Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПАЙМОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДОИР БА ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДӢ ВА СИЁСӢ

Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генерали 16 декабри соли 1966 қабул шудааст ва ҷиҳати имзо, тасвиб ва ҳамроҳ шудан боз аст.

Мутобиқи моддаи 49 аз 23 марти соли 1976 зътибор пайдо кардааст.

МУҚАДДИМА

ДАВЛАТҲОИ ШИРКАТКУНАНДАИ ҲАМИН ПАЙМОН

бо дарназардошти ин, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи ба ҳамаи аъзои оилаи инсон хос ва ҳуқуқи баробар ва мусаллами онҳо асоси озоди, адолат ва сулҳи умум аст,

бо эътирофи ин, ки ин ҳуқуқ аз шарафи хоси шахсияти инсони бармеоянд,

бо эътирофи ин, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар идеали шахсияти озоди инсоние, ки аз озодии шаҳрвандию сиёси ва озоди аз тарсу эҳтиёҷ истифода мебарад, танҳо дар ҳамон сурат амали шуда метавонад, ки агар шароите фароҳам оварда шаванд, ки дар он ҳар кас тавонад аз ҳуқуқи иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии худ ҳамон тавре истифода намояд, ки аз ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсии худ истифода мебарад,

бо дарназардошти ин, ки мувофиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳо вазифадоранд аз тарафи умум эҳтиром ва риоя гардидани ҳуқуқ ва озодии инсонро ташвиқ намоянд,

бо дарназардошти ин, ки ҳар як инсони алоҳида дар муносибат бо одамони дигар ва ҷамъияте, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, ӯҳдадор буда, бояд барои ташвиқ ва риояи ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эътирофшаванда кӯшиш намояд,

доир ба моддаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:

ҚИСМИ I

Моддаи 1

1. Ҳамаи халқҳо ба таъини сарнавишти худ ҳақ доранд. Дар асоси ҳамин ҳақ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии худро озодона таъмин менамоянд.

2. Ҳамаи халқҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавонанд сарват ва захираҳои табиии худро бидуни расонидани зарар ба ягон навъ ӯҳдадориҳое, ки аз ҳамкории байналхалқии иқтисодии бар пояи фоидаи тарафайн асосёфта ва ҳуқуқи байналхалқи бармеоянд, ихтиёрдори намоянд. Ҳеҷ як халқро ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои зисте, ки ба вай тааллуқ доранд, маҳрум кардан мумкин нест.

3. Ҳамаи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон, аз ҷумла онҳое, ки барои идораи қаламравҳои ғайрихудидора ва таҳти васоят масъулият доранд, бояд мутобиқи муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид амали гардидани ҳуқуқро барои таъини сарнавшити худ ташвиқ кунанд ва ин ҳуқуқро эҳтиром намоянд.

ҚИСМИ II

Моддаи 2

1. Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешавад ба ҳамаи ашхоси дар ҳудуди қаламрави он ва қаламрави таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарордошта ҳуқуқеро, ки дар ҳамин Паймон эътироф мегардад, бидуни ягон навъ фарқгузори дар мавриди нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёси ё ақидаи дигар, асли милли ё иҷтимои, вазъи моли, таваллуд ё ҳолати дигар эҳтиром ва таъмин мекунад.

2. Агар ин то ҳанӯз тавассути тадбирҳои қонунгузори ё дигар тадбирҳо пешбини нашуда бошад, ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешавад, ки мутобиқи расмиёти конститутсионии худ ва муқаррароти ҳамин Паймон барои қабули чунин асноди қонунгузори ё дигар тадбирҳое, ки метавонанд ҷиҳати амали намудани ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эътирофшаванда зарур дониста шаванд, тадбирҳои зарури андешад.

3. Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешавад, ки:

a) ба ҳар шахсе, ки ҳуқуқ ва озодии дар ҳамин Паймон эътирофшавандаи ӯ вайрон карда шудааст, ҳатто дар сурате ҳам, ки ин вайронкуни аз тарафи ашхоси ба тариқи расми амалкарда содир шудааст, воситаи пурсамари ҳифзи ҳуқуқро таъмин менамояд;

b) тадбирҳое меандешад, ки ҳаққи ҳифзи ҳуқуқи барои ҳар шахси талабгори чунин ҳифозат тавассути ҳокимияти салоҳиятдори суди, маъмури ё қонунбарор ё тавассути дигар мақоми салоҳиятдоре, ки дар низоми ҳуқуқии давлат пешбини шудааст, муқаррар карда шавад ва имконияти ҳимояи судиро инкишоф медиҳад;

c) вақте ки воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи мақомоти салоҳиятдор истифода гардидани онҳоро таъмин менамояд.

Моддаи 3

Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки барои мардон ва занон ҳуқуқи баробари истифода аз ҳамаи ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсии дар ҳамин Паймон пешбинигардидаро таъмин мекунанд.

Моддаи 4

1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда дар давлате, ки бар асари он ҳаёти миллат таҳти хатар қарор мегирад ва дар бораи мавҷудияти чунин вазъият расман эълон карда мешавад, давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон метавонад бо инҳироф аз ӯҳдадориҳои худ аз рӯи ҳамин Паймон ба андозае тадбир андешанд, ки чунин андозаро шиддати вазъият тақозо мекунад, ба шарте ки чунин тадбирҳо бо дигар ӯҳдадориҳои онҳо аз рӯи ҳуқуқи байналхалқи мухолиф набошанд ва боиси табъид танҳо дар асоси нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин ё асли иҷтимои нагарданд.

2. Ин қоида наметавонад барои ягон навъ инҳирофот аз моддаҳои 6, 7, 8 (бандҳои 1 ва 2), 11, 15, 16 ва 18 асос гардад.

3. Ҳар давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон, ки аз ҳуқуқи инҳироф истифода мекунад, бояд дигар давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймонро тавассути Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба муқаррароте, ки вай аз онҳо инҳироф намудааст ва сабабҳое, ки вайро ба чунин қарор водор сохтаанд, бетаъхир хабардор намояд. Давлати мазкур ҳамчунин тавассути ҳамон миёнарав бояд эълон намояд, ки чунин инҳирофотро кадом рӯз қатъ хоҳад кард.

Моддаи 5

1. Ҳеҷ нуқта дар ҳамин Паймон наметавонад ба маъние тафсир дода шавад, ки ягон давлат, ягон гурӯҳ ё ягон шахс ҳақ дорад бо ягон фаъолияте машғул шавад ё ягон амале содир намояд, ки ба маҳв намудани ягон ҳуқуқ ё озодии дар ҳамин Паймон эътирофшуда ё ба маҳдуд сохтани онҳо зиёда аз андозае, ки дар ҳамин Паймон эътироф гардидааст, нигаронида шудааст.

