ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ШАРИКИ ИҶТИМОӢ ВА СОЗИШНОМАЮ ШАРТНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421)
Ҳамин Қонун асосҳои умумии ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкилии шарикиииҷтимои, бастану иҷро намудани созишномаҳо, шартномаҳои коллективи, анҷом додани гуфтушунид, ҳуқуқу вазифа ва масъулияти тарафҳоро муайян мекунад.
Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияту хоҷагидориашон таҳти амали ҳамин Қонун қарор мегиранд.
ФАСЛИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Созишнома ва шартномаи коллективи
Созишнома санади меъёрие мебошад, ки ӯҳдадориҳои ҷонибайни мақоми давлати, ташкилотҳои соҳибкорон ё моликон, иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба), ё дигар мақомоти намояндагии меҳнаткашонро, ки аз ҷониби коллективҳои меҳнати барои ҳалли масъалаҳои меҳнати ва иҷтимоию иқтисоди, муқаррар намудани замонатҳои иҷтимои барои кормандони касб, соҳа ва ҳудуди муайян махсус ваколатдор гардидаанд, танзим мекунад.
Шартномаи коллективи санади меъёри буда, муносибатҳои истеҳсоли, меҳнати ва иҷтимоиро дар байни кордеҳ (молик, соҳибкор) ва меҳнаткашон дар корхона (иттиҳодия), муассиса, ташкилот новобаста аз шаклҳои моликият ва хоҷагидори танзим мекунад.
Моддаи 2. Шарикии иҷтимои
Давлат тараққиёти шарикии иҷтимои, истифодаи тартиби гузаронидани гуфтушуниди коллективиро дар байни соҳибкорон (иттиҳодияҳои онҳо), иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо), мақомоти ҳокимияти иҷроия мусоидат ва ташвиқ, менамояд.
Гуфтушуниди мазкур ба мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:
- ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди, шуғл, муайян намудани шароити меҳнат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат;
- танзими муносибатҳои байни соҳибкорон (иттиҳодияҳои онҳо), меҳнаткашон (иттиҳодияҳои онҳо) ва ҳокимияти иҷроия.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии шарикии иҷтимои
Шарикии иҷтимои ба принсипҳои зайл асос меёбад:
- эҳтироми ҳамдигари ва эътирофи тарафҳо ба сифати намояндагони қонуни ва салоҳиятдор, бовари ва баробари, ҷудо кардани ҳуқуқу вазифаҳо, ризояти оқилона дар таъмини манфиатҳои меҳнаткашон, соҳибкорон ва давлат; - ҳатман гузаронидани гуфтушуниди коллективи оиди бастани созишнома ва шартномаи коллективи бо пешниҳоди иттифоқҳои касаба, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонун;
иштироки васеи меҳнаткашон дар таҳияи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективи;
- баробарҳуқуқии тарафҳо дар пешниҳоди таклифҳо.
Моддаи 4. Гуфтушуниди коллективи
Аз номи меҳнаткашон ҳуқуқи гузаронидани гуфтушуниди коллективи ба иттифоқҳои касаба дар симои мақомоти дахлдори интихоби ё ба мақомоти намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон дода мешавад.
Мақомоти давлати ва хоҷагии идора, инчунин кордеҳ (молик) вазифадоранд аз рӯи масъалаҳое, ки барои барраси аз ҷониби иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони махсус ваколатдори мақомоти намояндагии меҳнаткашон пешниҳод мешавад, гуфтушунид гузаронанд.
Ҳар кадоме аз тарафҳо, на дертар аз се моҳ то тамом шудани мӯҳлати амали созишномаи қабли, шартномаи коллективи ё дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи ин ҳуҷҷатҳо ҳак доранд аз тарафи дигар дар бораи оғози гуфтушунид огоҳинома ирсол намояд.
Дар ҳамаи мавридҳои номбаршуда тарафе, ки аз номи тарафи дигар огоҳинома гирифтааст, вазифадор аст дар муддати 7 рӯз дар сатҳи корхона ва дар муддати 15 рӯз дар сатҳи дигар гуфтушунид оғоз намояд.
Моддаи 5. Тартиби гузаронидани гуфтушунид
Барои гузаронидани гуфтушуниди коллективи тарафҳо аз ҷумлаи шумораи баробари намояндагон, ки ба онҳо барои гузаронидан ва анҷом додани гуфтушунид бо роҳи таҳияи лоиҳаи созишнома, шартномаи коллективи ваколатҳои зарури дода мешавад, комиссия таъсис менамоянд.
