ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ
(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 337, аз 12.12.1997 № 498, аз 22.05.1998 № 634, аз 26.12.2005 № 129)
Ҳамин Қонун асосҳои умумии ҳуқуқию иқтисодии дар шароити инкишоф ёфтани муносибатҳои бозори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудан ва фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомиро муайян менамояд.
Қонун ба таъмини инкишофи шаклҳои гуногуни моликият равона гардидааст. Он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдоронро ҳангоми амали намудани фаъолияти хоҷагиашон муайян намуда, муносибатҳои дохили ҷамъияти саҳомиро бо мақомоти идораи давлати танзим мекунад.
ФАСЛИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҷамъияти саҳоми ва вазифаҳои асосии он
Ҷамъияти саҳоми (минбаъд "ҷамъият" номида мешавад) иттиҳодияе мебошад, ки дар асоси созиши ихтиёрии шахсони юридики ва воқеи, аз ҷумла хориҷи бо роҳи якҷоя кардани маблағҳои онҳо барои ташкили ҳамагуна шаклҳои фаъолияти хоҷагии дар Оиннома нишон додашуда, ба ғайр аз он шаклҳои фаъолияте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардаанд, ташкил карда шудааст .
Ҷамъиятҳо бе маҳдуд кардани мӯҳлати фаъолияташон ташкил карда мешаванд, ба шарте ки дар оинномаҳои онҳо мӯҳлати дигар пешбини нашуда бошад.
Ҷамъиятҳо дорои ҳуқуқи шахси юридики буда, номгӯй ва нишони ҷамъият, мӯҳри мудаввар бо номи худ ва нишони ба қайд гирифташудаи ҷамъиятро доранд.
Дар ҳолатҳои зарури ҷамъият метавонад номи ихтисоршудаи расми дошта бошад.
Ҷамъиятҳо дар масъалаҳои муайян намудани шакли идоракуни, қабули қарорҳои хоҷаги, фурӯши маҳсулот, муқаррар намудани музди меҳнат ва тақсими фоидаи холис дорои мустақилияти томи хоҷаги мебошанд.
Давлат ба фаъолияти ҷамъиятҳои саҳоми ба воситаи андоз муайян намудани дараҷаи ҳадди ақали музди меҳнат, муқаррар кардани нархи баъзе маҳсулот таъсир мерасонад.
Ҷамъиятҳо метавонанд дар қаламрави дигар ҷумҳуриҳо ва дар хориҷа намояндагию филиалҳо дошта, инчунин дар сармояи дигар ҷамъиятҳо саҳмгузор бошанд.
Моддаи 2. Навъҳои ҷамъиятҳои саҳоми
Ҷамъият мувофиқи оиннома ва номгӯи фирмавии худ метавонад озод (кушода) ё пӯшида бошад. Саҳмҳои ҷамъиятҳои озод (кушода) метавонанд бе ризоияти дигар саҳмдорони ин ҷамъият бегона карда шаванд. Саҳмҳои ҷамъияти пӯшида танҳо бо розигии дигар саҳмдорон бегона карда шуда метавонанд .
Шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида набояд аз 50 нафар зиёд бошад. Агар шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида аз 50 нафар зиёд бошад, дар давоми се моҳи минбаъда ҷамъият вазифадор аст, маҷлиси умумии саҳмдоронро барои қабули қарор дар бораи тағйир додани шакли ҷамъият ба шакли ҷамъияти озод (кушода) гузаронад. Агар пас аз ба охир расидани мӯҳлати нишондодашуда, ҷамъияти пӯшида ба ҷамъияти озод (кушода) табдил дода нашавад ва шумораи соҳибони саҳмҳои муқаррари то дараҷаи нишондодашуда кам нагардад, дар он сурат бо аризаи шахсони манфиатдор ҳалли ин масъала ба суд пешниҳод мешавад .
Қисми сеюм хориҷ карда шуд .
Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои саҳмдорон масъулият надорад.
Ҷамъият мувофиқи ӯҳдадориҳои худ барои тамоми активҳо (тамоми амвол) масъулият дорад. Саҳомон мувофиқи қимати саҳмашон ба ӯҳдадориҳои ҷамъият масъул мебошанд .
ФАСЛИ II. ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИ ВА ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ОН
Моддаи 3. Таъсиси ҷамъияти саҳоми
Ҳам шахсони воқеи ва ҳам юридики муассисони ҷамъият буда метавонанд. Шахсони юридики ва воқеии хориҷи низ муассисони ҷамъият буда метавонанд, ба шарте ки ин амал хилофи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
Шумораи муассисони ҷамъият маҳдуд нест .
Ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳи аз инҳо иборатанд: шартномаи муассисон ва Оинномаи ҷамъият .
Қисмҳои чорум, панҷум ва шашум хориҷ карда шудаанд .
Агар номи пешниҳодшудаи ҷмаъияти нав дар руйхат бошад , он вақт мақоми бақайдгирандаи ҷамъият на дертар аз даҳ рӯз пеш аз давъати маҷлиси муассисон дар хусус ба муассисон хабар медиҳад.
Моддаи 3 (1). Ба ҷамъияти саҳоми табдил додани корхонаи давлати
Корхонаи давлати метавонад бо роҳи баровардани саҳм, ки бар арзиши тамоми амволи корхона баробар аст, ба ҷамъияти навъи кушода табдил дода шавад.
