъалаҳои кадрҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳал мекунад, мазмун ва тартиби такмили ихтисос ва аттестатсияи коркунони педагогиро муайян месозад.

7. Дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёриро доир ба таъминоти моддию молиявии муассисаҳои таълиму тарбия, додани ҳаққи музди меҳнати кормандони соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ намуда, аз рӯи зарурат баҳри тасдиқ ба мақомоти болоӣ пешниҳод менамояд. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаҳои таълиму тарбия (ва инчунин дигар муассисаҳо)-и тобеи вазоратро таҳти назорат қарор медиҳад.

Моддаи 26. Салоҳияти вазорату идораҳои дигар дар соҳаи маориф

Дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқат бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корҳоро иҷро менамояд:

1. Муассисаҳои таълимии тобеашонро агар он боиси тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва самтҳои тайёр кардани кадрҳо нагардад ташкил, тағйир ва ё барҳам дода роҳбарони онҳоро таъин ва сабукдӯш сохта, низомномаҳои умумиро дар бораи фаъолияти муассисаҳои маориф, ки ба соҳаи мансуби хеш тааллуқ дорад ё тобеъ аст, тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335);

риояи меъёри давлатии таълимиро дар муассисаҳои таълимии касбии тобеи худ таъмин мекунанд;

нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии тобеашонро тасдиқ менамоянд, таҳия ва нашри онҳоро ба роҳ мемонанд.

2. Бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, аттестатсияи кадрҳои илмию педагогии муассисаҳои таълимии тобеи худро ба роҳ мемонанд.

3. Фаъолияти муассисаҳои таълимию тарбиявии тобеъи худро таъмин мекунанд, аз маблағҳои дар ихтиёрашон буда ба ҳисоби онҳо пул гузаронида, фаъолияти молиявии онҳоро назорат мекунанд.

Моддаи 27. Ваколати Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соҳаи маориф

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ва қонунҳоро дар бораи маориф дастури амал қарор дода (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130):

1. Сиёсати давлатро дар соҳаи маориф дар амал татбиқ менамоянд, барномаҳои минтақавии инкишофи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллию минтақавӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра таҳия намуда, амалӣ мегардонанд.

2. Мақомоти дахлдори давлатии идораи маорифро ташкил ва роҳбарӣ менамоянд.

3. Муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои системаи маорифи тобеияти дахлдорро ташкил, тағйир ва ё барҳам медиҳанд.

4. Буҷети минтақавӣ ва фонди инкишофи маорифро ташкил медиҳанд, шароити мусоиди моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои системаи маорифро таъмин менамоянд.

5. Аз ҳисоби маблағҳои худ ба таври илова имтиёзу меъёрҳо ва шаклҳои таъмини моддии хонандагон, тарбиягирандагон, коркунони педагогии муассисаҳои таълимиро муқаррар мекунанд.

6. Омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогиро ташкил менамоянд.

7. Мувофиқи нишондоди Қонунҳои мавҷуда васоят ва парастории ноболиғони бесарпараст, кӯдакони ятим ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳал намуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ ва дигар хел кӯмакҳо менамоянд.

8. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маорифро назорат намуда, риояи меъёри давлатии маорифро ба роҳ мемонанд.

9. Хонандагонро бо хӯрокворӣ ва хизматрасонии бепули тиббӣ таъмин менамоянд.

Моддаи 28. Идоракунии муассисаҳои давлатии таълимӣ

1. Муассисаҳои давлатии таълимӣ мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаҳои таълимӣ идора карда мешаванд.

2. Роҳбарии умумии муассисаи таълиму тарбияро Шӯрои муассисаи таълиму тарбия, роҳбарии бевоситаро бошад, мудир, директор, ректор ва ё дигар сарвар ба амал мебарорад.

3. Роҳбарони муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи ҳамагони, касбҳои техникӣ ва миёнаи махсусро мақомоти марбутаи давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраршуда таъин мекунад.