2. Ҳеҷ гуна маҳдудият ё камтар кардани ягон ҳуқуқи асосии башар, ки дар ягон кишвар эътироф шудаанд ё дар асоси қонун, конвенсияҳо, қоидаҳо ё расму одат вуҷуд доранд, ба далели ин, ки чунин ҳуқуқ дар ҳамин Паймон эътироф намегарданд ё онҳо дар ҳамин Паймон ба андозаи камтар эътироф мегарданд, мумкин нест.

ҚИСМИ III

Моддаи 6

1. Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад.

2. Дар кишварҳое, ки ҳукми қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят амал мекард ва бо муқаррароти ҳамин Паймон ва Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он мухолиф набошад, бароварда шавад. Ин ҷазо метавонад танҳо ҷиҳати иҷрои ҳукмномаи қатъие, ки аз тарафи суди босалоҳият бароварда шудааст, анҷом дода шавад.

3. Вақте ки аз ҳаёт маҳрум кардан ҷинояти қатли ом шуморида мешавад, бояд дар назар дошт, ки ҳеҷ як нуқтаи ҳамин модда ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳақ намедиҳад бо кодом роҳе, ки набошад аз ҳар ӯҳдадории мувофиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он қабулкардаи худ даст кашанд.

4. Ҳap касе, ки ба ҳукми қатл маҳкум шудааст, ҳақ дорад бахшиши гуноҳ ё тағйир додани ҳукмномаро хоҳиш намояд. Афв, бахшиши гуноҳ ё иваз намудани ҳукми қатл метавонанд дар ҳар ҳолат имкон дошта бошанд.

5. Ҳукми қатл барои ҷиноятҳое, ки аз тарафи ашхоси аз ҳаждаҳсола поёнтар содир карда шудаанд, бароварда намешавад ва нисбат ба занони ҳомила ба иҷро расонида намешавад.

6. Ҳеҷ нуқта дар ҳамин модда наметавонад барои ба таъхир андохтан ё пешгирии бекор кардани ҳукми қатл аз тарафи ягон давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон асос гардад.

Моддаи 7

Ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсони ё таҳқиркунандаи шарафи ӯ қарор дода шавад. Аз ҷумла, ягон шахс набояд бидуни ризоияти озодонаи ӯ таҳти таҷрибаҳои тибби ё илми қарор дода шавад.

Моддаи 8

1. Ҳеҷ кас набояд дар ғуломи нигоҳ дошта шавад; ғуломи ва ғуломфурӯши дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст.

2. Ҳеҷ кас набояд дар ҳолати маҷбури нигоҳ дошта шавад.

3. а) ҳеҷ кас набояд ба меҳнати маҷбури ё ҳатми маҷбур карда шавад;

b) дар кишварҳое, ки дар онҳо маҳрумият аз озоди бо меҳнати бадарға ҳамчун ҷазо барои ҷиноят таъин шуда метавонад, банди 3 а) барои иҷрои меҳнати бадарға мувофиқи ҳукмномаи суди босалоҳияте, ки чунин ҷазоро таъин кардааст, монеъ намегардад;

c) дар ҳамин банд инҳо таҳти тафсири истилоҳи "меҳнати маҷбури ё ҳатми" қарор намегиранд:

i) ҳар навъ кор ё хизмате, ки дар зербанди i) зикр намегардад ва онро, чун қоида, шахсе бояд иҷро намояд, ки дар асоси ҳалномаи қонунии суд дар маҳбас аст ё шахсе, ки шартан аз маҳбас озод карда шудааст;

ii) ҳар навъ хизмати дорои хислати ҳарби ва дар кишварҳое, ки дар онҳо бинобар омилҳои сиёси ва динию ахлоқи сарпечи кардан аз хизмати ҳарби эътироф карда мешавад, ҳар нав хизмате, ки тавассути қонун барои ашхоси бо чунин омилҳо аз хизмати ҳарби сарпечикарда пешбини гардидааст;

iii) ҳар навъ хизмате, ки дар сурати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда ё фалокате, ки ба ҳаёт ва саломатии аҳоли таҳдид мекунад, ҳатми мебошад;

iv) ҳар навъ кор ё хизмате, ки ба ӯҳдадориҳои маъмулии шаҳрванди дохил мешавад.

Моддаи 9

1. Ҳap як инсон ба озоди ва дахлнопазирии шахси ҳақ дорад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озоди, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд, маҳрум карда шавад.

2. Ба ҳар шахси ҳабсшуда ҳангоми ба ҳабс гирифтан сабабҳои ҳабси ӯ хабар дода мешавад ва бо тартиби таъҷили ҳар айбе, ки ба ӯ эълон карда мешавад, хабар дода мешавад.

3. Ҳар як шахси бо гуноҳи ҷинояткори ҳабсшуда ё боздоштгардида ба таври таъҷили ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи амали намудани ҳокимияти суди ба ӯ тааллуқ дорад ва барои дар мӯҳлати қобили қабул анҷом додани бозрасии суди ё озод кардан ҳуқуқ дорад, ҳозир карда мешавад. Дар ҳабс нигоҳ доштани ашхосе, ки интизори баррасии суди мебошанд, набояд қоидаи умуми бошад, аммо озод кардан метавонад аз пешниҳоди кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба мурофиаи суди дар ҳар марҳилаи дигари он ва дар сурати зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукмнома, вобаста бошад.

4. Ҳар касе, ки дар натиҷаи ба ҳабс гирифтан ё дар ҳабс нигоҳ доштан аз озоди маҳрум карда шудааст, ҳақ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯ аз тарафи суд барраси карда шавад ва ин суд тавонад, ки дар бобати қонуни будани боздошти ӯ бетаъхир қарор барорад ва агар боздошт шудани ӯ ғайриқонуни бошад, дар бораи озод намудани ӯ фармоиш диҳад.

5. Ҳар касе, ки дар натиҷаи ғайриқонуни ба ҳабс гирифтан ё дар ҳабс нигоҳ доштан ҷабр дидааст, ба ҷуброне, ки дорои эътибори даъво мебошад, ҳақ дорад.

Моддаи 10

1. Ҳамаи ашхосе, ки аз озоди маҳрум карда шудаанд, ба муомилаи инсондӯстона ва эҳтироми шарафе, ки хоси шахсияти инсони мебошад, ҳақ доранд.

