×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 118 "Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат"

Санаи амалкуни: 02.12.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 672 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ СЕЛЕКСИОНИИ ЗИРОАТ

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 83)

Ин Қонун муносибатҳои офаридан, истифодаю муҳофизат кардани дастовардҳои селексионии зироатро, ки барояш патент дода шудааст, танзим менамояд.

I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Селексияи зироат

Селексияи зироат аз маҷмӯи тадбирҳои селексионие иборат аст, ки мақсад аз он офаридани навъҳои нави растаниҳо мебошад.

Моддаи 2. Дастоварди селексиони

Навъи нави растани новобаста аз қобилияти муҳофизат бо аломате муайян карда мешавад, ки онро ҳамин хели ген ва ё таркиби он хос буда, аз гурӯҳҳои дигари растаниҳои дорои ҳамин гуна хосияти (таксони) ботаники ақаллан бо як аломат фарқ мекунад.

Ба ин ё он навъи растани чанд ё як растани ё ин ки як ё чандин қисми растани мансуб буда метавонад, ба шарте, ки чунин қисм ва ё қисмҳо барои зиёд кардани ҳамин навъи растани истифода шаванд.

Ба дастоварди нави селексиони бояд номе дода шавад, ки талабгор пешниҳод кардааст ва комиссияи давлатии санҷиши навъи зироат ва муҳофизати навъи назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ҳамчун Комиссияи давлати ёд мешавад) тасдиқ карда, дар реестри (дафтари қайди) давлати сабт шудааст.

Номи навъ бояд ба монанд кардани дастоварди селексиони имконият диҳад, кӯтоҳ бошад, аз дастовардҳои мавҷудаи селексионии ҳамон ҷинс ва ё ҷинси наздики ботаники фарқ кунад ва ба осони шинохта шавад.

Дар сурати талабгор шудан ба дастоварди селексиони он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо бояд дорои як ном бошад.

Номи дастоварди селексиони дар шароити муайян метавонад бо розигии Комиссияи давлати тағйир дода шавад.

Корбасти дастоварди селексионии муҳофизатшаванда бояд бо ҳамон номе истифода шавад, ки дар дафтари давлатии дастоварди селексионии муҳофизатшаванда сабт шудааст.

Ба категорияи муҳофизатшаванда навъ, ҷинс, насл, дурагаи насли аввал ва популятсия маҳсубанд.

Моддаи 3. Қонунгузори дар бораи селексияи зироат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи селексияи зироат аз ҳамин Қонун ва санадҳои дар асоси он нашршавандаи меъёрию ҳуқуқии ҳокимияти давлати ва идоракуни дар ҳудуди ваколатҳояшон иборат аст.

II. ШАРТҲОИ ҚОБИЛИЯТИ МУҲОФИЗАТИИ ДАСТОВАРДИ СЕЛЕКСИОНИ

Моддаи 4. Шартҳои қобилияти муҳофизатии дастоварди селексиони

Патент ба дастовардҳои селексионие дода мешавад, ки ба меъёрҳои қобилияти муҳофизати ҷавобгӯ бошад ва мансуби ҷинси ботаникие бошад, ки номгуяшонро Комиссияи давлати тасдиқ мекунад.

Меъёрҳои қобилияти муҳофизати дастовардҳои селексиони инҳоянд:

а) навгони:

то таърихи пешниҳод кардани дархост барои гирифтани патенти маводи тухми ва растани;

аз тарафи селексионер ё вориси ҳуқуқии ӯ ва ё бо розигии онҳо ба ашхоси дигар бо роҳу воситаи дигар ба мақсади истифодаи дастоварди селексиони дар истеҳсолот дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол пеш аз пешниҳод кардани дархост фурӯхта ва тақдим нашуда бошанд;

аз тарафи селексионер ё вориси ҳуқуқии ӯ ва ё бо розигии онҳо ба дигар ашхос бо дигар роҳу восита ба мақсади истифодаи дастоварди селексиони дар марзи ҳар кишвари дигар шаш сол пеш аз пешниҳоди дархости токи ангур, ниҳоли дарахт, ниҳоли дарахтони ороиши, мева, бешаги ва чор сол пеш дар мавриди ҳар кадом растании дигар фурӯхта ва тақдим нашуда бошанд;

б) махсусият (фарқият);

дастоварди селексиони аз ҳар як дастоварди дигари селексионии маълум, ки дар лаҳзаи пешниҳоди дархост вуҷуд дорад, бояд баръало фарқ кунад;

дастоварди селексионии маълум метавонад дастоварди селексионие бошад, ки дар истеҳсолот корбаст шудааст, дар феҳристҳои расми, фонди маълумотномаҳо мавҷуд аст ё дар яке аз маводи нашршуда возеҳ тавсиф шуда бошад.

