×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 411 "Дар бораи нотариати давлатӣ"

Санаи амалкуни: 21.07.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 810 аз эътибор соқит дониста шуд.  

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56, аз 21.07.2010 № 608)

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Вазифаҳои нотариати давлати

Нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеи, ҳуқуқи ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалии пешбиникардаи асноди қонунгузори аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Фаъолияти нотариати давлати дар асоси принсипҳои қонуният, инсондӯсти ва эҳтироми шаъну шарафи шахсият ва ҳуқуқи инсон бо ҷавобгарии шахсии ҳар шахси мансабдори баҷоовардаи амалиёти нотариали барои фаъолияти худ қарор мегирад. Фаъолияти нотариали соҳибкори нест ва мақсадҳои ба даст овардани фоидаро надорад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлати

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 3. Мақомоти баҷооварандаи амалиёти нотариали

Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариали дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳури идораҳои нотариалии давлати, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви нигоҳ дошта мешаванд, ташкил карда мешаванд. Идораи нотариалии давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва барҳам дода мешавад.

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар марказҳои вилояти яке аз идораҳои нотариалии давлати ба сифати идораи вилоятии нотариалии давлати таъсис дода мешавад.

Саридораи нотариалии давлатии ҷумҳурияви ва идораҳои нотариалии давлатии вилояти дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариали ягонагии амалияи нотариалиро таъмин мекунанд, кори омӯхтан ва ҷамъбаст намудани амалияи нотариалиро анҷом медиҳанд, дар такмили ихтисоси коркунони нотариат ва дар тафтиши фаъолияти идораҳои нотариалии давлати иштирок менамоянд.

Ба Саридораи нотариалии давлатии ҷумҳурияви идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, сарнотариусҳои давлатии ҷумҳури ва вилоят, ба дигар идораҳои нотариалии давлати нотариусҳои калони давлати, нотариусҳои давлати роҳбари мекунанд.

Дар маҳалҳои аҳолинишине (шаҳракҳо ва деҳаҳое), ки идораҳои нотариалии давлати надоранд, амалиёти нотариалии пешбиникардаи ҳамин Қонунро мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли ба ҷо меоваранд.

Ба ҷо овардани амалиёти нотариали дар қаламрави дигар давлатҳо ба зиммаи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Моддаи 4. Ашхоси баҷооварандаи амалиёти нотариали

Амалиёти нотариалиро дар идораҳои нотариалии давлати Сарнотариусҳои давлати ва нотариусҳои калони давлати, ҷонишинони Сарнотариусҳои давлати ва нотариусҳои калони давлати, нотариусҳои давлати ба ҷо меоваранд.

Амалиёти нотариалиро дар шаҳракҳо ва деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот ба ҷо меоваранд. Ба ҷо овардани амалиёти нотариали бо риояи қоидаҳои асосии муқарраркардаи фасли панҷуми ҳамин Қонун сурат мегирад.

Васиятномаҳо ва ваколатномаҳоеро, ки эътибори ҳуҷҷатҳои ба тариқи нотариали тасдиқшударо доранд, ашхоси мансабдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда низ ҳақ доранд тасдиқ намоянд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Номгӯи ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Ашхоси мансабдори мазкур вазифадоранд васиятномаҳои тасдиқкардаашонро як нусхаги ба идораи нотариалии давлати, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маркази вилояти воқеъ аст, барои маҳфуз доштан бетаъхир супоранд.

Капитанҳои киштиҳои баҳри ӯҳдадоранд васиятномаҳои тасдиқкардаашонро якнусхаги ба сардори бандар ё консули давлати худ дар бандари хориҷи барои фиристондан ба идораи нотариалии давлати, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маркази вилояти воқеъ гардидааст, супоранд.

Моддаи 5. Бойгонии нотариалии давлати

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Саридораи нотариалии давлатии ҷумҳурияви ва маркази вилоят дар назди идораи нотариалии давлатии вилояти барои беосеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариали, ки бояд муддати тӯлони маҳфуз дошта шаванд, бойгонии нотариалии давлати таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Ба бойгонии мазкур нотариусҳои калони давлати, ки онҳоро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, сардори мекунанд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Мӯҳлати муваққатан маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариали дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлати 3 сол мебошад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати мазкур идораҳои нотариалии давлати ҳуҷҷатҳои нотариалиро ба бойгонии нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатии вилояти барои маҳфуз доштан месупоранд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Дар мавриди омадани васиятномаҳо аз ашхоси дар моддаи чоруми ҳамин қонуни зикршуда нотариуси калони давлатии бойгонии нотариалии давлати вазифадор аст конуни будани васиятномаи барои маҳфуз доштан воридшударо тафтиш намояд ва дар ҳолати муқаррар кардани номувофиқии он бо қонун ба васиятгар ва шахси мансабдоре, ки васиятномаро тасдиқ кардааст, дар ин бора хатти хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Нотариуси калони давлатии бойгонии мазкур нусхаи дуюмм ҳуҷҷатҳоро медиҳад ва боэътимодии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои маҳфузи бойгони ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Фаъолияти Бойгонии нотариалии давлати ба воситаи Низомномае, ки Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим мегардад.

Моддаи 6. Статуси ҳуқуқии ашхоси мансабдори баҷооварандаи амалиёти нотариали

Ашхоси баҷооварандаи амалиёти нотариали фаъолияти худро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариали онҳо мустақиланд ва танҳо ба Қонун итоат мекунанд.

Моддаи 7. Комиссияҳои муайянкунии дараҷаи ихтисос

Барои қабули имтиҳони тахассуси аз шахсоне, ки аз таҷрибаомӯзи гузаштаанд ва хоҳиш доранд бо фаъолияти нотариали машғул шаванд, инчунин барои додани рутбаҳои дараҷави ба нотариусони давлати бо фармони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо комиссияҳои тахассуси таъсис дода мешаванд. Шумораи ҳайати комиссияҳои мазкур бояд аз 5 то 9 нафар бошанд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Комиссияҳои муайянкунии дараҷаи ихтисоси нотариусҳои давлати ба сатҳи ба кор тайёру омода будани ҳар номзади нахустин бор ба кор таъиншаванда баҳо медиҳанд ва аз ӯ имтиҳони ихтисоси қабул мекунанд.

Ҳамаи нотариусҳои давлати санҷида мешаванд, ки аз рӯи натиҷаи ин санҷиш ба онҳо бо дар назардошти ихтисос ва таҷрибаи кор рутбаҳои дараҷави дода мешаванд.

Аз хусуси қарори комиссияҳои тахассуси оид ба қабули имтиҳонҳои тахассуси ё дода шудани рутбаи дараҷави дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи супоридани нусхаи қарор ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Қисми панҷум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Ҳайати комиссияҳои муайянкунии дараҷаи ихтисос ва низомномаҳои онҳоро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Ашхосе, ки имтиҳони ихтисосиро супурда натавонистаанд, ба дубора супурдани он на пештар баъд аз як соли қабули қарори комиссияи муайянкунии дараҷаи ихтисос иҷозат дода мешаванд.

Моддаи 8. Шабака ва штати кормандони идораҳои нотариалии давлати ва бойгониҳои нотариалии давлати

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Шабакаи идораҳои нотариалии давлати ва бойгониҳои нотариалии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Штати кормандони идораҳои нотариалии давлати ва бойгониҳои нотариалии давлатиро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шумораи кормандон ва фонди муқарраршудаи музди кори идораҳои нотариалии давлати ва бойгониҳои нотариалии давлати тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 9. Мӯҳр, штампҳо ва бланкаҳои идораи нотариалии давлати

Нотариуси давлати мӯҳр, ки дар он Нишонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, насаб, ном, исми падар, вазифаи нотариуси давлати ва унвони идораи нотариалии давлати сабт шудааст, штампҳои навиштаҷоти тасдиқкунанда ва бланкҳои идораи нотариалии давлатиро дорад.

Идораи нотариалии давлати ҳақ дорад дар бланкҳо ва лавҳаҳои худ Нишонии Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сабт намояд.

Моддаи 10. Забоне, ки коргузории нотариали ба он сурат мегирад

Коргузории нотариали дар идораҳои нотариалии давлати ва мақомоти иҷроиявии ҳокимияти маҳалли ба забони давлати, забони руси ё ба забоне сурат мегирад, ки барои аксарияти аҳолии маҳалли муайян қобили қабул мебошад.

Агар шахсе, ки барои ба ҷо овардани амали нотариали муроҷиат кардааст, забонеро, ки коргузори ба он сурат мегирад, надонад, матнҳои ҳуҷҷатҳои расмикардашавандаро ба вай бояд нотариуси давлати (шахси мансабдори мақоми иҷроияи ҳокимияти маҳалли) ё тарҷимони касбии ба нотариуси давлати ё шахси мансабдори мазкур маълум тарҷима карда диҳад.

Матни ҳуҷҷатҳои расмикардашаванда бо хоҳиши ашхоси муроҷиаткарда инчунин ба забони расмии дигар давлатҳо низ тартиб дода шуда метавонад.

Коргузории нотариали дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба ҳамон забоне анҷом дода мешавад, ки коргузори дар ин муассисаҳо сурат мегирад.