2. а) айбдоришвандагон дар ҳолатҳое, ки агар шароити фавқулодда мавҷуд набошад, аз маҳкумшудагон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд ва барои онҳо низоми алоҳидае, ки ҷавобгӯи статуси ашхоси маҳкумнашуда мебошад, фароҳам оварда мешавад;

b) айбдоршавандагони ноболиғ аз ба балоғатрасидагон ҷудо карда мешаванд ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба суд барои баровардани қарор ҳозир карда мешаванд.

3. Низоми ислоҳоти барои маҳкумшудагон чунин низомеро пешбини мекунад, ки мақсади асосии он ислоҳ ва тарбияи иҷтимоии маҳкумшудагон мебошад. Қонуншиканҳои ноболиғ аз ба балоғатрасидагон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд ва барои онҳо шароите, ки ҷавобгӯи синну сол ва статуси ҳуқуқии онҳо мебошад, фароҳам оварда мешавад.

Моддаи 11

Ҳеҷ кас наметавонад танҳо дар ин асос, ки ӯ аз ӯҳдаи иҷрои ягон навъ ӯҳдадории шартномави баромада наметавонад, аз озоди маҳрум карда шавад.

Моддаи 12

1. Ҳар касе, ки дар қаламрави ягон давлат ба таври қонуни қарор дорад, дар ҳудуди ин қаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озодонаи маҳалли зист ҳақ дорад.

2. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк намояд.

3. Ҳукуки дар боло зикршуда наметавонад мавзӯи ягон навъ маҳдудият қарор гирад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки тавассути қонун пешбини шудаанд ва барои ҳифзи амнияти давлати, тартиботи ҷамъияти, саломати ё ахлоқи ё ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд ва бо дигар ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эътирофшаванда мувофиқ мебошанд.

4. Ҳеҷ кас наметавонад, ки аз ҳуқуқи дохил шудан ба кишвари худ маҳрум карда шавад.

Моддаи 13

Шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави ягон давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон қарор дорад, метавонад танҳо ҷиҳати иҷрои қароре, ки мутобиқи қонун бароварда шудааст, хориҷ карда шавад ва агар қоидаҳои ҳатмии амнияти давлати тартиби дигареро тақозо накунанд, ҳақ дорад бар зидди хориҷ намудани худ, барои таҷдиди назар карда шудани парвандаи худ аз тарафи мақоми босалоҳият ё шахс ё шахсоне, ки махсус аз тарафи мақоми босалоҳият таъин шудаанд ва барои он ки аз тарафи шахс ё шахсон бо ин мақсад дар назди ин мақом намояндаги карда шавад, далелҳо пешниҳод намояд.

Моддаи 14

1. Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ӯ эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ дар ягон мурофиаи шаҳрванди, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад. Кормандони матбуот ва мардум метавонанд на ба ҳамаи мурофиаи суди ё як қисми он бо сабабҳои ахлоқи, тартиботи ҷамъияти ё амнияти давлати дар ҷомеаи демократи ё вақте ки инро манфиатҳои зиндагии шахсии тарафҳо тақозо намояд ё ба андозае, ки мувофиқи ақидаи суд ба таври қатъи зарур аст дар ҳолатҳои махсус, ки оммави будани мурофиа метавонад манфиатҳои адолатро халалдор созад, роҳ дода шаванд; аммо ҳар қарори суд доир ба парвандаи ҷинояти ё шаҳрванди бояд ошкоро бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар манфиатҳои ноболиғон тартиби дигарро тақозо намояд ё вақте ки парванда дар бораи баҳсҳои заношӯи ё васоят ба кӯдакон бошад.

2. Ҳар каси ба содир намудани ҷиноят айбдоршаванда ҳақ дорад то вақте, ки гунаҳгории ӯ мувофиқи қонун исбот нашавад, бегуноҳ дониста шавад.

3. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар айбдории ҷиноятии ба ӯ эълоншуда дар асоси баробарии пурра ба кафолатҳои зерин ҳақ дорад:

а) ба таври таъҷили ва муфассал дар бораи хислат ва асоси айбе, ки ба ӯ эълон карда мешавад, ба забони барои ӯ фаҳмо хабардор карда шавад;

b) барои омодаги ба ҳимояи худ вақт ва имконияти кофи дошта бошад ва бо ҳимоягари интихобнамудаи худ вохӯрад;

c) бидуни ба таъхир андохтани мӯҳлат бе узри маъқул суд карда шавад;

d) дар ҳузури худи ӯ суд карда шавад ва худро шахсан ё тавассути ҳимоягари интихобкардаи худаш ҳимоя кунад; агар ӯ ҳимоягар надошта бошад, дар бораи ин ҳуқуқ хабардор карда шавад ва дар ҳар ҳолат, вақте ки манфиатҳои адолат инро тақозо намояд, ҳимоягари барои ӯ таъиншударо дошта бошад, ҳангоме ки ӯ маблағи кофии пардохти музди чунин ҳимоягарро надошта бошад, дар ҳар чунин ҳолат бепул бо ҳимоягар таъмин карда шавад;

e) шоҳидонеро, ки бар зидди ӯ баёнот медиҳанд, бозпурс намояд ё ҳақ дошта бошад, ки ин шоҳидон бозпурс шаванд ва ба даъват кардан ва бозпурс намудани шоҳидони худ бо ҳамон шароите, ки барои шоҳидони бар зидди ӯ баёнотдиҳанда мавҷуданд, ҳақ дошта бошад;

f) агар ӯ забонеро, ки дар суд истифода мешавад, нафаҳмад ё бо ин забон ҳарф назанад, бепул аз кӯмаки тарҷумон истифода намояд;

g) ба додани баёнот бар зидди худ ё гунаҳгор донистани худ маҷбур карда нашавад.

4. Дар мавриди ноболиғон мурофиа бояд чунин бошад, ки синну соли онҳо ва мувофиқи матлаб будани мусоидат ба тарбияи онҳо ба эътибор гирифта шавад.

5. Ҳар касе, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудааст, ба он ҳақ дорад, ки маҳкумият ва ҳукмномаи ӯ аз тарафи марҷаи суди болои аз нав барраси карда шавад.

6. Агар ягон шахс бо қарори қатъи барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ва агар ҳукмномаи доир ба ӯ баровардашуда баъдан бекор карда шуда бошад ё гуноҳи ӯ дар ин асос, ки ягон ҳолати нав ё ҳолати аз нав ошкоргардида бебаҳс мавҷуд будани иштибоҳи судиро исбот намояд, бахшида шавад, агар исбот нашавад, ки ҳолати номаълуми зикршуда дар вақташ танҳо ё қисман бо гуноҳи ӯ ошкор нагардидааст, мувофиқи қонун ҷубронпули мегирад.