Ҳайати комиссия, мӯҳлат, маҳалли гузаронидан ва рӯзномаи гуфтушунидҳо бо қарори тарафҳо муайян карда мешавад.
Ба тарафҳое, ки дар гуфтушунид иштирок мекунанд, интихоб ва муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба ҳал намудани проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо озодии пурра дода шавад.
Мақомоти давлатию хоҷагии идора, инчунин кордеҳ (молик) бояд ба мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон барои анҷоми босалоҳияти гуфтушунид маълумоти зарури диҳанд. Иштирокчиёни гуфтушунид, дигар шахсони бо гуфтушунид алоқаманд набояд маълумотҳои дорои асрори давлати, истеҳсоли ё тиҷоратиро фош намоянд. Шахсоне, ки ин қоидаро риоя намекунанд, ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи Қонун кашида мешаванд.
Агар дар охири гуфтушунид ягон созишнома вобаста нашавад, дар бораи ихтилофот протокол тартиб дода мешавад, дар он таклифҳои қатъи ифодаёфтаи тарафҳо ва тадбирҳое, ки бояд мақомоти давлати, ташкилотҳои соҳибкорон, кордеҳ (молик, соҳибкор) оиди ҳалли ихтилофот яктарафа андешанд дохил карда мешаванд.
Моддаи 6. Замонатҳо ва ҷуброни вақти гуфтушунид
Шахсоне, ки дар гуфтушунид ба сифати намояндагони тарафҳо иштирок мекунанд, ҳамчунин мутахассисони барои иштирок дар кори комиссияҳо ҳангоми гуфтушунид даъват шуда аз кори асосиашон бо ҳифзи музди миёнаи меҳнат озод карда мешаванд. Ҳамаи хароҷоти вобаста ба иштирок дар гуфтушунид мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон талофи мегардад.
Музди меҳнати экспертҳо ва мутахассисоне, ки бо мувофиқати тарафҳо даъват шудаанд, аз тарафи мақомоти давлати, хоҷаги ва кордиҳандагон (моликон, соҳибкорон) пардохта мешавад.
Моддаи 7. Ҳалли ихтилофот
Ҳангоми дар ҷараёни гуфтушуниди коллективи пайдо шудани ихтилофот ва барои ҳалли онҳо тарафҳо корҳои созиширо анҷом медиҳанд ва аз дигар имкониятҳои дар ихтиёри худ дошта истифода мебаранд.
ФАСЛИ II. СОЗИШНОМА
Моддаи 8. Иштирокчиёни Созишномаҳо
Бо қарори тарафҳои дар гуфтушунид иштироккунанда созишномаҳо метавонанд дутарафа ва сетарафа бошанд. Мақомоти ҳокимияту идораи давлати ва иҷроия, ки дар гуфтушуниди сетарафа иштирок менамоянд, метавонанд созишнома набанданд, ба шарте ки ду тарафи дигар барои бастани созишнома истодагари накунанд. Созишномаҳо ба таври зайл баста мешаванд:
- дар сатҳи ҷумҳури: Мувофиқатномаи кул дар байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи ҷумҳуриявии соҳибкорон ва Шӯрои Федерасияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар сатҳи соҳави;
- дар байни мақомоти дахлдори давлати, иттиҳодияҳои соҳибкорон, иттифоқҳои касабаи соҳави ё мақомоти намояндагии меҳнаткашон;
- дар сатҳи вилояти, аз ҷумла Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи: дар байни маъмуриятҳои дахлдор, ташкилотҳои соҳибкорон, Федерасияҳои (шӯроҳои) вилоятии иттифоқҳои касаба дигар мақомоти намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон;
- дар сатҳи ноҳияви, шаҳри, ноҳияи шаҳрҳо: дар байни мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалли (Ҳукуматҳо), ташкилотҳои кордиҳандагон (моликон, соҳибкорон), иттифоқҳои касаба ё мақомоти намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон ;
- мақомоти минтақавии (ноҳияви, шаҳри) иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд бо супориши коллективҳои меҳнатии камшумор бо кордиҳандагон (моликон, соҳибкорон) дар қисми муқаррар намудани шароити нави иҷтимоию иқтисодии меҳнату маишат ё тағйир додани шароити мавҷуда созишнома банданд.
Моддаи 9. Тартиб ва мӯҳлатҳои бастани созишнома
Тартибу мӯҳлатҳои таҳияву бастани созишнома ва ҳайати комиссияро тарафҳо муайян мекунанд ва бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
Лоиҳаи созишномаро комиссия таҳия мекунад ва он аз тарафи мақоми дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалли (Ҳукумат), ташкилотҳои соҳибкорон, мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақоми намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон имзо карда мешавад .
