×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 1992, № 650 "Дар бораи милиса"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 41 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МИЛИСА

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлати, муҳофизати ҳуқуқи ва мақоми мусаллаҳе мебошад, ки ҳаёт, саломати, ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз суиқасдҳои ҷинояти ва дигар таҷовузҳои ғайриқонуни муҳофизат намуда, ҳуқуқи ба кор бурдани тадбирҳои иҷбориро дорад.

Моддаи 2. Вазифаҳои асосии милиса

Вазифаҳои асосии милиса аз инҳо иборатанд:

таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон, амнияти ҷамъияти ва ҳифзи тартиботи ҷамъияти;

пешдасти ва пешгири намудани ҷиноятҳо ва дигар қонуншиканиҳо;

ошкор, фош ва таҳқиқ кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин ҷиноятҳоро содир кардаанд;

ҳимояи моликият аз таҷовузи ғайриқонуни;

мубориза бар зидди терроризм, аз ҷумла таъминкунии амнияти худии зидди террористи дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқи;

дар доираи муқарракардаи Қонуни мазкур иштирок варзидан дар кумаки иҷтимоию ҳуқуқи ба шаҳрвандон, мансабдорон, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, кооперативу таълимгоҳҳо;

татбиқи муҷозоти маъмури.

Ҷалб намудани милиса барои иҷрои вазифаҳое, ки мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш гузошта нашудаанд, манъ аст. Ҳеҷ кас, ба истиснои мақомот ва мансабдороне, ки мувофиқи қонун барои ҷалб намудан мустақиман салоҳият доранд, ҳуқуқи дахолат кардан ба фаъолияти милиса надорад.

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти милиса

Фаъолияти милиса дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтироми шахсият, адолати иҷтимои, демократизм, интернатсионализм, инсондӯсти, ҳамкории мутақобила бо коллективҳои меҳнати ва аҳоли, доимо ба назар гирифтани афкори умум ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 4. Ошкорбаёни дар фаъолияти милиса

Фаъолияти милиса барои шаҳрвандон, аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма ошкору кушода мебошад.

Милиса дар доираи муқарраркардаи Қонун ба мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, коллективҳои меҳнати, аҳоли ва воситаҳои ахбори омма дар хусуси вазъи тартиботи ҳуқуқи ва тадбирҳои мустаҳкам кардани он хабар медиҳад.

Ахборе, ки сирри давлати, хизмати ва тиҷорати мебошад, инчунин ахборе, ки ба ҳаёти шахси, шаъну шарафи шаҳрванд дахл дошта, дар рафти фаъолияти хизмати ба даст омадаанд, бояд ошкор карда нашавад, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонун пешбинишуда.

Моддаи 5. Асоси ҳуқуқии фаъолияти милиса

Асоси ҳуқуқии фаъолияти милиса иборат аст аз:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои нормативии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати.

Моддаи 6. Фаъолияти милиса ва ҳуқуқи шаҳрвандон

Милиса ҳар як шахсро, сарфи назар аз табаият, вазъи иҷтимои, амволи ва мансаб, мансубияти нажоди ва милли, ҷинс, синн, маълумот ва забон, муносибат ба дин, ақидаи сиёси ва дигар ақидаҳояш ҳимоя мекунад.

Ҳар навъ маҳдудгардонии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи милиса танҳо дар асос ва ба тарзи мустақиман пешбиникардаи Қонун ҷоиз аст.

Корманди милиса вазифадор аст дар ҳамаи ҳолатҳо ба шаҳрванд асос ва сабабҳои маҳдуд гардонидани ҳуқуқу озодиҳои ӯро фаҳмонда диҳад.

Милиса ҳаққи ба ҳимояи юридики доштаи шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардида ва дигар ҳуқуқи онҳоро таъмин мекунад, тибқи хоҳиши онҳо ва дар ҳолатҳои дастгир намудани ноболиғон бошад, ҳатман дар бораи дастгир шуданашон ба хешовандон, маъмурияти ҷои кор ё таҳсил хабар медиҳад, дар мавриди зарурат барои расонидани кумаки тибби ва кумаки дигар ба онҳо иқдом менамояд, инчунин дар бартараф намудани хатар ба ҳаёт, саломати ё молу мулки ягон шахсе, ки ҳангоми дастгир ё ҳабс намудани ӯ ба вуҷуд меояд чораҳо меандешад.

Моддаи 7. Ташкилоти милиса ва тобеияти он

Милиса ба системаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, вазифаҳои маъмури, пешгири, амалиётию ҷустуҷӯи, ҷиноятию просессуали, ҳифозати ва карантиниро (дар асоси шартномави) иҷро мекунад.

Барои таъмин намудани тадбирҳои ҳуқуқи дар объектҳою ҳудудҳои режими, инчунин ба мақсадҳои дигар бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои махсуси милиса ташкил карда мешаванд.

Сохтори ташкилоти, шумораи кормандони штати, ҷойгиронии милиса ба тарзе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, муайян карда мешавад. Сохтор, шумораи кормандони штати, ҷойгиронии воҳидҳои милисаи (милисаи маҳаллии) аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо таъсисшавандаро бошад, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ризояти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Милиса, дар фаъолияти худ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, ҳамчунин таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии дахлдори вакилони халқ ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои (Ҳукуматҳо) онҳо (ба истиснои масъалаҳои фаъолияти ҷиноятию просессуали, маъмурию юрисдиксиони ва амалиётию ҷустуҷӯи) қарор дорад ва ба онҳо ҳисобот медиҳад.

Ба тамоми милисаи ҷумҳури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари мекунад.

Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба милиса сардорони раёсатҳои (шӯъбаҳои) корҳои дохилии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои (Ҳукуматҳо) вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо роҳбари менамоянд.

Дар сурати офатҳои табии, фалокатҳо, бетартибиҳои оммави ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда ё гузаронидани чорабиниҳои умумиҷумҳури ва байниминтақави милисаи маҳалли бо қарори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқати Маҷлисҳои маҳаллии дахлдори вакилони халқ метавонад берун аз ҳудуди вилоят, ноҳия, шаҳр мувақатан истифода карда шавад.

Моддаи 8. Иштироки мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, коллективҳои меҳнати ва шаҳрвандон дар иҷрои вазифаҳои милиса

Милиса вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро дар ҳамкори бо мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва коллективҳои меҳнати, инчунин ташкилотҳои аҳли ҷомеа, ки барои мусоидат ба милиса таъсис дода мешаванд ва кормандони ғайриштатии милиса бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Мақомоти давлати, коллективҳои меҳнати, мансабдорон, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон вазифадоранд ба милиса дар муҳофизати тартиботи ҷамъияти ва муборизаи зидди ҷинояткори кумак расонанд.

Ба мақсади пешгири ва фош намудани ҷиноятҳо шаҳрвандон метавонанд ба таври махфи бо мақомоти милиса мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳамкори кунанд.

Маҷбуран ҷалб намудани шаҳрвандон барои ҳамкори бо милиса манъ аст.

Маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки ба милиса кумаки махфи мерасонанд, танҳо бо ризояти онҳо метавонанд ошкор карда шаванд. Дар сурати мавҷудияти маълумоти кофи роҷеъ ба он ки ба шахсони мазкур ба сабаби иштирок дар фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯи, инчунин ба аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо таҳдиди қатл, зӯровари ё нобуд намудани моликият карда мешавад, мақомоти милиса вазифадоранд барои ҳифзи ҳаёт, саломати, шаъну шараф, қадру қимат ва амволи ин шахсон, муайян намудани гунаҳкорон ва ба ҷавобгари кашидани онҳо иқдом намоянд.

Моддаи 9. Барои иҷрои вазифаҳои милиса ҷалб намудани кормандони дигар мақомоти корҳои дохили ва хизматчиёни ҳарби

Дар мавридҳои мутобиқи қонунгузории ҷори барои ҳифзи тартиботи ҷамъияти, амнияти ҷамъияти ва муборизаи зидди ҷинояткори ҷалб намудани кормандони мақомоти корҳои дохили, курсантҳо ва шунавандагони таълимгоҳҳои системаи Вазорати корҳои дохили, ки кормандони милиса намебошанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохили вазифаҳои милиса ба зиммаи онҳо гузошта шуда, ҳуқуқу замонатҳои ҳифозати ҳуқуқи ва иҷтимоие, ки барои кормандони милиса муқаррар гардидаанд, барои онҳо низ эътибор доранд.