Моддаи 11. Назорат ба фаъолияти идораҳои нотариалии давлати

Ба фаъолияти идораҳои нотариалии давлати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои адлияи Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳукуматҳои вилоятҳо назорат мекунанд. Вазорати адлия ва раёсатҳои адлияи Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳукуматҳои вилоятҳо қонуни будани амалиёти нотариалиро тафтиш мекунанд, тадбирҳои ҳамоҳангсозии амалияи нотариалиро меандешанд ва статистикаи амалиёти нотариалиро таҳлил менамоянд.

Ашхосе, ки назоратро ба амал мебароранд, ҳақ доранд бо тамоми ҳуҷҷатҳои идораҳои нотариалии давлати шинос шаванд, шарҳу эзоҳот талаб намоянд ва дар бораи бартараф кардани камбудиҳо дастур диҳанд ва дар мавриди ошкорсозии риоя нашудани қонунгузори ё вазифаҳои худро дағалона вайрон кардани нотариус оғоз намудани мурофиаи ҷазодиҳии интизомиро дархост намоянд.

Қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

ФАСЛИ II. НОТАРИУСИ ДАВЛАТИ, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ӯ

Моддаи 12. Нотариуси давлати

Ба вазифаи нотариуси давлати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ки маълумоти олии ҳуқуқшиноси дошта, дар идораи нотариалии давлати таҷрибаи кор омухтааст ва имтиҳони тахассусиро супоридааст. Шахсе, ки на камтар аз 3 сол собиқи кории касби дорад, бояд се моҳ ва шахсе, ки собиқаи кории касбиаш аз 3 сол кам аст, бояд шаш моҳ дар идораҳои нотариалии давлатии дахлдор таҷрибаи кор омузад. Кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, ки бевосита бо масъалаҳои нотариат машғуланд ва дар ин соҳа зиёда аз 3 сол собиқаи кори доранд, ба вазифаи нотариуси давлати бе супоридани имтиҳони тахассуси ва гузаштани таҷрибаомузи таъин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Нотариуси давлати шахсе шуда наметавонад, ки пеш барои содир кардани ҷинояти бадқасдона суд шуда бошад, ба истиснои ашхоси сафед кардашуда (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Ба нотариусҳои давлати машғул шудан ба ҳар навъи соҳибкори ва дигар фаъолият, ба истиснои кори илми, эҷоди ва омузгори, манъ аст.

Моддаи 13. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани нотариусҳои давлати

Нотариусҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Асосҳои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнати ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- дар давоми як сол ба таври суди бекор карда шудани се ва ё зиёда амалиёти нотариалии нотариуси давлати баҷоовардашуда;

- гум кардани мӯҳри нишони давлатидор ё ба шахси дигар додани он (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Тамоми корҳои ба вазифа таъин ва аз он озод кардани нотариусҳои давлати мувофиқи ҳамин қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани нотариуси давлати бо иштироки вай дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии иҷозатдодаи қонун ё муносибати ӯ нисбат ба дин вобаста шуда наметавонад.

Моддаи 14. Савганд ёд кардани нотариуси давлати

Нотариуси давлатие, ки ба вазифа бори аввал таъин гардидааст, дар ҳузури ҳайати Мушовираи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мазмун савганд ёд мекунад:

Тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаҳои нотариуси давлатиро қатъиян мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва виҷдон иҷро менамоям, сирри касбиро нигоҳ медорам, дар рафтори шахсиам дар асоси принсипҳои ору номус, башардӯсти ва эҳтироми шаъну шарафи дигар одамон амал мекунам (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Нотариуси давлати дар зери матни савганд имзо мегузорад. Ин матни савганд дар дусияи шахсии нотариуси давлати маҳфуз дошта мешавад.

Моддаи 15. Коромӯзон дар вазифаи нотариуси давлати

Ашхосе, ки маълумоти олии ҳуқуқшиноси доранд, дар идораҳои нотариалии давлати барои гузаштани коромӯзи ба кор қабул шуда метавонанд.

Тартиби аз коромӯзи гузаштани ин ашхосро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 16. Додани товони зарари расондашуда

Мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон нотариуси давлати ва дигар ашхоси мансабдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, барои зарари ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расондашуда, ки бо гуноҳи онҳо ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариали ба вуҷуд омадааст, ба тартиби муқарраркардаи қонун ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 17. Ба ашхоси воқеи ва ҳуқуқи дар татбиқи ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо ёрии ҳуқуқи расондан

Нотариусҳои давлати ва дигар ашхоси мансабдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, ба ашхоси воқеи ва ҳуқуқи ба хоҳиши онҳо дар бобати татбиқи ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо ёрии ҳуқуқи мерасонанд, ҳуқуқ ва вазифаҳояшонро фаҳмонда медиҳанд, дар бораи оқибатҳои амалиёти нотариалии баҷоовардашаванда огоҳ менамоянд, то ки бехабарии ҳуқуқи ва дигар ҳамин гуна ҳолатҳо бар зарари онҳо истифода шуда натавонанд.

Дар мавридҳои зарур нотариусҳои давлати ва дигар ашхоси мансабдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, бо хоҳиши шаҳрвандон ё ашхоси ҳуқуқие, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариали муроҷиат кардаанд, лоиҳаҳои аҳдномаҳо ва аризаҳоро таҳия мекунанд, инчунин оид ба масъалаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариали маслиҳатҳо медиҳанд.

ФАСЛИ III. БОҶИ ДАВЛАТИ. ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ НОТАРИУС

Моддаи 18. Боҷи давлати

Барои баҷо овардани амалиёти нотариали мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи боҷи давлати, ва аз рӯи ставкаҳои муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлати гирифта мешавад.

Дар ҳар ҳуҷҷат нотариус андози боҷи давлатии ситонидашударо нишон медиҳад. Амалиёти нотариалиро нотариусҳои давлати танҳо баъди аз тарафи шахсон дар бонк пардохт кардани боҷи давлати ва пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохт ба ҷо меоранд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 19. Пардохти музди меҳнати нотариуси давлати

Музди кори нотариуси давлати аз маоши вазифаги, иловапули барои собиқаи хизмат ва рутбаи дараҷави иборат мебошад. Тартиби додан ва андозаи иловапулиҳои рутбаҳои дараҷавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ба нотариуси давлати барои хизматҳои иловагии ҳуқуқии пулаки ба ашхоси воқеи ва ҳуқуқи ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подош дода мешавад.

Моддаи 20. Имтиёзҳои пардохти боҷи давлати

Имтиёзҳои пардохти боҷи давлати мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

ФАСЛИ IV. АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛИ ВА ТАРТИБИ БА ҶО ОВАРДАНИ ОНҲО

Моддаи 21. Амалиёти нотариалие, ки идораҳои нотариалии давлати ба ҷо меоваранд

Идораҳои нотариалии давлати амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

1) аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва дигар аҳдҳо)-ро тасдиқ мекунанд;

2) барои муҳофизати амволи мероси чораҳо мебинанд;

3) дар бораи ҳуқуқ ба мерос шаҳодатномаҳо медиҳанд;

4) дар бораи ҳуқуқи моликият ба як ҳиссаи амволи умумии зану шавҳар шаҳодатномаҳо медиҳанд;

5) аз тасарруф соқит кардани ҳавлии истиқомати ва дигар амволро манъ мекунанд ва иҷозат медиҳанд;

6) дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;

7) аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо бударо тасдиқ мекунанд;

8) дурустии тарҷимаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунанд;

9) воқеияти барҳаёт будани шаҳрвандонро тасдиқ менамоянд;

10) воқеияти дар ҷои муайян будани шаҳрвандро тасдиқ мекунанд;

11) айнияти шаҳрвандро бо шахси дар сурати фотографи аксёфта тасдиқ менамоянд;

12) вақти нишон додани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;

13) аризаҳои шаҳрвандон, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро ба дигар шаҳрвандон, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо месупоранд;

14) протоколҳои маҷлисҳои ташкилотҳои ҷамъияти ва кооперативи, гурӯҳҳои ташаббускори оид ба таъсиси ташкилотҳо, протоколҳои оид ба натиҷаҳои лотореяҳо, савдои ,ки зиёд,,-ро тасдиқ мекунанд;

15) маблағҳои пули ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

16) номаҳои иҷроия навишта медиҳанд;

17) эътирозҳои оид ба векселҳоро тартиб медиҳанд;

18) чекҳоро барои пардохт, нишон медиҳанд ва ба чекҳо дода нашудани пулро тасдиқ менамоянд;

19) ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;

20)далелҳоро таъмин менамоянд;

21) эътирозҳоро доир ба ҳодисаҳои баҳр тартиб медиҳанд;

22) банд хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

22) дар бораи ҳуқуқи моликият шаҳодатномаҳо медиҳанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи идораҳои нотариалии давлати иҷрои дигар амалиёти нотариалиро низ гузорад.

Моддаи 22. Амалиёти нотариалие, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли ба ҷо меоваранд

Дар шаҳракҳо ва деҳоте, ки идораҳои нотариалии давлати надоранд, раисони Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот амалиёти нотариалии зеринро ба ҷо меоваранд:

1) васиятномаҳоро тасдиқ мекунанд;

2) ваколатномаҳоро, ғайр аз идора ва ихтиёрдори кардани воситаҳои нақлиёти автомобили, ҳавлиҳои истиқомати ва квартираҳо, тасдиқ мекунанд.

3) дурустии нусхаҳои хуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд.

