Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 454 "Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ"

Санаи амалкуни: 12.12.1997

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси шаҳрсозии ҶТ аз 28.12.2012 № 933 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ КОРХОНАҲО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА САНОАТИ МАСОЛЕҲ, КОНСТРУКСИЯ ВА МАСНУОТИ БИНОКОРӢ"

Қонуни мазкур масъулияти иқтисодии корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз мансубияти идорави ва шакли моликияташон (минбаъд - корхонаҳо) барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори муайян намуда, ба тақвияти назорати давлати ба сифати сохтмон ва таъмини истифодаи боэътимоди биноҳо, иморат ва иншоот равона карда шудааст.

Моддаи 1. Қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори

Риоя накардани талаботи ҳатмии стандартҳои давлати, меъёр ва қоидаҳои бинокори, лоиҳаҳо, дигар санадҳои меъёри дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокори, ки боиси паст ва бадтар шудани мустаҳками, устувори, эътимодноки, бад гаштани сифати истифодаи иморатҳо, биною иншоот, қисм ё ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо, мустаҳкамии параметрҳои масолеҳ, конструксия ва маснуоти истеҳсолшуда, инчунин амалиёте, ки тартиби муайняншудаи ташкилию ҳуқуқии сохтмони объектҳо ва ба истифода қабул кардани онҳоро вайрон мекунанд, ҳамчун қонуншикани дар соҳаи сохтмон дониста мешавад.

Моддаи 2. Масъулияти иқтисоди барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори

Аз корхонаҳое, ки корҳои лоиҳаи, тадқиқоти ва бинокорию васлгариро иҷро мекунанд, масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори истеҳсол менамоянд, инчунин аз фармоишгарони сохтмон барои қонуншиканиҳои зерин ҷарима ситонида мешавад:

Барои сохтмони объектҳо бе ҳуҷҷати мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи лоиҳавию-сметави, бе иҷозати мақомоти назорати меъмори барои ҳуқуқи иҷро кардани корҳои бинокорию васлгарди, набудани хулосаи мусбати экспертизаи техники ва экологии нақшаҳо, инчунин сохтмон бе риояи ҳуҷҷатхои тасдиқшудаи лоиҳавию-смета - ба андозаи 20 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда.

Барои вайрон намудани талаботи ҳатмии санадхои меъёри дар соҳаи сохтмон ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳави, тадқиқоти, бинокорию васлгари, истеҳсоли масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори:

- ба андозаи 100 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар хатогии содиргашта боиси гум кардани устувори, мустаҳками, боэътимодии биноҳо, иморатҳо, иншоот, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо шуда бошад;

- ба андозаи 50 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар на риоя кардани талабот боиси паст шудани устувори, мустаҳками, боэътимодии биноҳо, иморату иншоот, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо шуда бошад;

Барои вайрон намудани талаботи ҳатмии санадҳои меъёри, дар соҳаи сохтмон ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳави, тадқиқоти, бинокорию васлгари, истеҳсоли масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори:

- ба андозаи 50 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар риоя накардани талабот боиси паст шудани устувори, мустаҳками, боэътимодии биноҳо, иморату иншоот, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо гардида бошад;

- ба андозаи 50 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар риоя накардани талабот боиси паст шудани устувори, мустаҳками, боэътимодии алоҳидаи конструксияи онҳо гардида бошад;

- ба андозаи 25 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, барои риоя накардани технологияи истеҳсолот, агар қонуншикани боиси бад шудани сифати истифодабарии объектҳои сохташаванда мегардида бошад.

Дар ҳолати иҷро намудани корҳои вобаста ба сохтмон бидуни литсензияи дахлдори давлатии мувофиқи тартиби муқарраргардида гирифташуда - ба андозаи 10 фоизи корҳои иҷрошуда.

Барои вайрон намудани қоидаҳои муқарраршудаи қабули объектҳо барои истифодабари - ба андозаи 10 фоизи арзиши сохтмони объект.

Барои саркаши аз иҷро ё сари вақт иҷро намудани дастуре, ки аз ҷониби мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаандба андозаи 25 фоизи корҳои иҷрошуда.

Барои сохтмон, таъмир, азнавсози, таъмири асоси, ободгардонии худсаронаи объекту биноҳо, тағйир додани шакли меъмории онҳо - ба андозаи 100 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар ин амал ҷавобгарии ҷинояти надошта бошад.

Ҷаримабандии корхона мансабдоронеро, ки ба қонуншикани роҳ додаанд, аз ӯҳдадории бартараф намудани камбудиҳо ва додани товони зараре, ки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шудааст, озод намекунад.