Шахсони мазкур баробари кормандони милиса масъулиятро ба душ доранд.

Дар ҳолатҳои дар Қонун пешбинишуда барои ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва амнияти ҷамъияти хизматчиёни ҳарбиро ҷалб кардан мумкин аст.

Дар мавридҳои ҷалб намудани хизматчиёни ҳарби барои ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва амнияти ҷамъияти вазифаҳои дар моддаи 6, бандҳои 3, 11, 12-уми моддаи 11 пешбинишуда ба зиммаи онҳо гузошта шуда, ҳуқуқи дар бандҳои 1, 2, 19, 20, 21, 29, 30-уми моддаи 12 ва моддаҳои 15, 16, 17, 18, 19-уми ҳамин Қонун номбаршуда, инчунин замонатҳои ҳифозати ҳуқуқию иҷтимои ва қоидаҳои масъулияте, ки барои кормандони милиса муқаррар гардидаанд, барои онҳо эътибор доранд.

ФАСЛИ II. САЛОҲИЯТИ МИЛИСА

Моддаи 10. Вазифаҳои милиса

I. Милиса вазифадор аст:

1) ҷиноятҳо ва дигар қонуншиканиҳоро ҷилавгири намояд; сабабҳою шароитеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо бинад; кори ҷилавгирии инфиродиро дар байни қонуншиканҳо анҷом диҳад; дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ширкат варзад;

2) ҷиноятҳоро ошкор намуда, пеши роҳашонро гирад ва онҳоро фош кунад;

3) тартиботи ҷамъиятиро дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғҳои истироҳат, роҳҳои нақлиёти, аэропорту вокзалҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъияти ҳифз намояд;

4) якҷоя бо дигар мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти беназоратии кӯдаконро ҷилавгири кунад;

5) аризаю хабарҳо ва дигар маълумоти дар хусуси ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои дигар, инчунин дар бораи содиркунандагони онҳо расидаро қабул намуда, сабт кунад;

6) дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонуни парвандаҳои ҷинояти кушояд ё кушодани онҳоро рад кунад; таҳқиқу тафтиши пешакиро анҷом диҳад; таҳияи пешазсудии материалҳоро аз рӯи формаҳои протокол анҷом диҳад, инчунин дар ҳудуди муқарраркардаи қонунгузории ҷиноятию просессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқот барад;

7) дар доираи салоҳияти худ супоришу дастурҳои прокурор ва муфаттишро дар бораи иҷрои амалҳои ҷустуҷӯю тафтишоти анҷом дода, ҳангоми иҷрои амалҳои тафтишоти ба онҳо мусоидат намояд;

8) барои ҳифзи шахсият ва амволи шоҳидон, ҷабрдидагон ва дигарон, ки ҳаёт, саломати ва амволи онҳо ба сабаби ёри расониданашон ба макомоти муҳофизати ҳуқуқ дар пешгири ва ошкор кардани ҷиноятҳо дар хатар аст, тадбирҳо андешад;

9) шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, аз таҳқиқ, тафтиши пешаки, суд пинҳон мешаванд ва аз адои ҷазои ҷинояти саркаши мекунанд, бе ному нишон гум шудаанд ва дигар шахсонро дар ҳолатҳои дар қонунгузори пешбинишуда, инчунин амволи дуздидашударо ҷустуҷӯ намуда, пайдо намояд;

10) дар доираи салоҳияти худ аз тарафи шаҳрвандон ва мансабдорон иҷро шудани қарорҳои мақомоти ҳокимият ва идораи давлатиро оид ба масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва муборизаи зидди ҷинояткори назорат кунад;

11) оид ба бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо (аварияҳо), сӯхторҳо, фалокатҳо, офатҳои табии ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, наҷот додани одамон ва расонидани ёри ба онҳо, ҳифзи амволи бенигоҳубинмонда чораҳои фаври андешад; мувофиқи Қонун дар таъмини тартиботи ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ё ҳарби дар сурати ҷори намудани онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маҳалҳои алоҳидаи он, инчунин дар гузаронидани чорабиниҳои карантини дар аснои эпидемияю эпизотияҳо иштирок намояд;

12) ба шахсоне, ки аз қонуншиканиҳо ё фалокату офатҳо зарар дидаанд, дар ҳолати оҷизи мебошанд, инчунин ба шахсони дар ҳолати масти буда, агар онҳо маҷоли роҳ рафтан надошта бошанд ё ба шахсони гирду атроф ё ба худ зарар расонда тавонанд, ёрии таъҷили диҳад;

13) дар доираи салоҳияти худ амнияти ҳаракати роҳро таъмин намояд; риоя намудани қоидаҳо, нормативҳою стандартҳоро дар ин соҳа назорат кунад; воситаҳои нақлиёти автомобилию мотордорро сабт кунаду ба ҳисоб гирад, имтиҳонҳо қабул намояд ва гувоҳномаҳои ронандаги диҳад;

14) дар татбиқи тадбирҳое, ки оид ба ҳифзи табиат ва амнияти экологи дар қонунгузори пешбини шудаанд, ширкат варзад;

15) ба харидори, нигоҳдори, бо худ доштан, ҳамлу нақли аслиҳа, лавозимоти ҳарби, маводи тарканда, маводи химиявии заҳрноки сахттаъсиркунанда ва дигар ашёю лавозимот, кушодан ва амал кардани объектҳоро аз рӯи номгӯйҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад ва риояи қоидаи ин амалҳоро таъмин кунад;

16) паспортҳо, иҷозатномаҳои дохил гаштан ба минтақаи сарҳадиро диҳад; шаҳрвандонро ба қайд дароварда ва аз қайд барорад; аз тарафи шаҳрвандон ва мансабдорон риоя шудани қоидаҳои системаи паспортиро, ки қонунгузори муқаррар кардааст, назорат намояд;

17) иҷрои қоидаҳои бо қонунгузори муқарраргардидаи вуруд, иқомат, сафари транзити ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабааро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд; инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои табаият иҷро намояд;

18) дар асоси шартномаҳо амволро муҳофизат намояд;

19) таъиноти судҳо, қарорҳои судяҳо, прокурорҳо ва муфаттишон, қарорҳои комиссияҳои оид ба корҳои ноболиғонро дар бораи маҷбуран овардани шахсоне, ки аз ҳозир гаштан бо даъвати онҳо саркаши мекунанд, инчунин қарорҳои прокурорҳо ва қарорҳои аз ҷониби онҳо тасдиқшудаи муфаттишон, ҳукмҳо, таъиноти судяҳоро дар бораи ҳабс кардан, ба профилакторияҳои табобатию меҳнати ва тарбиявию меҳнати фиристодан иҷро намояд; якҷоя бо иҷрочиёни суд дар кори аз биноҳои истиқоматию ғайриистиқомати баровардани шаҳрвандон, барои гузаронидани экспертизаи судии бемориҳои руҳи аз рӯи парвандаи ҷинояти овардани шаҳрвандон иштирок кунад;

20) таъиноти (қарорҳои) судро (судяро) дар бораи ҳабси маъмури иҷро намояд;

21) дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузори коргузориро оид ба парвандаҳои қонуншиканиҳои маъмури анҷом диҳад;

22) дар ҳолатҳое, ки қонунгузори муқаррар намудааст, ба шахсони аз ҳабсхонаҳо озодшуда назорати маъмури кунад; рафтори шахсони шартан маҳкумгардида ва шартан аз ҳабсхонаҳо бо ҳатман ба кор ҷалб намудан озодшуда, маҳкумшудагоне ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум кардан аз озоди ба таъхир андохта шудааст, инчунин шартан маҳкумшудагонро назорат кунад; барои аз кор ва манзил таъмин намудани шахсоне, ки ҷазои ҷинояти ё давраи табобати маҷбуриро дар профилакторияҳои табобатию меҳнати ва табобатию тарбияви адо намудаанд, инчунин шахсоне, ки дар собиқ оворагардию гадои мекарданд, мусоидат намояд;