Қарори ба ҷамъияти саҳоми табдил додани корхонаи давлатие, ки моликияти ҷумҳури мебошад, аз ҷониби мақомоти идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вале корхонаҳои моликияти коммунали аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ якҷоя бо мақомоти ҳудудии идораи амволи давлати қабул карда мешавад.
Ҷамъияте, ки бо роҳи табдили корхонаи давлати таъсис дода шудааст, вориси ҳуқуқии ин корхона мебошад .
Моддаи 4. Оинномаи ҷамъият
Ҷамъиятҳои саҳоми дар асоси оинномае, ки мутобиқи ҳамин Қонун тартиб дода мешавад, амал мекунанд.
Оиннома бояд тамоми хусусиятҳои ҷамъият: навъи ҷамъият, мақсаду мароми фаъолияти он, ҳайати иштирокчиён (муассисон), номи ҷамъият ва маҳалли ҷойгиршавии он, андозаи фонди ибтидои, маълумот дар барои категорияҳои саҳмҳои баровардашаванда, арзиши номиналии онҳо, таносуби саҳмҳои категорияҳои гуногун, миқдори саҳмҳои аз тарафи муассисон харидашаванда, оқибатҳои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар бобати харидани саҳм, тартиби тақсим намудани фоида ва ҷуброни зарар, ҳайат ва салоҳияти мақомоти ҷамъият ва тартиби аз тарафи онҳо қабул кардани қарорҳо, аз ҷумла номгӯи масъалаҳоеро, ки дар ҳалли онҳо ҳамраъй ё аксарияти комили овозҳо зарур аст, дар бар гирифта бошад.
Моддаи 5. Маҷлиси муассисони ҷамъияти саҳоми
Дар ҳолате, ки ҷамъияти саҳоми аз тарафи як муассис таъсис меёбад, шартномаи муассисон мураттаб намешавад, қарори таъсиси ҷамъиятро ҳамин муассис қабул мекунад ва маҷлиси муассисон гузаронида намешавад .
Маҷлиси муассисон дар сурате комилҳуқуқ ҳисоб мешавад, ки дар он ҳамаи муассисон ва ё намояндагони ваколатдори онҳо иштирок дошта бошанд.
Раиси маҷлисро иштироккунандагон бо аксарияти оддии овозҳо интихоб мекунанд.
Маҷлиси муассисон оинномаи ҷамъиятро тасдиқ намуда, директоронро интихоб мекунад.
Сохторҳои идораи ҷамъияти, ки дар маҷлиси муассион интихоб шудаанд, то маҷлиси якуми умумии саҳомон амал мекунанд .
Моддаи 6. Бақайдгирии ҷамъият
Бақайдгирии давлатии ҷамъиятҳои саҳоми ва қайди баҳисобгирии намояндагию филиалҳои онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи" сурат мегирад .
ФАСЛИ III. САРМОЯИ ИБТИДОИИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 7. Ташаккулёбии сармояи ибтидоии ҷамъият
Сармояи ибтидои дар давраи таъсис ёфтани ҷамъият бояд аз шумораи пешаки муайяншудаи саҳмҳое, ки ба 10 тақсим мешаванд, бо арзиши якхелаи номинали иборат бошад.
Фонди оинномавии ҷамъияти пӯшида бояд на камтар аз 60 маоши ҳадди ақал ва ҷамъияти кушода на камтар аз 100 маоши ҳадди ақал бошад .
Дар вақти ба қайд гирифта шудани ҷамъият бояд пули на камтар аз 30 фоизи саҳмҳо пардохта шавад. Дар давоми соли аввали фаъолияти ҷамъият бояд арзиши пурраи саҳмҳо пардохта шавад. Оид ба ҷамъиятҳои саҳми алоҳида тартиб, андоза ва мӯҳлати арзиши саҳмҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Бо розигии байни муассисон пардохти ибтидоиро ба андозаи муайяни саҳмҳо дар шакли биною иншоот, таҷҳизоту дигар сарватҳои модди, ҳуқуқҳои молу мулки (аз ҷумла моликияти интеллектуали) супоридан мумкин аст. Арзиши амволи пардохташаванда бо розигии байни иштирокчиёни ҷамъият муайян карда мешавад.
Обунаи озод ба саҳмҳои ҷамъият то пардохти пурраи сармояи ибтидои номумкин аст. Ҳангоми таъсиси ҷамъият, ҳамаи саҳмҳои он дар байни муассисон бояд тақсим карда шавад. Саҳмдор аз вазифаи пардохти саҳм озод карда мешавад .
Моддаи 8. Тартиби тағйир додани сармояи оинномави
Маҷлиси умумии саҳмдорон дар сурати зарурат бо аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорони иштирокчи метавонад:
Сармояи оинномавиро бо зиёд кардани қисмати номиналии саҳмҳо ё баровардани саҳмҳои иловаги зиёд кунад;
Сармояи оинномавиро бо кам кардани қимати номиналии саҳмҳо ва ё харидани як қисми саҳмҳо бо мақсади бекор кардани онҳо кам кунад.
Қарор дар бораи тағйироти сармояи оинномави пас аз қабули он аз тарафи маҷлиси умуми аз лаҳзаи ба қайд гирифтани тағйироту иловаҳои оинномаи ҷамъият бо тартибе, ки ҳамин Қонун муайян кардааст, эътибор пайдо мекунад. Тағйири сармояи оинномави то ба қайдгирии тағйироту иловаҳои оинномаи ҷамъият номумкин аст.