Ректорони мактабҳои олии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои марбута таъин мешаванд ва масъулияти тамоми ҳолати раванди таълиму тарбияро бар дӯши худ мегиранд.

Роҳбарони муассисаҳои ғайридавлатии таълимиро муассисони онҳо таъин мекунанд.

4. Масъалаҳои таълиму тарбия, илмӣ-тадқиқотӣ, методӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодии муассисаҳои таълиму тарбияро мақомоти роҳбарӣ ва идораи ҷамъиятӣ дар доираи салоҳияти худ муқаррар менамоянд.

5. Дахолати мақомоти идораи давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хоҷагӣ ва дигар фаъолияти муассисаҳои давлатии таълим танҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

6. Шахсоне, ки ба идораҳо ва муассисаҳои маориф роҳбарӣ мекунанд, дар фаъолияти хидматии худ фақат бо Қонун амал карда, таҳти назорати ҳеҷ гуна ҳизб, иттиҳодияҳои динӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳо намебошанд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 29. Худидоракунии муассисаҳои давлатии таълим

1. Мақомоти худидоракунии муассисаҳои давлатии таълим (Шӯрои муассисаи таълим, шӯроҳои педагогӣ ва илмӣ, кумитаи падару модарон ва ғайра) тадбирҳои зайлро амалӣ мегардонанд:

дар асоси низомномаҳои муассисаҳои таълимии шакли дахлдор оинномаи муассисаро тасдиқ мекунад;

дурнамои фаъолияти асосии молиявию хоҷагии муассисаи таълимро муайян менамояд;

вазъи фаъолияти молиявию моддии муассисаи таълимро назорат мекунад.

2. Ба ҳайати мақомоти худидоракунӣ, чун қоида, намояндагони ҳайати профессорону муаллимон, донишомӯзон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд ва ҳуқуқ доранд дар доираи салоҳиятҳои худ оиди фаъолияти муассисаи таълимӣ аз маъмурият маълумот гиранд.

3. Салоҳияти мақомоти худидоракунии муассисаҳои давлатии таълим аз рӯи қоидаҳои умумӣ дар бораи фаъолияти муассисаи таълими шакли (зинаи) дахлдор муайян карда мешавад.

Моддаи 30. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф

1. Маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси комёбиҳои илму техника, фарҳанг ва мутобиқи анъанаҳои миллӣ тараққӣ ва такмил меёбад.

Мақомоти маориф якҷоя бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ комёбиҳои илму техника ва фарҳангро дар кори муассисаҳои таълиму тарбия ҷорӣ менамоянд.

2. Таъминоти илмии маорифро мактабҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳои академӣ, тадқиқоти илмии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар мақомоти илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ, ширкатҳою рафоқатҳои дахлдор ба амал мебароранд.

ФАСЛИIV. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Моддаи 31. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

а) тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён, бакалаврҳо, магистрҳо, коромӯзон, курсанту аспирантҳо (адюнктҳо, интернҳо, ординаторҳои бемористонҳо), докторантҳо, довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, шунавандагони шӯъбаҳои тайёрии мактабҳои олӣ ва системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

б) мураббиён, муаллимон, омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, дигар коркунони педагогӣ, ходимони илмӣ, коркунони муассисаҳои беруназмактабӣ ва дигар муассисаҳои таълиму тарбия, муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

в) волидайн (ё шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягирандагон ва хонандагон, волидайн - мураббиёни хонаҳои бачагони типи оилавӣ;

г) намояндагони корхонаю муассисаҳои базавӣ ва дигар корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кооперативӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 32. Ҳуқуқҳо ва ҳимояи иҷтимоии хонандагон ва тарбиягирандагон

1. Хонандагон ва тарбиягирандагон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд:

а) касб, шакл ва мӯҳлати таҳсил, барномаҳои инфиродии машғулияти берун азсинфиро интихоб кунанд;

