Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 900 "Дар бораи тартиби интишори Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.05.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 54 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ИНТИШОРИ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз имзо шуданашон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ на дертар аз понздаҳ рӯз дар рӯзномаи "Ҷумҳурият", инчунин дар "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.

Моддаи 2. Дар рӯзномаи "Ҷумҳурият", "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ интишори расмӣ ба шумор меравад.

Моддаи 3. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интишори расмиашон дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" ё "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ё "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 4. Қонунҳое, ки дар "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор мегарданд, дар моддаҳои дорои рақами дахлдори тартибӣ ҷой мегиранд. Замимаҳои қонунҳо низ дар худи ҳамон моддаҳо ҷой дода мешаванд.

Моддаи 5. "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар як моҳ як маротиба бо забонҳои давлатӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Моддаи 6. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигар воситаҳои ахбори омма низ метавонанд интишор кунанд.

Ҳангоми интишори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар воситаҳои ахбори омма нишондод ба манбаи расмии нашр ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 7. Дар "Маҷмӯаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рӯзномаи "Ҷумҳурият" санадҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, нашр карда мешаванд.

Моддаи 8. Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , қарорҳои Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи "Садои мардум", "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои онҳо аз рӯи зарурат дар рузномаи "Садои мардум" ва "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд.

Қарорҳо ва хулосаҳои Суди конститутсионӣ дар "Ахбори ММаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор карда мешаванд".

Моддаи 9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи тартиби нашри қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳое, ки Маҷлиси Олӣ ва мақомоти он қабул намудаанд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 22, мод.264) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Оиди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби нашри қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳое, ки Маҷлиси Олӣ ва мақомоти он қабул намудаанд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 23-24, мод.350), аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 11 декабри соли 1999 № 900