Моддаи 23. Амалиёти нотариалие, ки ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд

Ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти нотариалии зеринро ба ҷо меоваранд:

1) аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва дигар аҳдҳо)-ро, ба ғайр аз шартномаҳо дар бораи аз тасарруф дур кардан ва гарав мондани ҳавлиҳои истиқомати, квартираҳо ва дигар амволи ғайриманқул, тасдиқ мекунанд;

2) барои муҳофизати амволи мероси тадбирҳо меандашанд;

3) дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи амволи умумии зану шавҳар шаҳодатномаҳо медиҳанд.

4) дар бораи ҳуқуқ ба мерос шаҳодатномаҳо медиҳанд;

5) дурустии нусхаҳои хуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;

6) аслияти имзоҳоро дар ҳуҷҷатҳо тасдиқ мекунанд;

7) дурустии тарҷимаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ менамоянд;

8) воқеияти барҳаёт будани шаҳрванд, дар ҷои муайян будани ӯ, айнияти шаҳрвандро бо ашхоси дар сурати фотографи аксёфта тасдиқ мекунанд;

9) вақти нишон додани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ менамоянд;

10) маблағҳои пули ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

11) номаҳои иҷрокуни навишта медиҳанд;

12) ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул менамоянд;

13) далелҳоро таъмин менамоянд;

14) эътирозҳоро оид ба ҳодисаҳои баҳр тартиб медиҳанд;

Қонунгузори мумкин аст дигар амалиёти нотариалиро низ пешбини намояд, ки ашхоси мансабдори муассисаҳои консули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд.

Моддаи 24. Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариали

Тартиби аз тарафи нотариусҳои давлати ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро ҳамин Қонун ва дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуруламали аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашаванда муқаррар мекунанд.

Тартиби аз тарафи ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Тартиби аз тарафи раисони Ҷамоатҳои шаҳракҳо ва Ҷамоатҳои деҳот ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро дастуруламали аз тарафи Вазорати алияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашаванда муқаррар мекунад.

ФАСЛИ V. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ БА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛИ

Моддаи 25. Риоя кардани сирри амалиёти нотариалии баҷоовардашаванда

Нотариусҳои давлати ва дигар ашхоси мансабдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, вазифадоранд сирри амалиёти нотариалии баҷоовардашавандаро риоя намоянд.

Сирри онҳоро баъди аз вазифа озод карда шудан ҳам нигоҳ медоранд.

Маълумот (ҳуҷҷатҳо) дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда танҳо ба шахсоне дода мешаванд, ки аз номи онҳо ё бо супориши онҳо ин амалиёти нотариали ба ҷо оварда шудаанд. Маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда бо талаби суд, прокуратура, мақомоти тафтиши пешаки ва таҳқиқи ибтидои ба иртиботи парвандаҳои ҷинояти ё шаҳрвандие, ки таҳти муҳокимаи онҳо қарор доранд, инчунин бо талаби иҷрочиёни суд вобаста ба ҳуҷҷатҳои иҷро, ки дар истеҳсолоти онҳо қарор доранд дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56, аз 21.07.2010 № 608).

Тасдиқномаҳо дар бораи васиятҳо фақат баъди вафоти васияткунанда дода мешаванд.

Қоидаҳои риояи сирри амалиёти нотариали инчунин ба ашхосе дахл доранд, ки ба онҳо сирри амалиёти нотариали ба муносибати иҷро кардани вазифаҳои хизмати маълум гардидааст.

Ашхоси дар қисми якум, сеюм ва панҷуми ҳамин модда зикршуда, ки ба ошкор карда шудани сирри амалиёти нотариалии баҷоовардашаванда гунаҳкоранд, ба тартиби муқарраркардаи қонун ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 26. Маҳдуд кардани ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариали

Нотариуси давлати ҳақ надорад ба номи худ ва аз номи худ, ба ном ва аз номи зан ё шавҳари худ, хешовандони онҳо (падару модар, фарзандон, набераҳо), аз номи ашхосе, ки бо нотариус ба сабаби фарзандхони, васоят, парастори алоқаманд ҳастанд, инчунин ба ном ва аз номи коркунони идораи нотариалии давлатии маълум амалиёти нотариалиро ба ҷо оварад.

Амалиёти нотариали дар мавридҳои номбаршуда аз тарафи дигар идораи нотариали, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё раёсатҳои адлияи Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳукуматҳои вилоятҳо муайян менамояд, ба ҷо оварда мешаванд.

Амалиёти нотариалие, ки бо вайрон кардани қоидаҳои муқарраркардаи ҳамин модда ба ҷо оварда мешаванд, беэътибор мебошанд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 27. Ҷои иҷрои амалиёти нотариали

Амалиёти нотариалиро дар ҳар идораи нотариалии давлатии воқеи қаламрави ҷумҳури ба ҷо овардан мумкин аст, ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ва дигар мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

Амалиёти нотариали дар бинои идораи нотариалии давлати, инчунин бо хоҳиши шаҳрвандон дар ҷои дигар ба ҷо оварда мешаванд.

Ҷои амалиёти нотариалиеро, ки муассисаҳои консули ба ҷо меоваранд, Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 28. Мӯҳлатҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариали

Амалиёти нотариали дар рӯзи пешниҳод кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин кор зарур ва пардохтани боҷи давлати ба ҷо оварда мешавад.

Ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро дар сурати зарурати талаб карда гирифтани маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловаги ё ба санҷиш фиристондани ҳуҷҷатҳо мавқуф гузоштан мумкин аст.

Ба ҷо овардани амалиёти нотариали дар ҳолатҳои ба миён омадани баҳс оид ба муҳофизати ҳуқуқи вайроншуда то ба суд муроҷиат намудани шахсони воқеи ё ҳуқуқи, дар асоси аризаи шахси манфиатдор мумкин аст ба мӯҳлати 10 рӯз боздошта шавад. Агар дар давоми ин мӯҳлат, дар бораи ба истеҳсолоти суди ворид шудани ариза хабар наояд, амалиёти нотариали метавонад ба ҷо оварда шавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Дар сурати аз суд гирифтани хабар дар бораи омадани аризаи шахси манфиатдоре, ки ҳуқуқ ё фактеро рад менамояд, ки дигар шахси манфиатдор тасдиқ кардани онро хоҳиш мекунад, иҷрои амали нотариали то ин масъаларо ҳал намудани суд боздошта мешавад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавқуф гузоштан ва боздоштани иҷрои амалиёти нотариали, асосҳои дигарро низ муқаррар карда метавонад.

Моддаи 29. Муқаррар кардани шахсияти ашхосе, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариали муроҷиат кардаанд

Нотариуси давлати амалиёти нотариалиро ба ном ва ё аз номи шаҳрванд дар ҳолати иштироки бевоситаи ӯ ё намояндаи қонунии вай, ба ном ва ё аз номи шахсони ҳуқуқи бошад, дар ҳолати иштироки бевоситаи шахсони ваколатдори манасабдори онҳо ё намояндагони қонунии онҳо ба ҷо меоранд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Муқарраркунии шахсият бояд дар асоси шиноснома (паспорт) ва дигар ҳуҷҷатҳое сурат гирад, ки ҳама гуна шубҳаҳоро нисбат ба муайян намудани шахсияти шаҳрванде истисно намояд, ки барои ба ҷо овардани амали нотариали муроҷиат кардааст.

Моддаи 30. Тафтиши қобили амал будани шаҳрвандон ва қобили ҳуқуқ будани ашхоси ҳуқуқи

Ба нотариуси давлати ба ҷо овардани амалиёти нотариали манъ мегардад, агар ӯ ба он шубҳа кунад, ки оё тарафҳои амалиёти нотариали қобили амал мебошанд.

Ҳангоми тафтиши қобили ҳуқуқ будани ашхоси ҳуқуқие, ки дар аҳд иштирок мекунанд, нотариусҳои давлати вазифадоранд бо оиннома ё низомномаи шахсони ҳуқуқи шинос шаванд ва тафтиш намоянд, ки оё амалиёти баҷоовардашаванда ба ҳуқуқи ба шахси ҳуқуқи додашуда мувофиқат мекунанд.

Ваколатҳои намояндаро ваколатномае, ки ба номи вай дода шудааст, тасдиқ менамояд.

Нотариусҳои давлати барои бастани аҳдҳо аз роҳбарони ашхоси ҳуқуқи, ки оиннома ё низомнома ба онҳо ҳуқуқи бастани аҳдҳоро додааст, ваколатнома талаб намекунанд. Дар ин мавридҳо фақат ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки мансаби вазифагии онҳоро тасдиқ мекунад.

Агар шахси ҳуқуқиро мақоми коллегиалии интихобшаванда идора намояд, аз роҳбари ин мақом бояд дар бораи интихоб шудани шахсони мансабдор ва тақсими вазифаҳо дар байни онҳо ҳуҷҷат талаб карда шавад.

Моддаи 31. Тафтиши аслияти имзоҳо

Аҳдҳои ба таври нотариали тасдиқ кардашаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо дар ҳузури нотариуси давлати имзо карда мешаванд. Агар ба ҳуҷҷатҳо дар набудани нотариус имзо гузошта шуда бошад, имзокунанда бояд фақат тасдиқ намояд, ки ҳуҷҷатро вай имзо кардааст. Ин ҳолатро нотариуси давлати дар ҳуҷҷати расмикунондашуда қайд менамояд.