б) аз базаҳои таълиму истеҳсолӣ, илмӣ, фарҳангию варзишӣ, маишӣ, беҳдоштӣ ба таври ройгон ва ё имтиёзнок истифода намоянд;

в) барои гирифтани маълумот дар тамоми соҳаҳои дониш роҳ дода шаванд;

г) дар иттиҳодияҳои худфаъолиятӣ, дар фаъолияти тадқиқоти илмӣ, тадқиқотию конструкторӣ ва дигар намудҳои фаъолияти илмӣ, дар конференсияҳо, олимпиадаҳо ва озмунҳо иштирок намоянд, барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ба дигар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба хориҷа роҳхат гиранд;

д) таҳсилро дар муассисаҳои таълиму тарбия бо сабабҳои асоснок қатъ гардонанд, таҳсилро мувофиқи касбу ихтисоси гирифтаашон идома диҳанд;

е) аз амали ғайриқонунии (беамалии) маъмурият, коркунони педагогӣ ва дигар коркунон, ки ҳуқуқ ё шаъну шараф, қадру қиматашонро паст мезананд, худро ҳимоя кунанд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335);

ж) бо идрор, мададпулӣ, хобгоҳу интернатҳо, ёрии тиббӣ ва солимгардонӣ дар муассисаҳои таълиму тарбия, имтиёзҳо ё хӯрокаи бепулу рафтуо дар нақлиёт ва дигар намудҳои ёрии моддӣ мутобиқи тартиботи муқарраркардаи давлат таъмин бошанд.

2. Аспирантҳо, докторантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмӣ аз ҳисоби тарафи фиристонанда бо сафархарҷҳои зарурӣ, ҷуброни пурраи хароҷоти ҳимояи рисола, шароити зарурии манзилию коммуналӣ ва таъмини моддӣ (нигоҳ доштани музди миёнаи маош) ба андозаи то ба таҳсил шурӯъ намудан, бо тасҳеҳи мутаносиби раванди афзоиши нархи молҳо ва хизматрасонӣ таъмин карда шаванд.

3. Ҳангоми таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ хонандагон ва донишҷӯён мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ҷойи кор, шароитҳои бехатарии меҳнат ва музди меҳнати дахлдор таъмин мегарданд.

4. Вазифаҳои хонандагон ва тарбиягирандагон ба талабҳои дахлдор барои гирифтани маълумот асос ёфта инҳоро пешбинӣ менамоянд:

а) ба таври мураттаб ва амиқ аз худ намудани дониш, малакаи амалӣ, маҳорати касбӣ, баланд бардоштани сатҳи умумифарҳангӣ;

б) риояи қонуниятҳо, статус, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, меъёрҳои одобу ахлоқ ва этикаи хобгоҳҳои умумӣ.

5. Давлат нисбат ба ҷавонони боистеъдод пайваста ғамхорӣ карда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд ва имкон медиҳад, ки дар бехтарин муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо таҳсил кунанд ва таҷриба омӯзанд.

Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, таҳсил мекунанд, мутобиқи қонунгузории меҳнат ба рухсатии иловагӣ аз ҷои кор, кам кардани рӯз ва ҳафтаи корӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 33. Машғулият бо фаъолияти педагогӣ

Бо фаъолияти педагогӣ шахсоне машғул шуда метавонанд, ки маълумоти зарурии миёнаи махсус ва ё олӣ, малакаи зарурии касбӣ ва дараҷаи ихтисос, дар баъзе ҳолатҳо тайёрии амалии касбӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.

Коркунони педагогӣ мунтазам аттестатсия мешаванд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда лоиқ будани корманд, сатҳи ихтисос ва дараҷаи он муайян карда мешавад.

Коркунони педагогие, ки бинобар паст будани сатҳи дониш ва ё рафтори бадахлоқонаашон, ки ба минбаъд давом додани фаъолияти педагогӣ мухолиф аст, ба вазифаашон нолоиқ шуморида мешаванд, ё худ вазъи сиҳатиашон садди иҷрои вазифаҳои педагогӣ мегардад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат аз кори педагогӣ озод карда мешаванд.

Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии рӯйхаташон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба онҳо машғул шудан бо фаъолияти педагогӣ манъ карда шудааст, ба кор дар муассисаҳои давлатии маълумоти умумӣ роҳ дода намешаванд.

Тартиби пурра кардани ҳайати кормандони муассисаҳои таълимӣ дар оинномаҳояшон танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномае (аҳдномае), ки байни корманд ва муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 34. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои коркунони педагогӣ

1. Коркунони педагогӣ, ходимони илмӣ, дигар коркунони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо ва инчунин коркунони нашрияҳои педагогӣ ҳуқуқҳои зайл доранд:

а) ҳимояи шараф ва шаъну эътибори касбӣ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос аз рӯи тартиби муқарраршуда, ташаббуси педагогӣ ва густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методу усулҳои самарабахши таълим;

б) иштирок дар идораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, таъминоти тиббӣ, табобат дар санаторияю курортҳо, истифодаи бепули об, манзил, гармидиҳӣ (ба истиснои гази табиӣ) дар шаҳру деҳот (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 62);

в) ба андозаи маоши якмоҳа гирифтани ёрдампулии тиббӣ ҳангоми рухсатии меҳнатии навбатӣ;

г) барои дар навбати аввал гирифтани манзил, ба таври ройгон ба моликият гирифтани манзили аз тарафи давлат додашуда дар сурати доштани собиқаи кории бетанаффуси на камтар аз 10 сол. Ҳангоми ба таври ройгон дода шудани манзил ба кормандони маориф, ки собиқаи кории бетанаффуси на камтар аз 10 сол доранд, боҷи давлатӣ ситонида намешавад.

Кормандони маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи рӯзи кории шашсоатаи ба меъёр ва ҳафтаи кории кутоҳ рухсатии пулаки тамдидшуда, гирифтани нафақа барои собиқаи кори то расидан ба синии нафақа истифода мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421);

д) ба ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ барои комёбиҳо дар фаъолияти педагогӣ ва тарбияи насли наврас, мукофотонидан бо ордену медалҳо, гирифтани унвонҳои фахрӣ.

2. Коркунони педагогӣ, ки бемории кӯҳна доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати пулакӣ ба мӯҳлати то як сол ҳуқуқ доранд, ки тартибу шароити додани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.

3. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бидуни асосҳои муайяннамудаи Қонун озод кардани коркунони педагогӣ манъ аст.

Коркунони педагогӣ вазифадоранд, ки:

а) азхудкунӣ ва иҷрои барномаҳои таълимию илмиро дар сатҳи талаботи ҳатмии давлатӣ аз тарафи хонандагон, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагон, коромӯзон, аспирантҳо, докторантҳо таъмин намоянд;

б) ба рушду инкишофи қобилияти бачагон, хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намоянд;

в) ба волидайн, ҳамсолон, насли калонсолон, арзишҳои фарҳангию миллӣ ва таърихии кишваре, ки сукунат доранд, ҳисси эҳтиром парваранд; ба сохти давлатию иҷтимоӣ ва расму оини онҳо, ба муҳити зист муносибати эҳтиёткорона тарбия намоянд; ба ҳаёти бошуурона дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ризоияти халқҳо, гурӯҳҳои этникӣ, миллӣ, динӣ омода созанд;

г) одобу ахлоқи педагогиро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдак, хонанда, донишҷӯро эҳтиром кунанд;

д) бачагону ҷавононро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии истеъмоли машрубот ва анвои нашъа кор баранд.

Моддаи 35. Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд)

1. Волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, ҳуқуқ доранд, ки:

а) барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбияро интихоб кунанд;

б) дар кори мақомоти худидораи ҷамъиятии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд;

в) ба мақомоти давлатии идоракунӣ ва ҷамъиятии худидора оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи бачагон муроҷиат намоянд;

г) манфиатҳои қонунии фарзандони худро дар мақомоти давлатӣ ва суди дахлдор ҳимоя кунанд.

2. Волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, вазифадоранд, ки:

а) барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии бача пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

б) ҳуқуқ ва қадру қимати бачагонро ҳимоя намоянд;

в) фарзандонро дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накукорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд;

г) ба бачаҳо барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муҳайё созанд, ки дар сатҳи талаботи давлатӣ маълумот гиранд;

д) фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд.

3. Волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки садди роҳи маълумотгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

ФАСЛИ V. ИҚТИСОДИЁТИ СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 36. Принсипҳо ва шароитҳои татбиқи фаъолияти молию хоҷагӣ дар системаи маориф

1. Манбаи асосии бо пул таъмин кардани фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагӣ, тараққиёти иҷтимоии муассисаю ташкилотҳои маориф маблағи буҷети ҷумҳурӣ, маҳаллӣ, корхонаю ташкилотҳо ва дигар манбаъҳо мебошанд.

Давлат ҳар сол ҷудо намудани воситаҳои пулиро ба андозае, ки барои фаъолияти мӯътадили системаи маориф зарур аст, инчунин ҳимояи моддаҳои хароҷоти дахлдори буҷетҳоро дар ҳамаи савияҳо кафолат медиҳад.

Барои муассисаҳои маориф ҷудо намудани маблағ дар асоси меъёрҳои (нормативҳои) маблағгузории давлатӣ (аз ҷумла идоравӣ) ва маҳаллӣ сурат мегирад, ки барои ҳар як хонанда ва тарбиягиранда мутобиқи типу намуди муассисаҳои маориф муайян шудааст. Андозаи мутлақи меъёри маблағгузории муассисаҳои маориф мунтазам вобаста ба дараҷаи беқурбшавии пул ҷуброн мешавад.

Ба муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда мустақилияти пурраи молиявӣ дода мешавад.

2. Муассиса, ташкилоту корхонаҳои маорифи дорои тамоми шаклҳои моликият воситаҳои молиявӣ, аз ҷумла захираҳои арзиро аз ҳисоби хизматрасониҳо дар соҳаи маориф ва дигар хизматҳо ҷалб мекунанд. Барои таъмини меъёрҳои давлатии маориф ҳамаи маблағҳои аз сарчашмаҳои гуногун воридшуда, меъёр ва андозаи мутлақи бо пул таъмин кардани муассисаҳои маорифро аз буҷети давлатӣ кам намекунанд.

Меъёрҳои маблағгузорӣ ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои мушобеҳи таълимии давлатии қаламрави ҷумҳурӣ кам буда наметавонад.

3. Муассисаи маориф новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиаш метавонад, бо тартиби муқарраршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои иловагии молиявӣ, аз ҷумла арзиро бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва дигар корҳои муассисаҳои маориф, ки оиннома пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби хайрот ва пардохтҳои мақсадноки шахсони юридикӣ ва воқеӣ (аз ҷумла, хориҷӣ) ҷалб созад.

Манбаъҳои иловагии бо пул таъмин кардани муассисаю ташкилотҳои маориф инҳо мебошанд:

а) даромад аз фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳои ташкилотҳои таълимию истеҳсолӣ;

б) воридот аз иҷрои корҳое (хизматрасониҳое), ки хусусияти илмӣ ё моддӣ доранд;

в) тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо мувофиқи шартнома ва дар асоси талофӣ намудан;

г) фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ ва дигар фаъолиятҳо, ки бо қонунгузории ҷумҳурӣ манъ карда нашудаанд ва агар он бар зарари фаъолияти асосии муассиса набошад;

д) пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо ва дигар пардохтҳо, ки аз тарафи корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ, дигар корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо ва шахсони алоҳида, ҳамчунин дигар даромадҳо гузаронида мешаванд.

