×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 № 464 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Санаи амалкуни: 28.01.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с.2016, №7, мод.630)

(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 23.07.2016 № 1352, аз 24.02.2017 № 1402, аз 28.01.2020 № 1686)

Моддаи 1. Муқаррароти умуми

Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони

Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони аз инҳо иборатанд:

қонуни будан;

ошкор будан;

баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусуси гардонида шавад;

рақобат;

ворисияти ҳуқуқи ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.

Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардони ваколатдор шудаанд

Мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи хусусигардони инҳо мебошанд:

дар мавриди моликияти ҷумҳурияви - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо - Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардони

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ;

татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);

идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);

барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;

тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);

оид ба масъалаҳои хусусигардони қарорҳои дахлдор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардони ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 8. Объектҳои хусусигардони

Объектҳои хусусигардони инҳо мебошанд:

а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлати, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабари дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкуни, қарзҳо, ҳуқуқҳои истиснои, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқи тааллуқ доранд;

б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсоли ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлати ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;

в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардони пешбини шудаанд) корхонаи давлати;

г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.

Амволи давлати аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 Қонуни мазкур  зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардони табдил меёбад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 9. Объектхое, ки хусуси гардонида намешаванд

Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлати мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихи ва сарвати милли, биноҳо ва иншооти мақомоти давлатӣ, системаҳои оби нӯшоки, корхонаҳои мудофиа корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии "Норак"  хусусӣ гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 24.02.2017 № 1402, аз 28.01.2020 № 1686).

Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: иншооти комплекси сӯзишворию энергетики; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нӯшоки), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурусти ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71).

Номгӯи объектҳоеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур хусуси гардонида намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Объектҳои пешбининамудаи моддаи 8 ва қисми дуюми моддаи мазкур, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хусусӣ гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1352).

Моддаи 10. Субъектҳои хусусигардони

Ашхоси воқеи ва ҳуқуқи субъектҳои хусусигардони мебошанд.

Ашхоси ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст, субъектхои хусусигардони буда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Тартиби ширкати ашхоси воқеи ва ҳуқуқии хориҷиро дар хусусигардонии моликияти давлати, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 11. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардони

Хусусигардони ба шаклҳои зерин сурат мегирад:

а) ба савдо гузошта фурӯхтан;

б) аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардони дар асоси озмун.

Муайян намудани шаклҳо ва шартҳои хусусигардони, тартиби гузаронидани савдо, ҳамчунин тасдиқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 12. Ба савдо гузошта фурӯхтани объектҳои хусусигардони

Савдо ба намуди музояда ё тендер гузаронида мешавад.

То гузаронидани савдо фурӯшанда вазифадор аст бо талаби харидор ба ӯ оиди объекте, ки хусуси гардонида мешавад, маълумоти пурра диҳад.

Моддаи 13. Лоиҳаи инфиродии хусусигардони

Объектҳои махсусан муҳим ва муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, мувофиқи лоиҳаҳои инфидори хусуси гардонида мешаванд.

Лоиҳаи инфиродии хусусигардони аз инҳо иборат аст:

1) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва қобилияти рақобати объект;

2) муайян намудани арзиши маҷмӯи амволии он;

3) муайян намудани андозаи маҷмӯи давлатии саҳмияҳои фурӯхташаванда;

4) низоми дигаргуниҳои пешниҳодшавандаи ташкилию сохтори, технологи ва тағйироти дигари объект;

5) интихоби намуди хусусигардони.

Иҷрои татбиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардониро баъди тасдиқи он Комиссияи ҷумҳуриявии хусусигардонии объектҳои моликияти давлати аз рӯи лоиҳаҳои инфироди амали мегардонад. Рафти иҷрои талаботи шартномаи хариду фурӯши объектҳои моликияти давлатиро мутобиқи лоиҳаҳои инфироди мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Моддаи 14. Коғазҳои қиматноки хусусигардони

Бо мақсади таъмини адолати иҷтимои ва шароити ибтидоии баробар барои ширкат дар хусусигардони ба шаҳрвандон ҷуброн намудани саҳми онҳо дар таъсиси амволи давлати аз коғазҳои қиматноки хусусигардони истифода бурда мешавад, ки онҳо барои соҳибонашон ба ҳиссаи муайяни моликияти давлати ҳуқуқ медиҳанд.

Шароити барориш тартиби муомилот ва истифодаи қоғазҳои қиматноки хусусигардони аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 14(1). Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оиномавӣ

Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;

- ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон таъсири чиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.

Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 497).

Моддаи 14(2). Ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ")

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ё қабули қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи зикргардида қарор қабул намояд (ҳуқуқҳои махсус - "саҳмияи тиллоӣ").

Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тилоӣ") татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") намояндаи худро дар Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Ҷамъияти саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқараррнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.

Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") ба дорандаи худ - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;

- оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;

- оид ба барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ;

- оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;

- дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.

Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки дар он давлат ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии қоғазҳои қиматнок маълумот гирад.

Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.

Дар як вақт вобаста намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус ("саҳмияи тиллоӣ") ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 497).

Моддаи 15. Пайдоиши ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда

Ҳуқуқи моликият ба объекти хусусигардонидашуда аз лаҳзаи ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайди давлати гирифта шудани ҳуқуқи моликият эътибор пайдо мекунад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба маҷмӯи амвол Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқи моликият, ки онро идораи нотариати давлатии маҳали ҷойгиршавии объекти фурӯхташуда медиҳад, ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳои фурӯхташуда Шаҳодатнома дар бораи соҳибии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба ҳисоб меравад, ки онро мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шуда оид ба пешбурд ва нигоҳдошти феҳрасти дорандагони коғазҳои қиматнок медиҳад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Моддаи 16. Маблағҳои аз хусусигардони воридшаванда

Маблағҳои аз хусусигардони ба дастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд.

Қисме аз маблағҳои аз ҳисоби иҷрои амволи давлати ва дивидентҳои пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳоми ба даст омада бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои функсионали ва беҳтар намудани таъминоти моддию техники метавонанд ба ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шаванд. Ҳаҷм ва тартиби истифодаи ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Моддаи 16.1 Иттилоот дар хусуси ҷараёни хусусигардони

Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлати дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Моддаи 17. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари пешбини шудааст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 16 майи соли 1997 № 464

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с.2016, №7, мод.630)

(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 23.07.2016 № 1352, аз 24.02.2017 № 1402)

Моддаи 1. Муқаррароти умуми

Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 4. Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони

Принсипҳои асосии гузаронидани хусусигардони аз инҳо иборатанд:

қонуни будан;

ошкор будан;

баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ҳиссаи амволе, ки бояд хусуси гардонида шавад;

рақобат;

ворисияти ҳуқуқи ва масъулияти байниҳамдигарии тарафҳо.

Моддаи 5. Мақомоте, ки аз тарафи давлат дар соҳаи хусусигардони ваколатдор шудаанд

Мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи хусусигардони инҳо мебошанд:

дар мавриди моликияти ҷумҳурияви - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо - Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардони

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ;

татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);

идоракунии раванди хусусигардонии моликияти давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);

барномаи хусусигардонии моликияти давлатиро тасдиқ мекунад;

тартиб ва усулҳои муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашавандаро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402);

оид ба масъалаҳои хусусигардони қарорҳои дахлдор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тартиби муқарраркардаи қонун як қисми ваколатҳои худро дар соҳаи хусусигардони ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 71).

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402)

Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 8. Объектҳои хусусигардони

Объектҳои хусусигардони инҳо мебошанд:

а) тамоми намудҳои амволи корхонаҳои давлати, ки барои фаъолияти онҳо таъмин шудаанд, инчунин ҳуқуқи заминистифодабари дар қитъаҳои замине, ки онҳо дар он ҷо воқеанд, ҳуқуқи талабкуни, қарзҳо, ҳуқуқҳои истиснои, ки ба корхона ҳамчун ба шахси ҳуқуқи тааллуқ доранд;

б) бахшҳо ва воҳидҳои сохтории истеҳсоли ва ғайриистеҳсолии корхонаи давлати ҳамчун маҷмӯи амволе, ки хусусигардонии онҳо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад;

в) амволи алоҳидаи (ҷудо кардашуда, ки махсус барои хусусигардони пешбини шудаанд) корхонаи давлати;

г) саҳмияҳои ташкилоту корхонаҳои марбути давлат.

Амволи давлати аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз тарафи мақоми давлатии дар моддаи 5 Қонуни мазкур  зикршуда оид ба хусусигардонии он ба объекти хусусигардони табдил меёбад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1402).

Моддаи 9. Объектхое, ки хусуси гардонида намешаванд

Объектҳое, ки мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлати мебошанд, ҳамчунин объектҳои мероси таърихи ва сарвати милли, биноҳо ва иншооти мақомоти давлатӣ, системаҳои оби нӯшоки, корхонаҳои мудофиа корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии "Норак", нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" хусуси гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 24.02.2017 № 1402).

Хусусигардонии объектҳое, ки фаоълияти иқтисодиёти шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъмин мекунанд: инооти комплекси сӯзишворию энергетики; иншооти хоҷагии об (ба истиснои системаҳои обрасонии оби нӯшоки), роҳҳои оҳан ва роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои алоқа; объектҳои нигаҳдории тандурусти ва маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71).