Агар шахс ба сабаби бесаводи, касали ё ба сабабҳои дигар бо дасти худ имзо монда натавонад, бо хоҳиши вай дар ҳузури ӯ ва нотариуси давлати ҳуҷҷатро метавонад шаҳрванди дигар бо нишон додани сабабҳое, ки дар натиҷаи онҳо ҳуҷҷатро шаҳрванди барои иҷрои амали нотариали муроҷиаткарда бо дасти худ имзо карда наметавонист, имзо намояд.

Агар шаҳрванди барои иҷрои амали нотариали муроҷиаткарда бесавод ё нобино бошад, нотариуси давлати ғайр аз ин ба вай матни ҳуҷҷатро хонда медиҳад, ки дар ин бора дар ҳуҷҷат ишора мегардад.

Агар шаҳрванди кар, гунг ё кару гунги барои ба ҷо овардани амали нотариали муроҷиаткарда бесавод бошад, ҳангоми ба ҷо овардани амали нотариали албатта бояд шахси босаводи худи ин шаҳрванд интихобкарда ҳузур дошта бошад, ки вай бо ӯ гуфтугу карда тавонад ва бо имзои худ тасдиқ намояд, ки мазмуни аҳд, ариза ё дигар ҳуҷҷат ба хоҳиши шахси кар, гунг ё гунгу кари дар аҳд иштироккунанда мувофиқат мекунад.

Моддаи 32. Тафтиши ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи моликият ба амвол

Ҳангоми тасдиқ кардани аҳди фурӯш ё гарав мондани амвол ҳуҷҷате тафтиш карда мешавад, ки ҳуқуқи моликиятро ба амволи фурӯхташаванда ё гарав мондашаванда тасдиқ мекунад агар ба қайд ё ба ҳисоб гирифтани ин амвол лозим бошад.

Моддаи 33. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатхое, ки ба ҷо овардани амалиёти нотариали пешниҳод мешаванд

Нотариусҳои давлати барои ба ҷо овардани амалиёти нотариали ҳуҷҷатхоеро, ки калимаҳои тарошида ислоҳ карда шуда, навиштаҳои иловаги, калимаҳои хат задашуда ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд, инчунин ҳуҷҷатҳои бо қалам (карандаш) навишташударо қабул намекунанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки ҳаҷмашон аз як варақ зиёд аст, бояд ресмонбаст шуда, рақам гузошта шуда ва аз тарафи шахси мансабдор имзо карда шуда ва мӯҳри дахлдор дошта бошанд.

Матнҳои аҳдҳои ба таври нотариали тасдиқшаванда, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқшаванда ва иқтибоси онҳо, матнҳои тарҷимаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои нотариали бояд возеҳ, дақиқ навишта шуда, санаҳо ва мӯҳлатҳое, ки ба мазмуни аҳдҳои тасдиқшаванда дахл доранд, бояд ақаллан як маротиба бо калимаҳо навишта шуда, унвони ашхоси ҳуқуқи, насаб, ном ва исми падари шаҳрвандон пурра бо ишораи суроғаи онҳо нишон дода шуда бошанд.

Моддаи 34. Додани шаҳодатномаҳо ва ба ҷо овардани навиштаҷоти тасдиқкунанда

Барои тасдиқи ҳуқуқи меросгири, ҳуқуқи моликият, тасдиқи воқеияти зинда ва дар маҳалли муайян будани шаҳрванд, айнияти шаҳрванд бо шахсе, ки дар сурати фотографи акс ёфтааст, қабули ҳуҷҷатҳо барои маҳфуз доштан, супурдани аризаҳо, шаҳодатномаҳои дахлдор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, шаҳодатдиҳии дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси онҳо, аслияти имзо, манъ кардани фурӯши ҳавлиҳои истиқомати ё дигар амвол, дурустии тарҷимаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигар, ҳангоми тасдиқи вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, протоколҳои маҷлисҳо дар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз рӯи формае (намунае), ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, навиштаҷоти тасдиқкунанда бо гузоштани мӯҳри идораи нотариалии давлати ба ҷо оварда мешавад.

Барои тасдиқи баамаловарии эътирози баҳри, эътироз нисбат ба векселҳо ва напардохтани маблағи чекҳо аснод расми кунонда мешаванд.

Ҳангоми таъмин кардани далелҳо протоколҳо тартиб дода мешаванд.

Моддаи 35. Бақайдгирии амалиёти нотариали

Ҳамаи амалиёти нотариали дар дафтари қайди (реестри) барӯйхатгирии амалиёти нотариали сабт карда мешаванд. Ба ҳар амали нотариалии баҷоовардашуда рақами тартибии ҷудогона гузошта мешавад. Рақаме, ки таҳти он амалиёти нотариали дар дафтари қайд сабт карда шудааст, дар ҳуҷҷатҳое, ки нотариуси давлати медиҳад, нишон дода мешавад.

Намунаҳои дафтарҳои қайдро барои сабт кардани амалиёти нотариали Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 36. Рад кардани баҷооварии амали нотариали

Нотариуси давлати баҷооварии амали нотариалиро рад мекунад, агар:

ба ҷо овардани ин гуна амал хилофи Қонун бошад;

амалро бояд дигар идораи нотариалии давлати ба ҷо оварад;

бо хоҳиши ба ҷо овардани амали нотариали шаҳрванди ғайри қобили амал ё намояндае муроҷиат карда бошад, ки ваколатҳои зарури надорад;

аҳде, ки аз номи шахси ҳуқуқи ба ҷо оварда мешавад, хилофи мақсадҳои дар оинномаи он зикргардида бошад;

аҳд ба талаботи Қонун мувофикат накунад;

ҳуҷҷатҳои барои ба ҷо овардани амали нотариали пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузори мувофиқат накунад.

Нотариуси давлати бо хоҳиши шахсе, ки ба вай ба ҷо оварда шудани амали нотариали рад карда шудааст, бояд дар шакли хатти сабабҳои радро баён намояд ва тартиби аз ин рад шикоят карданро фаҳмонда диҳад. Дар ингуна мавридҳо нотариус аз рӯзи муроҷиат дар бораи баҷооварии амали нотариали аз ҳафт рӯз дер намонда, дар бораи рад намудани баҷооварии амали нотариали қарор мебарорад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 37. Шикоят аз амалиёти нотариали ё рад намудани ба ҷо овардани онҳо ва тартиби баррасии баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбад

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Шахси манфиатдоре, ки амали нотариалии баҷоовардашуда ё рад карда шудани баҷооварии амалиёти нотариалиро нодуруст меҳисобад, ҳақ дорад дар ин бора ба суди маҳалли воқеияти идораи нотариалии давлати шикоят намояд.

Баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки байни шахсони манфиатдор ба вуҷуд омадааст ва ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбанд, ба таври суди барраси карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 38. Додани нусхаи дуюми асли ҳуҷҷатҳои ба таври нотариали тасдиқкардашуда

Дар сурати гум кардани ҳуҷҷатҳое, ки нусхаҳои аслашон дар идораҳои нотариалии давлати ва ё бойгониҳои идораҳои нотариалии давлати маҳфузанд, бо дархости шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ё намояндагони қонунии онҳо нусхаи дуюми асли онҳо бо риояи талаботи моддаи 25 ҳамин Қонун дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

ФАСЛИ VI. ҚОИДАҲОИ БА ҶО ОВАРДАНИ НАМУДҲОИ ҶУДОГОНАИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛИ

Моддаи 39. Аҳдҳое, ки ба тарики нотариали тасдиқ карда мешаванд

Нотариусҳои давлати аҳдҳоеро тасдиқ мекунанд, ки барои онҳо қонунгузори шакли нотариалии ҳатмии ба ҷо оварданашонро муқаррар кардааст. Бо хоҳиши тарафҳо дигар аҳдҳои хилофи қонун набудае низ тасдиқ карда мешаванд, ки барои онҳо қонунгузори тасдиқи нотариалии ҳатмиро муқаррар накардааст.

Моддаи 40. Ба тарафҳо фаҳмонда додани маъно ва аҳамияти лоиҳаҳои аҳдҳо

Нотариусҳои давлати ӯҳдадоранд ба тарафҳо маъно ва аҳамияти лоиҳаҳои аҳдҳои пешниҳодкардаи онҳоро фаҳмонда диҳанд ва мувофиқати мазмуни аҳдҳои мазкурро ба мақсадҳои ҳақиқии тарафҳо ва қонунгузории ҷори тафтиш намоянд.

Моддаи 41. Талаботе, ки нисбат ба матнҳои аҳдҳои тасдиқкардашаванда пешниҳод мегарданд

Матни аҳдҳои ба тариқи нотариали тасдиқшаванда бояд возеҳу дақиқ навишта шуда бошад, сана ва мӯҳлатҳо ба мазмуни ҳуҷҷат дахлдошта ақалан як дафъа бо калимаҳо навишта шуда, унвони ашхоси ҳуқуқи бе ихтисор, бо нишон додани суроғаи мақомоти онҳо ифода карда шавад.

Моддаи 42. Тасдиқ кардани шартномаҳои аз тасарруф соқит кардан ё ба гарав мондани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул

Ҳангоми ба тариқи нотариали тасдиқ кардани шартномаҳои аз тасарруф соқит кардан ё ба гарав мондани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул, тааллуқдории онҳо ба шахси аз тасарруф соқиткунанда ё ба гарав монанда ва набудани манъи аз тасарруф соқит кардан ва тавқиф (арест) тафтиш карда мешавад.