23) то ба ихтиёри мақомоти давлати ва мансабдорони дахлдор додани ҳуҷҷатҳо, ашё ва чизҳои арзишнок, бор ва дигар амволи дарёфтшуда ва ба милиса супоридашуда нигоҳдории онҳоро таъмин намояд; барои баргардонидани онҳо ба соҳибони қонуниашон тадбирҳо андешад;

24) дар доираи салоҳияташ муҷозоти маъмуриро амали гардонад;

25) шахсони дастгиршуда ва ҳабсшударо то ба ихтиёри муассиса ва системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридан, инчунин дар давраи тафтишоти пешаки ва мурофиаи суди, ба истиснои мурофиаи суди дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Суди вилояти Суғд, муҳофизат ва посбони намояд;

26) аз рӯи парвандаҳои ҷинояти дар ҳудуди салоҳияти худ экспертиза, инчунин аз рӯи материалҳои фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯи тадқиқоти илмию техники гузаронад;

27) ба мақомоти тандурусти дар кори ошкор намудан ва ба муассисаҳои табобати овардани шахсоне, ки гирифтори майзадагии музмин нашъаманди, бемориҳои венерики ва мубталои аломати норасоии масунияти бадан мебошанд, ки нисбати онҳо асосҳои бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда мавҷуданд, мусоидат расонад;

28) кофтуков гузаронад ва дар сурати мавҷуд будани асоси қонуни шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарби адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарби, хизмати алтернативи саркаши намудаанд, боздоранд; дар бораи ҳодисаҳои ошкор намудани шаҳрвандоне, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарби дохил шаванд, вале дар қайд нестанд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

II. Милиса дар доираи салоҳияти худ дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони халқ, номзадҳо ба вакилии халқ, мақомоти давлати, мансабдорон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъияти, мақомот ва намояндаҳои онҳо дар иҷрои фаъолияти қонунии онҳо мусоидат менамояд, агар ба онҳо муқобилият нишон дода шавад.

Моддаи 11. Ҳуқуқи милиса

Ба милиса барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:

1) аз шаҳрвандон ва мансабдорон риоя намудани тартиботи ҷамъияти, қатъ гардондани қонуншиканиҳо ва амалҳоеро, ки барои иҷрои ваколатҳои милиса халал мерасонанд, талаб кунад ва дар сурати иҷро накардани ин талабҳо чораҳои иҷбории дар қонун пешбинишударо ба кор барад;

2) дар ҳолати гумонбарии далелнок дар содир шудани ҷиноятҳо ё ҳангоми содир шудани ҷиноятҳо ва дигар қонуншиканиҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳоеро тафтиш кунад, ки барои тафтиши риояи қоидаҳое, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи милиса гузошта шудааст, лозим мебошанд;

3) дар бораи қонуншиканиҳои маъмури протокол тартиб диҳад; ба мақсади гирифтани пеши роҳи қонуншиканиҳо, баъди ба кор бурдани дигар чораҳои таъсиррасони, шахсонеро, ки қонуншикании маъмури содир кардаанд, ба милиса ё дигар биноҳои хизмати оварад ва то се соат дар он ҷо нигоҳ дорад, агар мӯҳлати дигаре дар қонун муқаррар нашуда бошад; худи шахс ва ашёи ӯро тафтиш карда, ашё ва ҳуҷҷатҳои ӯро кашида гирад; дигар чораҳои дар қонун пешбинишудаи таъмини коргузориро аз рӯи парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмури ба кор барад;

4) барои қонуншиканиҳои маъмури ҳуҷҷат тартиб диҳад ва дар доираи салоҳияти худ муҷозоти бо қонун пешбинишударо муқаррар намояд;

5) барои назорат ба шахсони аз ҳабсхонаҳо озодшуда, шахсони шартан маҳкумгардида ва шартан бо ҳатман ба кор ҷалб кардани онҳо озодшуда, маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукм дар бораи маҳрум кардан аз озоди ба таъхир андохта шудааст, инчунин шартан маҳкумшудагон чораҳое бинад, ки дар қонун пешбини шудаанд;

6) шахсони таҳти назорати маъмури қарордоштаро ба ҳисоб гирад, ҳар вақти шабонарӯз барои тафтиш ба манзилҳои онҳо дарояд, бақайдгирии таҳти назорат қарордоштагонро таъмин намуда, нисбати онҳо дигар маҳдудиятҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо истифода намояд;

7) бо тартиби дар қонун муқарраргардида шахсони барои оворагарди ва гадои дастгиршуда, шахсони шартан бо ҳатман ба кор ҷалб кардани онҳо маҳкумшуда ва шартан бо ҳатман ба кор ҷалб кардани онҳо озод кардашуда, шахсони барои худсарона бе иҷозати маъмурияти комендатураи махсус аз ҳудуди ноҳияи маъмури хориҷ шуданашон дастгиршударо дар биноҳои барои ин махсусгардонидашуда нигоҳ дорад;

8) дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун шахсони синнашон ба 18 нарасидаро, ки бе саробон мондаанд ё кирдорҳои барои ҷомеа хатарнок содир кардаанд, дастгир намуда, дар қабулгоҳҳои тақсимгарии ноболиғон нигоҳ дорад, агар фавран ҷудо кардани онҳо зарур бошад, инчунин ноболиғонеро, ки ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбияви ва профилакторияҳои табобатию тарбияви фиристода мешаванд, дар ин қабулгоҳҳо нигоҳ дорад;

9) дар ҳолатҳои мавҷуд набудани патрулҳои ҳарби хизматчиёни ҳарбиеро, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, дастгир намуда, ба комендантҳои ҳарби ё командирони қисмҳои ҳарби таслим диҳад;

10) мувофиқи қонунгузории ҷиноию просессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар мебошанд, инчунин шахсонеро, ки нисбати онҳо чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан муқаррар карда шудааст, дастгир намуда, дар ҳабсхона нигоҳ дорад;

11) аз рӯи парвандаҳою ҳуҷҷатҳои таҳти коргузории милиса қарордошта шаҳрвандон ва мансабдоронро ба милиса даъват намояд;

12) бо тартиби дар қонун муқарраргардида шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят ё қонуншикании маъмури гумонбар шудаанд, барои муайян кардани истеъмоли нӯшокиҳои спирти ё маводи нашъаманди муоина намояд ё онҳоро ба муассисаҳои тибби фиристад ё барад, агар натиҷаи муоина барои тасдиқ ё рад кардани факти қонуншикани ё объективона барраси намудани парвандаи қонуншикани лозим бошад;

13) шахсони дар ҷойҳои ҷамъияти дар ҳолати масти бударо, агар афту андоми онҳо шаъни инсон ва одоби муоширати аҳли ҷомеаро таҳқир кунад ва агар онҳо қобилияти ҳаракати мустақилонаро аз даст дода бошанд ё ба одамони гирду атроф ё худашон зарар расонда тавонанд, ба ҳушёрхонаҳои тибби ва дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо ба биноҳои махсус таҷҳизонидаи қисмҳои навбатдори милиса оварда, то ҳушёр шуданашон дар он ҷо нигоҳ дорад. Шахсони дар ҳолати масти дар манзил бударо милиса метавонад дар асоси аризаи хаттии истиқоматкунандагони он манзилҳо ба ҳушёрхонаҳо оварад, агар барои чунин пиндоштан далелҳо бошанд, ки рафтори шахсони мазкур ба ҳаёт, саломати ва амволи онҳо таҳдид мекунад;

14) ба андоза ва тартиби дар қонунгузори пешбинишуда баҳисобгирии шахсон, чизу чора ва фактҳоро анҷом диҳад;

15) дар ҳолатҳо ва ба тартиби муқарраркардаи қонун шаҳрвандонро ба милиса оварад, инчунин онҳоро ба муассисаҳои тибби расонад;

16) дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ба шаҳрвандон дар бораи норавоии кирдори зиддиҷамъияти огоҳии расми диҳад ва ин гуна шахсонро ба қайд гирад;