Пешниҳоди дархост барои гирифтани патент ё барои гузаронидани санҷиши давлати дастоварди селексиониро аз рӯзи пешниҳод намудани дархост ҳамчунин ба ҳама маълум менамояд, ба шарте ки дар натиҷаи он барои дастоварди селексиони патент дода ё барои истифодаи дастоварди селексионй дар истеҳсолот роҳ дода шуда бошад.

Аломатҳое, ки хусусиятҳо дастоварди селексиониро муайян карда метавонанд, бояд қобили айният (шабоҳат) ва тавсифи аниқ бошанд.

в) ҳамҷинси:

бо назардошти тамоилоти ҷудогонае, ки бинобар хусусиятҳои афзоиш вуҷуд дошта метавонанд, растаниҳои ин ё он навъ аз рӯи аломатҳои худ бояд ба ҳам хеле шабоҳат дошта бошанд.

г) устувори:

растаниҳои ин ё он навъ пас аз афзоиши чандкарата ё худ дар охири ҳар даври афзоиш бояд ба тавсифи хеш мувофиқ бошанд;

навъҳое, ки дар рӯзи оғози муҳофизати ҷинсу намудҳои дахлдор ба минтақа муавофиқ гардонида мешаванд ва ё дар реестри давлатии дастовардҳои селексиони ба қайд гирифта, дар истеҳсолот мавриди истифода қарор дода шудаанд, бидуни пешниҳоди талаботи навгони қобили муҳофизат эътироф шуда метавонанд. Мӯҳлати эътибори патенти ин дастовардҳои селексиони, ки дар банди 1-уми моддаи 12 зикр шудааст, аз соли созгори минтақа шудан то соли додани патент ихтисор мешавад ва нисбати онҳо муҳофизати муваққати, ки дар моддаи 15 пешбини шудааст, эътибор надорад.

Моддаи 5. Дархости гирифтани патент

Ҳаққи дархост додан ва гирифтани патентро селексионер ва ё вориси ҳуқуқии ӯ дороанд. Дархост як сол қабл аз супурдани навъ ба санҷиши давлати ба унвони Комиссияи давлати дода мешавад.

Дар сурати ба шартҳои қобилияти муҳофизати мувофиқ омадани дастоварди селексиони Комиссияи давлати дар бораи додани патент қарор қабул мекунад.

Агар дастоварди селексиони ҳангоми иҷрои супориши идора ва ё вазифаҳои хизмати эҷод шуда бошад, корфармо ҳуқуқи дархост додан ва патент гирифтан дорад, агар дар шартномаи байни корфармо ва селексионер ё дар ҳуҷҷатҳои таъсисоти шарти дигар пешбини нашуда бошад.

Дар ин ҳол дар шартнома ё ҳуҷҷатҳои таъсисоти бояд ҳаҷму муҳити мукофотпулии муаллиф барои истифодаи дастоварди селексиони пешбини гардад.

Агар дар дастоварди селексиони маҳсули ранҷи чанд эҷодкор бошад, ё худ чанд кас ворисони муаллифон бошанд, дархост аз ҷониби ҳамаи онон пешниҳод карда мешавад.

Дархост ба воситаи намояндае пешниҳод шуда метавонад, ки бинобар ваколатҳои ба эътимод асосёфтааш ба корҳои патентгири машғул аст.

Агар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати хориҷи шартномаи муҳофизати дастовардҳои селексиони имзо шуда бошад, шахсиятҳои воқеи ва ҳуқуқии ин давлат ба дархост додан ҳак доранд.

Дар ин ҳолат, корҳои патентгири ва беэътибор нашудани онро намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон мерасонанд.

Ҳамаи ахбороте, ки ба дархост оид ба додани патент тааллуқ доранд, дар бюллетени расмии дастовардҳои селексиони нашр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 83).

Моддаи 6. Ҳаққи аввалият

Аввалияти дастоварди селексиони аз рӯзи ба Комиссияи давлати пешниҳод кардани дархост муайян карда мешавад.