Талабот ба саҳомон ҷиҳати пардохти қисми пардохтшудаи саҳмияҳо аз тарафи директорони ҷамъият ба қадри зарурат пешниҳод карда мешавад ва бояд дар мӯҳлати 15 рӯз иҷро гардад.
Ба саҳмияҳои дар мӯҳлати муқарраргардида пардохтанашуда ба фоидаи ҷамъият фоизҳо ҳисоб карда мешавад ва баъдан онҳо мутобиқи оинномаи ҷамъият барои пӯшонидани зарари ба он расонидашуда мумкин нест.
Ба зиёд намудани сармояи оинномави танҳо пас аз пурра пардохт гардидани он роҳ дода мешавад. Зиёд намудани сармояи оинномавии ҷамъият барои пӯшонидани зарари ба он расонидашуда мумкин нест.
Ҷамъият ҳуқуқ дорад, сармояи оинномавиро дар мӯҳлати 30 рӯз пас аз қабули қарор дар бораи кам кардани сармояи оинномави дар воситаҳои ахбори умум хабар надода бошад, кам кунад.
Пас аз гузаштани се моҳ аз эълони қарор дар бораи кам кардани сармояи ибтидои дар воситаҳои ахбори умум саҳмҳое, ки барои беэътибор донистан ва ё барои харида гирифтан пешниҳод нашудаанд, беэътибор ҳисобида мешаванд.
Ҷамъият бидуни тағйири сармояи ибтидои ҳуқуқ дорад, саҳмҳои мавҷударо гурӯҳбанди ва ё ба номинали зиёдтар ё камтар тақсим кунад .
ФАСЛИ IV. САҲМҲО
Моддаи 9. Характеристикаи умумии саҳмҳо
Саҳм (аксия) коғази қиматнокест, ки ҳуқуқи дар сармояи оинномави соҳиби саҳм буданро тасдиқ мекунад .
Арзиши номиналии саҳм бояд ба 100 бе бақия тақсим шавад .
Ҷамъият метавонад саҳмҳои намунаҳои гуногун ва арзиши номиналии гуногун доштаро барорад.
Ҷамъият метавонад саҳмҳои бо зикри номгӯй ва саҳмҳои бе зикри номгӯй барорад .
Ҷамъият саҳмҳоро ба шакли ҳуҷҷати ва ё ғайриҳуҷҷати мебарорад. Шакли баровардани саҳмҳо ҳангоми қабули қарори баровардани онҳо муайян карда мешавад .
Моддаи 10. Навъҳои саҳм
Ҷамъият метавонад саҳмҳои одди (муқаррари бо ҳуқуқи овоздиҳи) ва саҳмҳои имтиёзнок (бе ҳуқуқи овоздиҳи) барорад.
Саҳми одди ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар маҷлисҳои саҳмдорон як овоз дода, дар тақсимоти фоида пас аз иҷрои ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳоми дар назди давлат дар мавриди пардохти андозҳо ва ташаккули захираҳои зарури иштирок мекунад .
Саҳми афзалиятнок ҳуқуқи овоздиҳи намедиҳад, вале дивидендҳои собит оварда ҳангоми тақсимоти фоида ва барҳам хӯрдани ҷамъият нисбат ба саҳмҳои одди бартари дорад.
Дар сурати барои пардохти дивиденди саҳмҳои афзалиятнок набудан ё нарасидани фоида пардохт аз фондҳои захира дода мешавад.
Саҳмҳои афзалиятнок ба маблағи на бештар аз 25 фоизи сармояи ибтидоии ҷамъият бароварда мешаванд .
Моддаи 11. Бақайдгирии саҳмдорон
Ҳар як ҷамъият вазифадор аст, пешбурд ва нигаҳдории рӯйхати саҳмдоронро таъмин намояд.
Пешбурд ва нигаҳдории рӯйхати саҳмдорони ҷамъияти озодро сохторе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардааст, амали менамояд.
Ҷамъияти пӯшида ҳуқуқ дорад, худаш пешбурд ва нигаҳдории рӯйхати саҳмдоронро таъмин намояд, ё пешбурд ва нигаҳдории рӯйхатро ба сохтори ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад.
Тартиби ташаккул, пешбурд ва нигаҳдории рӯйхати саҳмдоронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 12. Сертификати саҳм
Сертификати саҳм шаҳодатнома дар хусуси соҳиби шумораи муайяни саҳмҳои ҷамъият будани шахси дар он зикршуда мебошад.
Ба саҳмдор барои тамоми саҳмҳои ба ӯ тааллуқдошта як сертификат дода мешавад, ба шарте ки пули онҳо пурра пардохта шуда бошад. Сертификатҳои иловаги барои маблағи муайян дода мешаванд.
Сертификат маълумоти зайлро дорад: рақам, миқдори саҳмҳо, арзиши номинали, номи эмитент, статуси эмитент, сармояи ибтидоии эмитент, навъи саҳм, номи соҳиби саҳм, шумораи овозҳо, миқдори пули дивиденд (саҳмҳои афзалиятнок); имзои ду шахси масъули ҷамъият, мӯҳри ҷамъият, шартҳои муомилот, ному суроғаи ҷамъият ва муассисаи бақайдгирандаи ҳуҷҷатҳо, номи банки гумошта (дар пушти сертификат).
Қисми чорум хориҷ карда шуд .
Сертификати гумшуда пас аз пардохти пул нав карда мешавад .