17) аксбардори, сабти овоз, наворбардории киною видео, дактилоскопия (гирифтани нақши ангуштони даст) ва бақайдгирии шахсони зеринро анҷом диҳад: дастгиршудагоне, ки дар содир кардани ҷиноят ё оворагардию гадои гумонбар мебошанд; шахсоне, ки ба ҳабс гирифта шудаанд; шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои бадқасдона гунаҳкор дониста шудаанд; шахсоне, ки милиса онҳоро ба ҳабси маъмури гирифтааст, ҳамчунин касоне, ки ба муқаррар намудани шахсияти ӯ дар ҳолати аз ҷониби шахсе содир шудани қонуншикани мухолифат мекунанд;

18) ба мақсади ошкору пешгири намудан, садди роҳи ҷиноятҳо шудан ва фош кардани онҳо чорабиниҳои амалиётию ҷустуҷӯии ошкоро ва махфиро анҷом диҳад; маълумоти бадастовардаро дар ҳолатҳо ва ба тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кор фармояд;

19) ба мақсади таъмини тартиботу амнияти ҷамъияти, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳамчунин барои анҷом додани амалҳои алоҳидаи ҷустуҷӯи ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ё объектҳо даромадани шаҳрвандонро муваққатан маҳдуд гардонад ё манъ намояд;

20) ҳангоми ҷустуҷӯи маҳкумшудагон ва шахсони ба ҳабс гирифташудае, ки гурехтаанд, таъқиби шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар мебошанд, барои гирифтани пеши роҳи бетартибиҳои оммави ва вайронкориҳои гурӯҳии тартиботи ҷамъияти, инчунин ҳангоми дигар ҳолату вазъиятҳои фавқулодда, ки барои амнияти ҷамъияти хатар доранд, минтақаҳои маҳал, биноҳои алоҳида ва объектҳоро иҳота карда, воситаҳои нақлиётро тафтиш намояд;

21) ба мақсади гирифтани пеши роҳи ҷиноятҳо, ҳангоми офати табии ва дигар вазъияту ҳодисоти фавқулодда, ки ба тартиботи ҷамъияти, амнияти шахсии шаҳрвандон таҳдид мекунанд, бе мамониат дар ҳар вақти шабонарӯз ба манзилҳо ва дигар биноҳои ба шаҳрвандон тааллуқдошта, қитъаҳои замин, ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо даромада, онҳоро тафтиш кунад;

22) дар сурати зарурат аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон риоя шудани қоидаҳои дар қонунгузори муқарраргардидаи фаъолияти хоҷаги ва тиҷорати, ҳамчунин қоидаҳои адои хизмати аҳолиро тафтиш намояд. Ба ин мақсад: бо иштироки намояндагони маъмурияти корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо биноҳои истеҳсоли, анборҳо ва дигар иморатҳою минтақаҳоро боздид ва тафтиш намояд; бо иштироки ронандагон ё шахсони ҳамроҳи бор раванда воситаҳои нақлиёт ва борҳоро боздиду тафтиш кунад; ҳуҷҷатҳои лозимаро талаб карда, намунаҳои ашёи хом ва маҳсулотро мусодира намуда, кассаҳо, биноҳо ва маҳалли нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, пул ва чизҳои пурарзиши молию моддиро мӯҳру мум кунад; ба хотири тафтишу назорат як миқдор мол харад; ҳатман гузаронида шудани тафтишот, инвентаризатсия ва ревизияҳои фаъолияти истеҳсоли ва молиявию хоҷагии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро талаб намуда, аз мансабдорон ва шахсони аз ҷиҳати модди масъул оид бо фактҳои вайрон кардани қонунгузори маълумоту тавзеҳот бигирад;

23) аз шаҳрвандон ва мансабдорон ҳуҷҷатҳоеро, ки нишонаҳои сохтакори доранд, амволи бесоҳиб, чизу чора, ашё ва маводи барои муомилот дар байни шаҳрвандон манъбударо, ки бе иҷозати махсус дар дасти онҳо мавҷуд аст, мусодира намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида тамоми масъалаҳои мансубияти минбаъдаи онҳоро ҳал намояд;

24) ҳангоми зарурат ҳаракати нақлиёт, пиёдагардонро дар кӯчаҳо, роҳҳои автомобилгард, дигар минтақаҳои назди кӯчаю роҳҳо маҳдуд ё манъ намояд; фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро дар бобати таъмини бехатарии ҳаракати роҳ назорат кунад; бо тартиби муқарраргардида истифодаи воситаҳои нақлиётро, ки вазъи техникиашон барои амнияти ҳаракати роҳ хавфнок мебошанд ё агар дар таркиби газҳои хориҷшавандаашон маводи зараровар аз меъёрҳои қобили қабул зиёдтар бошанд, манъ кунад; дар ҳолатҳои зарури воситаҳои нақлиётро боздошта, ҳуҷҷатҳои барои истифода ва рондани воситаҳои нақлиёт ҳақ доштани ронандагон, роҳхати онҳо ва мутобиқати ҳуҷҷатҳои молии нақлиётиро бо бори интиқолшаванда тафтиш намояд; дар сурати гумонбар шудан ба истифодаи воситаҳои нақлиёт барои мақсадҳои ғайриқонуни онҳоро тафтиш кунад; шахсони сархушу маст ё барои ҳуқуқи рондану истифодаи воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷат надоштаро, инчунин шахсонеро, ки воситаҳои нақлиётро бе рақами давлати ба кор мебаранд аз рондани нақлиёт дур созад, дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузори пешбини шудааст, ронандагонро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт маҳрум созад;

25) мутобиқи қонунгузори бори дасти ва бағоҷи мусофирони воситаҳои нақлиёти ҳавои ва худи мусофиронро тафтиш намояд;

26) оид ба масъалаҳои табаият, хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудану дар он иқомат намудани шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа ҳуҷҷатҳоро мувофиқи қонун ба сурати расми дароварда диҳад;

27) ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои харидори, нигоҳ доштан, ҳамлу нақли яроқи оташфишон, лавозимоти ҷанги, маводу масолеҳи тарканда, химияви ва заҳролуди сахт таъсиркунандаро мутобиқи феҳристе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва барои шаҳрвандон бошад, барои харидори, бо худ гирифта гаштан, маҳфуз доштани яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷанги иҷозатномаҳо диҳад ва ин иҷозатномаҳоро бекор кунад аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар сурати вайрон кардани қоидаҳои нигоҳдори, истифода, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун пешбини намудааст, мусодира намояд; барои кушодани корхонаҳои таъмири аслиҳа, тарфгари, мӯҳру зарроби, мағозаҳои фурӯши аслиҳаи оташфишон, тир ва лавҳаҳои тирандози иҷозатнома диҳад ва дар сурати вайрон кардани тартибе, ки фаъолияти онҳоро муқаррар менамояд ин иҷозатномаро бекор кунад;

28) аз тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри, наздишаҳри ва маҳалли (ба истиснои такси) ва дар деҳот бошад, ҳамчунин аз нақлиёте, ки ба самти лозима меравад, бепул истифода намояд. Кормандони воҳидҳои милисаи нақлиёт (дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон) ғайр аз ин ҳуқуқ доранд, мутобиқи қонун дар поездҳо ва киштиҳои баҳри бепул сафар кунанд;

29) барои расидан ба маҳали офати табии, ба муассисаҳои табобати расонидани шаҳрвандоне, ки ба кумаки таъҷилии тибби эҳтиёҷ доранд, таъқиби шахсони ҷиноят содиркарда ва ба милиса расонидани онҳо, барои кашондани воситаҳои вайроншудаи нақлиёт дар натиҷаи садама, инчунин дар ҳолатҳои таъхирнопазир, барои расидан ба маҳалле, ки ҳодиса рӯй додааст, аз воситаҳои нақлиёти мансуби корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё шаҳрвандон (ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломати, консули ва дигар намояндаҳои давлатҳои хориҷи, ташкилотҳои байналхалқи) истифода намояд;

30) аз воситаҳои алоқа, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти тааллуқ доранд ва дар ҳолатҳои зарурат аз воситаҳои алоқаи шаҳрвандон ба мақсади кору хизмат бемонеа истифода намояд;

31) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шахсони алоҳида барои ҳалли вазифаҳое, ки ба зиммаи милиса гузошта шудааст, маълумоти лозима ба даст оварад;

