ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 340; с. 2000, №11, мод. 533; мод. 552; с. 2004, №2, мод. 37; мод. 53; с. 2005, №3, мод. 118; №7, мод. 408; №12, мод. 653; с. 2007, №3, мод. 157; мод. 162)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд .
Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъиноти он
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилали буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад .
Моддаи 2. Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлати;
ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудуди ;
иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалли бармеоянд .
Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти онҳо вобастаги надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якчояи Маҷлиси милли ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амали мегардад .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд :
қонуният ва адолати иҷтимои, ҳисоботдиҳи ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия:
яккасардори, риояи интизоми ҳарби, таҳияи дастҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;
омодагии доимии ҷанги ва сафарбари;
ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон ва ихтиёри ба хизмати даромадан ;
нигаҳдории сирри давлати ;
таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва оилаҳои онҳо.
Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:
қӯшунҳои хушкигард;
қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ;
хорич карда шуда ;
қӯшунҳои зудамал .
Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.
Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд .
Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахси ба тартиби ихтиёри, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарби пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарби ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии ҳайати ғайриҳарби бо фармондеҳии ҳарби вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд .
Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касби ташкил намояд.
Моддаи 7. Роҳбари ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Қувваҳои МусаллаҳҶумҳурии ТоҶикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад .
Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истиснои шахсони ғайриҳарби ишғол карда метавонанд .
Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонун, санадҳои дигари қонунгузори ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амали намудани онҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешаванд. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегирад .
Барои роҳбари ва идоракунии қӯшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми асосии идоракунии амалии қӯшунҳо Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки :
- нақшаи истифодабарии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбари ва нақшаи ба таври фаври таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати мудофиаи мамлакат таҳия менамояд;
- оид ба доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат ва ҷойгиршавии қӯшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарби пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- идоракунии амалии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;
- фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;
- тайёрии сафарбари ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;
- тайёрии зарурии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;
- омодагии амалии ситодҳо ва қӯшунҳоро ташкил менамояд;
- тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти амалии стратегиро ба роҳ мемонад;
- нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад .
Моддаи 9. Ҷойгирони ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Нақшаи ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад .
Тағйирдиҳии ҷои қӯшунҳо дар ҳудуди қаламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегирад.
Ҷойгиронии ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ичрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад .
Моддаи 10. Ҳамкори ва амали якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар дар соҳаи мудофиа, ҳифзи сулҳу амният, инчунин соҳаи сохтмони ҳарби дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалли ҳамкори мекунанд.
Як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадории байналмилалли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя), дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳида дохил шуда ё таҳти фармондеҳии муттаҳида қарор гирифта метавонад .
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори менамоянд.
Моддаи 11. Фаъолияти хоҷагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате бо фаъолияти хоҷаги машғул шуда метавонанд, ки он ба тайёрии ҳарби ва қобилияти ҷангиашон таъсир нарасонад.
Тартиби амали намудани фаъолияти хоҷаги аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Маҳдуд намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъияти ва иттиҳодияҳои дигар дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятие, ки вазифаи ҳимояи ҷамъияти, тарбияи ҳайати шахсиро доранд ва шахсони юридики нестанд, ташкил ёфта метавонанд.
Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкили ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо манъ аст .
Истифодаи мансабҳои штати ва воситаҳои молии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили сохторҳо ва фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ҷамъияти ва иттиҳодияҳои дигар ғайр аз онҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, манъ аст. Бурдани ҳама гуна таблиғоти сиёси дар ҳудуди қисмҳои ҳарби ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоикистон манъ аст.
Моддаи 13. Таъмини қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорат ба қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ӯ сурат мегирад.
Ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарби, баррасии парвандаҳои ҷинои ва граждани дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳарби амали мегардад.
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 декабри соли 1996 № 316
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд .
Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъиноти он
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилали буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад .
Моддаи 2. Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлати;
ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудуди ;
иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалли бармеоянд .
Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти онҳо вобастаги надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якчояи Маҷлиси милли ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амали мегардад .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд :
қонуният ва адолати иҷтимои, ҳисоботдиҳи ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия:
яккасардори, риояи интизоми ҳарби, таҳияи дастҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;
омодагии доимии ҷанги ва сафарбари;
ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон ва ихтиёри ба хизмати даромадан ;
нигаҳдории сирри давлати ;
таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва оилаҳои онҳо.
Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:
қӯшунҳои хушкигард;
қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ;
хорич карда шуда ;
қӯшунҳои зудамал .
Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.
Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд .
Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахси ба тартиби ихтиёри, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарби пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарби ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии ҳайати ғайриҳарби бо фармондеҳии ҳарби вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд .
Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касби ташкил намояд.
Моддаи 7. Роҳбари ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Қувваҳои МусаллаҳҶумҳурии ТоҶикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад .
Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишинҳои ӯ ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истиснои шахсони ғайриҳарби ишғол карда метавонанд.
Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонун, санадҳои дигари қонунгузори ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амали намудани онҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешаванд. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегирад.
Барои роҳбари ва идоракунии қӯшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми асосии идоракунии амалии қӯшунҳо Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:
- нақшаи истифодабарии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбари ва нақшаи ба таври фаври таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати мудофиаи мамлакат таҳия менамояд;
- оид ба доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат ва ҷойгиршавии қӯшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарби пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- идоракунии амалии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;
- фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;
- тайёрии сафарбари ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;
- тайёрии зарурии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;
- омодагии амалии ситодҳо ва қӯшунҳоро ташкил менамояд;
- тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти амалии стратегиро ба роҳ мемонад;
- нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад .
Моддаи 9. Ҷойгирони ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Плани ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.