ҚОНУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОНСЕССИЯҲО
Ин Қонун принсипҳои асосии амали гардонидани фаъолияти хоҷагидории консессиониро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва муносибатҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва дигар муносибатҳои вобаста ба фаъолияти мазкурро муайян менамояд.
I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми истилоҳоте, ки дар қонун истифода мешаванд
Консессия (иҷозат, гузашт) - аҳднома дар бораи бо шартҳои муайян ба инвестори (сармоядори) хориҷи муваққатан ба истифода додани корхонаҳо (иттиҳодияҳо), замин бо ҳуқуқи истихроҷи канданиҳои фоиданок, сохтмони объектҳо, инчунин обҳо, фазои обу ҳаво, олами ҳайвоноту наботот, захираҳои дигари табии, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Аҳдномаи консессия - мувофиқатномае, ки аз рӯи он мақомоти ваколатдори давлати ё мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо замин, захираҳои дигари табии, корхонаҳо (иттиҳодияҳо), дигар амволи давлатиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар доираи салоҳияти худ ба сармоягузори хориҷи ба истифодаи муваққати медиҳанд.
Сармоягузори хориҷи - шахсияти ҳуқуқи ё воқеии давлати хориҷи, ки сармояашро ба муддати дароз барои фаъолияти хоҷагии кишвари дигар мавриди истифода қарор медиҳад.
Консессиядор-сармоягузори хориҷи, ки бо ӯ қарордоди консессия имзо шудааст.
Объектҳои консессия - намудҳои хоҷагидори, ки ба муваққатан манзури сармоягузори хориҷи кардани амвол, қитъаҳои замин, захирҳои зеризамини, ҳамчунин захираҳои дигари табии, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, алоқаманданд.
Субъектҳои консессия - тарафҳое, ки дар муносибатҳои консессиони ширкат доранд.
Мақомоти консессиони - мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда ва ё мақомоти ҳокимияти давлат маҳалҳо, ки ба онҳо ҳуқуқ дода шудааст бо тартиби муайянгардида бо масъалаҳои консессия машғул шаванд.
Моддаи 2. Танзими қонунии фаъолияти консессиони
Муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар ҷараёни фаъолияти консессиони ба миён меоянд, ҳамин Қонун ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 3. Асоси фаъолияти консессиони
Фаъолияти консессиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи зайл сурат мегирад:
фоидаи ҳамдигар;
интихоби консессиядорон дар асоси озмун ва музояда;
дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагии консессиядор, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи ҳифзи замин, қаъри замин, ҳифзи меҳнат, истифодаи табиат, об ва ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологи ва санитарию гигиени, суғурта ва таъминоти иҷтимои;
истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологи бехатари мутобиқи стандарту санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар қарордодҳои байналхалқи ё мувофиқатномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо иштирок дорад, тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
Моддаи 4. Муносибатҳои моликият ҳангоми фаъолияти консессиони
Ба консессия супурдани иншоот маънои ба консессиядор додани ҳуқуқи моликияти иншоот ва ё ҳуқуқи бемӯҳлат иҷро намудани вазифаҳои муайяни давлатро надорад.
Маҳсулот ва даромаде, ки консессиядор дар натиҷаи фаъолияти консессиони мегирад, дар ҳаҷми муайянкардаи аҳдномаи консессия моликияти ӯ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани маҳсулоти консессиядор ҳаққи аввалиятро дорад.
II. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ИДОРА ДАР СОҲАИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ КОНСЕССИОНИ
Моддаи 5. Идораи давлати дар соҳаи муносибатҳои консессиони
Идораи давлати дар соҳаи муносибатҳои консессиони аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти ваколатдори давлати, ҳамчунин аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо сурат мегирад.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар соҳаи муносибатҳои консессиони иҷрои корҳои зерин дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад:
таҳияи барномаҳои самтҳои афзвлиятноки фаъолияти консессиони;
муқаррар намудани тартиби экспертизаи давлатии лоиҳа ва барномаҳои консессиони;
муқаррар намудани тартиби бақайдгирии аҳдномаҳои консессия ва ташкили назорати риоя шудани онҳо;
муайян намудани феҳристи иншооте, ки ба консессия дода намешаванд ва ё ба консессия дода шуданашон маҳдуд карда мешавад;
имзои аҳдномаҳои консессия ҷиҳати истифодаи замин, қаъри замин, обҳо, фазои обу ҳаво, олами ҳайвонот ва наботот, дигар захираҳои табии, корхонаҳо (иттиҳодияҳо), дигар амволи давлати, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
ҳалли масъалаҳои дигар соҳаи муносибатҳои консесоиони мутобиқи қонунгузори.
Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдори идораи давлати.
Дар соҳаи муносибатҳои консессиони корҳои зерин дар салоҳияти мақоми ваколатдори идораи давлати мебошанд:
ташкил намудан ва гузаронидани озмуну музоядаҳо;
бастани аҳдномаҳои консессия ба ҳадди ваколатҳояш;
ташкили назорати риояи шартҳои аҳдномаҳои консессия;
ҳалли масъалаҳои дигар дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлати дар маҳалҳо
Иҷрои корҳои зерин дар соҳаи муносибатҳои консессиони дар салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо мебошанд;
тавсифи иншооти дар ихтиёрашонбуда, ки метавон аз рӯи онҳо аҳдномаҳои консессия баст;
ташкил ва гузаронидани озмуну музоядаҳо аз рӯи иншооти дар ихтиёрашонбуда;
имзои аҳдномаҳои консессия ба ҳадди ваколатҳояшон, ҳамчунин мувофиқа намудани шартҳои аҳдномаҳои дигари консессия аз рӯи иншооте, ки дар қаламрави онҳо воқеъ мебошанд;
ҳалли масъалаҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
III. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ДОДАНИ КОНСЕССИЯҲ0
Моддаи 9. Таҳияи пешниҳодоти консессиони
Пешниҳодоти консессиониро мақомоти консессиони бо дарназардошти аҳамият ва зарурати иқтисодии онҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Дар пешниҳодот навъи фаъолият муайян карда мешавад ва он феҳристи амволи таҳвилшавандаро дар бар мегирад.
Моддаи 10. Тартиби додани консессияҳо
Консессияҳо дар асоси озмун ва музоядаҳо дода мешаванд. Дар мавридҳои истиснои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консессияҳо дар асоси гуфтушуниди мустақими байни мақомоти консессиони ва сармоягузорони эътимоднок дода мешаванд.
Усули бо роҳи озмун ва ё музояда додани консессияҳоро мақоми консессиони интихоб менамояд.
Тартиб ва шартҳои озмуну музоядаҳоро барои додани консессия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Дархостҳои иштирокро дар озмун ва музояда консессиядорони ҷазманд ба мақоми консессиони мефиристанд.
Дархост бояд дорои чунин маълумот бошад:
а) маълумот дар бораи консессиядор, аз ҷумла дар бораи маҳали фаъолияти асосиаш, муносибатҳои мутақобилаи хоҷагиаш бо ҳамкорони молияви ва истеҳсоли;
б) маълумот дар бораи имкониятҳои молиявии консессиядор, ки барои иҷрои корҳои пешбинишуда заруранд;
в) маълумот дар бораи имкониятҳои техникию технологии консессиядор, ҳамчунин корхонаҳои дигаре, ки ба ҳайси паймонкор (пудратчи) ҷалб карда мешаванд;
г) ахбор дар бораи фаъолияти ояндаи консессиядордархостдиҳанда, ба шумули рӯйхати давлатҳое, ки таи 5 соли охир дар онҳо фаъолият кардааст;
д) нияти дархостдиҳанда дар бораи шартҳои истифодаи консессия, аз ҷумла барномаи кор ва хароҷоти он;
е) консессия барои кадом давра талаб карда мешавад.
Дархости консессияи истихроҷи канданиҳои фоиданок бояд бар илова дорои чунин маълумот бошад;
ж) маълумот дар бораи консессияи таҳқиқ ва натиҷаи истифодаи он, дар сурати мавҷуд будани чунин маълумот;
з) ҳаҷм ва мӯҳлати эҳтимолии оғози истихроҷи канданиҳои фоиданок.