7. Ҳеҷ кас набояд барои ҷинояте, ки барои он ӯ аллакай қатъи маҳкум шуда ё мутобиқи қонун ва ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятии ҳар як кишвар сафед карда шудааст, дафъаи дуюм суд карда ё ҷазо дода шавад.

Моддаи 15

1. Ҳеҷ кас наметавонад дар натиҷаи ягон амал ё беамалие, ки мувофиқи қонунгузории дохилидавлати ё ҳуқуқи байналхалқии дар лаҳзаи содир гардидани он амалкунанда ҷавобгарии ҷинояти ҳисоб намешуд, дар содир кардани ягон ҷиноят гунаҳгор дониста шавад. Ҳамчунин таъин кардани ҷазои вазнинтар нисбат ба ҷазое, ки бояд дар лаҳзаи содир гардидани ҷиноят таъин мешуд, мумкин нест. Агар баъди содир гардидани ҷиноят тавассути қонун ҷазои нисбатан сабуктар муқаррар карда шавад, амали ин қонун ба ҳамин ҷинояткор татбиқ мегардад.

2. Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин модда барои ба суд додан ва ҷазо додани ҳар шахс барои ҳар навъ амал ё беамалие, ки дар лаҳзаи содир гардидани он мувофиқи принсипҳои асосии ҳуқуқи аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда ҷавобгарии ҷинояти ҳисоб мешуд, монеъ намегардад.

Моддаи 16

Ҳap як инсон, дар ҳар куҷое, ки қарор дошта бошад, ба эътирофи ӯ ҳамчун субъекти ҳуқуқи ҳақ дорад.

Моддаи 17

1. Ба ҳаёти шахси ва оилавии ҳеҷ кас дахолати худсарона ва ғайриқонуни намудан, ба дахлнопазирии манзил ё сирри мукотиботи ӯ худсарона ё ғайриқонуни суиқасд кардан ё ба шараф ва обрӯи ӯ ғайриқонуни суиқасд намудан мумкин нест.

2. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар мавриди чунин мудохила ё чунин суиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд.

Моддаи 18

1. Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ озодии доштан ё қабул кардани дин ё эътиқод бо интихоби худ ва озодии пайрави кардан ба дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфироди ва чи якҷоя бо дигарон, ба таври оммави ё хусуси, дар ибодат намудан, иҷро кардани расму оинҳои диниву маросими ва таълим гирифтанро дар бар мегирад.

2. Ҳеҷ кас набояд таҳти маҷбурияте, ки озодии ӯро дар мавриди бо интихоби худ қабул кардани дин ё эътиқод маҳдуд месозад, қарор дода шавад.

3. Озодии пайрави кардан ба дин ё эътиқод танҳо ба андозае маҳдуд карда мешавад, ки тавассути қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳифзи амният, тартибот, саломати ва ахлоқи ҷамъияти, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодии асосии дигар ашхос зарур аст.

4. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки озодии волидайн ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро дар бобати таъмини тарбияи дини ва ахлоқии фарзандони худ мутобиқи ақидаи худ эҳтиром мекунанд.

Моддаи 19

1. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ақидаҳои худро бемамониат пайрави намояд.

2. Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад; ин ҳақ озодии ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва ғояро, сарфи назар аз марзҳои давлати, шифоҳи, хатти ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеии изҳор ё дигар усулҳо бо интихоби худ дар бар мегирад.

3. Истифодаи ҳуқуқи дар банди 2 ҳамин модда пешбинишуда ӯҳдадориҳои махсус ва масъулияти махсусро тақозо менамояд. Истифодаи ҳуқуқи мазкур, бинобар ин метавонад аз маҳдудиятҳои муайяне иборат бошад, ки бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд ва иҷрои онҳо бо мақсадҳои зерин зарур мебошад:

a) барои эҳтироми ҳуқуқ ва обрӯи ашхоси дигар;

b) барои ҳифзи амнияти давлати, тартиботи ҷамъияти, саломати ё ахлоқи аҳоли.

Моддаи 20

1. Ҳама гуна таблиғи ҷанг бояд тавассути қонун манъ карда шавад.

2. Ҳама гуна кӯшишҳо ба манфиати адовати милли, нажоди ва дини, ки барангезандаи табъид, душмани ё зӯровари мебошад, бояд тавассути қонун манъ карда шавад.

Моддаи 21

Ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта эътироф карда мешавад. Истифода аз ин ҳуқуқ таҳти ҳеҷ навъ маҳдудият қарор дода намешавад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки мутобиқи қонун муқаррар карда мешаванд ва дар ҷамъияти демократи ба манфиати амнияти давлати ё ҷамъияти, тартиботи ҷамъияти, ҳифзи саломати ва ахлоқи аҳоли ё ҳифзи ҳуқуқ ва озодии ашхоси дигар заруранд.

Моддаи 22

1. Ҳар як инсон ба озодии пайвастан бо дигарон, аз ҷумла ба таъсиси иттиҳодияҳои касаба ва шомил шудан ба онҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои худ ҳақ дорад.

2. Истифода аз ҳуқуқи мазкур таҳти ҳеҷ навъ маҳдудият қарор дода намешавад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбини шудаанд ва дар ҷомеаи демократи барои манфиатҳои амнияти давлати ё ҷамъияти, тартиботи ҷамъияти, ҳифзи саломати ва ахлоқи аҳоли ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд. Ҳамин модда барои ҷори намудани маҳдудият дар бобати истифода аз ин ҳуқуқ барои ашхосе, ки ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ё полис шомиланд, монеъ намегардад.

3. Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин модда ба давлатҳои ширкаткунандаи Конвенсияи соли 1948 Созмони байналхалқии меҳнат дар мавриди озодии ассосиатсияҳо ва ҳифзи ҳуқуқи ташкил ҳуқуқ намедиҳад асноди қонунгузорие қабул намоянд, ки бар зарари кафолатҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишаванда бошанд ё қонунро тарзе истифода намоянд, ки ба ин кафолатҳо халал ворид гардад.

Моддаи 23

1. Оила ҷузъи табий ва асосии ҷомеа мебошад ва ҳақ дорад, ки аз тарафи ҷомеа ва давлат ҳимоя карда шавад.