4. Аз тарафи муассисаҳои маориф ва нашрияҳои педагогӣ ҷалб намудани маблағи иловагӣ боиси кам шудани меъёр ва ҳаҷми мутлақи маблағе намегардад, ки онро ташкилоти муассис ҷудо менамояд.

Хизматрасониҳои музднок набояд бар ивази фаъолияти аз маблағҳои буҷет пардохташаванда, бо роҳи ба хизматрасониҳои пулакӣ иваз кардани хизматрасониҳои бепул сурат гиранд.

Маблағҳои молиявии муассисаҳои давлатии маориф мутобиқи низомномаи онҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ва мувофиқи оинномаи муассисаҳои маориф, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130).

Маблағҳои дар давоми давраи ҳисоботии ҷорӣ истифоданашудаи муассисаҳои маориф боздошта намешаванд ва минбаъд истифода мегарданд. Маблағҳое, ки аз ҳисоби пулҳои барои таъминоти моддӣ ва имтиёзҳои тарбиягирандагон ва хонандагон ҷудокардашуда сарфа гардидаанд, минбаъд пурра ба ҳамин мақсадҳо истифода мешаванд.

Моддаи 37. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълим

1. Ҳадди ақалли музди меҳнати коркунони муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи барои коркунони муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои саноатӣ пешбинишуда муқаррар карда мешавад.

2. Андозаи ставкаи миёна ва моҳонаи хизматии коркунони маориф ба тариқи зайл муқаррар мешавад:

барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва коркунони илмии мактабҳои олӣ ду баробар зиёд нисбат ба сатҳи миёнаи моҳонаи коркунони саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

барои омӯзгорон ва дигар коркунони педагогӣ зиёдтар аз ҳисоби миёнаи моҳонаи коркунони саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

барои ҳайати таълимию тарбиявӣ ва хизматрасон баробар ба ҳисоби миёнаи коркунони саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Кори педагогию ташкилие, ки илова ба ӯҳдадориҳои вазифагӣ иҷро карда мешавад, мувофиқи қонунҳои ҷорӣ пардохта мешавад.

4. Ҷалб намудани кормандони муассисаҳои таълимӣ ба иҷрои вазифаҳои ба фаъолияти асосии онҳо хос набуда, бе розигии худи кормандон манъ мебошад ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат пешбинӣ шудаанд.

5. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудо кардашуда метавонанд, мустақилона ба ставкаю маошҳои хизматӣ иловаҳои мутафарика муқаррар намуда, шаклҳои гуногуну пешқадами ташкили пардохт ва ҳавасмандгардонии меҳнатро истифода баранд.

Ба коркунони педагогии муассисаҳои маориф ва коркунони нашрияҳои педагогӣ бо мақсади рафъи эҳтиёҷашон ба китоб ва дигар воситаҳои таълимӣ, ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи моҳона дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда ҷубронпулӣ пардохта мешавад.

Моддаи 38. Кафолатҳои давлатии маориф

Муассисаҳои маориф мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз ва боҷу хироҷ медиҳанд.

Ба мақсади ҷалби инвеститсияҳо ба системаи маориф ва ташвиқи ёрии дигар соҳаҳои хоҷагии халқ давлат системаи махсуси андози имтиёзнокро барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, инчунин барои шахсони воқеӣ, аз ҷумла хориҷиён, ки воситаҳои худро, аз он ҷумла дар шакли молӣ, баҳри тараққии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд, пешбинӣ мекунад. Хусусият, андоза ва тартиби додани ин имтиёзҳо тавассути қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Давлат оид ба андозбандии амволи ғайриманқули моликон, ки амволи худро ба муассисаҳои маориф иҷора медиҳанд, имтиёзҳо пешбинӣ мекунад.