Агар дархости ягон давлат ба Комиссияи давлати баъди дархост дар яке аз давлатҳое (дархости аввал) расида бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он оиди муҳофизати дастоварди селексиони шартнома имзо кардааст, дархосткунанда то 12 моҳ; ҳаққи аввалияти дархости якумро аз санаи пешниҳод шуданаш дорост.

Барои аниқ кардани таърихи аввалият дархосткунанда мувофиқи банди 2-юми ҳамин модда дар рӯи дархосте, ки ба Комиссияи давлати ирсол мешавад, бояд таърихи аввалияти дархости якумро сабт намояд. Дар ин сурат ӯ дар давоми 6 моҳи ба Комиссияи давлати ворид гаштани дархост бояд нусхаи дархости якум, ки мақомоти салоҳиятдори давлати дахлдор тасдиқ кардааст ва тарҷумаи онро супорад.

Ҳангоми иҷрои шартҳои бандҳои 2-юм ва 3-юми ҳамин модда дархосткунанда ҳақ дорад, ки аз рӯзи додани дархости якум дар давоми се сол ҳуҷҷатҳои иловаги ва маводи заруриро барои санҷиш пешниҳод намояд.

III. АРЗЁБИИ ҚОБИЛИЯТИ МУҲОФИЗАТИ

Моддаи 7. Экспертизаи пешакии дархост

Дархост аз рӯзи пешниҳод шуданаш дар давоми як моҳ пешаки экспертиза карда мешавад. Дар рафти экспертизаи пешаки таърихи аввалият муайян ва мувофиқати ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарури ба талабот тафтиш карда мешавад.

Комиссияи давлати ҳуҷҷатҳои набуда ё маводи аниқкунандаеро талаб карда метавонад, ки дархосткунанда онҳоро бояд дар вақташ супорад.

Дархосткунанда дар давраи гузаронидани экспертизаи дархост ҳақ дорад, ки бо ташаббуси худ ба маводи дархост илова ворид кунад, онро аниқ ва ё ислоҳ, намояд.

Агар ислоҳи зарури дар мӯҳлати муқаррари дохил нашуда бошанд, ҳуҷҷатҳои дар рӯзи ворид гаштани дархост набуда супурда нашуда бошанд, дархостро барои барраси қабул намекунанд ва дар ин бора ба дархосткунанда хабар дода мешавад.

Агар дархосткунанда аз қароре, ки аз рӯи натиҷаи экспертизаи пешаки қабул шудааст, норози бошад, ҳақ дорад аз рӯзи гирифтани қарор дар давоми 3 моҳ ба суд шикоят кунад.

Дар сурати ҳалли дурусти экспертизаи пешаки дархосткунанда аз қабули дархосте, ки ба меъёрҳои қобилияти муҳофизати мувофиқат кардани дастоварди селексиони мавриди барраси қарор мегирад, хабардор карда мешавад.

Моддаи 8. Экспертизаи навгонии дастоварди селексиони

Ҳар шахси манфиатдор аз рӯзи интишори маълумоти оиди дархост дар давоми 6 моҳ метавонад ба Коммиссияи давлати оиди навгонии дастоварди селексионии дархостшуда даъво намояд.

Комиссияи давлати аз ворид шудани даъвои асоснок дархосткунандаро огоҳ намуда, моҳияти онро шарҳу эзоҳ медиҳад.

Агар комиссия аз ин даъво норози бошад, дархосткунанда ҳақ дорад аз рӯзи гирифтани хабарнома дар давоми 3 моҳ ба Комиссияи давлати эътирозномаи асоснок фиристад.

Комиссияи давлати дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуда қарор қабул намуда, дар ин бора шахсони манфиатдорро хабардор мекунад.

Агар дастоварди селексиони ба меъёрҳои навгони мувофиқ наояд, дар бораи надодани патент қарор қабул карда мешавад.

Аз қарори Комиссияи давлати аз тариқи суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 9. Санҷиши махсусият, ҳамҷинси ва устувории дастоварди селексиони

Санҷиши махсусият, ҳамҷинси ва устувории дастоварди селексиони аз рӯи тартиб ва мӯҳлати муқарраркардаи Комиссияи давлати гузаронида мешавад.

Комиссияи давлати ҳақ дорад натиҷаҳои санҷиши мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигарро, ки бо онҳо шартномаҳои дахлдор баста шудааст ва натиҷаҳои санҷишеро, ки ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартнома бо Комиссияи давлати гузаронидаанд ва ё маълумотҳои пешниҳоднамудаи дархосткунандаро истифода барад.