ФАСЛИ V. САРМОЯИ ЗАЁМИИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 13. Характеристикаи сармояи заёми
Сармояи заёмии ҷамъият аз заёмҳои облигатсияи мӯҳлати амалашон зиёда аз 1 сол иборат мебошад.
Облигатсия ӯҳдадории қарзии ҷамъият дар шакли коғази қиматнок мебошад, ки дар мӯҳлати муқарраргардида супурдани маблағи номинали ва ҳар сол супурдани фоизи муқарраршударо дар назар дорад.
Облигатсияҳоро ба маблағи на зиёдтар аз сармояи ибтидоии ширкати саҳоми баровардан мумкин аст.
Эмиссия, бақайдгири ва муомилоти облигатсияҳоро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 14. Навъҳои облигатсия
Облигатсияҳо метавонанд унвони ва тақдими бошанд. Облигатсияи тақдими маълумоти зайлро дар бар мегирад: рақам, номинал, арзиши фоизи, номи ҷамъият - эмитент, маблағи умумии заём шарту тартиби пардохти фоиз.
Ҷамъият соҳибони облигатсияҳои унвониро ба рӯйхати махсус мегирад.
Моддаи 15. Ҳуқуқҳои дорандагони облигатсияҳо
Дорандагони облигатсияҳо ҳангоми барҳам хӯрдани ҷамъият нисбат ба соҳибони саҳмҳо ба гирифтани фоидаи тақсимшаванда ва активҳои он ҳуқуқи бештар доранд.
Облигатсияи унвонии гумшуда бо пардохти маблағ барқарор карда мешавад.
Дар сурати гум шудани облигатсияи тақдими он тибқи муқаррароти қонунҳои протсессуалии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои барқароркунии ҳуқуқ аз рӯи ҳуҷҷатҳои гумкардаи тақдими муайян шудааст, аз нав барқарор карда мешавад.
ФАСЛИ VI. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 16. Даромади ҷамъият
Даромади баланси ва софи ҷамъият мувофиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Даромади софи ҷамъият (баъди пардохти андозҳо) дар ихтиёри ҷамъият монда, бо қарори саҳмдорон дар байни онҳо дар шакли дивиденд тақсим карда ва ё ба захира гузаронида мешавад.
Моддаи 17. Дивиденд
Дивиденд қисми даромади софи ҷамъият (баъди пардохти андозҳо боқимонда) мебошад, ки дар байни саҳмдорон мувофиқи шумораи саҳмҳо мутаносибан тақсим карда мешавад.
Дивидендро ҳар семоҳа, як бор дар ним сол ва ё як бор дар як сол пардохтан мумкин аст. Дивиденди мобайниро директорон эълон менамоянд ва он андозаи муқарраршуда дорад. Дивиденди ниҳоиро аз рӯи натиҷаҳои сол бо назардошти пардохти дивидендҳои мобайни маҷлиси умумии солона эълон мекунад.
Андозаи дивиденди ниҳоиро ба ҳисоби як саҳми муқаррари маҷлиси умумии саҳмдорон бо пешниҳоди директорони ҷамъият муайян менамояд. Дивиденд аз пешниҳоди директорон зиёдтар буда наметавонад, вале онро маҷлис кам карда метавонад.
Дивиденди собити саҳмҳои афзалиятнок ва фоизи облигатсияҳо дар вақти баровардани онҳо муқаррар карда мешаванд.
Аз рӯи саҳмҳои ба муомилот бароварданашуда ё дар баланси ҷамъият буда дивиденд пардохта намешавад.
Дивидендро дар шакли саҳмҳо (сармоякунии фоида), облигатсияҳо, мол пардохтан мумкин аст, ба шарте ки ин дар оинномаи ҷамъият пешбини шуда бошад.
Барои пардохти дивиденд банки гузошта муқаррар карда мешавад ё онҳоро худи ҷамъият медиҳад.
Ҷамъият ҳаҷми дивидендро бе назардошти андози онҳо эълон кунад.
Ҷамъият ё банки гумошта дар бобати андозгири аз манбаъҳо ҳамчун гумоштагони давлат амал карда, бо ҳисоб карда баровардани андозҳои дахлдор ба саҳмдорон пардохти андозаи минималии дивидендро кафолат дода метавонад.
Ҷамъият ба саҳомон андозаи минималии дивидендро кафолат дода метавонад.
Тартиби пардохти дивидендҳо ҳангоми баромадани коғазҳои қиматнок пешаки муқаррар шуда, дар пушти саҳмия ё сертификат баён карда мешавад.
Аз рӯи дивидендҳои напардохта ва гирифтанашуда фоиз муқаррар карда намешавад.
Ба гирифтани фоида (баҳра) саҳмдороне ҳақ доранд, ки саҳмҳоро на дертар аз 1 моҳ пеш аз анҷоми соли молияви харидаанд .
Пардохти дивиденд ба шакли чек, супоришҳои пардохти ва ба воситаи почта сурат мегирад ё ба ҳисоби шахси гузаронида мешавад. Дивиденд ва мӯҳлати муомилот мутаносибан ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 18. Захираҳо
Ҷамъият барои фаъолияти худ ба андозаи на зиёда аз 15 фоизи фонди оинномави захираҳои зарури ташкил мекунад. Тартиби ташаккул ва истифодаи захираҳоро Оинномаи ҷамъият муайян мекунад .