Агар аз тасарруф соқит кардани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира, ё дигар амволи ғайриманқул манъ карда шуда бошад, шартнома танҳо дар сурати розигии қарзхоҳ ва харидор барои ба зиммаи харидор гузаронидани қарз метавонад тасдиқ карда шавад.

Шартномаҳои аз тасарруф соқит кардан ё ба гарав мондани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), ё квартира ё дигар амволи ғайриманқул дар ҷои воқеияти ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), ё квартира ё дигар амволи ғайриманқул тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 43. Тасдиқ кардани шартномаҳои вобаста бо додани қитъаҳои замин барои сохтани ҳавлиҳои истиқомати

Шартномаҳои вобаста бо додани қитъаҳои заминро ба шаҳрвандон барои сохтани ҳавлиҳои истиқомати дар асоси моликияти хусуси идораҳои нотариалии давлатии маҳалли ҷудо карда додани қитъаи замин тасдиқ мекунанд.

Ҳангоми тасдиқ кардани шартномаҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, нотариуси давлати мувофиқати шартномаро ба талаботи қонунгузорие, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро барои сохтани ҳавлиҳои истиқомати дар асоси ҳуқуқи моликияти шахси танзим менамояд, тафтиш мекунад.

Моддаи 44. Тасдиқ кардани ваколатномаҳо

Нотариуси давлати ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс танҳо дар ҳолати иштироки бевоситаи онҳо дар Идораи нотариалии давлати ба номи як ё якчанд кас тасдиқ карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Ваколатномае, ки бе тариқи ба шахси дигар супурдани ваколат дода мешавад, танҳо баъди пешниҳод кардани ваколатномаи асосие, ки дар он ҳуқуқи ба каси дигар супурдани ваколат қайд карда шудааст, ба тариқи нотариали тасдиқ карда шуда метавонад.

Ҳангоми тасдиқ намудани ваколатномаҳо ба моликияти муштараки ҳамсарон дар бораи ихтиёрдории амволи ғайриманқул ва аҳдҳое, ки тасдиқкунии нотариали ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бақайдгириро талаб менамоянд, нотариуси давлати ӯҳдадор аст розигии хаттии ҳамсари дигарро гирад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 45. Тасдиқ кардани васиятномаҳо

Нотариусҳои давлати васиятномаҳои мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдодашудаи шаҳрвандони қобили амал ва шахсан аз тарафи худи шаҳрвандон ба нотариуси давлати пешниҳод кардашударо тасдиқ мекунанд. Ба воситаи намояндагон тасдиқ кардани васиятномаҳо мумкин нест.

Ҳангоми тасдиқ кардани васиятномаҳо нотариуси давлати аз васияткунанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳуқуқи моликияти вайро ба амволи васиятшаванда тасдиқ менамоянд, талаб намекунад.

Моддаи 46. Тасдиқ кардани бекоркуни ё тағйирдиҳии васиятнома

Дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нотариуси давлати ӯҳдадор аст бекоркуни ё тағйирдиҳии васиятномаи пеш тасдиқ кардашударо тасдиқ намояд.

Ҳангоми гирифтани ариза дар бораи бекоркунии васиятномаи собиқ, ҳамчунин гирифтани васиятномаи наве, ки васиятномаи пештараро бекор мекунад ё тағйир медиҳад, дар ин бора дар як нусхаи васиятномае, ки дар идораи нотариалии давлати ё дигар мақоми амалиёти нотариалиро баҷоовардашуда маҳфуз аст ва дар дафтари қайди амалиёти нотариали сабт карда мешавад. Имзо дар аризаи оид ба бекоркунии васиятнома бояд ба тариқи нотариали тасдиқ карда шуда бошад.

Моддаи 47. Шумораи нусхаҳои аҳди тасдиқкардашаванда

Аҳдҳое, ки бояд ба тариқи нотариали тасдиқ карда шаванд, ба нотариуси давлати камаш ду нусха дода мешаванд, ки яке аз онҳо дар дусияҳои идораи нотариалии давлати мемонад.

ФАСЛИ VII. МУҲОФИЗАТИ АМВОЛИ МЕРОСИ

Моддаи 48. ӯҳдадории корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо дар бораи хабар додан дар хусуси мероси ошкоршуда

Корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо сарфи назар аз тобеияти идорави ва шакли моликият, ки фавтидагон дар он ҷо кор мекарданд ё мехонданд, мақомоти корҳои дохила, идораҳои ҳавлиҳо ва дигар мақомоти манзилии ҷои зисти фавтидагон, инчунин шаҳрвандони молики ҳавлиҳои истиқомати (квартираҳо), ки фавтидагон дар он ҷо зиндаги мекарданд, ӯҳдадоранд дар бораи мавҷуд будани амволи аз фавтидагон боқимондае, ки меросхӯрони онҳо ҳозир нестанд, инчунин маълумоти ҷои истиқомат ё кори меросхӯрони тахминшавандаро, ки ба онҳо маълум аст ба идораҳои нотариалии давлати хабар диҳанд.

Моддаи 49. Муҳофизати амволи мероси

Нотариусҳои давлати дар ҷои мероси ошкоршуда бо хабари ашхоси воқеи ва ҳуқуқи ё бо ташаббуси худ дар бобати муҳофизати амволи мероси, ки ин барои манфиати давлат, меросхӯрон, меросгирон ё қарзхоҳон зарур аст, тадбирҳо меандешанд.

Агар амволи меросгузор ё як қисми ин амвол дар ҷои мероси ошкоршуда набошад, нотариуси давлатии ҷои мероси ошкоршуда ба идораи нотариалии давлатии ҷои воқеи амволи мероси дар бораи андешидани чораҳои муҳофизати он супориш мефиристад.

Нотариуси давлатие, ки барои муҳофизати амволи мероси тадбирҳо андешидааст, ба идораи нотариалии давлатии ҷои ошкоршудаи мерос дар бораи дидани чораҳои мазкур хабар медиҳад.

Моддаи 50. Огоҳонидани меросхӯрон дар бораи мероси ошкоршуда

Нотариуси давлатие, ки дар бораи мероси ошкоршуда маълумот гирифтааст, ӯҳдадор аст дар ин бора он меросхӯронро огоҳ намояд, ки ҷои истиқомат ё корашон ба ӯ маълум мебошад. Нотариус инчунин метавонад меросхӯронро бо роҳи эълони умуми ё дар ин бора чоп кардани хабар дар матбуот даъват намояд.

Моддаи 51. Ба рӯйхат гирифтани амволи мероси ва таъмин кардани муҳофиз ё васии он

Нотариуси давлати барои муҳофизати амволи мероси онро ба рӯйхат мегирад ва барои муҳофизат ба меросхӯрон ё дигар ашхос месупорад.

Агар дар таркиби мерос амволе бошад, ки идоракуниро талаб намояд, инчунин дар мавриди то меросро қабул кардани меросхӯрон даъво кардани қарзхоҳони меросгузор, идораи нотариалии давлати муҳофизи амволро таъин мекунад.

Муҳофиз ва дигар ашхосе, ки амволи мероси ба онҳо барои муҳофизат супурда шудааст (бовар карда дода шудааст), дар бораи ҷавобгарии ҷинояти барои камомад, аз тасарруф соқит кардан ё аз они худ кардани амволи мероси ва дар бораи ҷавобгарии модди барои зарари расондашуда огоҳ карда мешаванд.

Моддаи 52. Музд барои муҳофизат кардани амволи мероси

Муҳофиз ва дигар ашхосе, ки ба онҳо амволи мероси барои муҳофизат супорида шудааст, агар онҳо меросхӯр набошанд, ҳақ доранд барои нигоҳ доштани амволи мероси музд гиранд.

Ба ашхоси мазкур хароҷоти зарурии муҳофизат ва идоракунии амволи мероси бо ҳисоб карда баровардани фоидаи ҳақиқии аз истифодаи ин амвол гирифташуда дода мешавад.

Моддаи 53. Қатъ кардани тадбирҳои муҳофизати амволи мероси

Муҳофизати амволи мероси то вақти меросро қабул кардани ҳамаи меросхӯрон ва агар он қабул карда нашуда бошад, то вақти ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом мекунад.

Идораи нотариалии давлати вазифадор аст дар бораи қатъ карда шудани чораҳои муҳофизати амволи мероси, меросхӯрон ва агар меросхӯрон набошанд, мақомоти дахлдори молияро пешаки огоҳ намоянд.

Моддаи 54. Додани пул аз ҳисоби амволи мероси

Дар мавриди зарурат нотариусҳои давлати то вақти меросро гирифтани меросхӯрон ва агар мерос гирифта нашуда бошад, то вақти ба давлат додани шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос дар бораи аз ҳисоби амволи мероси додани пул супориш медиҳанд:

барои баровардани хароҷоти нигоҳубини меросгузор дар вақти бемориаш, инчунин барои дафни вай;

барои таъминоти шаҳрвандоне, ки дар таъминоти меросгузор мебошанд;

барои қонеъ намудани даъвоҳои марбути музди кор ва даъвоҳои ба онҳо баробар кардашуда;

барои баровардани хароҷоти муҳофизати амволи мероси ва идоракунии он.