IV. МУҲОФИЗАТИ ДАСТОВАРДИ СЕЛЕКСИОНИ

Моддаи 10. Ба қайд гирифтани дастоварди селексиони

Дастоварди селексиониеро, ки аз рӯи он барои додани патент қарор қабул шудааст, Комиссияи давлати дар Реестри давлатии дастовардҳои селексиони аз рӯи тартиби муқарраршуда ба қайд мегирад.

Моддаи 11. Патент

Патент аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳиби патент ё вориси ҳуқуқии ӯ барои истифодаи дастоварди селексиони ҳаққи махсус дорад.

Патент ба дархосткунанда дода мешавад. Агар дар аризаи гирифтани патент номи чанд кас зикр шуда бошад, патент ба касе дода мешавад, ки номаш дар ариза аввал омадааст.

Дар сурати гум ё нуқсондор кардани патент мумкин аст нусхаи дуюми он дода шавад, ба шарте ки дархосткунанда боҷи муқарраршударо пардозад.

Моддаи 12. Мӯҳлати эътибори патент

Патент аз таърихи дар Реестри давлати ба қайд гирифта шудани дастоварди селексиони бист сол эътибор дорад. Барои навъҳои ангур, растаниҳои ороиши, ниҳоли мева ва навъҳои бешаги, аз ҷумла барои ниҳолҳои пайванди бисту панҷ сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 83).

Комиссияи давлати бо хоҳиши соҳиби патент метавонад мӯҳлати эътибори патентро на бештар аз даҳ сол дароз кунад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи соҳиби патент

Ба соҳиби патент барои истифода кардани дастоварди селексионии муҳофизатшаванда ҳуқуқи махсус дода мешавад.

Ҳуқуқи соҳиби патент тасдиқ ва бо қонун муҳофизат карда мешавад.

Ҳуқуқи соҳиби патент аз он иборат аст, ки ҳар кас аз ӯ барои ба тухмии дастоварди селексионии муҳофизатшаванда анҷом додани корҳои зерин бояд литсензия (иҷозатнома) гирад:

а) истеҳсол ва зиёд кардани тухми;

б) ба мақсади афзоиши минбаъда киштбоб кардани тухми;

в) ба фурӯш баровардан;

г) фурӯши тухми ва шаклҳои дигари додугирифти он;

д) саришта кардани тухми;

е) барои содирот ва воридоти тухми мувофиқи Реестри давлати (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 83).

Соҳиби патент ба растани ҳам ҳуқуқ дорад, агар он аз тухмие сабзида бошад, ки дар хоҷаги бе иҷозати соҳиби патент кишт шудааст. Аз соҳиби патент иҷозати дастоварди ибтидоии муҳофизатшавандаи селексиониро барои анҷом додани амалҳои бо маводи тухмии навъе гирифтан лозим аст, ки дар банди 2-юми ҳамин модда зикр шудааст ва он навъ:

а) асосан аломатҳои навъи ибтидоиро соҳиб мешавад, ба шарте, ки худи навъ дастоварди селексиони набошаду аломатҳои дастоварди селексионии дигарро гирад;

б) барои ҳосил намудани тухми чандин карат истифода кардани навъи муҳофизатшавандаро пешбини менамояд.

Ба сифати дастоварди селексиони, ки аломатҳои дастовардҳои селексионии дигарро (ибтидоиро) соҳиб мегардад, он дастовард эътироф мешавад, ки аз дастоварди селексионии ибтидои басо фарқ дорад, вале:

Аломатҳои басо назарраси ибтидои ё дастоварди селексиониро соҳиб мегардаду дар айни ҳол аломатҳои асосии нишондиҳандаи генотип ё таркиби генотипҳои дастоварди селекоионии ибтидоиро нигоҳ медорад;

ба генотип ё худ ба таркиби генотипҳои дастоварди селексионии ибтидои мувофиқ аст, ба истиснои тамоилҳое, ки аз татбики чунин усулҳо ба монанди интихоби фарди аз навъи ибтидои, интихоби мутанти индуксияшуда, беккросс, инженерияи гени бармеоянд.

