ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421)
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятии ихтиёри мебошанд, ки меҳнаткашонро аз лиҳози манфиатҳои умумиашон ҳам дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсоли ва ҳам ғайриистеҳсоли барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнашон муттаҳид менамоянд.
Моддаи 2. Ҳуқуқи муттаҳидшави дар иттифоқҳои касаба
Меҳнаткашон ва шахсоне, ки дар муассисаҳои таълими таҳсил мекунанд, ҳуқуқ доранд бе ягон тафовут ихтиёри аз рӯи интихоби худ ва бе иҷозати пешаки иттифоқҳои касаба таъсис намоянд, инчунин дар сурати риоя намудани оинномаҳо (низомномаҳо) ба иттифоқҳои касабаи мавҷуда дохил шаванд. Меҳнаткашон ҳуқуқ доранд дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва дигар ҷойҳои кор ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ташкил намоянд, агар дар онҳо камаш аз се ҳиссаи кормандон, вале на камтар аз се нафар муттаҳид шуда бошанд.
Тартиби ба аъзогии иттифоқи касаба дохил шудани нафақахӯрони кор намекардаги, маъюбон ва соҳибхоназанҳо ва ё баромадан аз онро оинномаҳои (низомномаҳои) иттифоқҳои касаба танзим менамоянд.
Ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар асосҳои ихтиёри аз рӯи принсипҳои соҳави ва ҳудуди метавонанд иттиҳодияҳои гуногуни иттифоқҳои касаба ташкил кунанд, инчунин ба онҳо дохил шаванд.
Моддаи 3. Асоси ҳуқуқии фаъолияти иттифоқҳои касаба
Асоси ҳуқуқии фаъолияти иттифоқҳои касабаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Хусусиятҳои хоси истифодаи ҳамин Қонунро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти корҳои дохили, амнияти милли ва қувваҳои дохили, дигар қисмҳои ҳарби қонун дар бораи ин қисмҳо муайян мекунад. Ҳамаи иттифоқҳои касаба ҳуқуқҳои баробар доранд.
Моддаи 4. Мустақилияти иттифоқҳои касаба
Иттифоқҳои касаба дар фаъолияташон аз мақомоти идории давлати, мақомоти хоҷаги, ташкилотҳои сиёси ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти вобаста набуда, ба онҳо ҳисоботдиҳанда нестанд.
Дахолати мақомоти давлати ва мансабдорон ба фаъолияти иттифоқҳои касаба роҳ дода намешавад, ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун.
Иттифоқҳои касаба оинномаҳои (низомномаҳои) худро мустақилона таҳия ва тасдиқ намуда, сохтори онро муайян менамоянд, мақомоти роҳбарикунандаро интихоб ва фаъолияти худро ташкил менамоянд, маҷлису конференсияҳо ва пленуму съездҳо мегузаронанд.
Моддаи 5. Алоқаҳои байналхалқии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттифоқҳои касаба мувофиқи мақсаду вазифаҳои оинномавиашон ҳуқуқ доранд бо иттифоқҳои касабаи мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар давлатҳо ҳамкори кунанд, ба иттиҳодия ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи байналхалқи дохил шаванд, инчунин бо онҳо шартнома ва созишнома банданд.
Моддаи 6. Манъ кардани маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияташон ба иттифоқҳои касаба
Мансубият ё мансуб набудан ба иттифоқҳои касаба боиси ягон хел маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди, сиёси ва шахсии шаҳрвандон, ки қонун кафолат медиҳад, намегардад.
Шартгузори ҳангоми ба кор қабул кардан, ба вазифаи баландтар гузаштан, инчунин аз кор озод кардани меҳнаткашон аз рӯи мансубияташон ба иттифоқҳои касабаи муайян, ба он дохил шудан ё аз он баромадан манъ аст.
Моддаи 7. Бақайдгирии оинномаҳои (низомномаҳои) иттифоқҳои касаба ва рад кардани бақайдгирии онҳо
Оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба бояд ба талаботҳое, ки нисбати оинномаҳои (низомномаҳои) иттиҳодияҳои ҷамъияти пешбини шудааст, ҷавоб диҳад ва мувофиқи тартиби барои иттиҳодияҳои ҷамъияти муқарраргашта ба қайд гирифта мешавад.