Ҳиссаҷудокуни ба фонди захира аз тарафи маҷлиси саҳмдорон муқаррар карда мешавад, аммо то ба 15 фоиз расидани сармояи ибтидои онҳо наметавонанд камтар аз 5 фоизи маблағи фоидаи соф бошанд.
Моддаи 19. Опсионҳо
Ҷамъият мувофиқи оинномаи худ ё қарори саҳмдорон ҳуқуқ дорад, ки ба кормандон ҳуқуқи хариди миқдори муайяни саҳмҳоро аз рӯи шартҳои имтиёзнок (опсион) фароҳам созад.
Ҷамъият мувофиқи оинномаи худ баъд аз пардохтани андозҳо метавонад аз фоида фоизи муайянеро барои дар байни кормандон тақсим кардан, аз ҷумла дар шакли пули нақд ё саҳмҳо ҷудо кунад.
Моддаи 20. Ҳисоботи ҷамъият
Соли молияви барои ҷамъият аз 1 январ то 31 декабр муқаррар карда мешавад.
Маҷлиси солона бояд на дертар аз 3 моҳи баъди ба охир расидани соли молияви гузаронида шавад ва он ҷамъбасти соли молиявиро тасдиқ мекунад.
Дар давоми як моҳи баъди гузаронидани маҷлиси солона ҳисоботи солона ва баланси ҷамъият нашр мегардад.
Пеш аз ба маҷлиси солона пешкаш гардидани ҳисобот он бояд аз тарафи фирмаи аудитории таъминнамудаи саҳмдорон тафтиш ва тасдиқ гардад.
Ҷамъият ва мансабдорони он барои дурустии маълумоти ҳисобот масъул мебошанд.
Ҷамъият ҳар семоҳа баланси ҷамъият, ҳисоби фоидаю зиёнҳо ва дигар маълумоти ҷориро нашр карда, ба саҳмдорон мефиристад.
ФАСЛИ VII. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 21. Маҷлиси саҳмдорон
Мақоми олии ҷамъияти саҳоми маҷлиси умумии саҳмдорон мебошад.
Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умуми инҳо дохил мешаванд:
муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, тасдиқ намудани нақшаҳои он ва ҳисоботи иҷрои онҳо;
тағйир додани оинномаи ҷамъият;
интихоб ва бозхонди аъзоёни шӯрои ҷамъияти саҳоми (шӯрои назорати);
интихоб ва бозхонди аъзоёни мақоми иҷроия ва комиссияи тафтишоти;
тасдиқ намудани натиҷаҳои солонаи фаъолияти ҷамъияти саҳоми, аз ҷумла филиалҳои он, тасдиқ намудани ҳисобот ва хулосаҳои комиссияи тафтишоти, тартиби тақсимкунии фоида, муайян кардани тартиби ҷуброни зиёнҳо;
ташкилдиҳи,азнавташкилдиҳи ва барҳам додани филиалҳо ва намояндагиҳо, тасдиқ кардани низомномаҳои (оинномаҳои) онҳо;
баровардани қарор дар бораи ба масъулияти амволи кашидани мансабдорони ҷамъият;
тасдиқ кардани қоидаҳои тартибот ва дигар ҳуҷҷатҳои дохили ҷамъият, муайян кардани сохтори ташкилоти ҷамъият;
ҳаллу фасли масъалаи аз тарафи ҷамъияти саҳоми харида гирифтани саҳмҳое, ки мебарорад;
муайян кардани шартҳои додани музди меҳнати мансабдорон, ҷамъияти саҳоми, филиалу намояндагиҳои он;
тасдиқ кардани шартномаҳое, ки ба маблағи бештар аз маблағи дар оинномаи ҷамъият зикршуда баста шудаанд;
қабули қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҷамъият, таъин кардани комиссияи барҳамдиҳи, тасдиқ кардани баланси барҳамдиҳи;
қабули қарор дар бораи таҷдиди ҷамъият .
Бо оинномаи ҷамъият ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии ҷамъият дигар масъалаҳоро низ гузоштан мумкин аст.
Ҷамъият соле як маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳмдоронро новобаста аз дигар маҷлисҳо мегузаронад. Фосилаи байни маҷлисҳои умумии солона набояд аз 1,5 моҳ зиёдтар бошад.
Ҳамаи маҷлисҳо ба ғайр аз маҷлиси солона фавқулодда ҳисоб меёбанд.
Маҷлисҳои ғайринавбати аз тарафи директорони ҷамъият, комиссияи тафтишоти ё саҳмдорони дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмҳо даъват карда мешаванд .
Огоҳиномаи хатти дар бораи даъвати маҷлис бояд на дертар аз 30 рӯз пеш аз барпо гардидани он ба саҳмдор ба воситаи мактуби фармоиши бо суроғае, ки дар китоби саҳмҳо нишон дода шудааст, фиристода мешавад.
Огоҳинома дар бораи маҷлиси ғайринавбати бояд ифодаи аниқи масъалаҳои муҳокимашавандаро дар бар гирад .
Огоҳинома ба ҳамаи саҳмдороне, ки аз рӯи саҳмҳои муқаррари ҳамаи аъзоҳақиро пардохтаанд инчунин ба аудитори ҷамъият фиристода мешавад.
Ҳаққи овозро саҳмдороне доранд, ки дорои саҳмҳои муқаррари ба ҳисоби 1 саҳм 1 овоз мебошанд.