2. Ҳуқуқи мардон ва заноне, ки ба синни никоҳ расидаанд, барои издивоҷ кардан ва бунёд намудани оила эътироф карда мешавад.

3. Ягон никоҳ наметавонад бидуни ризоияти озодона ва пурраи ашхоси ба ақди никоҳ дароянда сурат гирад.

4. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Пойман бояд барои таъмини баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар дар мавриди ақди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он тадбирҳои лозима андешанд. Дар ҳолати бекор карда шудани никоҳ бояд ҳимояи зарурии ҳамаи фарзандон пешбини гардад.

Моддаи 24

1. Ҳар як кӯдак, бидуни ягон навъ табъид аз рӯи аломати нажоди, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, асли милли ё иҷтимои, вазъи моли ё таваллуд ба чунин тадбирҳои ҳимоя ҳақ дорад, ки ба ӯ ҳамчун кӯдаки хурдсол аз тарафи оилаи вай, ҷамъият ва давлат заруранд.

2. Ҳap як кӯдак бояд баъди таваллуди ӯ бетаъхир ба қайд гирифта шавад ва ном дошта бошад.

3. Ҳар як кӯдак ба дарёфти шаҳрванди ҳақ дорад.

Моддаи 25

Ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъиди дар моддаи 2 зикршуда ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад:

a) дар пешбурди корҳои давлати чи бевосита ва чи ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд;

b) дар интихоботи озоди даври, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умуми ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад;

c) дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлати истифода намояд.

Моддаи 26

Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ягон навъ табъид ба ҳимояи баробари қонуни ҳақ доранд. Дар ин маврид ҳар гуна табъид бояд тавассути қонун манъ карда шавад ва қонун бояд ба ҳамаи ашхос ҳимояи баробар ва муассирро аз табъиди нажоди, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёси ва дигар эътиқодот, асли милли ё иҷтимои, вазъи моли, таваллуд ё ҳолати дигар кафолат диҳад.

Моддаи 27

Дар кишварҳое, ки дар онҳо ақалиятҳои этники, дини ва забони мавҷуданд, аз ҳуқуқи ашхосе, ки ба чунин ақалиятҳо тааллуқ доранд, дар бобати якҷоя бо дигар аъзои ҳамон гурӯҳ истифода намудан аз фарҳанги худ, пайрави кардани дини худ ва иҷрои маросимҳои он, ҳамчунин истифода аз забони модари сарфи назар кардан мумкин нест.

ҚИСМИ IV

Моддаи 28

1. Кумитаи оид ба ҳуқуқи башар (минбаъд дар ҳамин Паймон "Кумита" номада мешавад) таъсис дода мешавад. Он аз ҳаждаҳ нафар аъзо иборат буда, вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки дар зер зикр хоҳанд шуд.

2. Ба ҳайати Кумита ашхосе шомил мешаванд, ки шаҳрвандони давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон буда, дорои сифатҳои олии ахлоқи ва салоҳияти эътирофшуда дар соҳаи ҳуқуқи башар бошанд, зимнан судманд будани ширкати чанд шахсе, ки таҷрибаи ҳуқуқи дошта бошанд, ба эътибор гирифта мешавад.

3. Аъзои Кумита интихоб мешаванд ва шахсан кор мекунанд.

Моддаи 29

1. Аъзои Кумита бо овоздиҳии пӯшида аз рӯйхати ашхосе, ки ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 28 мебошанд ва аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон бо ҳамин мақсад пешбари шудаанд, интихоб карда мешаванд.

2. Ҳap як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон метавонад на зиёда аз ду шахсро пешбари намояд. Ин ашхос бояд шаҳрвандони давлате бошанд, ки онҳоро пешбари намудааст.

3. Ҳар шахс ҳақ дорад, ки такроран пешбари карда шавад.

Моддаи 30

1. Интихоботи ибтидои на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон гузаронида мешаванд.

2. Ҳадди ақал чор моҳ пеш аз рӯзи ҳар як интихобот ба Кумита, ғайр аз интихобот барои пурра кардани ҷойҳои холие, ки мутобиқи моддаи 34 озод эълон карда мешаванд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон оид ба дар муддати се моҳ пешниҳод намудани номзадҳо ба узвияти Кумита бо даъватномаи хатти муроҷиат мекунад.

3. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати ҳамаи ашхоси бо ҳамин тарз пешбаришударо ба тартиби алифбо бо зикри давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон, ки ин ашхосро пешбари кардаанд, тартиб медиҳад ва ин рӯйхатро ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон на дертар аз як моҳ то санаи гузаронидани ҳар як интихобот пешниҳод мекунад.

4. Интихоби аъзои Кумита дар ҷаласаи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон, ки аз тарафи Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват карда мешавад, доир мегардад. Дар ин ҷаласа, ки барои он ҳозир будани аз се ду қисми давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон кворум ҳисобида мешавад, ба Кумита ашхосе интихобшуда дониста мешаванд, ки номзадии онҳо овози аз ҳама зиёд ва аксарияти мутлақи овози намояндагони ҳозирбуда ва овоздодаи давлатҳои ширкаткунандаро гирифтаанд.

Моддаи 31

1. Ба Кумита аз ҳар як давлат на зиёда аз як шаҳрванд шомил шуда метавонад.

2. Ҳангоми интихобот ба Кумита тақсимоти одилонаи ҷуғрофии аъзо ва намояндагии шаклҳои гуногуни тамаддун ва низомҳои асосии ҳуқуқи ба эътибор гирифта мешавад.

Моддаи 32

1. Аъзои Кумита барои мӯҳлати чор сол интихоб мешаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар сурати пешбарии такрории номзадиашон бори дигар интихоб шаванд. Аммо мӯҳлати ваколатҳои нӯҳ нафар аъзое, ки дар интихоботи аввал интихоб шудаанд, баъди ду сол хатм мешавад; баъди интихоботи аввал номҳои ин нӯҳ нафар аъзо бетаъхир бо қуръапартои аз ҷониби Раиси ҷаласа муайян карда мешавад, ки дар ин бобат дар банди 4 моддаи 30 зикр шудааст.

2. Баъди хатми ваколатҳо интихобот мутобиқи моддаҳои пешинаи ҳамин қисми ҳамин Паймон гузаронида мешаванд.

Моддаи 33

1. Агар дигар аъзои Кумита якдилона ба чунин ақида оянд, ки ягон узви Кумита бо ягон сабаб, ғайр аз муваққатан ҳозир набуданаш, иҷрои вазифаҳои худро қатъ намудааст, Раиси Кумита ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки ӯ баъдан ҷои ин узвро холи эълон мекунад.