Дар сурати дар таркиби амволи мероси набудани пул дар бораи додани ашё амр дода мешавад, ки арзиши он набояд аз маблағи хароҷоти воқеи зиёд бошад.

ФАСЛИ VIII. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲУҚУҚ БАРОИ МЕРОС

Моддаи 55. Ҷой ва мӯҳлатҳои додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои мерос

Аз рӯи аризаи хаттии меросхӯрон нотариуси давлатии ҷои ошкор шудани мерос шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои меросро медиҳад.

Шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои мерос дар мӯҳлатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дода мешаванд.

Моддаи 56. Тартиби додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои мерос

Шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос ба меросхӯроне, ки мерос гирифтаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Меросхӯроне, ки меросро дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонун нагирифтаанд, ба шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос бо розигии ҳамаи дигар меросхӯроне, ки мерос гирифтаанд, дохил карда шуда метавонанд. Ин розиги бояд то дода шудани шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос дар шакли хатти изҳор карда шавад.

Шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос якҷоя ба ҳамаи меросхӯрон ё ба ҳар як меросхӯр алоҳида мувофиқи хоҳиши онҳо дода мешавад. Дар сурати аз рӯи ҳуқуқи мерос ба давлат гузаштани амвол шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос ба мақомоти давлатии дахлдор дода мешавад.

Моддаи 57. Шартҳои додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои мерос аз рӯи қонун

Нотариуси давлати дар вақти додани шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос аз рӯи қонун бо роҳи аз меросхӯрон талабида гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор, воқеияти фавти меросгузор, вақт ва ҷои ошкор шудани мерос, мавҷудияти муносибатҳои хешованди бо меросгузор, ки асоси аз рӯи қонун ба меросгири даъват кардани ашхосе мебошад, ки дар бораи додани шаҳодатнома ариза додаанд ва таркиби амволи меросиеро, ки барои он шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос дода мешавад, тафтиш мекунад.

Агар як ё якчанд меросхӯр аз рӯи қонун аз имконияти пешниҳод намудани ҳуҷҷате маҳрум бошанд, ки он асоси аз рӯи қонун ба меросгири даъват кардан аст, онҳо бо розигии ҳамаи меросхӯрони боқимондае, ки мерос гирифтаанд ва ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгири даъват кардан мебошанд, метавонанд ба шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос дохил карда шаванд.

Моддаи 58. Шартҳои додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои мерос аз рӯи васиятнома

Нотариуси давлати ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос аз рӯи васиятнома воқеияти вафоти меросгузор, мавҷуд будани васиятномаро бо роҳи аз меросхӯрон талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор, вақт ва ҷои ошкор карда шудани мерос, таркиби амволи мероси, доираи ашхосеро, ки барои гирифтани ҳиссаи ҳатмии мерос ҳуқуқ доранд, месанҷад.

Моддаи 59. Шартҳои додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқ барои мерос дар хусуси амволе, ки бояд ба қайд гирифта шавад

Агар дар таркиби амволи мероси ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул дохил шавад, нотариуси давлати дар бораи ба шахси меросгузор тааллуқ доштани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул ҳуҷҷат, тасдиқномаи бюрои инвентаризатсияи техникиро талаб мекунад, инчунин тафтиш менамояд, ки манъи аз тасарруф соқит кардани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул ё тавқифи (арести) ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли), квартира мавҷуд аст ё не.

Дар вақти ба шаҳодатномаи ҳуқуқ барои мерос дохил намудани дигар амволе, ки бояд ба қайд гирифта шавад (автомобил, мототсикл, катер ва ғайра), нотариуси давлати ҳуҷҷатхоро дар бораи ба меросгузор тааллуқ доштани ин амвол тафтиш мекунад.

Моддаи 59.1 Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият

Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба амвол, ки тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузори ба даст оварда шудааст, аз тарафи идораи нотариалии давлатии ҷои воқеъ будани амвол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 59.2 Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият

Барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба амвол ҳуҷҷатҳои дар Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариали пешбини гардида ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

ФАСЛИ IХ. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Моддаи 60. Додани шаҳодатнома аз рӯи аризаи якҷояи зану шавҳар

Нотариуси давлати аз рӯи аризаи якҷояи зану шавҳар ба яке аз онҳо ё ба ҳар дуяшон шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба як ҳиссаи амволи умуми, ки дар давраи никоҳашон ҷамъ кардаанд, медиҳад.

Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликиятро ба ҳавли (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ҷои воқеи ҳавли (як қисми ҳавли), квартира ё дигар амволи ғайриманқул медиҳад.

Моддаи 61. Додани шаҳодатнома дар мавриди вафоти яке аз ҳамсарон

Дар мавриди вафот кардани яке аз ҳамсарон шаҳодатномаи ҳуқуқи моликиятро ба як ҳиссаи моликияти умумии зану шавҳар нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ҷои мероси ошкоршуда аз рӯи аризаи зан ё шавҳари зиндамонда бо огоҳкунии пешакии меросхӯрон дар бораи дода шудани шаҳодатнома медихад.

Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба як ҳиссаи моликияти умумии зану шавҳар ба зан ё шавҳари зиндамонда барои нисфи амволи умумие, ки дар давраи никоҳашон ҷамъ кардаанд, дода шуда метавонад.

ФАСЛИ Х. МАНЪКУНИИ АЗ ТАСАРРУФ СОҚИТ КАРДАНИ ҲАВЛИИ ИСТИҚОМАТИ

Моддаи 62. Манъкуни

Аз рӯи огоҳиномаҳои муассисаҳои бонк, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар бораи ба шаҳрвандон додани қарз барои сохтмон, таъмири асоси ва хариди ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира ё дигар амволи ғайриманқул, инчунин ҳангоми тасдиқ кардани шартномаҳо дар бораи ба гарав мондани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира ё дигар амволи ғайрйманқул нотариуси давлатии ҷои воқеи ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира ё дигар амволи ғайриманқул аз тасарруф соқит кардани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира ё дигар амволи ғайриманқулро манъ мекунад.

Нотариуси давлати дар бораи манъкуни ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроияи ҷои воқеи ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира дигар амволи ғайриманқул хабар медиҳад.

Моддаи 63. Бекор кардани манъ

Нотариуси давлати огоҳиномаи муассисаҳои бонк, корхонаҳо ё ташкилотҳоро дар бораи пардохти қарз ё хабари қатъ гардидани шартномаи гаравро гирифта, манъи аз тасарруф соқит кардани ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира ё дигар амволи ғайриманқулро бекор мекунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Нотариуси давлати мақомоти ҳокимияти маҳаллии ҷои воқеи ҳавлии истиқомати (як қисми ҳавли) ё квартира ё дигар амволи ғайриманқулро дар бораи бекор кардани манъ огоҳ менамояд.

ФАСЛИ ХI. ТАСДИҚ КАРДАНИ ДУРУСТИИ НУСХАҲОИ ҲУҶҶАТҲО ВА ИҚТИБОСҲОИ АЗ ОНҲО ГИРИФТАШУДА, АСЛИЯТИ ИМЗО ВА ДУРУСТИИ ТАРҶИМА

Моддаи 64. Тасдиқ кардани дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташуда

Нотариуси давлати дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо қатъи назар аз тобеияти идорави ва шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъияти, инчунин шаҳрвандон ба шарте медиҳанд, ки ин ҳуҷҷатҳо хилофи қонун набошанд, аҳамияти ҳуқуқи дошта бошанд ва тасдиқ намудани дурустии нусхаҳо ва иқтибосҳои онҳоро қонун манъ накарда бошад, тасдиқ мекунад.

Тасдиқ кардани дурустии нусхаҳои шиноснома, билети ҳарби, шаҳодатномаи депутати, билет ё дигар ҳуҷҷате, ки узви иттиҳодияи ҷамъияти буданро собит менамояд, манъ аст.

Дурустии нусхаҳои асноди мақомоти олии ҳокимияти давлати ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсии шаҳрвандон дахл доранд, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳои ба забонҳои хориҷи баёншуда танҳо дар Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои вилоятии давлати тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Дурустии нусхаҳои ҳуҷҷати ба шаҳрванд додашуда дар он маврид тасдиқ карда мешавад, ки аслияти имзои шаҳрвандро дар ҳуҷҷат мақоми нотариали ё ташкилоте, ки шаҳрванд дар он кор мекунад ё мехонад, мудирияти биноҳо, ки ӯ дар он ҷо зиндаги мекунад, ё маъмурияти муассисаи муолиҷавии стасионари, ки вай дар он ҷо муолиҷа карда мешавад, тасдиқ карда бошад.

Дурустии иқтибосҳои аз чунин ҳуҷҷатҳо гирифташуда тасдиқ ёфта метавонад, ки мазмуни онҳо ба якчанд масъалаҳои ҷудогона дахл мекунад. Иқтибос бояд матни пурраи як қисми ҳуҷҷатро, ки ба як ё якчанд масъалаи дар ҳуҷҷат баёншуда дахл дорад, дар бар гирад.