Мақомоти ба қайдгиранда ба риояи талаботи оиннома (низомнома) дар қисмати мақсадҳои фаъолияти иттифоқи касаба назорат мебарад.
Дар мавриди рад кардани бақайдгирии оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба мувофиқи тартиби пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" шикоят кардан мумкин аст.
Иттифоқи касаба ё ташкилоти (мақомоти) он аз рӯзи ба қайд гирифта шудани оинномааш (низомномааш) мувофиқи қонунгузории шаҳрванди шахси юридики эътироф мешавад.
Моддаи 8. Боздоштан, қатъ гардонидани фаъолияти иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳояшон ва барҳам додани онҳо
Боздоштан, қатъ гардонидани фаъолияти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳояшон, инчунин барҳам додани онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амали мегардад.
БОБИ II. ҲУҚУҚҲОИ АСОСИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Моддаи 9. Иштироки иттифоқҳои касаба дар таҳияи санадҳои қонунгузори
Иттифоқҳои касаба дар шахси мақомоти ҷумҳуриявиашон дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори оид ба меҳнат, масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди ширкат мекунанд, ҳамчунин оид ба ин масъалаҳо ба мақомоти дахлдор таклифҳо пешниҳод менамоянд.
Санадҳои меъёрие, ки ҳуқуқҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди ва манфиатҳои меҳнаткашонро дар бар мегиранд, аз тарафи мақомоти идории давлати ва хоҷагидори ба таври пешаки, на дертар аз як ҳафта огоҳ кардани иттифоқҳои касабаи дахлдор қабул карда мешаванд .
Моддаи 10. Иштирок дар ташкили мақомоти ҳокимияти давлати
Иттифоқҳои касаба метавонанд ба депутатии халқ номзад пешниҳод намоянд ва мувофиқи қонунҳои ҷори дар маъракаи интихоботи иштирок намоянд.
Моддаи 11. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба оиди ҳифзи ҳуқуқ ба меҳнат
Иттифоқҳои касаба ҳуқуқи аъзоёни худро ба меҳнат ҳифз намуда, дар ташкили сиёсати давлатии шуғли аҳоли иштирок мекунанд.
Иттифоқҳои касаба ба амали гаштани қонуни шуғли аҳоли назорат мебаранд, барои ҳифзи иҷтимоии шахсони аз кор озодшуда тадбирҳо пешниҳод мекунанд, ки онҳо дар асоси қонун бо шартномаи коллективи муайян карда мешаванд.
Барҳам додани корхонаҳо ва ҷузъҳои сохтории онҳо бо ташаббуси маъмурият, мулкдор ё мақомоти идории аз тарафи онҳо ваколатдор пурра ё қисман боздоштани истеҳсолот, ки боиси ихтисори ҷойҳои кори ё бад шудани шароити меҳнат мегардад, фақат ба шарте мумкин аст, ки иттифоқҳои касабаи дахлдор камаш се моҳ пеш огоҳ карда шуда бошанд ва бо онҳо оиди риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашон гуфтушунид гузаронида шуда бошад.
Шартномаи меҳнатиро бо ташаббуси маъмурият фақат бо розигии пешакии кумитаи иттифоқҳои касабаи дахлдор мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ кардан мумкин аст.
Моддаи 12. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ба гуфтушунидҳо ва бастани шартномаю созишномаҳои коллективи
Иттифоқҳои касаба мувофиқи қонун барои ба маъмурият, мулкдор ё мақоми идории аз тарафи онҳо ваколатдор дар бурдани гуфтушуниди коллективи ва бастани шартномаю созишномаҳои коллективи ҳуқуқ доранд ва иҷрои онҳоро назорат мекунанд.
Маъмурият, мулкдор ё мақоми идории аз тарафи онҳо ваколатдор вазифадоранд барои шартномаю созишномаи коллективи бастан гуфтушунид баранд, агар иттифоқҳои касаба бо чунин таклиф баромад кунанд.