2. Дар ҳолати фавт кардан ё ба истеъфо рафтани ягон узви Кумита, Раис фавран ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки ӯ ин ҷойро аз рӯзи фавт ё аз рӯзи воқеан ба истеъфо рафтани узви Кумита холи эълон мекунад.

Моддаи 34

1. Вақте ки мутобиқи моддаи 33 ҷои холи эълон карда мешавад ва агар мӯҳлати ваколатҳои узве, ки бояд иваз карда шавад, дар давоми шаш моҳи пас аз эълони ҷои холи ба охир нарасад, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймонро, ки метавонад мутобиқи моддаи 29 дар давоми ду моҳ барои пурра намудани ҷои холи номзад пешниҳод кунад, хабардор месозад.

2. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати ашхоси ба ҳамин тарз пешбаришударо бо тартиби алифбо тартиб медиҳад ва ин рӯйхатро ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон пешниҳод мекунад. Интихобот барои пурра кардани ҷойҳои холи баъдан мувофиқи муқаррароти дахлдори ҳамин қисми ҳамин Паймон гузаронида мешавад.

3. Узви Кумита, ки барои ишғоли ҷои холии мутобиқи моддаи 33 эълоншуда интихоб шудааст, вазифаро дар давоми қисми боқимондаи мӯҳлати ваколатҳои узве, ки дар Кумита мувофиқи муқаррароти моддаи зикршуда ҷойро холи кардааст, ишғол мекунад.

Моддаи 35

Аъзои Кумита подоши аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқшавандаро аз маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид бо тартиб ва шароите, ки Ассамблеяи Генерали бо дарназардошти аҳамияти вазифаҳои Кумита муайян мекунад, мегиранд.

Моддаи 36

Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок амали шудани вазифаҳои Кумита мутобиқи ҳамин Паймон персонал ва воситаҳои модди ҷудо мекунад.

Моддаи 37

1. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи аввали Кумитаро дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад.

2. Баъди ҷаласаи аввали худ Кумита ҷаласаҳои минбаъдаи худро дар вақтхое доир менамояд, ки дар қоидаҳои расмиёти он пешбини шудаанд.

3. Кумита маъмулан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҷаласа доир менамояд.

Моддаи 38

Ҳар як узви Кумита то шурӯъ кардан ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар ҷаласаи кушодаи Кумита доир ба ин, ки вазифаҳои худро беғаразона ва софдилона иҷро хоҳад кард, изҳороти ботантана медиҳад.

Моддаи 39

1. Кумита ашхоси мансабдори худро барои мӯҳлати ду сол интихоб мекунад. Онҳо метавонанд такроран интихоб шаванд.

2. Кумита қоидаҳои расмиёти худро муқаррар мекунад, лекин дар ин қоидаҳо бояд аз ҷумла пешбини гардад, ки:

a) дувоздаҳ нафар аъзои Кумита кворумро ташкил медиҳанд;

b) қарорҳои Кумита бо аксарияти овози аъзои ҳозирбуда қабул карда мешаванд.

Моддаи 40

1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки дар бораи тадбирҳои аз тарафи онҳо андешидашуда доир ба амали намудани ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эътирофшаванда ва оид ба пешрафте, ки дар бобати истифодаи ин ҳуқуқ ҳосил шудааст, дар мӯҳлатҳои зерин маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд:

a) дар давоми як сол баъди эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон нисбати давлатҳои ширкаткунандаи дахлдор;

b) баъди ин дар ҳамаи ҳолатҳое, ки Кумита талаб мекунад.

2. Ҳамаи маърӯзаҳо ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешаванд, ки ӯ онҳоро ба Кумита барои барраси мефиристад. Дар маърӯзаҳо омилҳо ва мушкилоте, ки (агар мавҷуд бошанд) ба татбиқи ҳамин Паймон таъсир мерасонанд, зикр карда мешаванд.

3. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид баъди машварат бо Кумита метавонад ба муассисаҳои манфиатдори махсусгардонидашуда нусхаҳои он қисмҳои маърӯзаҳоеро, ки метавонанд ба доираи салоҳияти онҳо дахл дошта бошанд, ирсол намояд.

4. Кумита маърӯзаҳоеро, ки аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон пешниҳод карда мешаванд, барраси мекунад, Вай ба давлатҳои ширкаткунанда маърӯзаҳои худ ва мулоҳизотеро, ки хислати умуми доранд ва ӯ онҳоро мувофиқи мақсад мешуморад, мефиристад. Кумита ҳамчунин метавонад ин мулоҳизотро якҷоя бо нусхаи маърӯзаҳои аз давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон гирифташуда ба Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои ирсол намояд.

5. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон метавонанд ба Кумита андешаҳои худро оид ба ҳар гуна мулоҳизоте, ки мутобиқи банди 4 ҳамин модда метавонанд изҳор карда шаванд, пешниҳод намоянд.

Моддаи 41

1. Мутобиқи ҳамин модда давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон метавонад ҳар вақт эълон намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро дар мавриди гирифтан ва барраси намудани маълумот доир ба изҳороти ягон давлати ширкаткунанда дар бобати ин, ки дигар давлати ширкаткунанда ӯҳдадориҳои худро аз рӯи ҳамин Паймон иҷро намекунад, эътироф менамояд. Маълумоти пешбининамудаи ҳамин модда метавонанд танҳо дар ҳамон сурат қабул ва барраси карда шавад, ки он аз тарафи давлати ширкаткунандаи доир ба эътирофи салоҳияти ин Кумита изҳоротдода пешниҳод шуда бошад. Кумита дигар ягон маълумотеро, ки ба давлати ширкаткунандаи чунин изҳорот надода дахл дорад, қабул намекунад. Маълумоте, ки мувофиқи ҳамин модда гирифта шудааст, мутобиқи расмиёти зерин барраси карда мешавад:

a) Агар ягон давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон чунин шуморад, ки дигар давлати ширкаткунанда муқаррароти ҳамин Паймонро амали намекунад, вай ин масъаларо ба таври хатти ба маълумоти давлати ширкаткунандаи мазкур мерасонад. Дар давоми се моҳи баъди гирифтани ин маълумот давлати онро гирифта ба давлате, ки чунин маълумотро фиристодааст, ба таври хатти шарҳ ё ҳар навъи дигари изҳоротро бо тафсири ин масъала мефиристад ва дар он ба андозае, ки имкон дорад ва мувофиқи мақсад аст, бояд зикр намояд, ки оид ба ин масъала кодом расмиёт ва тадбирҳои дохили қабул шудаанд, қабул хоҳанд шуд ё метавонанд қабул шаванд.