Ҷаримабанди имконияти мувофиқи тартиби муқарраргардида аз литсензияи давлати барои иҷрои фаъолияти дахлдори сохтмон маҳрум сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори барраси.

Моддаи 3. Мақомоте, ки парвандаҳои қонуншиканиро дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори барраси менамоянд

Парвандаҳои қонуншикани, ки дар моддаи 2 Қонуни мазкур пешбини гардидаанд, аз ҷониби мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон бозрасии давлатии сохтмон, бозрасиҳои вилояти, шаҳри, ноҳиявии сохтмон ва мутобиқан аз ҷониби мақомоти Назорати давлатии меъморию сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун барраси мешаванд.

Барои баррасии парвандаҳои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва ҷаримабанди аз номи мақомоти Назорати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҳуқуқ доранд:

- сардори бозрасии давлатии сохтмон;

- сардорони бозрасиҳои сохтмони вилояти, шаҳри, ноҳияви ва мутобиқан сардорони Назорати давлатии меъморию сохтмон.

Мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин парвандаҳои қонуншикани дар соҳаи сохтмонро, ки дар Қонуни мазкур пешбини гардидаанд, бо пешниҳоди роҳбарони дигар мақомоти назорати давлати низ барраси менамоянд.

Моддаи 4. Иҷрои қарори ҷаримабанди ва самтҳои истифодаи маблағҳои ситонидашуда

Қарори мансабдори Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҷаримабанди барои роҳ додани қонуншикани дар соҳаи сохтмон мебошад.

Иҷрои қарори ҷаримабанди дар ҳолати аз ҷониби корхона додани шикоятнома, мувофиқи моддаи 5 Қонуни мазкур то муддате, ки барои баррасии шикоятнома аз ҷониби мақоми болоии Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, боздошта мешавад.

Ҷаримаи ситонидашуда ба буҷети дахлдор гузаронида мешавад. Барои қонуншиканиҳое, ки:

- дар корхонаҳои индустрияи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории ба моликияти ҷумҳурияви мансуб донисташуда ҳангоми сохтмони объектҳое роҳ дода шудаанд, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳури сурат мегирад - 75 фоизи ҷарима ба буҷети ҷумҳури ва 5 фоиз ба буҷети маҳалли гузаронида мешавад;(қонун аз 12.12.97с. №498)

- дар корхонаҳои индустрияи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории ба моликияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилотҳо, шаҳри Душанбе мансуб донисташуда, инчунин ҳангоми сохтмони объектҳое роҳ дода шудаанд, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷети вилояти, буҷети шаҳри Душанбе сурат мегирад - 25 фоизи андозаи ҷарима ба буҷети ҷумҳури ва 75 фоиз ба буҷети дахлдори маҳалли гузаронида мешавад; (қонун аз 12.12.97с. №498)

- дар корхонаҳои индустрияи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории шакли моликияти ғайридавлати, инчунин дар вақти сохтани иншооте, ки ба онҳо аз дигар манбаъҳо маблағ ҷудо карда мешавад - 25 фоизи ҷарима ба буҷети ҷумҳури ва 75 фоиз ба буҷети маҳалли гузаронида мешавад. (қонун аз 12.12.97с. №498)

Ҷаримаро корхона ба буҷети дахлдор дар муддати 10 рӯзи гирифтани қарори ҷаримабанди мепардозад. Дар ҳолати гузаштани мӯҳлати даҳрӯза ҷарима аз тарафи бонкҳое, ки кори ин корхонаро маблағгузори мекунанд, аз ҳисобномаи корхона бечунучаро ситонида мешавад.

қисми панҷум хориҷ карда шуд. (қонун аз 12.12.97с №498)

Моддаи 5. Додани аризаҳои шикояти оид ба амали мансабдороне, ки парвандаҳои қонуншиканиро дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ,конструксия ва маснуоти бинокори барраси менамоянд

Нисбати Қарори қонуншикани дар соҳаи сохтмон метавон мувофиқи тартиби муқарраргардида дар муддати 10 рӯзи пас аз санаи қабули кор ба мақоми болоии Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба суд шикоят кард. Дар ин ҳолат иҷрои қарори ҷаримабанди ба муддати як моҳ, ки барои баррасии шикоят ҷудо карда шудааст дошта мешавад.

Моддаи 6. Масъулияти мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар дар ҳолати нодуруст иҷро намудани вазифаи худ ба истифодаи Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхона зарар расонида шуда бошад, он ҳуқуқ дорад аз болои мақоми дахлдори Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ситонидани товони зарар ба суд даъво пешниҳод намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 15 майи соли 1997 № 454