Моддаи 10. Мазмуни созишнома
Мазмуни созишномаро тарафҳо муайян мекунанд.
Дар созишнома инҳо пешбини мегарданд:
- ӯҳдадори дар соҳаи пардохти музди меҳнат, киро, муҳофизати меҳнат ва аз кор озод намудани кормандон;
- иҷрои комплекси тадбирҳои махсус оиди ҳимояи иҷтимоии аҳоли, масъалаи шуғл, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз ҷумла молҳои истеъмоли халқ ва кишоварзи;
- муқаррар намудани имтиёзот ва афзалиятҳои иловаги ба корхонаю ташкилотҳо, кордиҳандагоне (моликоне), ки ҷойҳои кори иловаги ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, ҷавонон аз ҷумла наврасон истифода мекунанд;
- иштироки меҳнаткашон дар истифодаи даромад руши амволе, ки дар моликияти давлати қарор дорад;
- риояи манфиатҳои меҳнаткашон ҳангоми ғайридавлати намудани фонди манзил;
- зиёд намудани андозаҳои иловапули, ки хусусияти ҷуброни дошта, андозаи камтаринашон дар қонунҳои ҷори пешбини гардидааст;
- таъмини амнияти экологи ва ҳифзи саломати;
- беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳо дар соҳаи тараққиёти иҷтимоию иқтисоди ва муносибатҳои меҳнати ҳамчунин ӯҳдадориҳо оиди пешгирии низоъҳои меҳнати вa корпартоиҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни мувофиқатнома, таъмини назорат ба рафти иҷрои созишнома.
Моддаи 11. Амали созишнома
Созишнома аз лаҳзаи аз ҷониби тарафҳо имзо шуданаш аз рӯзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад.
Давраи амал ва мӯҳлатҳои бастани созишномаро тарафайн муайян мекунанд.
Амали созишнома ба доираи меҳнаткашоне, ки дар созишнома муайян шудаанд, паҳн мегардад.
Моддаи 12. Тағйироту иловаҳо ба созишнома
Тағйироту иловаҳо ба созишнома бо ризояти тарафайни мувофиқи тартиби барои бастани онҳо муқарраршуда сурат мегирад.
Моддаи 13. Назорат ба рафти иҷрои созишнома
Назорат ба рафти иҷрои созишномаҳо дар тамоми сатҳҳо аз тарафи комиссияҳо сурат мегирад, ки ҳайати онҳоро тарафайн муайян ва тасдиқ мекунанд.
ФАСЛИ III. ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВИ
Моддаи 14. Ҳуқуқи қабул намудани қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективи
Қарорро дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективи дар корхонаҳо (иттиҳодияҳо), муассисаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият иттифоқи касаба дар симои мақоми дахлдори интихоби, дигар мақоми намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон, маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнати қабул менамояд.
Моддаи 15. Тарафҳои шартномаи коллективи
Шартномаи коллективи дар корхонаҳо (иттиҳодияҳо), муассисаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидори, дар мактабҳои оли ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбию техники баста мешавад, ҳамчунин дар ҷузъҳои сохтории корхонаҳо оиди масъалаҳои марбут ба салоҳияти ин ҷузъҳо баста шуда метавонад.
Ба сифати тарафҳои шартномаи коллективи иттифоқи касаба, кордеҳ, (молик) ё мақоми аз тарафи онҳо ваколатдор кардашуда амал мекунанд.
Ҳангоми дар корхона вуҷуд доштани якчанд иттифоқи касаба бо мувофиқати байни онҳо ба сифати тарафи шартномаи коллективи иттифоқи касабае, ки аксарияти кормандони корхонаро муттаҳид мекунад ё мақоми иборат аз намояндаҳои ҳамаи иттифоқҳои касаба бо таносуби шумораи аъзои онҳо баромад мекунад.
Моддаи 16. Тартиб ва мӯҳлатҳои бастани шартномаи коллективи
Тартиб ва мӯҳлатҳои бастани шартномаи коллективи ва ҳайати комиссияро барои гузаронидани гуфтушунид тарафҳо муайян мекунанд ва он бо фармони маъмурияти корхона ба расмият дароварда мешавад.
Лоиҳаи шартномаи коллективи бояд дар коллективҳои меҳнати ҳатман муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилшударо маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнати тасдиқ мекунад.