32) ба мақомоти дахлдори давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва мансабдорон дар бораи зарурати дидани чораҳои бартараф намудани сабаб ва шароите, ки барои ҷинояткори ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд, таклифҳо пешниҳод намояд;

33) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон амволи дар асоси қонун мусодирашудаи шахсони юридики ва воқеиро барои истифода дар фаъолияти амалиётию хизмати харидори намояд;

34) бо мақсади пешгирии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо, таҳкими тартиботи ҷамъияти, муайян намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсоне, ки ин ҷиноятро содир кардаанд, ҷустуҷӯи ҷинояткорони ниҳоншуда, шахсони бе ному нишон гумшуда аз воситаҳои давлатии ахбори омма ва алоқа ба таври ройгон истифода намояд;

35) шаҳрвандонеро, ки ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милиса гузошташуда ёри расонидаанд, тақдир кунад; барои кумак дар фош кардани ҷиноят ва дастгир намудани шахсони онро содиркарда дар бораи муқаррар намудани мукофотпули эълон кунад ва онро ба шаҳрвандону ташкилотҳо диҳад;

36) бо иҷозати прокурор дар қабул-тақсимкунакҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонеро, ки дар ҳолатҳое, ки муайян кардани шахсияти онҳоро талаб мекунанд, дастгир шудаанд, дар давоми мӯҳлати барои он зарур, аммо на дертар аз як моҳ нигоҳ доранд. Дар ҳолатҳои истиснои ин мӯҳлат аз тарафи прокурор метавонад дароз карда шавад, аммо на зиёдтар аз се моҳ. Дар ҳолатҳои ғайриимкон будани муроҷиати фаври барои гирифтани иҷозати прокурор ин масъала бояд на дертар аз як шабонарӯз аз рӯзи дастгиркуни ҳал карда шавад.Дар ҳолатҳои истисно ин мӯҳлат аз тарафи прокурор дароз карда шуда метавонад, вале на бештар аз се моҳ.

Дар ҳолатҳое, ки имкони гирифтани иҷозати прокурор набошад, ин масъала бояд дар муддати на дертар аз се рӯзи баъди дастгиршави ҳал карда шавад.

Ҳолати ҳуқуқии дастгиршудагон, режим, шароит, тартиботи нигоҳдори ва озод кардан мувофиқи Қонуни мавҷуда амали мегардад.

Тартиб ва шартҳои татбиқи ҳуқуқи милиса аз ҷониби кормандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 12. Фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯии милиса

Фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯии милиса ба мақсади пешгири, садди роҳ шудан ва фош кардани ҷиноят бо истифодаи қувваю воситатаҳо ва тарзҳои ошкору ғайриошкор анҷом дода мешавад.

Ҳангоми иҷрои фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯи корҳои зайл манъ аст:

1) анҷом додани амалҳое, ки барои ҳаёт, саломати ва амволи шаҳрвандон хатар доранд;

2) ба содир кардани қонуншикани водор кардани шаҳрвандон;

3) ба кор бурдани зӯри, таҳдид, найранг ва дигар амалҳои ғайриқонуние, ки ҳуқуқ, озоди, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва мансабдоронро маҳдуд мегардонад.

Гузаронидани тадбирҳои амалиётию ҷустуҷӯии вобаста ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотиба, муросилоти почта ва гуфтугӯҳои телефони, мухобираи телеграфи ва хабарҳои дигари шаҳрвандон, ки аз тариқи воситаҳои дигари техники ирсол мегарданд, танҳо дар ҳолатҳо ва ба тартиби муқаррарнамудаи қонун дар асоси иҷозатномаи прокурор ё таъиноти суд иҷозат дода мешавад.

Ашёю ҳуҷҷатҳо ва дигар маводи дар ҷараёни фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯи бадастомада метавонанд дар мавридҳои зайл истифода гарданд:

1) ҳамчун далелҳо мувофиқи тартиби бо қонунгузории ҷиноию просессуали пешбинигардида;

2) ба мақсади дарёфти маълумотҳои воқеие, ки мувофиқи қонунгузори барои қабули қарорҳои дорои хусусияти ҷиноию просессуали лозиманд;

3) барои пешгири, садди роҳ шудан ва фош кардани ҷиноятҳо ва дигар тадбирҳои муборизаи зидди ҷинояткори.

Фаъолияти амалиётию ҷустуҷӯии милисаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи кормандони милиса ба нигоҳдори, гирифта гаштан ва истифодаи аслиҳаю василаҳои дигари махсус. Воситаҳои ҳимояи инфиродии кормандони милиса

Кормандони милиса ҳуқуқи нигоҳдори, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи хизматию василаҳои махсусро доранд.

Барои таъмини амнияти шахси кормандони милиса метавонанд кулоҳҳои ҳифозати, сипарҳо, ҷавшанҳо ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродиро истифода намоянд.

ФАСЛИ III. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНИ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН АЗ ҶОНИБИ МИЛИСА

Моддаи 14. Шароит ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

Кормандони милиса ҳақ доранд дар сурати ба тариқу василаи дигар ғайриимкон будани иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро ба кор баранд.

Қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон вобаста ба вазъияти бамиёноянда бо салоҳдиди кормандони милиса дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбини намудааст, истифода мегарданд. Пеш аз кор фармудани қувва, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, агар имкон бошад, корманди милиса дар бораи нияти истифодаи онҳо бояд огоҳ кунад.

Дар ҳама ҳолатҳое, ки истифода накардани қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон ғайриимкон мебошад, кормандони милиса вазифадоранд кӯшиш кунанд, то ба қадри имкон зиёни камтари маънави, амволи ва ҷисмони расонда шавад.

Дар сурати расондани зарари ҷисмони ё маҷрӯҳ кардан дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон кормандони милиса вазифадоранд ба зарардида ёрии тибби расонанд.

Дар бораи маҷрӯҳи ё марги шахс дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон корманди милиса вазифадор аст барои огоҳ кардани прокурор ба сардори бевоситаи худ хабар диҳад.

Истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон берун аз доираи салоҳият мувофиқи қонун боиси ба ҷавобгари кашидан мегардад.

Моддаи 15. Истифодаи қувваи ҷисмони

Кормандони милиса ҳақ доранд барои ҷилавгирии ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо, дастгир намудани шахсоне, ки ҷинояту қонуншикани кардаанд, бартараф намудани мухолифат ба талабҳои қонунии кормандони милиса, ҳифзи худ аз қувваи ҷисмони, аз ҷумла тарзҳои ҳарбии мубориза, воситаҳои мавҷуда истифода намоянд, агар воситаҳои дигари ғайримаҷбури иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони милиса гузошташударо таъмин накунанд.

Моддаи 16. Истифодаи воситаҳои махсус

Кормандони милиса ҳақ доранд аз дастбанд, калтакҳои резини, маводи ашковар, дастгоҳҳои равшанию садодиҳандаи мунҳарифсозанда, дастгоҳҳои даркушои ва таваққуфи иҷбории нақлиёт, обандозҳо, дигар воситаҳои махсус, ки дар ихтиёри милиса ҳастанд, сагу аспҳои кори, инчунин аз мошинҳои зиреҳпӯш, дигар воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зерин истифода кунанд:

1) барои боздоштан ҳуҷум ба шаҳрвандон, кормандони милиса ва шахсони дигаре, ки вазифаҳои кори ё қарзи ҷамъиятиро дар бобати ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва муборизаи зидди ҷинояткори, инчунин барои озод кардани гаравгонон иҷро мекунанд;

2) барои пешгирии бетартибиҳои оммави ва вайрон кардани тартиботи ҷамъияти;

3) барои боздоштани ҳуҷум ба биноҳо, иморатҳо, иншоот ва воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон, мақомоти давлати ва ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо; барои озод кардани биноҳо, иморатҳо, иншоот ва воситаҳои нақлиёти забтгардида;

4) барои дастгир кардани вайронкунандагони қонун, ба милиса ё дигар бинои кори овардани онҳо, таҳти ҳифозат бурдан ва посбони кардани дастгиршудагон, шахсони таҳти ҳабси маъмури қарордошта ва ба ҳабс гирифташуда, агар онҳо ба кормандони милиса, дигар шахсоне, ки вазифаи кори ё қарзи ҷамъиятиро дар бобати ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва муборизаи зидди ҷинояткори иҷро менамоянд, итоат накунанд, ё муқовимат намоянд, ё дар сурати вуҷуд доштани эҳтимоли кофии фирори онҳо, ё ба атрофиёну худашон осеб расондани онҳо, инчунин нисбати шахсоне, ки қасдан ба кормандони милиса барои иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузоштаи қонун монеъ мешаванд.