Маҷлиси солонаи саҳмдорон:
ҳисоботи директорон, баланси солона, ҳисоби даромаду зиёнҳо, тақсимкунии даромад, аз ҷумла дивиденди ниҳоиро тасдиқ мекунад;
директорон ва дигар кормандони роҳбарикунандаи ҷамъиятро интихоб мекунад;
аудиторро таъин карда, мукофотпулии ӯро муқаррар менамояд.
Маҷлис дар сурати иштироки на камтар аз нисфи саҳмдорон ё намояндагони қонунии онҳо (аз рӯи шумораи саҳмҳо) салоҳиятдор мебошад.
Дар маҷлис раиси шӯрои директорон (шӯрои назорати) ё ҷонишини ӯ раиси мекунад. Дар сурати ҳозир набудани онҳо мувофиқи интихоби аъзоёни шӯрои директорон (шӯрои назорати) яке аз директорон раиси мекунад. Агар директорон ҳозир набошанд ва ё аз раиси кардан даст кашанд, он гоҳ маҷлис аз ҷумлаи саҳмдорон раисро интихоб мекунад .
Агар дар мӯҳлати ним соат кворум ҷамъ нашавад, маҷлисе, ки бо талаби саҳмдорон даъват шудааст, ҷавоб дода мешавад. Маҷлиси аз тарафи директорон даъватшуда то мӯҳлате, ки раиси маҷлис муайян кардааст (на бештар аз 30 рӯз), ба таъхир гузошта мешавад. Маҷлиси такрори ҳангоми ҳозир шудани ҳар миқдори саҳмдорон салоҳиятдор ҳисоб меёбад.
Дар маҷлис масъалаҳоро бо роҳи овоздиҳии ошкоро (аз ҷумла бе ҳисоб кардани овозҳо) агар раиси маҷлис ё на камтар аз панҷ ҳиссаи саҳмдорон (ё намояндагони ваколатдори онҳо) ё саҳмдорон дорандаи 10 фоизи саҳмҳо мувофиқи миқдори саҳмҳо овоздиҳии махфиро талаб накунанд, ҳал кардан мумкин аст.
Дар сурати баробар будани овозҳо овози раиси маҷлис ҳалкунанда мебошад.
Тағйир додани оиннома, қарор дар бораи муттаҳидкуни ва қарор дар бораи қатъ гардидани фаъолият бо аз чор се ҳиссаи саҳмдорони дар маҷлис ҳозирбуда қабул карда мешавад. Аз рӯи масъалаҳои дигар аксарияти оддии овозҳои саҳмдорони дар маҷлис иштирокдошта кофи мебошад .
Саҳмдор ё намояндаи вай танҳо дар сурати ба танзим овардани тамоми ҳисобу китоб аз рӯи саҳмҳо иштирок карда метавонад.
Намояндаи саҳмдор танҳо дар сурати мавҷуд будани ваколатномаи дар идораи нотариали тасдиқшуда метавонад дар маҷлис иштирок кунад ва овоз диҳад.
Ҳангоми овоздиҳи аз тариқи бардоштани даст ҳар як саҳмдори ҳозирбуда як овоз, ҳангоми овоздиҳии махфи бошад, мутобиқи шумораи саҳмҳо овоз дорад.
Моддаи 22. Шӯрои директорони (шӯрои назоратии) ҷамъият
Дар фосилаи байни маҷлисҳои умуми мақоми олии идоракунии ҷамъият шӯрои директорон (шӯрои назорати) мебошад.
Шӯрои директоронро (шӯрои назорати)-ро маҷлиси умумии саҳмдорон интихоб мекунад .
Шумораи директоронро маҷлиси умумии саҳмдорон муқаррар мекунад ва он бояд тоқ бошад.
Танҳо саҳмдор ё намояндаи саҳмдор, ки миқдори саҳмҳои дар оиннома пешбинишударо дорад, директор шуда метавонад.
Директорон ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол интихоб шуда метавонанд якчанд маротиба аз нав интихоб карда шаванд.
Дар маҷлис барои интихоб шахсонеро, ки аз тарафи директорон ва саҳмдорон пешниҳод шудаанд, пешбари кардан мумкин аст. Ба котиби ҷамъият на дертар аз як ҳафта пеш аз гузаронидани маҷлис якҷоя бо розигии хаттии аз тарафи номзад имзошуда дар хусуси пешбари кардани номзадиаш ба воситаи мактуб дар бораи хоҳиши пешбари кардани номзад ба вазифаи директор маълумот дода мешавад.
Маҷлис метавонад шумораи директоронро зиёд намояд ва барои иҷрои вазифаҳои муайян директорони иловагиро интихоб кунад.
Маҷлис метавонад директорро то ба охир расидани ваколатҳояш аз вазифа холи намояд .
Дар давраи байни маҷлисҳо шӯрои директорон (шӯрои назорати) метавонад барои пурра кардани вазифаҳои холишуда директоронро таъин намояд. Пеш аз маҷлиси навбатии солона вай ваколатҳояшро аз сар соқит мекунад, аммо метавонад аз нав интихоб гардад.
Директорон тамоми ваколатҳои худро, сарфи назар аз вазифаҳои холишуда, нигоҳ медоранд.
Ба директорон дар давраи иҷрои вазифаҳояшон хароҷоти нақлиёт ва хароҷоти дигар талофи мешаванд, инчунин маблағи собити аз тарафи маҷлиси умуми муқарраршуда дода мешавад.
Ба ҳайати шӯрои директорон (шӯрои назорати) намояндаи коллективи меҳнатиро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст.