Маҷлиси умумии (конференсияи) аъзои коллективи меҳнатии корхона бо протокол (қарор) иттифоқи касабаро дар симои мақоми дахлдори интихоби, дигар мақоми намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон вазифадор мекунад, ки аз номи он бо маъмурияти корхона шартномаи коллективи бандад (имзо кунад).
Иттифоқи касаба ҳак дорад, ки мувофиқи тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективи муқаррарнамудаи ҳамин Қонун оиди имзо намудани замима ба шартномаи коллективи, ки аз номи коллектви меҳнати баста шудааст, гуфтушунид намояд. Замима қисми ҷудонашавандаи шартномаи коллективи буда, бо он қувваи баробари ҳуқуқи дорад.
Моддаи 17. Мазмуни шартномаи коллективи
Мазмуни шартноман коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд Шартномаи коллективи нуқоти зайлро дар бар мегирад:
- дар бораи ташкили меҳнат;
- дар бораи шаклҳо ба системаи пардохти музди меҳнат, дигар намудҳои даромади кормандон;
- дар бораи андозаҳои меъёрҳои тарифи ва маошҳои вазифаги вобаста ба касб, дараҷаи ихтисоси кормандон, мураккаби ва шароити корҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд;
- дар бораи тартиби индексасияи даромадҳои пулии корхона кормандони корхона;
- дар бораи давомнокии вақти кори ва вақти истироҳат;
- дар бораи ташкил намудани шароити бехатари меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломати, замонатҳои суғуртаи тиббии коллективи меҳнати ва оилаҳои онҳо;
- дар бораи таъмин намудани шуғл, омодаги ва таҷдиди омадагии кадрҳо, бо кор таъмин намудани кормандоне, ки аз кор озод мегарданд;
- дар бораи танзими тартиби дохилии меҳнат;
- дар бораи тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои оштидиҳи (созиш) оиди барраси ва ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнати.
Дар шартномаи коллективи ҳамчунин ӯҳдадориҳои зайл дохил кардан мумкин аст:
- дар бораи сохтмон, ҳифз ва тақсими манзил, иншоотҳои таъиноти иҷтимоию мадани;
- дар бораи ташкили табобату истироҳати санаторию курортии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо;
- дар бораи бо хӯроки гарм таъмин намудани кормандон;
- дар бораи додани имтиёзҳои иловаги ба оилаҳои серфарзанд ва оилаҳое, ки кӯдакони аз тифли маъюбро тарбия мекунанд;
- дар бораи беҳтар намудани шароити зисти ветеранҳо, маъюбон ва нафақахӯроне, ки дар корхона кор мекунанд;
- дар бораи ташкили шароити модди барои фаъолияти иттифоқҳои касаба;
- дар бораи гузаронидани чорабиниҳои солимгардони, маданию маърифати ва варзиш;
- дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони муассисаҳои тибби, бачагона, маданию маърифати, таълими ва варзиш, ташкилотҳои хӯроки умуми ва дигар ташкилотҳое, ки ба коллективи меҳнати хизмат мерасонаду ба ҳайати корхона дохил намешавад;
- оиди дигар масъалаҳои меҳнати ва иҷтимоию иқтисоди.
Дар шартномаи коллективи барои аъзои коллективи меҳнати аз ҳисоби маблағи тарафҳо дар муқоиса бо қонун ва созишномаҳо имтиёзҳои иловагии меҳнати ва иҷтимоию маиши пешбини кардан мумкин аст.
Моддаи 18. Амали шартномаи коллективи
Давраи амали шартномаи коллективии тарафҳо муайян мекунанд.
Шартномаи коллективи аз лаҳзаи аз ҷониби тарафҳо имзо шуданаш ё аз рӯзи дар шартномаи коллективи муқарраргардида эътибор пайдо мекунад.
Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идораи корхона, иваз шудани молики амвол шартномаи коллективи эътиборашро аз даст надода, то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.
Ҳангоми табдил ёфтани як корхона, муассиса, ташкилот ба дигаре, дар мавриди якҷоя шудани корхона, муассиса, ташкилот бо дигаре, ҳамроҳ шудани як корхона, муассиса, ташкилот ба дигаре, тақсими корхона, муассиса, ташкилот ё аз корхона, муассиса, ташкилот ҷудо шудани як ё якчанд корхона, муассиса ва ташкилот шартнома дар муддати азнавташкилкуни амал намуда, пас аз нав барраси мегардад.
Ҳангоми бо қарори молик, додгоҳ ё мақоми идораи ваколатдори ташкил ва барҳамдиҳии корхона, муассиса, ташкилот барҳам додани корхона, муассиса, ташкилот шартномаи коллективи дар тамоми муддати гузаронидани барҳамдиҳи амал мекунад.