Пеш аз истифодаи воситаҳои махсус, ба истиснои зарурати зада гардондани ҳуҷуми ногаҳони, инчунин дастгир намудани шахсоне, ки ба содир кардани ҷинояти барқасдона гумонбар мебошанд, озод кардани гаравгонҳо кормандони милиса бояд дар бораи нияти ба кор бурдани чунин воситаҳо қаблан хабар дода шавад ва агар имконият бошад, барои қатъ гардидани қонуншикани ба қадри зарури вақт дода шавад.

Навъи воситаи махсус ва шиддату самарабахшии истифодаи он бо назардошти вазъи бамиёноянда, характери қонуншикани ва шахсияти вайронкунандаи қонун муайян карда мешавад. Ҳангоми истифодаи воситаҳои махсус эҳтимоли зараррасони ба саломатии шаҳрвандон бояд то ҳадди ақал кам шавад.

Истифодаи воситаҳои махсус нисбати занҳое, ки ҳомиладори ё маъюбиашон аён мебошад, инчунин нисбати хурдсолон, ғайр аз ҳолатҳои ҳуҷуми онҳо, ки хатари марговар дорад, ҳуҷуми гурӯҳи ё муқовимати мусаллаҳона манъ аст.

Моддаи 17. Бакорбари ва истифодаи аслиҳа

Кормандони милиса ҳамчун чораи ниҳои дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ доранд силоҳро ба кор баранд:

1) барои мудофиаи шаҳрвандон аз ҳуҷуме, ки ба ҳаёт ё саломатии онҳо таҳдид мекунад, инчунин барои озод кардани гаравгонҳо;

2) барои зада гардондани ҳуҷуми гурӯҳи ва мусаллаҳона ба кормандони милиса ва ба шахсони дигаре, ки вазифа ё қарзи ҷамъиятии худро дар бобати муҳофизати тартиботи ҷамъияти ва муборизаи зидди ҷинояткори адо мекунанд, ҳамчунин дигар ҳуҷуме, ки ҳаёт ё саломатии онҳоро таҳти хатар мемонад;

3) барои зада гардондани ҳуҷуми гурӯҳи ё мусаллаҳона ба истиқоматгоҳҳои шаҳравандон, объектҳои муҳиму посбонишаванда, иморатҳои мақомоти давлатию ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо; зада гардондани ҳуҷум ба дастаҳои низоми ё дастаҳои хизматии мақомоти корҳои дохили;

4) барои дастгир кардани шахсе, ки муқовимати мусаллаҳона мекунад ё ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба даст афтодааст ё ҷинояткоре, ки аз ҳабс фирор кардааст, инчунин шахси мусаллаҳе, ки аз иҷрои талаби қонунии таслим додани силоҳ саркаши мекунад.

Корманди милиса бояд пеш аз кор фармудани силоҳ дар бораи нияти истифодаи он огоҳ кунад.

Бе огоҳи силоҳ метавонад дар сурати ҳуҷуми ногаҳони ё мусаллаҳҳона, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарби, воситаҳои нақлиёт, аппаратҳои парвозкунанда, киштиҳои дарёгард, ҳангоми бо силоҳ ё бо истифода аз воситаҳои нақлиёт фирор кардан аз ҳабс, фирори шахсони ҳабсшуда аз воситаҳои нақлиёт дар вақти ҳаракати онҳо, ҳамчунин барои озод кардани гаравгонҳо истифода карда шавад.

Истифодаи яроқ нисбати занон ва ноболиғон, ғайр аз ҳолатҳои ҳуҷум кардани онҳо, муқовимати мусаллаҳона намудан ё ҳуҷуми гурӯҳи кардан, ки хатари марговар дорад, манъ аст.

Кормандони милиса ҳақ доранд дар ҳолатҳои зерин силоҳро истифода намоянд:

1) барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт бо роҳи аз кор баровардани онҳо, агар ронанда ҳақиқатан ҳаёт ва сиҳатии шаҳрвандонро дар хатар монад ва ба талабҳои чандинкаратаи кормандони милиса дар хусуси бозистодан итоат накунад;

2) барои бехатар кардани ҳайвоне, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунад;

3) барои додани бонги хатар ё ба ёри даъват кардан.

Дар ҳамаи ҳолатҳои бакорбарию истифодаи яроқ корманди милиса вазифадор аст барои таъмини бехатарии шаҳрвандони атроф, ба зарардидагон расондани ёрии таъҷилии тибби, инчунин ба хешовандон ё намояндагони қонунии онҳо расондани хабар тамоми чораҳои имконпазирро андешад.

Дар бораи ҳар ҳодисаи ба кор бурдани силоҳ рапорт тартиб дода, дар сурати ҳалок ё захми шудани шаҳрвандон фавран ба прокурор хабар расонда мешавад.

Рӯйхати объектҳои муҳим ва посбонишавандае, ки дар банди 3-юми қисми 1-уми моддаи мазкур зикр гардидаанд, мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 18. Кафолатҳои бехатарии шахсии корманди мусаллаҳи милиса

Корманди милиса ҳуқуқ дорад яроқи оташфишонро аз ғилоф барорад ва онро барои истифода омода созад, агар ӯ чунин шуморад, ки дар ҳолати бамиёномада барои истифодаи он метавонанд асосҳои дар моддаи 17 ҳамин Қонун пешбинигардида пайдо шаванд.

Агар шахсе, ки корманди милиса онро дастгир карданист, кӯшиш кунад, ки ба ӯ наздик шуда масофаи аз ҷониби он нишондодашударо кутоҳ кунад ё ба яроқи вай даст расонад, дар ин сурат корманди милиса ҳуқуқ пайдо мекунад, ки мувофиқи банди 2 қисми якуми моддаи 17 ҳамин Қонун яроқи оташфишонро истифода намояд.

ФАСЛИ IV. ХИЗМАТ ДАР МИЛИСА

Моддаи 19. Корманди милиса

Корманди милиса шахсе мебошад, ки дар мақом, ҷузъу том, муассисаи таълими ё муассисаи милиса вазифаеро ишғол мекунад ва ба ӯ унвони махсус дода шудааст.

Унвонҳои махсус барои кормандони милиса аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, тартиби додани онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Кормандони милиса либоси ягонаи расми доранд, ки намунаи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бепул дода мешавад. Ба кормандони милиса барои тасдиқи ваколатҳояшон гувоҳномаи хизмати ва жетонҳои намунаашон аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида дода мешаванд.

Моддаи 20. Вазифаҳои хизмати ва ҳуқуқҳои кормандони милиса

Корманди милиса дар доираи вазифа ва ҳуқуқҳояш аз рӯи мансаби ишғолкарда вазифаҳо ва ҳуқуқҳои милисаро, ки ҳамин Қонун пешбини намудааст, иҷро ва истифода мекунад.

Ҳар як корманди милиса дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз вазифаи ишғолкардааш ва маҳали ҷойгиршавиаш, ӯҳдадор аст:

ба шахсоне, ки аз ҷинояткори, қонуншиканиҳои маъмури ва ҳодисаи ногувор осеб дидаанд, инчунин ба онҳое, ки дар ҳолати нотавонии ба ҳаёташон хатарнок қарор доранд, ёри расонад;

дар сурати ба ӯ бо ариза дар бораи ҳодисаҳои оиди бехатарии шахси ва ҷамъияти муроҷиат намудани шаҳрвандон ё бевосита маълум кардани ҳодисаҳо барои наҷот додани одамон, пешгири намудани ҷиноят, дастгир кардани шахсони ҷиноят содиркарда, посбонии ҷои ҳодиса тадбирҳо андешад ва дар ин бора ба шӯъбаи наздиктарини милиса хабар диҳад.