Хабари гузаронидани озмуну музоядаҳо аз рӯи консессия дар мӯҳлати муқарраршуда дар воситаҳои ахбори оммави бо зикри вақту ҷои гузарондани онҳо, ҳамчунин мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо чоп карда мешавад.
Дархости иштирок дар озмун ва (ё) музояда дар мавридҳои зерин қабул карда намешавад:
агар мӯҳлати муқарраргардидаи дархости додани консессия вайрон карда шуда бошад;
агар дархосткунанда оиди имкониятҳои молиявию техникиаш маълумоти нодуруст дода бошад.
Моддаи 11. Бастани аҳдномаи консессия ва мазмуни он
Аҳдномаи консессия миёни сармоягузори хориҷи ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақоми дахлдори консессиони баста мешавад ва аз лаҳзаи қайди давлати шуданаш эътибор пайдо мекунад.
Аҳдномаи консессия ин чизҳоро дар бар мегирад;
мавзӯи қарордод, номгӯй ва арзиши амволи таҳвилшаванда;
ҳудуди қитъаҳои замин ва сарватҳои зеризамини, фазои, обу ҳаво;
мӯҳлати эътибори аҳдномаи консессия ва оғози кор;
ҳуқуқу вазифаҳои тарафҳо;
ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати пардохти андозҳои муқарраршуда ва пардохтҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳиссаи маҳсулот ва фоидаи холиси консессиядор ва мақоми консессиони;
ҳаҷми қайдшудаи маблағгузории ҳарсола ва мӯҳлати ҷудо намудани маблағ, ҳамчунин ҳаҷми маҳсулот мувофиқи нақшаи корчаллони;
талабот оиди ҳифзи муҳити зист, бехатарии кор ва ҳифзи қаъри Замин;
хулосаи экспертизаи давлатии экологи;
ҳуқуқи тарафҳо ба маълумоте, ки дар ҷараёни фаъолияти консессиони ба даст меояд;
шартҳои кироягири ва таълим, суғурта ва ҳимояи иҷтимоии коркунон, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;
тартиб, шароит ва мӯҳлати баргардонидани ашёи қарордод, барқарор намудан ва аз нав киштбоб гардонидани он;
оқибати ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкили дар сурати рӯй додани воқеаҳои фавқулодда ва рафънопазир;
тартиби ҳалли баҳсу мунозира ва масъулияти тарафҳо барои вайрон кардани шартҳои аҳднома;
кафолатҳои молиявии тарафҳо, суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои (маълумоти) бонки;
шартҳои тағйир додан ва қатъ намудани аҳдномаи консессия.
Ба аҳдномаи консессия шартҳои дигаре, ки хилофи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, дохил карда шуда метавонанд.
Моддаи 12. Пардохтҳои консессиядор
Консессиядор ин пулҳоро мепардозад:
пули бақайдгирии давлатии аҳдномаи консессия;
пули консессия мувофиқи тартиби муайянкардаи аҳдномаи консессия;
андозҳо ва пардохтҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.
Моддаи 13. Мӯҳлати эътибори аҳдномаи консессия
Аҳдномаи консессия вобаста ба хусусияти техникию иқтисодии иншооти ба консессия супурдашаванда барои мӯҳлати на бештар аз 50 сол имзо карда мешавад. Кони канданиҳои фоиданок, ки хароҷоти зиёдеро металабад ва давраи пӯшонидани хароҷоташ тулони аст, истисно мебошад.
Дар ин маврид мӯҳлати аҳдномаи консессия бо мӯҳлате, ки барои пурра ба кор андохтани кон зарур аст, муайян карда мешавад, вале на бештар аз 99 сол.
Баъди гузаштани мӯҳлати аҳдномаи консессия консессиядоре, ки шартҳои аҳдномаро софдилона иҷро кардааст, барои тамдиди аҳдномаи кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат зиёдтар ҳуқуқ дорад.
Моддаи 14. Тағйир додан ва қатъ кардани аҳдномаҳои консессия
Шартҳои аҳдномаи консессия мувофиқи тартиби муқарраркардаи аҳднома ва ё бо мувофиқати тарафҳо тағйир дода мешаванд.