Қарори маҷлис амали анҷомдодашудаи шӯрои директоронро (шӯрои назорати), ки мухолифи оиннома нестанд, бекор карда наметавонад .
Директорони ҷамъият мувофиқи салоҳдиди худ қарор қабул карда, кори худро ташкил мекунад. Агар дар оиннома пешаки тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, иштироки аз се ду ҳиссаи аъзоёни шӯрои директорон (шӯрои назорати) кворум ба ҳисоб меравад. Дар сурати баробар будани овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад .
Маҷлиси Шӯрои директорон (шӯрои назорати) аз тарафи раиси шӯро ва ё яке аз ду нафари директорон даъват карда мешавад .
Директорон раиси шӯро ва як ё якчанд ҷонишинро ба муддати аз ду то панҷ сол интихоб мекунанд. Раиси шӯро ё ҷонишини вай дар маҷлиси шӯро раиси мекунанд .
Қароре, ки аз тарафи тамоми директорон имзо шудааст, баробари қарори шӯрои директорон (шӯрои назорати) эътибор дорад.
Шӯрои директорон (шӯрои назорати) ҳангоми зарурат метавонад барои ҳал намудани масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва дигар кормандони ҷамъият кумитаҳо ташкил намояд .
Директорон навиштани протоколи маҷлисҳои умумии саҳмдорон ва маҷлисҳои шӯрои директорон (шӯрои назорати), қайд кардани тамоми қарорҳо, рафти баҳсу мунозира ва таъинотро таъмин менамоянд.
Шӯрои директорон (шӯрои назорати) ба қадри зарурат маҷлис мегузаронанд.
Аъзоёни правленияи ҷамъияти кушод, аъзоёни шӯрои директорони (шӯрои назорати) ҷамъият шуда наметавонанд .
Моддаи 23. Директорони иҷрокунанда
Маҷлис камаш ду нафар директорони иҷрокунандаро, ки фаъолияти ҳаррӯзаи ҷамъиятро раҳнамои мекунанд, интихоб менамояд. Як нафари онҳо директори генералии иҷрокунанда (президент, раиси) ҷамъият таъин карда мешавад .
Директорони иҷрокунанда ва мудирҳо - роҳбарони қисмҳои калони ҷамъият ҳамчун мақоми асосии иҷроияи ҷамъият правленияи ҷамъиятро таъсис медиҳанд. Директори генерали (президент, раис) дар маҷлисҳои правления раиси мекунад.
Дар фосилаи байни маҷлисҳои саҳмдорон ва маҷлисҳои шӯрои директорон (шӯрои назорати) правления дар доираи салоҳияти худ, ки оиннома ба ӯ додааст, ба тамоми фаъолияти ҷамъият роҳбари мекунад.
Маҷлиси правления ба қадри зарурат гузаронда мешавад.
Директори генерали (президент, раис) ҳуқуқ дорад, ки бе ваколатнома аз номи ҷамъият амал кунад. Дигар аъзоёни правления дар доираи салоҳиятҳое, ки оиннома ё қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ба онҳо додааст, амал мекунад.
Директори генерали (президент, раис) тартиб додани протоколҳои маҷлисҳои правленияро ташкил мекунад. Маҷмӯаи протоколҳо бояд кадом вақте ки бошад, ба саҳмдорон дода шавад.
Моддаи 24. Комиссияи тафтишоти
Маҷлиси умумии саҳмдорон мувофиқи оиннома барои назорати фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъият аз ҳисоби саҳмдорон комиссияи тафтишоти интихоб мекунад. Аъзоёни комиссияи тафтишоти аъзои шӯрои директорон (шӯрои назорати) ё директорони иҷрокунанда буда наметавонанд.
Комиссияи тафтишоти бо супориши маҷлиси умуми, ташаббуси шахси ё талаби саҳмдорон, ки ба таври умуми дорои зиёда аз 10 фоизи саҳмҳо мебошанд, тафтишҳо мегузаронад.
Аъзоёни комиссияи тафтишоти ҳуқуқ доранд, ки аз шахсони мансабдори ҷамъият пешкаш намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарури ва баёноти шахсиро талаб кунанд.
Комиссияи тафтишоти натиҷаи тафтишотҳоро ба маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳод мекунад.
Комиссияи тафтишоти дар сурати ҳозир набудани аудиторон аз рӯи ҳисоботи солона ва балансҳо хулоса тартиб медиҳад, ки бе он маҷлиси саҳмдорон онро тасдиқ карда наметавонад.
Аъзоёни комиссияи тафтишоти дар сурати ба вуҷуд омадани хатари ҷидди ба манфиати ҷамъият вазифадоранд, ки даъват намудани маҷлиси ғайринавбатии саҳмдоронро талаб кунанд .
ФАСЛИ VIII. БАРҲАМ ДОДАН ВА АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 25. Шартҳои барҳам додани ҷамъият
Ҷамъият дар ҳолатҳои зерин барҳам дода мешавад:
бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки он таъсис шуда буд, агар ин дар оиннома пешбини шуда бошад;
бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон;
бо қарори суд.
Сархати панҷуми модда хориҷ карда шуд .
Моддаи 26. Тартиби барҳам додани ҷамъият
Барҳамдиҳии ихтиёрии ҷамъиятро комиссияи барҳамдиҳие, ки он таъин мекунад ва барҳамдиҳии маҷбуриро комиссияе, ки суд таъин мекунад, анҷом медиҳанд.