Моддаи 14. Амалҳое, ки боиси халалдор шудани ҳуқуқи соҳиби патент дониста намешаванд

Амалҳое зерине, ки нисбати дастоварди селексионии муҳофизатшаванда пеш гирифта мешаванд, боиси халалдор гардидани ҳуқуқи соҳиби патент дониста намешаванд:

а) амалҳое, ки ба мақсадҳо ғайритиҷорати анҷом дода мешаванд;

б) амалҳо ба мақсади гузаронидани таҷриба;

в) ба кор бурдани дастоварди селексионии муҳофизатшаванда ба сифати маводи ибтидои баҳри офаридани навъҳои дигар ва минбаъд тибки мақсадҳои дар банди 2-юми моддаи 13 зикршуда истифода кардани он;

г) барои парвариши ин ё он навъ дар ҳудуди корхона ба сифати тухми ба мӯҳлати 2 сол истифода намудани растание, ки дар ҳамин корхона расонида шудааст (рӯйхати ҷинсу навъҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд);

д) ҳар амали истифодаи тухми ё растание, ки соҳиби патент ё бо розигии ӯ шахси дитар дар хоҷаги ба кор бурдааст, ғайр аз содир намудани тухми ва растани (ки имкон медиҳад навъ афзоиш дода шавад) ба мамлакате, ки дар он ҷинсу навъҳои мазкур муҳофизат намешаванд.

Моддаи 15. Муҳофизати муваққати

Аз рӯзи ба Комисcияи давлати ворид гаштани дархост то додани патент ба дархосткунанда барои муҳофизати муваққатии дастоварди селексиони имконият дода мешавад.

Баъди гирифтани патент соҳиби он ҳақ дорад аз шахсе, ки дар давраи муҳофизати муваққатии патент ҳуқуқи дар моддаи 13-ум пешбинишудаи соҳиби патентро вайрон кардааст, подош гирад.

Дар давраи муҳофизати муваққатии дастоварди селексиони бо фурӯхтан ё ба тарзи дигар додани маводи тухми фақат ба мақомоти илми ва дар мавридҳое иҷозат дода мешавад, ки ин фурӯхтан ё додани маводи тухми бо гузашт кардани ҳуқуқи дастоварди селексиони ва ё бо тавлиди тухми аз рӯи фармоиши дархосткунанда ба мақсади захира кардани он алоқаманд бошад.

V. ИСТИФОДАИ ДАСТОВАРДИ СЕЛЕКСИОНИ

Моддаи 16. Шартномаи литсензиони

Мувофиқи шартномаи литсензиони (литсензияи махсус ё ғайримахсус) соҳиби патент (литсензиядиҳанда) метавонад ҳуқуқи истифодаи дастоварди селексиониро ба шахси дигар (литсензиягиранда) аз рӯи шартнома пулаки ё бепул гузашт кунад.

Шартномаи литсензиони хатти тартиб дода мешавад.

Агар литсензия махсус бошад, ба литсензиягиранда ҳуқуқи махсуси истифодаи дастоварди селексиони то ҳадди муқарраркардаи шартнома дода, ҳуқуқи литсензиядиҳанда барои истифодаи он ҳиссаи дастоварди селексионие, ки ба литсензиягиранда дода намешавад, боқи мемонад.

Агар литсензия ғайримахсус бошад, тамоми ҳуқуқҳои аз патенти дастоварди селексиони бароянда, аз ҷумла ҳуқуқи ба шахси сеюм додани литсензия дар ихтиёри литсензиядиҳанда мемонад.

Литсензияи махсус баъди онро дар Комиссияи давлати қайд кардан эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 17. Ҳуқуқи шахси литсензиягирифта

Шахси литсензиягирифта ҳак дорад, ки дастоварди селексиониро дар муддати эътибори патент дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор барад ва агар дар шартномаи литсензиони амали дигар зикр нашуда бошад, ба амалҳои дар моддаи 13 пешбинишуда пардозад.

Шахси литсензиягирифта ҳуқуқи гузашт кардани литсензияро ба шахси сеюм ва пешкаш кардани сублитсензияро надорад, агар ин дар шартномаи литсензиони пешбини нашуда бошад.

Моддаи 18. Шартҳои шартномаи литсензиони оиди маҳдуд сохтани ҳуқуқи литсензиягирифта

Шартҳои шартномаи литсензиони, ки ҳуқуқи шахси литсензиягирифтаро маҳдуд менамоянду ин маҳдудият аз ҳуқуқҳои пешбиникардаи патент барнамеояд ва ё барои ҳифз намудани патент зарур намебошанд, эътибор надоранд.

Моддаи 19. Литсензияи кушода

Соҳиби патент метавонад дар варақаи (бюллетени) расмии Комиссияи давлати чунин дархостро нашр намояд, ки ҳар кас баъди пардохтани маблағи дар шартнома қайду шартшуда аз рӯзи дар ин бора хабардор кардани соҳиби патент дастоварди селексионии ӯро мавриди истифода қарор дода метавонад.