b) Агар аз ҳалли масъала дар давоми шаш моҳи баъди аз тарафи давлати гиранда гирифта шудани маълумоти аввалин ҳарду давлати ширкаткунандаи манфиатдор қонеъ нагарданд, ҳар кадоме аз ин давлатҳо ҳақ дорад, ки ин масъаларо ба Кумита супорида, дар ин бобат Кумита ва давлати дигарро хабардор созад.

c) Кумита масъалаи ба вай супоридашударо танҳо баъди ҳосил гардидани итминон дар бораи ин, ки мутобиқи принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқи ҳамаи усулҳои имконпазири дохили дар ин ҳолат истифода шудаанд ва усули дигар боқи намондааст, барраси мекунад. Вақте ки истифодаи ин усулҳо беасос ба таъхир андохта мешавад, ин қоида амал намекунад.

d) Ҳангоми баррасии маълумоте, ки ҳамин модда пешбини мекунад, Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир мекунад.

e) Кумита бо риояи муқаррароти зербанди с) ба давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор бо мақсади ҳаллу фасли дӯстонаи масъала дар асоси эҳтироми ҳуқуқи башар ва озодии асосие, ки дар ҳамин Паймон эътироф мешаванд, хизмати хайрандешонаи худро мерасонад.

f) Кумита метавонад аз рӯи ҳар масъалаи ба баррасии он супоридашуда ба давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор, ки дар зербанди

ӣ) зикр шудаанд, муроҷиат намояд ва пешниҳоди ҳар маълумотеро, ки ба масъалаи мазкур дахл дорад, хоҳиш намояд.

g) Давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдоре, ки дар зербанди ӣ) зикр шудаанд, ҳақ доранд, ки ҳангоми баррасии масъала дар Кумита ҳозир бошанд ва ба таври шифоҳи ва (ё) хатти гузориш диҳанд.

h) Кумита дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди гирифтани хабарнома мутобиқи зербанди ӣ) дар ҳолатҳои зерин маърӯза пешниҳод мекунад:

i) агар дар доираи муқаррароти зербанди е) масъала ҳал шавад, он гоҳ Кумита дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо ва қарори ҳосилшуда қаноат мекунад;

ii) агар масъала дар доираи муқаррароти зербанди е) ҳал нашавад, он гоҳ Кумита дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо қаноат мекунад; пешниҳодоти хатти ва сабти пешниҳодоти шифоҳие, ки аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор дода шудаанд, ба маърӯза замима карда мешаванд.

Маърӯза аз рӯи ҳар як масъала ба давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор ирсол мегардад.

2. Муқаррароти ҳамин модда вақте эътибор пайдо мекунанд, ки даҳ давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон мутобиқи банди 1 ҳамин модда изҳорот диҳанд. Чунин изҳорот аз тарафи давлатҳои ширкаткунанда барои нигоҳдори ба Myншии умумии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд, ки ӯ нусхаҳои онҳоро ба давлатҳои ширкаткунанда мефиристад. Изҳорот метавонад ҳар вақт бо хабарномаи Муншии умуми бозпас гирифта шавад. Чунин амал барои баррасии ҳар масъалае, ки мавзӯи маълумоти аллакай мутобиқи ҳамин модда фиристодашуда мебошад, монеъ намегардад; ҳеҷ гуна маълумоти минбаъдаи ҳар давлати ширкаткунанда баъди аз тарафи Myшии умуми гирифта шудани хабарнома дар бораи бозпас гирифтани изҳорот қабул намешавад, ба шарте ки давлати ширкаткунандаи манфиатдор изҳороти нав надода бошад.

Моддаи 42

1. а) Агар аз ҳалли ягон масъалаи ба Кумита мутобиқи моддаи 41 супоридашуда давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор қонеъ нагарданд, Кумита метавонад бо мувофиқаи пешакии давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор Комиссияи махсуси миёнарав (минбаъд "Комиссия" номида мешавад) таъин намояд. Комиссия бо мақсади ҳаллу фасли дӯстонаи ин масъала дар асоси риояи муқаррароти ҳамин Паймон ба давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор хизмати хайрандешона мерасонад.

b) Комиссия аз панҷ шахсе, ки барои давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор қобили қабуланд, иборат мебошад. Агар давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор дар давоми се моҳ дар мавриди ҳамаи ҳайат ё як қисми ҳайати Комиссия ба мувофиқа нарасанд, он гоҳ ин аъзои Комиссия, ки дар бораи таъини онҳо мувофиқа ҳосил нашудааст, бо роҳи овоздиҳии пӯшида бо овози аз се ду қисми ҳайати аъзои Кумита интихоб карда мешаванд.

2. Аъзои Комиссия ӯҳдадориҳои худро шахсан иҷро мекунанд. Онҳо набояд шаҳрвандони давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор ё давлате, ки ширкаткунандаи ҳамин Паймон нест ё давлати ширкаткунандае, ки мутобиқи моддаи 41 изҳорот надодааст, бошанд.

3. Комиссия Раиси худро интихоб мекунад ва қоидаҳои расмиёти худро муқаррар менамояд.

4. Ҷаласаҳои Комиссия маъмулан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева доир мегарданд. Аммо онҳо метавонанд дар дигар ҷойҳои мувофиқ, ки аз тарафи Комиссия бо машварати Myншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои ширкаткунандаи дахлдор муайян карда мешаванд, доир карда шаванд.

5. Комиссияро, ки дар асоси ҳамин модда таъин карда мешавад, ҳамчунин Котибот, ки мутобиқи моддаи 36 ба ихтиёри Кумтш гузошта мешавад, хизмат мерасонад.

6. Маълумоти аз тарафи Кумита гирифташуда ва омӯхташуда ба ихтиёри Комиссия супорида мешавад ва Комиссия метавонад ба давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор муроҷиат кунад ва пешниҳоди ҳар маълумотеро, ки ба масъала дахл дорад, хоҳиш намояд.