Аҳдномаи консессия дар сурати шартҳои аҳдномаи консессияро вайрон кардани яке аз тарафҳо бо ризояти тарафҳо ё бо қарори суд ва инчунин аз тарафи мақоми консессиони дар сурати ошкор намудани маълумоти нодуруст, ки консессиядор ҳангоми бастани аҳднома додааст, қатъ шуда метавонад.
Аҳдномаи консессия аз лаҳзаи аз феҳристи давлати хориҷ карда шуданаш қатъ мегардад.
Моддаи 15. Гузаштани ҳуқуқу вазифаҳо аз рӯи аҳдномаҳои консессия
Дар мавриди аз нав ташкил шудани яке аз тарафҳои аҳдномаи консессия ҳуқуқу вазифаҳои он ба ворисони қонуни мегузаранд, ба шарте ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо шартҳои аҳднома тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Ҳуқуқҳои худро ба шахсони сеюм гузашт кардани консессиядор пурра ва ё қисман ба шахсони сеюм супурдани иншооти аҳдномаи консессия мумкин нест.
Моддаи 16. Суғурта
Консессиядор корҳои таваккалии аҳдномаҳои консессия, фаъолияти консессиони ва кормандонро мустақилона суғурта мекунад.
IV. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ КОНСЕССИЯДОР
Моддаи 17. Ҳуқуқи консессиядор
Консессиядор ҳуқуқ дорад:
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаи консессия аз матлаби қарордод истифода намояд, дар қаламрави мавриди истифодааш биноҳо, иншоот, роҳҳои фаръи, роҳҳои васеи мошингард, хатҳои алоқаи телеграфу телефон созад;
бо мувофиқаи мақоми консессиони ва дар сурати мусбат будани экспертизаи экологи ва таркиби амвол тағйирот дарорад, корхонаро наву васеъ кунад, бо техникаи нав, ки арзиши онро зиёд мекунад, таҷҳизонад;
барои эҳтиёҷоти корхона ва барои эҳтиёҷоти шахсии коркунон амволи маводи зарурии худро ворид намояд;
амволу маҳсулоташро содир намояд;
аз амали ғайриқонунии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси мансабдори онҳо, инчунин ташкилотҳои кооперативи, ҷамъияти ва шахсони хусуси ба суд шикоят кунад.
Консессиядор ҳамчунин ҳуқуқҳои дигаре дорад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.
Моддаи 18. Вазифаҳои консессиядор
Консессиядор вазифадор аст:
шартҳои аҳдномаи консессияро риоя кунад;
фаъолияти хоҷагии худро фақат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаи консессия ба роҳ монад;
мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирад ва ҳисобот диҳад;
амвол ва объектҳоеро, ки дар асоси аҳднома ба вай дода шудаанд, ба мақомоти консессиони баргардонад, ҳамчунин дар мӯҳлати ду моҳи баъди анҷоми амали аҳдномаи консессия ва ё қатъ шудани он ба амволи худ ихтиёрдори намояд;
вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, иҷро намояд.
Моддаи 19. Фоидаи консессиядор
Фоидае, ки баъди пардохти андоз ва пардохтҳои дигар дар дасти консессиядор боқи мемонад, комилан ба ихтиёри ӯ мегузарад.
V. ҚОИДАҲОИ НИҲОИ
Моддаи 20. Тартиби баррасии баҳс
Баҳси байни консессиядор ва мақоми консессиони бояд дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси шавад, ба шарте ки дар аҳдномаҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Баҳси консессиядорон бо корхонаҳои давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ашхоси дигари ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баҳси байни консессиядорон аз рӯи масъалаҳои фаъолияташон бояд дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо маслиҳати тарафҳо дар судҳои иқтисоди ва ҳакамии хориҷи барраси шаванд.
Моддаи 21. Ҷавобгарии субъектҳои муносибатҳои консессиони
Тарафҳое, ки аҳдномаи консессияро имзо кардаанд, барои иҷро накардан ё дуруст иҷро накардан мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
15 май соли 1997 № 429