Комиссияи давлати дар Реестри давлатии дастовардҳои селексионии муҳофизатшаванда дар бораи додани литсензияи кушода бо зикри ҳаҷми пардохт қайд менамояд.

Андозаи боҷ барои боэътибор нигоҳ доштани патент аз 1 январи соле, ки баъд аз соли нашри дархост барои гирифтани литсензияи кушода меояд, 50 фоиз кам карда мешавад.

Комиссияи давлати аз рӯи дархости соҳиби патент ва дар сурати розигии ҳамаи дорандагони литсензияи кушода дар Реестри давлатии дастовардҳои селексиони қатъ шудани эътибори литсензияи кушодаро қайд менамояд.

Моддаи 20. Литсензияи маҷбури

Ҳар кас метавонад ариза навишта, аз Комиссияи давлати хоҳиш намояд, ки ба ӯ литсензияи маҷбурии дастоварди селекоиони диҳад.

Комиссияи давлати литсензияи маҷбуриро танҳо дар мавридҳои фавқулодда зимни иҷрои шартҳои зерин медиҳад:

а) агар дархости гирифтани литсензияи маҷбури баъди се соли додани патент ворид шуда бошад;

б) агар соҳиби патент ба дархосткунанда ҳуқуқи истеҳсол ва ё фурӯши тухмиро надода бошад ва ё барои додани чунин ҳуқуқ омода набошад;

в) агар шахси талабгори литсензияи маҷбури собит карда бошад, ки аз ҷиҳати молияви ва дигар ҷиҳатҳо метавонад литсензияро боэътимод ва самаранок истифода барад;

г) агар боҷ барои гирифтани литсензияи маҷбури пардохта шуда бошад.

Литсензияи маҷбури ба соҳиби литсензия ҳуқуқи анҷом додани тамоми амалҳо ё як қисми онҳоро медиҳад, ки дар банди 1-уми моддаи 13 зикр шудаанд.

Комиссияи давлати ҳангоми додани литсензияи маҷбури маблағи пардохтеро муқаррар менамояд, ки онро соҳиби патенти маҷбури бояд ба соҳиби патент барои маводи тухмии ин ё он навъ ба андозае пардозад, ки барои истифодаи литсензияи маҷбури кифоя бошад.

Мӯҳлати эътибори литсензияи маҷбуриро Комиссияи давлати муқаррар менамояд ва он набояд аз 4 сол зиёд бошад.

Агар баъди тафтиши инспексиони шартҳое, ки мувофиқи онҳо литсензияи маҷбури дода шуда буд, боқи мондан гиранд, мӯҳлати эътибори ин литсензия метавонад дароз карда шавад.

Агар соҳиби литсензияи маҷбури шартҳои гирифтани литсензияро риоя накунад, Комиссияи давлати литсензияи маҷбуриро бекор менамояд.

Нисбати Қарори Комиссияи давлати оиди литсензияи маҷбури аз тариқи суди шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 21. Ҳуқуқи даъво кардани литсензиягиранда

Агар ҳуқуқи соҳиби патент риоя нашавад, литсензиягиранда ҳак дорад аз рӯи тартиби муқарраршуда ба суд даъво намояд.

Моддаи 22. Шаҳодатномаи муаллифи

Шаҳодатномаи муаллифи соҳиби дастоварди селексиони будани муаллиф ва барои истифодаи патент ҳуқуқи аз соҳиби патент подош гирифтани ӯро тасдиқ менамояд.

Шаҳодатномаи муаллифи ба ҳар муаллифе, ки соҳиби патент намебошад, дода мешавад.

Баҳсҳои муаллифи аз тариқи суд ҳаллу фасл мешаванд.

Моддаи 23. Подоши муаллифи дастоварди селексиони, ки соҳиби патент намебошад

Андоза подоши истифодаи дастоварди селексиони дар асоси шартномаи миёни селексионер ва вориси ҳуқуқии ӯ муайян карда мешавад ва он бояд аз ду фоизи даромади ҳарсола, ки соҳиби патент барои истифодаи дастоварди селексиони, аз ҷумла, аз даромаде, ки аз ҳисоби фурӯхтани литсензия мегирад, кам набошад.

Агар ин ё он навъро якчанд муаллиф офарида бошанд, подоши он дар асоси мувофиқати байни муаллифон тақсим карда мешавад.