7. Вақте ки Комиссия масъаларо пурра барраси мекунад, аммо ба ҳар ҳол на дертар аз 12 моҳи баъди он, ки ин масъала ба вай супорида шуда буд, ба Раиси Кумита барои фиристодан ба давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор маърӯза пешниҳод мекунад:

а) Агар Комиссия баррасии ин масъаларо дар доираи 12 моҳ ба охир расонида натавонад, он гоҳ дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари ҳолати аз тарафи вай барраси гардидани масъала қаноат мекунад.

b) Агар ҳаллу фасли дӯстонаи ин масъала дар асоси риояи ҳуқуқи башар, ки дар ҳамин Паймон эътироф мешавад, муяссар гардад, он гоҳ Комиссия дар маърӯзаи худ бо баёни мухтасари далелҳо ва қарори ҳосилшуда қаноат мекунад.

c) Агар қарори дар зербанди b) зикршуда ҳосил нагардад, маърӯзаи Комиссия хулосаи вайро дар бораи ҳамаи масъалаҳои воқеан ҷойдошта, ки ба баҳси миёни давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор дахл доранд ва мулоҳизоти вайро доир ба имкониятҳои ҳаллу фасли дӯстонаи ин масъала дар бар мегирад. Ин маърӯза ҳамчунш пешниҳодоти хатти ва сабти пешниҳодоти шифоҳиеро, ки давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор додаанд, дар бар мегирад.

d) Агар маърӯзаи Комиссия мувофиқи зербанди с) пешниҳод карда шавад, давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор дар давоми се моҳи баъди гирифтани ин маърӯза Раиси Кумитаро доир ба ин, ки оё онҳо бо мӯҳтавои маърӯзаи Комиссия рози хастанд, хабардор мекунанд.

8. Муқаррароти ҳамин модда ӯҳдадориҳои Кумитаро, ки дар моддаи 41 пешбини шудаанд, кам намекунанд.

9. Давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор ҳамаи хароҷоти Комиссияро мутобиқи бароварди аз тарафи Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодишванда ба андозаи баробар мепардозанд.

10. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳақ дорад, ки хароҷоти аъзои Комиссияро, агар зарур бошад, то аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи манфиатдор мутобиқи банди 9 ҳамин модда ҷуброн карда шудани онҳо, пардозад.

Моддаи 43

Аъзои Кумита ва комиссияҳои махсуси миёнарав, ки метавонанд мувофиқи моддаи 42 таъин карда шаванд, ба имтиёзу афзалиятҳо ва масунияти экспертҳое, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сафарҳои хизмати фиристода мешаванд, ба тарзе ки дар фаслҳои дахлдори Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи афзалиятҳо ва масуният пешбини шудааст, ҳақ доранд.

Моддаи 44

Муқаррарот доир ба амали намудани ҳамин Паймон бидуни ворид намудани халал ба расмиёт дар соҳаи ҳуқуқи башар, ки дар асноди муассис ва конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашуда ё мутобиқи онҳо дарҷ шудаанд, истифода мегарданд ва ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон дар мавриди истифодаи дигар расмиёти ҳаллу фасли баҳс дар асоси созишномаҳои байналхалқии умуми ва махсуси дар байни онҳо амалкунанда монеъ намешаванд.

Моддаи 45

Кумита ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тавассути Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои дар бораи кори худ ҳар сол маърӯза пешниҳод мекунад.

ҚИСМИ V

Моддаи 46

Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин Паймон набояд ба маънии камтар кардани аҳамияти муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки вазифаҳои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо доир ба масъалаҳои мавриди назари ҳамин Паймон муайян мекунанд, тафсир дода шавад.

Моддаи 47

Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин Паймон набояд ба маънии камтар кардани ҳуқуқи ҷудоинопазири ҳамаи халқҳо дар бобати ихтиёрдори ва истифодаи пурра ва озодонаи сарват ва захираҳои табиии худ тафсир дода шавад.

ҚИСМИ VI

Моддаи 48

1. Ҳамин Паймон барои имзо аз ҷониби ҳар давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ё узви ҳар як аз муассисаи махсусгардонидашудаи он, ҳар давлати ширкаткунандаи Статути Суди Байналхалқи ва ҳар давлати дигаре, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ишркат дар ҳамин Паймон даъват карда шудааст, боз аст.

2. Ҳамин Паймон бояд ба тасвиб расонида шавад. Тасвибномаҳо дар ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нигоҳдори мешаванд.

3. Ҳамин Паймон барои ҳамроҳшавии ҳар давлате, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, боз аст.

4. Ҳамроҳ шудан бо роҳи барои нигоҳдори ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшави сурат мегирад.

5. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Паймон имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси ба нигоҳдори қабул шудани ҳар як тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшави хабардор месозад.

Моддаи 49

1. Ҳамин Паймон баъди се моҳ аз рӯзи ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба нигоҳдори қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё санад дар бораи ҳамроҳшави эътибор пайдо мекунад.

2. Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Паймонро ба тасвиб мерасонад ё ба он баъди ба нигоҳдори қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё санад дар бораи ҳамроҳшави ҳамроҳ мешавад, ҳамин Паймон баъди се моҳ аз рӯзи ба нигоҳдори қабул шудани тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 50

Муқаррароти ҳамин Паймон дар тамоми қисмҳои давлатҳои федеративи бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд.

Моддаи 51

1. Ҳар давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон метавонад ислоҳот пешниҳод кунад ва онҳоро ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур намояд. Муншии умуми сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои ширкаткунанда бо мақсади баррасии ин пешниҳодот ва доир намудани овоздиҳи оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як қисми давлатҳои ширкаткунанда чунин конференсияро ҷонибдори кунанд, Муншии умуми ин конференсияро таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои ширкаткунандаи дар овоздиҳи дар он конференсия ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.

2. Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду қисми давлатҳои ширкаткунандаи амин Паймон мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор пайдо мекунанд.

3. Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, иҷрои онҳо барои давлатҳои ширкаткунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатми мешавад ва барои дигар давлатҳои ширкаткунанда иҷрои муқаррароти ҳамин Паймон ва ҳамаи ислоҳоти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шудаанд, ҳатми боқи мемонад.

Моддаи 52

Сарфи назар аз хабарҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 48 анҷом дода мешавад, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатоҳеро, ки дар банди 1 ҳамон модда сухан дар бораи онҳо меравад, доир ба нукоти зерин хабардор месозад:

a) имзо кардан, ба тасвиб расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 48;

b) санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон мувофиқи моддаи 49 ва санаи эътибор пайдо кардани ҳама гуна ислоҳот мувофиқи моддаи 51.

Моддаи 53

1. Ҳамин Паймон, ки асли матнҳои англиси, испани, хитои, руси ва франсавии он бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдори ба бойгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида шавад.

2. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Паймонро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 48 зикр шудаанд, мефиристад.