Моддаи 65. Тасдиқ кардани дурустии нусхаҳои аз нусхаи ҳуҷҷатхо гирифташуда

Дурустии нусхаи аз рӯи нусхаи ҳуҷҷат бардошташударо нотариуси давлати ба шарте метавонад тасдиқ кунад, ки дурустии нусха ба тариқи ки нотариали тасдиқ шуда бошад ё нусхаи ҳуҷҷатро шахси ҳуқуқие дода бошад, ки асли ҳуҷҷат дар дасти худи вай мебошад. Дар ин маврид нусхаи ҳуҷҷат бояд дар рӯи бланки ҳамин шахси ҳуқуқи рӯбардор гардида, бо мӯҳр тасдиқ шуда дар он зикр шавад, ки асли ҳуҷҷат дар дасти шахси ҳуқуқи мебошад.

Моддаи 66. Тасдиқ кардани аслияти имзо

Нотариуси давлати аслияти имзои ҳуҷҷатеро тасдиқ мекунад, ки мазмуни он хилофи қонун нест ва он баёни аҳд намебошад.

Дар аҳд фақат аслияти имзои шахс ба ҷои шахси дигаре тасдиқ карда шуда метавонад, ки ба сабаби иллати ҷисмони ё бо дигар сабабҳои узрнок бо дасти худ имзо карда наметавонад.

Нотариуси давлатие, ки аслияти имзоро тасдиқ менамояд, аслияти воқеиятҳои дар ҳуҷҷат баёншавандаро шаҳодат намедиҳад, балки фақат ҳаминро тасдиқ менамояд, ки имзоро шахси дахлдор гузоштааст.

Моддаи 67. Тасдиқ кардани дурустии тарҷима

Нотариуси давлати дурустии тарҷимаи ҳуҷҷатро аз як забон ба забони дигар ба шарте тасдиқ мекунад, ки нотариуси давлати ин забонҳоро донад.

Агар нотариуси давлати забонҳои дахлдорро надонад, тарҷимаи ҳуҷҷатро тарҷимони барои вай маълум анҷом дода метавонад, ки аслияти имзои ӯро нотариуси давлати тасдиқ мекунад.

ФАСЛИ ХII. ТАСДИҚ КАРДАНИ ФАКТҲО

Моддаи 68. Тасдиқ кардани факти барҳаёт будани шаҳрванд

Нотариуси давлати факти барҳаёт будани шаҳрвандро тасдиқ мекунад.

Тасдиқ кардани факти зинда будани шахси ноболиғ бо хоҳиши намояндагони қонунии вай (падару модар, падархонду модархонд, васи ё сарпараст) сурат мегирад.

Моддаи 69. Тасдиқ кардани факти дар ҷои муайян будани шаҳрванд

Нотариусҳои давлати бо хоҳиши шаҳрванд факти дар ҷои муайян будани ӯро тасдиқ мекунанд.

Тасдиқ кардани факти дар ҷои муайян будани шахси ноболиғ бо хоҳиши падару модари вай ё ашхоси онҳоро ивазкунанда, васи ё сарпараст сурат мегирад.

Моддаи 70. Тасдиқ кардани айнияти шаҳрванд бо шахсе, ки дар сурати фотографи акс ёфтааст

Нотариусҳои давлати. айнияти шаҳрвандро бо шахсе, ки дар сурати фотографи акс ёфтааст, тасдиқ менамоянд.

Моддаи 71. Тасдиқ намудани вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо

Нотариусҳои давлати вақти ба онҳо пешниҳод намудани ҳуҷҷатро тасдиқ мекунанд.

ФАСЛИ ХIII. СУПОРИДАНИ АРИЗАҲОИ АШХОСИ ВОҚЕИ ВА ҲУҚУҚИ.БА ДЕПОЗИТ (АМОНАТ) ҚАБУЛ КАРДАНИ ПУЛ ВА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

Моддаи 72. Супурдани аризаҳо

Нотариуси давлати аризаҳои шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқиро ба дигар шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқи шахсан забонхат гирифта месупорад ё ба воситаи почта бо пасогоҳкуни месупорад. Аризаҳоро бо истифодаи телефакс, шабакаҳои компютери ва дигар васоити техники фиристонидан мумкин аст, Хароҷоти истифодаи воситаҳои техникиро барои интиқоли аризаҳо шахсе мепардозад, ки бо хоҳиши ӯ амали нотариали сурат мегирад.

Моддаи 73. Қабул кардани пул ва коғазҳои қимматнок

Идораҳои нотариалии давлати дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахси қарздор ба депозити идораи нотариали пул ва қоғазҳои қиматнокро барои ба карзхоҳ додани онҳо қабул мекунанд.

Идораи нотариалии давлати дар бораи омадани пул ва қоғазҳои қиматнок қарзхоҳро огоҳ мекунад ва бо талаби вай ин пул ва қоғазҳои қиматнокро ба ӯ медиҳад.

Пул ва қоғазҳои қиматнокро ба депозит идораи нотариалии давлатии ҷои иҷрои ӯҳдадори қабул мекунад.

Моддаи 74. Баргардонидани пул ва қоғазҳои қиматнок

Ба шахсе, ки пул ва қоғазҳои қиматнокро ба депозит (ба қарздор) супурдааст, баргардонидани пул ва қоғазҳои қимматнок танҳо бо розигии хаттии он шахсе (қарзхоҳе), ки ба фоидаи вай пул ва қоғазҳои қиматнок супурда шуда буданд, ё бо қарори суд мумкин аст.

ФАСЛИ ХIV. НАВИШТАНИ НОМАҲОИ ИҶРОИЯ

Моддаи 75. Аз қарздор рӯёнидани пул ё талаб карда гирифтани амвол

Нотариуси давлати барои аз қарздор руёнидани пул ё талаб карда гирифтани амвол аз рӯи ӯҳдадориҳои баҳсноталаб ба ҳуҷҷатҳое, ки қарздориро муқаррар мекунанд, номаҳои иҷроия менависад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки аз рӯи онҳо қарз ба таври баҳсноталаб дар асоси номаҳои иҷроия руёнида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 76. Шартҳои навиштани номаи иҷроия

Номаи иҷроия навишта мешавад:

1) агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда баҳсноталабии қарз ё дигар ҷавобгарии қарздорро дар назди қарзхоҳ тасдиқ намоянд;

2) агар аз рӯзи ба вучуд омадани ҳуқуқи даъво аз се сол бештар нагузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Агар барои талабе, ки аз рӯи он номаи иҷроия дода мешавад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мӯҳлати даъворо муқаррар карда бошад, номаи иҷроия дар ҳудуди ин мӯҳлат дода мешавад.

Моддаи 77. Мазмуни номаи иҷроия

Номаи иҷроия бояд инҳоро дар бар гирад:

1) вазифа, насаб, ном ва исми падари нотариуси давлатие, ки номаи иҷроияро менависад;

2) унвон ва нишони қарзхоҳ;

3) унвон ва нишонии қарздор;

4) нишон додани мӯҳлате, ки дар давоми он қарз руёнида мешавад;

5) нишон додани маблағе, ки бояд руёнда шавад, ё чизҳое, ки бояд талаб карда гирифта шаванд, аз он ҷумла пеня, фоизи фоида, агар онҳо гирифта шаванд;

6) нишон додани маблағи боҷи давлати ки қарзхоҳ супурдааст, ё бояд аз қарздор руёнда шавад;

7) санаи (сол, моҳ, рӯзи) навишта шудани номаи иҷроия;

8) рақаме, ки таҳти он номаи иҷроия дар дафтари қайд сабт гардидааст;

9) имзои нотариуси давлатие, ки номаи иҷроияро навиштааст, мӯҳлати нотариуси давлати.

Моддаи 78. Тартиби ситониш аз рӯи номаи иҷроия

Ситониш аз рӯи номаи иҷроия ба тартибе сурат мегирад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои қарорҳои суд муқаррар кардааст.

Моддаи 79. Мӯҳлати пешниҳод кардани номаи иҷроия

Номаи иҷрояро қарзхоҳ барои иҷрои маҷбури дар давоми се сол аз рӯзи навишта шудани он, пешниҳод карда метавонад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигарро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Барқарор намудани мӯҳлати гузаштаи пешниҳод кардани номаи иҷроия мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

ФАСЛИ ХV. ТАРТИБ ДОДАНИ ЭЪТИРОЗҲО ОИД БА ВЕКСЕЛҲО, ДОДАНИ ЧЕКҲО БАРОИ ПУЛГИРИ ВА ТАСДИҚИ БА ЧЕКҲО НАДОДАНИ ПУЛ

Моддаи 80. Эътироз оид ба векселҳо

Нотариусхои давлати ба векселҳо дар хусуси дода нашудани пул, аксепт нашудан ё нишон дода нашудани санаи аксепт мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вексели пулфиристони ва вексели одди эътироз тартиб медиҳанд.

Моддаи 81. Додани чек барои пулгири ва тасдиқи ба чек дода нашудани пул

Нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ҷои воқеияти пулдиҳанда ба мақсади додани чек барои пардохти пули он, ки баъди гузаштани даҳ рӯз пешниҳод карда шудааст, чекро қабул мекунад, агар он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда бошад; чекеро ки баъди гузаштани бист рӯз пешниҳод шудааст, агар чек дар қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил навишта шуда бошад, қабул мекунад; чекеро, ки баъди гузаштани ҳафтод рӯзи баъди дода шудан пешниҳод карда шудааст, агар чек дар қаламрави ягон давлати дигар навишта шуда бошад (вале на дертар аз соати дувоздаҳи рӯзи баъд аз ин мӯҳлат), қабул мекунад.