Моддаи 19. Тағйироту иловаҳо ба шартномаи коллективи
Ба шартномаҳои коллективи дар давоми мӯҳлати амали онҳо бо розигии тарафҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома тағйироту иловаҳо дохил кардан мумкин аст.
Ба шартномаи коллективи бе розигии тарафи дигар дохил кардани тагйироту иловаҳо манъ аст.
Моддаи 20. Кафолатҳо ҳангоми пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаи коллективи
Агар иҷрои шартномаи коллективи мушкил бошад ё бо сабаби азнавташкилдиҳии (якҷоя, ҳамроҳшави, тақсим, ҷудошави, азнавсози) корхона ё тағйир ёфтани навъи фаъолияти онҳо давом карда натавонад, молики амвол бояд ҳамаи имтиёзҳои инфиродиро барои кормандон, ки бо шартнома муайян гардидаанд, нигоҳ дорад.
Дар муддати се моҳи баъди гузаштани ҳуқуқи моликии корхона ба соҳиби наваш дар байни ӯ ва иттифоқҳои касабаи корхона шартномаи нави коллективи баста мешавад ва то баста шудани он ҳамаи нуқоти шартномаи коллективие, ки қаблан амал мекард, риоя мегардад.
Ҳангоми барҳам додани корхона то тамом шудани мӯҳлати амали шартномаи коллективи молик ё мақоми ваколатдори ташкил намудани корхона, муассиса, ташкилот бояд ба кормандон дар давраи барҳамдиҳи маблағҳои барои ҳалли масъалаҳои тараққиёти иҷтимоии коллектив ва имтиёзҳои инфироди пешбининамудаи шартномаи коллективиро талофи намояд.
Эътирози коллективи меҳнати ва шахсони алоҳида оиди шартномаи коллективи аз амволи корхонаи барҳамхуранда, ки баъди ҳисоббаробаркуни бо буҷет, банкҳо ва дигар қарздиҳандагон боқи мемонад, қонеъ карда мешавад.
Моддаи 21. Назорат ба иҷрои шартномаи коллективи
Ба иҷрои шартномаи коллективи комиссияи иборат аз шумораи баробари намояндагони тарафҳо назорат мекунад.
Тарафҳое, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ё дар мӯҳлати дар шартномаи коллективи пешбинишуда дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнати аз иҷрои он ҳисобот медиҳанд.
IV. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАН ВА ИҶРО НАКАРДАНИ СОЗИШНОМАҲО, ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВИ ВА ДАСТ КАШИДАН АЗ ИШТИРОК ДАР ГУФТУШУНИД
Моддаи 22. Масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаи коллективи
Ҳангоми бо гуноҳи яке аз тарафҳо иҷро нашудани шартҳои созишнома ва шартномаи коллективи тарафи дигар ҳақ дорад дар бораи талофии зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво намояд. Маблағи ниҳоии даъвои имконпазирро дар шартномаи коллективи дарҷ кардан мумкин аст.
Моддаи 23. Масъулияти мансабдорон барои вайрон кардан ва иҷро накардани созишнома, шартномаи коллективи
Шахсоне, ки дар вайрон кардан ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои созишнома ва шартномаи коллективи гунаҳгор мебошанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизоми, модди ва маъмури кашида шаванд.
Бо талаби комиссияи назорат ба рафти иҷрои шартномаҳои коллективи, мақоми иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии махсус ваколатдори меҳнаткашон молик, мақоми идора вазифадор аст тадбирҳои зарури андешад ё шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бо роҳбаре, ки бо гуноҳи ӯ ӯҳдадориҳои созишнома ва шартномаи коллективи иҷро намешаванд, бекор кунад.
Моддаи 24. Масъулияти мансабдорон барои саркaши аз иштирок дар гуфтушунид
Аз мансабдороне, ки аз иштирок дар гуфтушуниди коллективи саркаши намуда, аз даъвати комиссияи гузаронидани гуфтушунид ба мақсади бастани созишнома, шартномаи коллективи даст мекашанд ё кори онро дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи тарафҳо ва моддаи 4 ҳамин Қонун таъмин намекунанд,дар асоси аризаи яке аз тарафҳо ва далелҳои хаттии ба он замима шуда дар ҳаҷми то маоши семоҳа аз ҷониби додгоҳ, ҷарима ситонида мешавад. Маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳури гузаронида мешавад.
Раиси
Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Хуҷанд
аз 25 ноябри соли 1992 № 725