Моддаи 21. Хизмат дар милиса

Ба хизмати милиса шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон на камтар аз 18 ва на зиёда аз 35 буда, дар асоси ихтиёри, сарфи назар аз миллат вазъи иҷтимои, муносибат ба дин қабул карда мешаванд, ки аз рӯи хислатҳои шахси, ахлоқи ва кордони, маълумот, омодагии ҷисмони ва вазъи саломати ба иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи милиса вогузоршуда қодир бошанд.

Шахсе, ки барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудааст, сарфи назар аз бардошта шудани доғи суди, ба хизмати милиса қабул шуда наметавонад.

Ишғол кардани ҷойҳои холи дар милиса бо роҳи бастани қарордодҳои инфироди, ҳамчунин дар асоси озмун сурат мегирад.

ӯҳдадорони харбие, ки ба хизмати милиса қабул шудаанд, аз ҷумла шунавандагон ва курсантҳои таълимгоҳҳои махсусе, ки барои милиса кадр тайёр мекунанд, аз қайди ҳарби баромада, дар қайди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон меистанд.

Ҳангоми ба хизмат қабул шудан корманди милиса савганд ёд мекунад, ки матни он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ашхоси ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохили метавонанд ба мақомоти олии ҳокимияти давлати ва идоракуни, ҳамчунин вазорату идораҳо ё корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо ҷиҳати иҷрои корҳо ё вазифаҳои махсус бо монондани онҳо дар кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ашхоси мазкур аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии барои кормандони мақомоти корҳои дохили пешбинишуда истифода менамоянд.

Моддаи 22. Тартиб ва шароити адои хизмат дар милиса

Барои кормандони милиса вақти кории умумии давомнокияш на бештар аз 40 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад. Дар мавриди зарурат кормандони милиса метавонанд мутобиқи қонун ба кори зиёда аз вақти муқарраргардида, ҳамчунин ба кори шабона, рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда шаванд.

Ба корманди милиса рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи пулаки ба мӯҳлати 30 рӯзи тақвими бидуни дарназардошти вақти рафтуомад ба маҳалли истироҳат бо пардохти арзиши роҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба корманди милиса, ки дар маҳалҳои шароити иқлимашон вазнин ва номусоид адои хизмат мекунад, рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи пулаки ба мӯҳлати 45 рӯзи тақвими дода мешавад.

Ба корманди милиса рухсатии меҳнатии ҳарсолаи иловагии пулаки ба мӯҳлатҳои зайл дода мешавад:

баъди 10 соли хизмат дар ин мақомот-5 рӯзи тақвими;

баъди 15 соли хизмат-10 рӯзи тақвими;

баъди 20 соли хизмат-15 рӯзи тақвими.

Ба кормандони милиса машғул шудан бо ҳар гуна фаъолияти соҳибкори, ташкили корпартоиҳо ва ширкат дар гузаронидани онҳо, кори муштарак дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ба истиснои фаъолияти илми, эҷоди ва омӯзгори манъ аст.

Дар милиса таъсис ва фаъолияти аҳзобу созмонҳои сиёси манъ аст.

Кормандони милиса дар фаъолияти хизматии худ наметавонанд бо қарорҳои аҳзоби сиёси ва ҷумбишҳои ҷамъиятие, ки мақсадҳои сиёси доранд, робита дошта бошанд, ҳамчунин дар чорабиниҳое, ки аз тарафи онҳо доир мегарданд, ширкат намоянд.

Тартиб ва шароити дигари хизмат дар милиса бо Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим карда мешаванд.

Моддаи 23. Тайёркунии кормандони милиса

Кормандони милисаро дар асоси созишномаҳои махсус таълимгоҳҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълимгоҳҳои дигар давлатҳо, инчунин дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр мекунанд.

Шахсоне, ки барои хизмат дар милиса ба мансабе ба кор гирифта мешаванд, ки аз рӯи он додани унвони махсуси милиса ба назар гирифта шудааст, ҳатман таҳти таҳсили махсуси касби ё бозомӯзи қарор мегиранд.

Моддаи 24. Пардохти музди меҳнати кормандони милиса

Навъу андозаҳои маоши кормандони милисаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, онҳо бояд барои дар асоси конкурси бо кадрҳо таъмин кардани милиса заминаҳои кофии модди муҳайё созанд, хусусият ва шароити хизматро ба эътибор гиранд.

Барои аз мӯҳлати дар ҳамин Қонун муқарраршуда зиёдтар хизмат кардан, инчунин дар рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва рӯзи ид адои хизмат намудан мувофиқи қонунгузори ҷубронпули ё дар дигар рӯзҳо истироҳат пешниҳод мегардад.

ФАСЛИ V. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МИЛИСА

Моддаи 25. Ҳимояи ҳуқуқии кормандони милиса

Кормандони милиса намояндаи ҳокимияти давлати буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Корманди милиса ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш шахси дахлнопазир аст. Таҳдид дар ҳама гуна шаклҳояш ба корманди милиса боиси фавран гирифтани пеши роҳи чунин аъмол тавассути воситаю усулҳое, ки бо ҳамин Қонун ба милиса иҷозат дода шудаанд, мегардад.

Иҷрои талаботи қонунии кормандони милиса аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатми мебошад.

Итоат накардан ба талаботи қонунии коркуни милиса, инчунин дигар аъмоле, ки ба иҷрои вазифаҳои ба зимаи милиса гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраргардида мегарданд.

Моддаи 26. Эҳтимоли бовари ба корманди милиса

Гувоҳии корманди милиса, ки ҳамчун ҷабрдида ё шоҳид аз рӯи парвандаи қонуншикани пурсиш карда мешавад, бо гувоҳии шахсони дигар нуфузи қонеъкунандаи баробар дорад ва онро шахси тафтишкунанда, муфаттиш, прокурор ва судя бе далел инкор карда наметавонад.

Моддаи 27. Норавоии дахолат ба фаъолияти корманди милиса

Корманди милиса дар вақти иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда танҳо ба сардори бевосита ё сардорони мустақими худ тобеъ аст. Ҳеҷ каси дигар ҳақ надорад, ки ба фаъолияти қонунии корманди милиса дахолат намояд.

Таъсир расондан, ба корманди милиса бо мақсади мамониат ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш дар кадом шакле набошад, боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраргардида мегардад.

Корманди милиса дар ҳолати гирифтани фармону дастурҳои ба қонун мухолифи сардорон ва шахсони мансабдор бояд мувофиқи қонун амал намояд.

Моддаи 28. Ҳуқуқи корманди милиса ба ҳимояи суди

Корманди милиса ба ҳимояи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳақ дорад.

Моддаи 29. Ҳуқуқи корманди милиса ба таваккали касби

Корманди милиса ба таваккали асосноки касби ҳуқуқ дорад. Таваккал дар он ҳолат асоснок аст ва қонуншикани дониста намешавад, агар амали иҷрогардида ҳақиқати воқеии вазъи бамиёномада бошад, ба мақсади қонуни расидан бе чунин амал ғайриимкон буда, корманди милиса, ки ба таваккал роҳ додааст, дар вазъияти бамиёномада тамоми чораҳои имконпазири пешгири намудани зарари расонидашударо ашдешидааст.

Моддаи 30. Суғуртаи давлати ва талофии зарар дар ҳолати ҳалок гардидан ё маъюб шудани корманди милиса

Ҳамаи кормандони милиса аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор, инчунин маблағҳои дар асоси аҳдномаҳо аз вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту шаҳрвандон воридгашта бояд суғуртаи ҳатмии давлати карда шаванд.

Дар сурати ҳалок гардидани корманди милиса ҳангоми иҷрои фаъолияти хизмати ба оилаи ҳалокгардида ё шахсони таҳти парастории он буда аз маблағҳои буҷети дахлдор ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши даҳсолаи ин шахси ҳалокгардида дода шуда, минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳгор ситонида мешавад.

Дар сурати ба корманди милиса расонидани зарарҳои ҷисмонии сабуктар, инчунин зарарҳои ҷисмоние, ки машғул гаштани ӯро ба фаъолияти касби истисно мекунанд, ба ӯ аз маблағҳои буҷети дахлдор ёрдампулии якдафъаина ба андозаи аз маоши сесола то маоши панҷсола дода мешаваду минбаъд ин маблағ, инчунин фарқи байни андозаҳои маоши хизмати ва нафақаи ӯ, агар он муқаррар гардида бошад, аз шахсони гуннаҳгор ситонида мешавад.