Подоши муаллифон баъд аз се моҳи хатми ҳар соле, ки дар давоми он дастоварди селексиони мавриди истифода қарор дошт, дода мешавад.

Соҳиби патент, ки барои сари вақт напардохтани подош гуннаҳкор аст, барои ҳар рӯзи таъхир ба муаллиф ба андозаи 0,04 фоизи музди пардохтшаванда ҷарима медиҳад.

Моддаи 24. Ҳифзи дастоварди селексиони

Соҳиби патент вазифадор аст, ки дар давоми эътибори патент навъро тавре ҳифз намояд, ки аломатҳои дар санаи аввалият тавсифшудааш боқи монанд.

Соҳиби патент вазифадор аст, ки бо талаби Комиссияи давлати тухмиро барои санҷиши назорати ирсол намояд ва барои дар ҷояш тафтиш намудани он имкон диҳад.

Моддаи 25. Беэътибор донистани патент

Ҳар шахс метавонад барои беэътибор донистани патент ба Комиссияи давлати ариза нависад.

Комиссияи давлати нусхаи аризаро ба соҳиби патент ирсол менамояд, ки ӯ дар давоми се моҳ метавонад ҷавоби асоснок диҳад, инчунин, агар санҷиши иловаги лозим набошад, дар давоми 6 моҳ дар бораи асоснокии ариза қарор қабул менамояд.

Комиссияи давлати патентро беэътибор медонад, агар муқаррар шавад, ки:

а) он дар асоои далелҳои тасдиқнашудаи ҳамҷинси ва устувории дастоварди селексиони, ки дар таърихи гирифтани патент аризадиҳанда пешниҳод кардааст, дода шуда бошад;

б) дар таърихи дода шудани патент дастоварди селексиони ба меъёрҳои навгони ва ё махсусият мувофиқ набошад;

в) шахсе, ки дар патент ҳамчун соҳиби патент нишон дода шудааст, барои гирифтани патент асоси қонуни надошта бошад.

Нисбати Қарори Комиссияи давлати ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 26. Бекор кардани патент

Патентро Комиссияи давлати дар мавридҳои зерин бекор мекунад:

а) агар дастоварди селексиони дигар ба шартҳои ҳамҷинси ва устувори мувофиқат накунад;

б) агар соҳиби патент бо хоҳиши Комиссияи давлати дар давоми 12 моҳ тухми, ҳуҷҷат ва маълумотҳоеро, ки барои санҷидани ҳифозат дастоварди селексиони заруранд, вогузор накарда, ё барои дар маҳал ба ҳамин мақсад тафтиш кардан имконият надода бошад;

в) соҳиби патент боҷи дароз кардани мӯҳлати эътибори патентро дар вақташ напардохта бошад.

Моддаи 27. Масъулияти риоя накардани ҳуқуқи соҳиби патент

Ҳар шахсияти воқеи ё ҳуқуқи, ки дастоварди селексиониро бар хилофи ҳамин Қонун истифода мекунад, гуннаҳкори риоя накардани ҳуқуқи соҳиби патент ҳисоб мешавад.

Бо талаби соҳиби патент хилофкори бояд қатъ карда, товони зиён ба ӯ пурра баргардонида шавад.

Суд дар муҳокимаи суди барои риоя накардани ҳуқуқи соҳиби патент аз рӯи ариза ва ё дархосги ашхосе, ки дар парванда иштирок менамоянд, ё бо ташаббуси худ барои қонеъ гардонидани даъво тадбирҳои зерин андешида метавонад:

а) тухми ва растаниеро, ки боиси қонуншикани шудааст, мавқуф намояд;

б) истифода, истеҳсол ё фурӯши тухми ва растаниро манъ кунад.

Моддаи 28. Масьулияти риоя накардани ҳуқуқи дигари соҳиби патент ва селексионер

Шахсияти ҳуқуқи ё шаҳрванд барои риоя накардани ҳуқуқи дигари соҳиби патент ё селексионер гуннаҳкор дониста мешавад, агар ӯ:

а) маълумоти сирри тиҷорати доштан дастоварди селексиониро, ки дархост шудааст, фош намояд, агар ӯ ин маълумотро ҳангоми иҷрои амалҳои марбутаи ҳамин Қонун ба даст оварда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз маълумот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсе огоҳ карда мешавад, ки ин шахс дар асоси ҳамин Қонун расман корҳои ҳифзи ҳуқуқи селексионерро ба иҷро мерасонад;

б) ба тухмии истеҳсолшуда ва фурӯхташаванда номе гузорад, ки аз дастоварди селексионии ба қайд гирифташуда фарқ кунад;