Моддаи 13. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба оиди ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон
Ҳуқуқи иттифоқҳои касабаро дар соҳаи шароит ва музди меҳнат, муҳофизати меҳнат ва бехатари дар истеҳсолот, шароити рӯзгор, суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи сиҳати мехнаткашон, таъминоти нафақави қонуни дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Мақомоти иттифоқҳои касаба дар доираи салоҳияташон дар кори андешидани тадбирҳо оиди ҳифзи иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон, муайян кардани меъёрҳои асосии сатҳи зиндаги, миқдори ҷубронпули вобаста ба тағйири индекси нархҳо иштирок намуда, ба риояи ҳадди ақали таъминоти рӯзгори муайянкарда қонун ва вобаста аз баландшавии нархҳо сари вақт барраси намудани андозаи нафақаҳо, стипендияю ёрдампулиҳо назорат мебаранд.
Иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба аз рӯи ин масъалаҳо бо мақомоти давлатию хоҷагии дахлдор созишнома баста метавонанд.
Моддаи 14. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба оиди назорат аз болои риояи Қонун дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касаба
Иттифоқҳои касаба мувофиқи қонунҳои ҷумҳури ва оинномаҳояшон аз тарафи маъмурият, мулкдор ва мақомоти идории аз тарафи онҳо ваколатдор риоя намудани қонуни меҳнатро назорат мекунанд ва ҳуқуқ доранд бартараф намудани вайронкуниҳои қонун дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касабаро талаб намояд. Маъмурият вазифадор аст, ки пешниҳоди онҳоро оиди бартараф намудани вайронкуниҳои қонун дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касаба барраси намуда, дар муддати як моҳ аз натиҷаи он ба иттифоқҳои касаба хабар диҳад.
Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд бо хоҳиши аъзоёни худ ва дигap меҳнаткашон, инчунин бо ташаббуси худашон барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо дар суд баромад кунанд.
Ба ин мақсад иттифоқҳои касаба метавонанд идораи тафтишоти, умури ёрии ҳуқуқи ва дигар мақомоти зарури дошта бошанд.
Моддаи 15. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба дар баррасии баҳсҳои меҳнати
Иттифоқҳои касаба баҳсҳои меҳнатии фардии аъзоёни иттифоқҳои касабаро бо маъмурият барраси намуда, аз рӯи онҳо мувофиқи қонун қарор қабул мекунанд.
Иттифоқҳои касаба дар баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективи оиди масъалаҳои вобаста ба вайронкунии Қонуни ҷори оид ба меҳнат, шартҳои шартномаю созишномаҳои коллективи, муқаррар намудани шароитҳои нав ё тағйир додани шароитҳои мавҷудаи иҷтимоию иқтисодии меҳнат ва маишат ширкат меварзанд.
Моддаи 16. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ба гирифтани маълумот оиди масъалаҳои меҳнат ва тараққиёти иҷтимоию иқтисоди
Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд аз маъмурият, инчунин аз мақомоти идории давлатию хоҷагии ҷумҳури оиди масъалаҳои вобаста ба меҳнат ва тараққиёти иҷтимоию иқтисоди дар ҳудуди ҳисоботҳои муқаррарнамудаи омори бепул маълумот гиранд.
Моддаи 17. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ба назорати иҷрои шартномаи коллективи аз тарафи маъмурият
Иттифоқҳои касаба ҳақ доранд дар мавриди аз тарафи маъмурият қабул шудани қарорҳое, ки шартҳои шартномаи коллективиро вайрон мекунанд, ба маъмурият оид ба бартараф намудани ин камбудиҳо дастур пешниҳод намояд, ки он бояд дар муддати як ҳафта барраси гардад. Агар маъмурият ин талаботи иттифоқҳои касабаро қонеъ нагардонад ё дар мӯҳлати муқарраршуда онҳо ба мувофиқат наоянд, ихтилофот мувофиқи қонун дар бораи ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективи барраси мешаванд.
Моддаи 18. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ба ташкили гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва коршикани
Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд маҷлис гузаронанд, инчунин мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммави ташкил намоянд.