Моддаи 39. Ҳуқуқи молу мулкии муассисаҳои маориф

Молу мулки муассисаю ташкилотҳои маориф моликияти муассисони онҳо буда, бо қарори онҳо метавонанд, бевосита ба ихтиёрдории муассисаю ташклотҳои маориф супорида шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Муассисаҳои таълиму тарбия ҳуқуқ доранд, ки дар доираи муқарраркардаи қонун ба молу мулки давлати соҳибикунанд, онҳоро истифода баранд ва ихтиёрдорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 40. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ

1. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳақ доранд, ки аз муҳассилину тарбиягирандагон барои хизматҳои таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла барои таълим дар доираи меъёрҳои давлатии маълумот пул гиранд.

2. Фаъолияти таҳсили пулакии чунин муассисаи таълимӣ ҳамчун соҳибкорӣ ҳисоб намешавад, дар сурате ки даромад аз он пурра барои пӯшонидани хароҷоти раванди таълим (аз ҷумла, барои маош), тараққӣ ва такмили он дар ии муассисаи таълимӣ сарф карда шавад.

3. Муносибати байни муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва хонанда, тарбиягиранда, волидайни он (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) бо шартномае, ки дараҷаи маълумот, мӯҳлат, таълим, андозаи музди таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд, танзим мегардад.

Моддаи 40.1 Фаъолияти таълимии пулакии муассисаи давлатии таълимӣ

Муассисаи таълимии давлати ҳуқуқ дорад барои хизматрасонии иловагии таълимӣ дар асоси қарордод вобаста ба хароҷот, сметаи хароҷоте, ки муассисаи таълимӣ муқаррар кардааст, аз хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён пул гирад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 41. Базаи моддию техникии муассисаи таълимӣ

Ба базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ биноҳо, иншоотҳо, воситаҳои алоқа, мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволе, ки таҳти идораи амволии муассисаҳо мебошанд, дохил мешаванд.

Тараққии базаи моддию техникии муассисаҳои маориф ба тариқи афзалиятнок дар асоси меъёр ба амал бароварда мешавад.

Базаи моддию техникӣ ва амволи муассисаҳои маорифро бо мақсадҳои хилофи вазифаҳои асосӣ ва манфиатҳои таълим истифода бурдан мумкин нест.

Қитъаи замине, ки мавриди истифодаи муассисаю ташкилотҳои системаи маориф аст, ба онҳо аз тарафи мақомоти марбутаи ҳокимияти маҳаллӣ ва идоракунӣ беподош ва доимӣ супорида мешавад.

Моддаи 42. Шартнома дар бораи тайёр кардани мутахассис

Тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар асоси шартномаҳое, ки байни вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, шахсони алоҳида, муассисаҳои маориф баста мешаванд, анҷом дода мешавад.

Моддаи 43. Фонди таълим

Дар муассисаҳои давлатии маълумоти ҳамагонӣ барои дар мавридҳои зарурӣ ба хонандагон расонидани ёрии моддӣ фонди таълим таъсис дода мешавад.

Фонди таълим аз ҳисоби маблағҳои буҷет ба андозаи на бештар аз як фоизи сметаи хароҷоти муассисаи маориф, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои хайрияи корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, колхозҳо, корхонаҳои кооперативӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар манбаъҳо таъсис мегардад.

Фонди таълим барои хӯроки бепул ва имтиёзнок, таъмини хонандагони эҳтиёҷманд бо либосу пойафзол, дигар намудҳои моддӣ, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ ва дигар хароҷоте, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, сарф мешавад.

Моддаи 44. Ҳадя

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, кооперативҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида метавонанд барои муассисаҳои таълиму тарбияи маориф манзилгоҳ ва биноҳои ғайриистиқоматӣ сохта, онҳоро бо таҷҳизоту дастгоҳҳо муҷаҳҳаз намоянд, китобҳо ва дигар амволу маблағҳои пулӣ ҳадя кунанд. Ҳадя ба муассисаҳои таълиму тарбия метавонад бо мақсади истифодаи ин амвол барои васеъ гардонидани базаи таълим, беҳтар гардонидани раванди тарбия асоснок гардад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Мақсадҳои таълиму тарбия, ки аз ҳисоби маблағҳои шаҳрвандони алоҳида, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кооперативҳо бунёд гардидаанд ва мувофиқи хоҳишашон номи онҳоро гирифта метавонанд, агар фаъолияти ин шахсон, ташкилотҳо ва кооперативҳоро Қонун манъ накарда, ва он ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи он нигаронда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 335).