Зараре, ки бо сабаби фаъолияти хизматии корманди милиса ба амволи корманди милиса ё хеши наздики ӯ расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор талофи гардида, минбаъд ин маблағ аз шахсони гуннаҳгор ситонида мешавад.

Моддаи 31. Таъмин намудани кормандони милиса бо манзилгоҳ

Барои шахсони беманзили ба хизмати милиса қабулгардида манзилгоҳи хизмати ба шакли квартираи алоҳида ё хона мувофиқи меъёрҳои муқарраркардаи қонунгузори аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо), ба кормандони милисаи идорави бошад, илова бар ин аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар давоми як соли баъд аз таъин гардиданашон ва ба инспекторҳои участкавии милиса бошад на дертар аз шаш моҳ пас аз лаҳзаи ба вазифа таъин шуданашон дода мешавад. Кормандони милиса, ки дар мақомоти милиса на камтар аз даҳ сол кор кардаанд, инчунин аъзоёни оилаи кормандони ҳалокгардидаи милиса бе додани манзилгоҳи дигар набояд аз манзилгоҳҳои хизмати хориҷ карда шаванд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба кормандони милиса, ки эҳтиёҷмандони беҳтар намудани шароити манзил мебошанд барои сохтмони инфироди ва кооперативии манзил қарзи бе фоиз ё фоизи ҳадди ақалдошта диҳанд, ки баргардонидани он ба мӯҳлати 20 сол ба таъхир гузошта шуда ва панҷоҳ фоизи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор пушонида мешавад.

Мақомот ва муассисаҳои милиса ҳуқуқ доранд барои кормандони худ, ки эҳтиёҷмандони беҳтар намудани шароити манзил мебошанд аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо минбаъд пардохт намудани панҷох фоизи арзиши он аз ҷониби корманди милиса манзилгоҳ харанд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ манзилгоҳи кормандони милисаро, ки дар мақомоти милиса на камтар аз бист сол кор кардаанд, инчунин манзили оилаи шахсони ҳангоми иҷрои вазифаи хизмати ҳалокгардидаро бепул ба моликияти онҳо медиҳад.

Дар сурати ҳалок гардидани корманди милиса ҳангоми иҷрои фаъолияти хизмати барои оилаи ҳалокгардида ҳуқуқҳои гирифтани манзилгоҳ бо ҳамон асосҳое, ки ҳангоми дар навбат истодан мавҷуд буданд, нигоҳ дошта мешаванд ва оилаи корманди милиса ҳуқуқи гирифтани манзилгоҳро дар мӯҳлати на дертар аз як сол пас аз рӯзи ҳалок гардиданаш дорад.

Барои кормандони милиса тахфифи панҷоҳфоизаи пардохти хонапули ва хизматрасониҳои коммунали (ба истиснои пардохти қувваи барқ), инчунин сӯзишвори (ба истиснои пардохти гази табии) дода мешавад.

Кормандони милиса, ки дар деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳри кор ва истиқомат мекунанд, инчунин аъзоённ оилаҳояшон, ки бо онҳо истиқомат мекунанд, тибқи меъёрҳои муқарраргардида бепул бо манзилгоҳи дорои маркази гармидиҳанда ва равшанидор таъмин карда мешаванду ҳамчунин аз дигар имтиёзҳои муқарраркардаи қонунгузори истисфода менамоянд.

Моддаи 32. Бо телефон ва ҷой дар муассисаҳои томактабии кӯдакон таъмин намудани корманди милиса

Барои кормандони умури зудамали милиса ва дигар категорияи кормандони милиса, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, дар сурати мавҷуд будани имконияти техники дар мӯҳлати се моҳи баъд аз додани ариза телефон гузаронида мешавад.

Ба кормандони милиса кафолат дода мешавад, ки барои кӯдакони онҳо дар муассисаҳои томактабии кӯдакон дар мӯҳлати се моҳи баъд аз додани ариза ҷой дода шавад.

Моддаи 33. Ҳуқуқи корманди милиса ба ҷуброни истифода намудани нақлиёти шахси барои мақсадҳои хизмати

Ба кормандони милиса, ки барои мақсадҳои хизмати нақлиёти шахсиашонро истифода мекунанд, ба андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар кардааст, ҷубронпули дода мешавад.

Моддаи 34. Ҳуқуқи корманди милиса ҳангоми дар сафари хизмати буданаш

Корманди милиса, ки дар сафари хизмати мебошад, барои бенавбат ба тамоми намудҳои нақлиёт ба даст овардани ҳуҷҷатҳои сафари, инчунин дар меҳмонхона аз рӯи ҳуҷҷати хизмати ҷой гирифтан ҳуқуқ дорад.

Моддаи 35. Ҳифзи иҷтимоии кормандони милиса, ки нисбати ба нафақа баромадан аз кор озод шудаанд

Барои кормандони милиса, ки бо сабаби ба синну соли нафақави расидан, аз рӯи бемори ва ё пурра адо кардани мӯҳлати хизмат аз хизмат озод шудаанд, ҳуқуқи истифода намудани имтиёзҳое, ки барои кормандони милиса пешбини шудааст, нигоҳ дошта мешавад.

Барои шахсоне, ки аз хизмати милиса озод шудаанд, дар сурати таҳдид ба ҳаёт, саломати ва амволашон бо сабаби фаъолияти пештараи хизматиашон муқаррароти қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 31 ҳамин Қонун эътибор дорад.

Моддаи 36. Ҳуқуқи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба муқаррар намудани кафолатҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии кормандони милиса

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд дигар кафолатҳои иҷтимоии кормандони милисаро, ки дар ҳамин Қонун пешбини нашудаанд, муқаррар намоянд.

Моддаи 37.

Амали моддаи 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31, 32, 33, 34, 35, 36 инчунин ба тамоми кормандони системаи мақомоти корҳои дохилие, ки рутба.

ФАСЛИ VI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МИЛИСА

Моддаи 38. Таъминоти молияви ва моддию-техникии милиса

Бо пултаъминкуни, таъминоти моддию-техники ва иҷтимоию маишии милиса аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳури ва маҳалли сурат мегирад.

Моддаи 39. Бо биноҳои хизмати таъмин намудани милиса

Мақомоти ҳокимияти иҷроя дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) мақомот, воҳидҳо ва муассисаҳои милисаро бо биноҳои хизмати ва дигар биноҳо, инчунин бо воситаҳои алоқаю нақлиёт бепул таъмин менамоянд; сохтмони биноҳои нави хизматии мақомот, воҳидҳо ва муассисаҳои милиса, инчунин таъмири ҷори ва таъмири асосии онҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳалли анҷом медиҳанд. Мақомот, воҳидҳо ва муассисаҳои милисаи нақлиёти бо биноҳои хизмати ва дигар биноҳо, инчунин воситаҳои алоқа аз ҷониби идораю мақомоти дахлдори нақлиёт бепул таъмин карда мешаванд.ои махсус доранд, дахл дорад.

ФАСЛИ VII. НАЗОРАТИ РИОЯ НАМУДАНИ ҚОНУНИЯТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МИЛИСА

Моддаи 40. Назорати риоя намудани қонуният дар фаъолияти милиса

Дуруст ва якранг иҷро намудани қонунҳоро дар фаъолияти милиса Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба вай тобеъ назорат мекунанд.

ФАСЛИ VIII. НАЗОРАТ АЗ РӯИ ФАЪОЛИЯТИ МИЛИСА. ҶАВОБГАРИИ КОРМАНДОНИ МИЛИСА

Моддаи 41. Назорат аз рӯи фаъолияти милиса

Назоратро аз рӯи фаъолияти милиса мақомоти болоии корҳои дохили ва мақомоти дигари аз тарафи қонун ваколатдоршуда мебаранд.

Моддаи 42. Ҷавобгарии кормандони милиса

Барои суиистифода аз мансаб, аз ҳадди ваколатҳои хизмати гузаштан, иҷро накардан ё ба таври лозима ба иҷро нарасонидани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, кормандони милиса бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Р. НАБИЕВ

ш.Душанбе

 2 май соли 1992 № 650