в) ба тухмии истеҳсолшуда ва фурӯхташаванда номи дастоварди селексионии ба қайд гирифташудаеро диҳад, ки ба он хеҷ муносибате надорад;

г) ба тухмии истеҳсолшуда ва фурӯхташаванда номи ба дастоварди селексионии ба қайд гирифташуда хеле монандро диҳад, ки онро аз навъҳои ба қайд гирифташуда фарқ карда натавонистан мумкин аст;

д) бардурӯғ арз кунад;

е) дар Реестри давлатии дастовардҳои селексиони ва дар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қайдҳои бардурӯғ кунад ё ба иҷрои ин кор супориш диҳад;

ж) ҳуҷҷатҳои барои риоя намудани ҳамин Қонун зарурро қалбаки кунад ё барои қалбаки кардани ин гуна ҳуҷҷатҳо супориш диҳад;

з) ҳуҷҷатҳое тақдим намояд, ки маълумотҳои бардурӯғ доранд.

Ашхосе, ки аъмоли дар қисми якуми ҳамин модда зикршударо содир менамоянд, дар асоси Қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 29. Комиссияи давлати

Комиссияи давлати вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки ҳамин Қонун ба зиммааш гузоштааст.

Комиссияи давлати ҳақ дорад ба ҳар ташкилоте шартнома бандад, ки ба санҷиши қобилияти ҳифозатии навъҳои растани қодир аст.

Кормандони Комиссияи давлати ва ҷузъу томҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар тамоми давраи кор, инчунин дар давраи се сол баъди аз кор рафтан ҳақ надоранд, ки барои гирифтани патент дархост кунанд.

Моддаи 30. Дар истеҳсолот истифода кардани дастоварди селексиони

Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои дахлдор фақат он навъҳои растани ва ҷинсҳои дарахти тут парвариш карда мешаванд, ки ба шароити минтақа мувофиқанд ва ба истифодаашон иҷозат дода шудааст.

Тухмиҳои фурухташаванда бояд сертификате дошта бошанд, ки хушсифат ва қобили кишт будани онҳоро тасдиқ мекунад.

Барои истеҳсоли зироати тухми бо мақсади берун аз минтақа баровардани он ба ҷумлаи навъҳои киштбоби ҳудуди минтақаи мазкур дохил кардани ин навъ шарт нест.

Аз рӯи дастовардҳои селексионие, ки дар Реестри давлати қайд шудаанд, сертификат танҳо ба соҳиби патент, ба литсензиягирандагони ӯ ва ба истифодакунандагони литсензияи кушода дода мешавад.

Комиссияи давлати аз рӯи натиҷаи санҷиши давлатии навъҳои растани иҷозат медиҳад, ки кадом навъи растани кишт карда, кадом навъаш ба минтақа мувофиқ гардонида шавад.

Аз рӯи навъу ҷинсҳои алоҳида, ки Комиссияи давлати муқаррар кардааст, навъҳои киштбоб ба ҷумлаи навъҳои ба минтақа мутобиқшуда дар асоси арзёбии коршиносон ё маълумотҳои дархосткунанда дохил карда мешаванд.

VI. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚИ

Моддаи 31. Ҳуқуқи дархост додан ба мамлакатҳои дигар

Селексионер ё вориси ӯ метавонад барои муҳофизати дастоварди селексиони ба дигар мамлакатҳо дархост диҳад.

Хароҷоти ҳифзи ҳуқуқи дастоварди селексиони дар дигар мамлакатҳо аз ҳисоби дархосткунанда аст.

Моддаи 32. Ҳуқуқи шахсиятҳои воқеи ва ҳуқуқии хориҷи

Агар байни давлатҳои хориҷи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи муҳофизати дастоварди селексиони ба имзо расида бошад, шахсиятҳои ҳуқуқи ва воқеии хориҷи дар баробари шахсиятҳои ҳуқуқи ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқе бархурдор мебошанд, ки дар ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи дастовардҳои селексиони пешбини шудаанд.

Муқаррароти модаҳои 22 ва 23-юми ҳамин Қонун нисбати шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа эътибор надорад.

Моддаи 33. Амали шартномаҳои байналхалқи

Агар қоидаҳои дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда бо қоидаҳои ҳамин Қонун мувофиқ наоянд, қоидаҳои шартномаи байналхалқи мавриди амал қарор мегиранд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 4 ноябри соли 1995 № 118