Дар сурати надодани пули чек нотариуси давлати ба чек пул дода нашуданро бо роҳи дар рӯи чек мувофиқи шакли муқаррар кардашуда навиштани ин ҳолат тасдиқ карда, инро дар дафтари қайд сабт мекунад. Дар баробари навиштаҷот дар рӯи чек идораи нотариалии давлати ба чекдиҳанда дар хусуси пули чеки вайро надодани бонк ва дар рӯи чек навишта шудани ин ҳолат огоҳнома мефиристад.

Бо хоҳиши дорандаи чек нотариуси давлати дар сурати надодани пули чек номаи иҷроия менависад.

ФАСЛИ ХVI. БАРОИ МАҲФУЗ ДОШТАН ҚАБУЛ КАРДАНИ ҲУҶҶАТҲО

Моддаи 82. Барои маҳфуз доштан қабул кардани ҳуҷҷатҳо

Нотариусҳои давлати ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан мувофиқи рӯйхат қабул мекунанд ва дар ин бора ба шахсе, ки ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан супурдааст, шаҳодатнома ва як нусхаи рӯйхати ҳуҷҷатҳо дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳое, ки барои маҳфуз доштан қабул карда шудаанд, ба шахсе, ки онҳоро барои маҳфуз доштан супурдааст, ё ба шахси қонунан ваколатдор кардашуда баъди манзур кардани шаҳодатнома ва як нусхаи рӯйхати ҳуҷҷатҳо ё бо қарори суд баргардонда мешаванд.

ФАСЛИ ХVII. ТАРТИБ ДОДАНИ ЭЪТИРОЗҲОИ ОИД БА БАҲР

Моддаи 83. Ариза дар бораи эътирози оид ба баҳр

Нотариуси давлати аризаи хаттии капитани киштиро дар бораи ҳодисае, ки дар давраи шино кардан ё истодани кишти рӯй додааст, қабул мекунад, ки он барои ба соҳиби кишти пешниҳод кардани талаботи амволи асос шуда метавонад.

Аризаи эътирозии оид ба баҳр бояд дар бандари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи нотариалии давлати дар мӯҳлатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, супурда шавад.

Барои тасдиқи ҳолатҳое, ки дар аризаи эътирозии оид ба баҳр баён карда шудаанд, ба нотариуси давлати дар ҳудуди мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд барои аз назар гузарондан дафтари кишти ва иқтибос аз дафтари кишти, ки аз тарафи капитани кишти тасдиқ карда шудааст, пешниҳод карда шавад.

Моддаи 84. Тартиб додани акт дар бораи эътирози оид ба баҳр

Нотариуси давлати дар асоси аризаи капитани кишти, маълумоти дафтари кишти, инчунин пурсиши худи капитан ва ба қадри имкон камаш ду шоҳид аз ҷумлаи ашхоси ҳайати фармондеҳии кишти ва ду шоҳид аз ҳайати командаи кишти дар бораи эътирози оид ба баҳр акт тартиб медиҳад. Як нусхаи акт ба капитан ё шахси ваколатдор дода машавад.

ФАСЛИ ХVIII. ТАЪМИН КАРДАНИ ДАЛЕЛҲО

Моддаи 85. Таьмин кардани далелҳо

Нотариусҳои давлати бо хоҳиши ашхоси манфиатдор далелҳоеро таъмин мекунанд, ки дар мавридҳои ба вуҷуд омадани дусия дар мақомоти суди ё дигар мақомоти давлати зарур мешаванд, агар асоси чунин гумон бурдан бошанд, ки пешниҳод кардани далелҳо минбаъд ғайри имкон ё душвор мегардад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Нотариусҳои давлати аз рӯи корҳое далелҳо таъмин намекунанд, ки онҳо дар лаҳзаи муроҷиати ашхоси манфиатдор ба идораи нотариалии давлати таҳти мурофиаи суд ё мақомоти тафтишот ва таҳқиқи ибтидои мебошанд.

Моддаи 86. Амалиёт дар бобати таъмин кардани далелҳо

Нотариуси давлати ба тариқи таъмин кардани далелҳо дар мавридҳои дахлдор шоҳидонро мепурсад, далелҳои хатти ва шайъиро аз назар мегузаронад ва санҷишҳо таъин менамояд.

Ҳангоми иҷрои амалиёти оид ба таъмин кардани далелҳо нотариуси давлати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбари мегирад. Нотариуси давлати дар бораи вақт ва ҷои таъмин намудани далелҳо ба тарафи дигар ва ашхоси манфиатдор хабар медиҳад, вале наомадани онҳо барои иҷро кардани амалиёти оид ба таъмин кардани далелҳо мамоният намебошад.

Таъмин кардани далелҳо бе огоҳ намудани тарафи дигар ва ашхоси манфиатдор танҳо дар мавридҳои таъхирнопазир ё дар мавридҳое ба амал бароварда мешавад, ки муайян кардани он мумкин нест, ки минбаъд ки дар мурофиаи кор иштирок хоҳад кард.

ФАСЛИ ХIХ. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Моддаи 87. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Моддаи 88. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

ФАСЛИ ХIХ. АЗ ТАРАФИ НОТАРИУСИ ДАВЛАТИ ИСТИФОДА БУРДАНИ САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ ХОРИҶИ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИ

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56)

Моддаи 87. Амалиёти нотариали барои шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабаа, барои корхона ва ташкилотҳои хориҷи

Шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабаа ҳақ доранд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар мақомоте, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, муроҷиат намоянд.

Корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои хориҷи ҳақ доранд баробари корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораҳои нотариалии давлати ва дигар мақомоте, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, муроҷиат кунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳаққи шаҳрвандон, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои он давлатҳое, ки ба маҳдудкуниҳои барқасди ҳуқуқи шаҳрвандон, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муроҷиат ба мақомоти нотариали роҳ медиҳанд, маҳдудкуниҳои ҷавоби муқаррар намояд.

Моддаи 88. Ба кор бурдани ҳуқуқи хориҷи

Нотариуси давлати мувофиқи Конститутсия, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро ба кор мебарад.

Нотариуси давлати ҳуҷҷатҳоеро, ки мувофиқи талаботи асноди байналхалқии ҳуқуқи тартиб дода шудаанд, қабул мекунад, инчунин дар шакли пешбиникардаи қонунгузории дигар давлатҳо навиштаҷоти тасдиқкунандаро ба ҷо меоварад, агар ин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 89. Муҳофизати амволи мероси ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос

Амалиёте, ки бо муҳофизати амволи воқеи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди вафоти шаҳрванди хориҷи боқи мондааст, ё амволе, ки баъди вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷи тааллуқ дорад, инчунин амалиёте, ки бо додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос дар хусуси ин гуна амвол вобастааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ваколатномаи тасдиқкардаи нотариуси давлати, ки барои ба ҷо овардани амалиёт дар хориҷа таъин карда шуда, дар он мӯҳлати эътибораш нишон дода нашудааст, то онро бекор кардани шахсе, ки ваколатномаро додааст, эътибори худро гум намекунад.

Моддаи 90. Аз тарафи нотариуси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар хориҷа тартиб дода шудаанд

Ҳуҷҷатҳоеро, ки дар хориҷа бо иштироки ашхоси мансабдори хориҷии мақомоти салоҳиятдори дигар давлатҳо тартиб дода шудаанд ё аз тарафи онҳо содир гардидаанд, нотариуси давлати ба шарте қабул мекунад, ки онҳоро мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда бошад.

Ин гуна ҳуҷҷатҳоро нотариуси давлати дар он мавридҳое бе расмияткунони қабул менамояд, ки ин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 91. Муносибатҳои тарафайни нотариуси давлати бо мақомоти адлияи дигар давлатҳо

Идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мақомоти адлияи дигар давлатҳоро дар бораи ба ҷо овардани амалиёти нотариалии ҷудогона, ки ба онҳо ба тариқи муқарраркардашуда супурда шудаанд, иҷро мекунанд, ба истиснои мавридҳои зерин:

1. иҷро кардани супориш ба соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекарда бошад ё ба бехатарии он таҳдид мекарда бошад;

2. иҷро кардани супориш ба салоҳияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешуда бошад.

Супоришҳои мақомоти адлияи дигар давлатҳо дар бораи ба ҷо овардани амалиёти нотариалии ҷудогона дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба мақомоти адлияи дигар давлатҳо бо супоришҳо дар бораи ба ҷо овардани амалиёти нотариалии ҷудогона муроҷиат намоянд.

Тартиби равобити идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти адлияи дигар давлатҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Моддаи 92. Таъмин кардани далелҳое, ки барои бурдани корҳо дар мақомоти дигар давлатҳо лозиманд

Идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон далелҳоеро таъмин менамоянд, ки барои бурдани корҳо дар мақомоти дигар давлатҳо лозиманд.

Моддаи 93. Истифодаи санадхои ҳуқуқии байналмилали

Ҳангоми баҷооварии амалиёти нотариали санадҳои ҳуқуқии байналмилали тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

Агар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо овардани амалиёти нотариалии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба салоҳияти идораҳои нотариалии давлатии ҷумҳури нисбат медода бошад, идораҳои нотариалии давлатии ҷумҳури ин амалиёти нотариалиро ба тартибе ба ҷо меоваранд, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 15 майи соли 1997 № 411