Дар вақти рӯй додани баҳсҳои меҳнатии коллективи байни маъмурияти корхона, аз як тараф ва коллективи меҳнати ё иттифоқи касаба, аз тарафи дигар ва дар комиссияи оштидиҳи ва ҳакамияти меҳнати ҳал нашудани онҳо иттифоқҳои касаба дар шахси мақомоти аз тарафи онҳо ваколатдор кардашуда ҳақ доранд мувофиқи қонун коршикани ташкил карда, онро гузаронанд.
БОБИ III. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚҲОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Моддаи 19. Вазифаҳои маъмурияти мақомоти давлати, хоҷаги ва кооперативи, ташкилотҳои ҷамъияти ва мансабдорон нисбати иттифоқҳои касаба
Маъмурияти мақомоти давлати, хоҷаги ва кооперативи, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин моликон ва мансабдорон вазифадоранд ки ҳуқуқҳои иттифоқҳои касабаро риоя карда, ба фаъолияти онҳо мусоидат намоянд. Мақомот ва шахсони мазкур барои вайрон кардани ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва ё монеъ шудан ба фаъолияти қонунии онҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ҷавобгар мебошанд.
Маъмурияти мақомоти давлати, хоҷаги ва кооперативи, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин моликон ва мансабдорон ҳуқуқ надоранд, ки ба ташрифи намояндагони иттифоқҳои касаба ба корхонаҳое, ки аъзоёнашон он ҷо кор мекунанд, барои амали гардонидани вазифаҳои оинномави ва татбиқи ҳуқуқҳои қонуниашон монеъ шаванд.
Моддаи 20. Кафолатҳо барои меҳнаткашони ба мақомоти иттифоқҳои касаба интихобшуда, ки аз корҳои истеҳсолот озод карда нашудаанд
Кормандонеро, ки ба ҳайати мақомоти иттифоқҳои касаба интихоб шудаанду вале аз кори истеҳсолот озод нагардидаанд, бе розигии пешакии мақоме, ки аъзои он мебошанд, роҳбарони мақомоти иттифоқҳои касабаи ҷузъҳои корхонаҳоро бе розигии пешакии мақомоти иттифоқҳои касабаи дахлдори корхонаҳо, ташкилотчиёни иттифоқҳои касабаро бошад, бе иҷозати мақомоти иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи дахлдор ба ҷазои интизоми кашидан мумкин нест.
Шахсоне, ки ба ҳайати мақомоти иттифоқҳои касаба интихоб шудаанду аз кори истеҳсолот озод нестанд, ба ғайр аз риояи тартиби аз кор озодкуни, фақат бо розигии пешакии мақоми иттифоқи касабае, ки аъзои он мебошанд, бо ташаббуси маъмурият аз кор озод карда мешаванд. Раисон ва аъзоёни мақомоти иттифоқҳои касабаи корхонаҳоро бошад, ба ғайр аз ин, фақат бо розигии иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи дахлдор аз кор озод кардан мумкин аст.
Бо ташаббуси маъмурият аз кор озод кардани ташкилотчиёни иттифоқҳои касаба ва роҳбарони гурӯҳҳои иттифоқҳои касаба фақат бо розигин мақоми иттиҳодияи дахлдори иттифоқи касаба роҳ дода мешавад.
Ба аъзои мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба, ки аз кори истеҳсолии худ озод нашудаанд, мувофиқи шартҳое, ки бо шартнома ва созишномаи коллективи муайян шудаанд, барои иҷрои вазифаҳои ҷамъияти ба манфиати коллектив, инчунин барои таҳсили онҳо дар курсҳои кутоҳмуддати иттифоқҳои касаба вақти холи ҷудо карда, музди миёнаи корашон нигоҳ дошта мешавад.
Аъзоёни мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба дар вақти ба сифати вакил иштирок карданашон дар съезду конференсияҳое, ки иттифоқҳои касаба даъват мекунанд, инчунин ҳангоми иштирокашон дар кори пленуму президиумҳо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои иттифоқҳои касаба аз кори истеҳсолот озод карда мешаванд.