Моддаи 45. Ҳифзи тандурустӣ, ташкили хӯрок ва хизматрасонии маданӣ дар системаи маориф

1. Муассисаи таълимӣ шароитеро, ки ба ҳифзи сиҳат ва мустаҳкам шудани саломатии хонандагону тарбиягирандагон кафолат медиҳад, муҳайё месозад.

2. Ташкили хӯрок дар муассисаҳои таълиму тарбия ба зиммаи мақомоти дахлдоре, ки масъалаҳои хӯроки умумӣ дар ихтиёрашон аст, гузошта мешавад.

Мақомоти ҳокимият дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва роҳбарони хоҷагиҳо метавонанд барои хонандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ хӯроки бепул ва барои донншҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони мактабҳои миёна хӯроки имтиёзнок ташкил намоянд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 130).

3. Мақомоти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маданият роҳбарӣ мекунанд, ба муассисаҳои таълиму тарбия барои инкишофи ҷисмонии хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён ёрии зарурӣ мерасонанд ва инкишофи ҷисмонии хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ба муассисаҳои таълиму тарбия ва мақомоти дахлдоре, ки пешбурди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба зиммаашон аст, вогузор мегардад.

4. Барои ташкили хизматрасонии тиббӣ, ташкили хӯрок, инкишофи маданӣ ва бехатарии шароити таълиму тарбияи хонандагон, тарбиягираидагон, донишҷӯён ва аспирантҳо мақомоти маориф ва роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.

ФАСЛИ VI. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР СИСТЕМАИ МАОРИФ

Моддаи 46. Ҳамкории байнидавлатӣ

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар дар соҳаи маориф дар асоси шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ сурат мегирад.

Моддаи 47. Ҳамкории байналхалқӣ

1. Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи дараҷаҳои соҳаи маориф, муассисаҳои таълиму тарбия ва дигар муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои маориф ҳуқуқ доранд бо муассисаю ташкилотҳои хориҷӣ ва байналхалқӣ робитаи мустақим барқарор намоянд. Фаъолияти байналхалқии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

2. Таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мутобиқи созишномаи байналхалқии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, ҳамчунин мувофиқи шартномаи байни муассисаю ташкилотҳои маориф ва муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳидаи хориҷӣ басташуда анҷом дода мешавад.

3. Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар гардида бошанд, ки онҳо аз қоидаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф фарқ кунанд, дар он сурат қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ амал мекунанд.

Моддаи 48. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷоратӣ

Мақомоти роҳбарии ҳамаи сатҳҳо, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои системаи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шаванд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.

Онҳо ҳуқуқ доранд, ки ҳисоби асъорӣ кушоянд. Маблағҳои асъории муассисаҳои таълиму тарбия ва ташкилотҳои системаи маориф, ки дар натиҷаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст омадаанд, пурра дар ихтиёри ҳамон муассисаю ташкилотҳо дар ҳисоби асъориашон мемонанд, ё бо розигии онҳо мумкин аст қисман дар мақомоти роҳбарии маорифи ҷумҳурӣ марказонида шаванд.

Муассисаҳои таълиму тарбия ва дигар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои системаи маориф якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо таъсис диҳанд.

Моддаи 49. Масъулият барои вайрон кардани қонунгузории маориф

Шахсони воқеӣ ва юридикӣ, ки ба вайрон кардани қонунгузории маориф роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Раиси

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 27 декабри соли 1993 № 899