Аз вақти таъин кардани комиссияи барҳамдиҳи идоракунии корҳои ҷамъият ба салоҳияти он мегузарад. Комиссияи барҳамдиҳи активҳоро арзёби менамояд, кредиторҳоро муайян карда, бо онҳо, инчунин бо саҳмдорон ҳисобро баробар мекунад, баланси барҳамдиҳиро тартиб дода, онро ба маҷлиси саҳмдорон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Маблағҳои дар ҷамъият мавҷудбуда, аз ҷумла маблағҳои аз фурӯши амвол ба дастомада, баъд аз додани музди меҳнат, иҷрои ӯҳдадориҳои назди кредиторҳо ва буҷет дар байни саҳмдорон тақсим карда мешаванд.
Аз рӯзи ба рӯйхати давлати дохил кардани қайди дахлдор барҳамдиҳи анҷомёфта ва мавҷудияти ҷамъият қатъшуда ҳисоб меёбад.
Талабу даъвоҳои нисбати ҷамъиятҳо ва байнн онҳоро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суд барраси мекунанд .
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ҷамъият
Азнавташкилдиҳии ҷамъият бо роҳи муттаҳидшави, тақсимвшави, ҷудоваши, фарогири ва табдилёби сурат мегирад.
Ҳангоми азнавташкилдиҳии ҷамъият ба оиннома ва рӯйхати давлати тағйиротҳои зарури ва ҳангоми барҳамдиҳи ба рӯйхат қайди дахлдор карда мешавад.
Ҳангоми азнавташкилдиҳии ҷамъият тамоми маҷмӯи ҳуқуқ ва вазифаҳои ҷамъият ба ворисони ҳуқуқии он мегузарад.
Якҷояшави бо роҳи ба ҷамъияти нав додани тамоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ду ва якчанд ҷамъият бо қатъи фаъолияти охирин сурат мегирад. Ҳангоми якҷояшавии ҷамъиятҳо тамоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо ба ҷамъияти нав таъсисёфта мутобиқи асноди супоридан мегузаранд .
Тақсимшави бо роҳи дар заминаи як ҷамъият ташкил додани ҷамъиятҳои нави мустақил бо тақсим кардани балансу сармоя, баровардани саҳмҳои нав сурат мегирад.
Ҷудошави бо роҳи дар заминаи яке аз воҳидҳо ташкил намудани ҷамъияти нав бо баланс ва сармояи худ сурат мегирад. Ҷамъияти якум бо тағйиротҳои дахлдор дар актив ва пассивҳо фаъолияти худро идома медиҳад.
Фарогири бо роҳи харида гирифтани зиёда аз 50 фоизи саҳмҳои ҷамъият сурат мегирад. Ҷамъияти харидашуда метавонад мақоми мустақилияташро нигоҳ дорад. Дар сурати харидани 100 фоизи саҳмҳо ҷамъияти фарогирифташуда метавонад мустақилияти худро аз даст диҳад ва баланси он бо баланси ҷамъияти харидор муттаҳид шуда, нақшаи идоракуниаш тағйир меёбад.
Қисми ҳаштум хориҷ карда шуд .
Ҷамъиятро мувофиқи қонунҳо ба корхонаи дигар табдил додан мумкин аст .
ФАСЛИ IХ. ҶАМЪИЯТҲОИ ФАРЪИ, ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲО
Моддаи 28. Ҷамъиятҳоои фаръи
Ҷамъиятҳо метавонанд дар ҳудуди дигар давлатҳо (ҷумҳуриҳо) ҷамъиятҳои фаръи, филиалҳо ва намояндагиҳо дошта бошанд.
Ҷамъияти фаръи ҷамъияте мебошад, ки дар он 50 фоизу як саҳми дигар харида шуда бошад.
Ҷамъияти фаръии саҳоми ҳамчун муассисаи мустақили тиҷорати фаъолият карда, муносибатҳои он бо саҳмдори асоси дар асоси оиннома ва қонунҳо ба роҳ монда мешаванд.
Моддаи 29. Филиалҳо, шӯъбаҳо ва намояндагиҳо
Филиалҳо, шӯъбаҳо ва намояндагиҳо мутобиқи низомномаҳои аз тарафи маҷлиси саҳмдорон тасдиқшуда ҳамчун шахсони юридики фаъолият мекунанд.
Филиалу намояндагиҳо бо риояи шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
Ба филиалу намояндагиҳо аз ҳисоби ҷамъият маблағҳои асоси ва муомилоти дода мешавад.
Ташкили филиалу намояндагиҳо дар хориҷа бо қонунҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.
Филиалу намояндагиҳо дорои балансҳои худ мебошанд, ки ба баланси ҷамъият дохил мешаванд.
Филиалу намояндагиҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият, ҷамъият бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо масъулият доранд.
ФАСЛИ Х. АУДИТ
Моддаи 30.Аудит
Ҳар як ҷамъият аз ҳисоби худ барои тафтиш ва тасдиқи ҳисоботи солонаи молияви метавонад муассисаи махсусгардонидашударо, (аудити беруни) киро кунад. Аудитор ба ҳисоботи солона имзо гузошта, мутобиқати онро бо маълумоти вазъи корҳои воқеи тасдиқ мекунад.
Аудити дохилии ҷамъият аз тарафи комиссияи тафтишоти ба амал бароварда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш.Душанбе
23 декабри соли 1992 № 454