Моддаи 21. Кафолат ба меҳнаткашоне, ки ба мақомоти иттифоқҳои касаба интихоб гардида, аз кори истеҳсолот озод шудаанд
Ба кормандоне, ки дар натиҷаи ба вазифаи интихоби дар мақомоти иттифоқҳои касаба интихоб гардидан аз кор озод шудаанд, баъди ба охир расидани ваколати интихобиашон кори (вазифаи) пештараашон, дар сурати набудани чунин кор (вазифа) дигар кори (вазифаи) баробарвазн дар худи ҳамон корхона ё бо розигии корманд дар корхонаи дигар дода мешавад.
Ҳангоми имконнопазирии додани кори (вазифаи) дахлдор маъмурияти корхонаи ҷои кори пештара, дар мавриди барҳам хурдани корхона бошад, иттифоқи касаба ба корманд дар давраи бо кор таъминкуни, вале на бештар аз шаш моҳ, дар мавриди таҳсил ҳангоми тағйири ихтисос бошад, дар тамоми давраи таҳсил музди миёнаи кори ӯро медиҳад.
Моддаи 22. Ташкил намудани шароитҳои модди барои фаъолияти иттифоқҳои касаба
Маъмурияти корхона барои иттифоқҳои касаба биноҳои муҷаҳҳаз, воситаҳои нақлиёт ва алоқаро, ки барои фаъолияти онҳо зарур аст, таъмин менамояд. Ин шартҳо дар шартномаи коллективи муайян мегарданд.
Мувофиқи қарори ҳангоми имзои шартномаи коллективи қабулшуда, корхона ба иттифоқҳои касаба иморатҳо, биноҳо, иншоотҳо, таҷҳизот ва дигар объектҳое, ки дар баланси онҳо мебошанд ё ба иҷора гирифтаанд, инчунин базаҳои истироҳати, лагерҳои кӯдакону ҷавонон ва дигар лагерҳои солимгардониро, ки барои ташкили истироҳат, кори физкултураю тандурусти бо меҳнаткашон ва оилаҳои онҳо заруранд, барои истифодаи бепул медиҳад.
Корхонаҳо ба иттифоқҳои касаба барои мақсадҳое, ки бо шартномаи (созишномаи) коллективи муайян мешавад, маблағ ҷудо мекунанд.
БОБИ IV. МОЛИКИЯТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИЮ МОЛИЯВИ
Моддаи 23. Моликияти иттифоқҳои касаба
Моликияти иттифоқҳои касабаро ҳаққи дохилшави ва аъзоҳаққи, даромадҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, пардохтҳои ихтиёри, ҳайрияҳо ва дигар мадохилоти бо қонун манънашуда ташкил медиҳанд.
Иттифоқҳои касаба метавонанд ҳамчун моликият бино, иншоот, фонди манзил, нашриёт, муассисаҳои табобати, муассисаҳои истироҳати, таълими, мадани, варзиши, муассисаҳои кӯдакона ва дигар муассисаҳо бо биною таҷҳизот, инчунин дигар амволе, ки ба вазифа ва мақсадҳои иттифоқҳои касаба мувофиқанд, дошта бошанд.
Иттифоқҳои касаба аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилотҳои давлати, хоҷаги, кооперативи ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти, ки дар навбати худ аз рӯи ӯҳдадориҳои иттифоқҳои касаба ҷавобгар нестанд, ҷавобгар намебошанд.
Моликияти иттифоқҳои касабаро қонун муҳофизат мекунад.
Моддаи 24. Фаъолияти молиявию хоҷагии иттифоқҳои касаба
Фаъолияти молиявии иттифоқҳои касаба аз тарафи онҳо мувофиқи оинномаашон (низомномаашон) амали мегардад.
Иттифоқҳои касаба мувофиқи оинномаашон (низомномаашон), мақсаду вазифаашон ҳуқуқ доранд, ки мувофиқи тартиби мукарранамудаи қонун банкҳои иттифоқҳои касаба, ҷамъиятҳои суғуртави ва саҳоми, корхонаҳои муштараки тиҷорати ташкил кунанд, бо фаъолияти ношири машғул шаванд, фондҳои якдили, маданию маърифати ва дигар фондҳои зарури ташкил диҳанд, инчунин дигар фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом диҳанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе
12 марта соли 1992 № 575