ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЛОМАТҲОИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНӢ
БОБИ I. АЛОМАТҲОИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНӢ, ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО
Моддаи 1. Аломатҳои молу хизматрасони
Аломатҳои молу хизматрасони (минбаъд - аломати мол) ишораҳои ба тартиби муқарраргардида сабтшудае мебошанд, ки қобиланд мутобиқaн молҳо ва хизматрасонии чандин шахси юридики ё шаҳрвандонро аз молҳо ва хизматрасонии (минбаъд - молҳо) якхелаи шахсони дигари юридики ё шаҳрвандон фарқ кунонанд.
Моддаи 2. Ҳимояи ҳуқуқии аломати мол
1. Ҳимояи ҳуқуқии аломати мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қайду сабти он мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ё бинобар аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳуқуқи аломати молро давлат ҳимоя мекунад.
3. Аломати мол метавонад ба номи шахси юридики, инчунин шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад, сабту қайд карда шавад.
Моддаи 3. Шаҳодатномаи аломати мол
1. Барои аломати сабтшудаи мол шаҳодатнома дода мешавад.
2. Шаҳодатнома воқеияти бақайдгирии аломати мол, афзалияти он, ҳуқуқи истисноии соҳибро ба аломати мол нисбати молҳои дар шаҳодатнома зикршуда тасдиқ мекунад ва дорои акси аломати мол мебошад.
Моддаи 4. Ҳуқуқи истисноии аломати мол
1. Соҳиби аломати мол дар истифодаи аломати мол ва ихтиёрдории он ҳуқуқи истиснои дошта, ҳамчунин ҳақ дорад, ки аз тарафи шахсони дигар истифода шудани ин аломати молро манъ кунад.
Ҳеҷ кас аломати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизатшавандаи молро бе иҷозати соҳиби он истифода карда наметавонад.
2. Бе иҷозат анҷом додани фаъолиятҳое, ки дар банди 1-уми моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикр гардидаанд, инчунин ворид намудан, барои фурӯш пешниҳод кардан, фурӯхтан ва ба таври дигар ба муомилоти хоҷаги даровардани моле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аломати ҳимояшавандаи мол дода шудааст, вайронкунии ҳуқуқи соҳиби аломати мол дониста мешавад.
Моддаи 5. Анвои аломатҳои мол
1. Ба сифати аломатҳои мол метавонанд нишонаҳои луғави, тасвири, ҳаҷмдор ва дигар нишонаҳо ё нишонаҳои таркибии онҳо ба қайд гирифта шаванд.
2. Аломати мол метавонад ба рангҳои якхела ё омезиши рангҳо ба қайд гирифта шавад.
Моддаи 6. Далелҳои мутлақи ба қайд нагирифтан
1. Аломатҳои молие, ки танҳо аз нишонаҳои зерин иборатанд, ба қайд гирифта намешаванд:
аломатҳое, ки хусусияти фарқкунанда надоранд ё танҳо хусусияти тасвири доранд;
аломатҳое, ки танҳо гербу байрақ ва эмблемаи давлати; номи расмии давлатҳо, эмблема, номи ихтисоршуда ё пурраи ташкилотҳои байналхалқии байниҳукумати; тамғаи расмии назорати, замонати ва тамғаи маҳак, мӯҳр, мукофот нишонаҳои дини ва дигар нишонаҳои фарқкунанда мебошанд. Чунин нишонаҳо метавонанд ба сифати унсурҳои ҳимоянашаванда ба аломати мол дохил карда шаванд, агар барои ин ризояти мақомоти салоҳиятдори дахлдор ё соҳиби он бошад;
аломатҳое, ки ҳамчун нишонаҳои молҳои навъи муайян ба истифодаи умум дохил шудаанд;
аломатҳое, ки рамзу истилоҳоти маъмули мебошанд;
аломатҳое, ки навъ, сифат, миқдор, хосият, таъинот, арзиши молҳо, инчунин ҷой ва вақти истеҳсол ё фурӯшро нишон медиҳанд.
2. Нишонаҳои зерин ба сифати аломатҳои мол ё унсурҳои онҳо ба қайд гирифта намешаванд:
аломатҳое, ки маълумоти нодурустро дар бар мегиранд, ё касро дар хусуси мол ё истеҳсолкунандаи он ба иштибоҳ андохта метавонанд;
аломатҳое, ки аз ҷиҳати мазмун хилофи манфиатҳои ҷамъияти, принсипҳои инсондӯсти ва ахлоқи мебошанд.
Моддаи 7. Далелҳои дигари ба қайд нагирифтан
1. Нишонаҳои ба аломатҳои зайл монанд ё ба андозае якхела, ки ҳамдигарро иваз карда метавонанд, ба сифати аломатҳои мол ба қайд гирифта намешаванд:
ба аломатҳои молие, ки пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буданд ё ба номи шахси дигар нисбат ба молҳои якхела барои бақайдгири пешниҳод гардидаанд;
ба аломатҳои молии шахси дигар, ки бидуни ба қайд гирифтан дар асоси аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд;
ба номҳои корхонаҳои (ё як қисми онҳо) ба шахсони дигар тааллуқдошта, ки аз рӯи талабномаҳои пештараашон дар бораи аломати мол нисбати молҳои якхела ба ин номҳо ҳуқуқ пайдо карданд;
ба номҳои ҷойҳои истеҳсоли молҳо, ки ин номҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд, ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо ҳамчун унсури ҳимоянашаванда ба аломати молие дохил карда шуда бошанд, ки ба номи шахси барои истифодаи чунин ном ҳуқуқдошта сабт мегардад.
2. Нишонаҳое, ки аломатҳои зайлро айнан такрор мекунанд, ҳамчун аломати мол ба қайд гирифта намешаванд:
намунаҳои саноатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шахси дигар ҳуқуқ дорад;
номҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машҳури асарҳои илми, адабиёт ва санъат ё иқтибос аз онҳо, асарҳои санъат ё порчаҳои онҳо бе ризояти дорандаи ҳуқуқи муаллифи ё мақоми салоҳиятдори дахлдор;
ному насаб, тахаллус ва номҳои аз онҳо баромада, портрет ва факсимилеи шахсони машҳур бидуни ризояти чунин шахсон, ворисонашон ё мақоми салоҳиятдори дахлдор.
Моддаи 8. Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабномаҳои бақайдгирии аломатҳои молро барои барраси қабул карда, аз рӯи онҳо экспертиза мегузаронад, барои аломатҳои молии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда шаҳодатномаҳо медиҳад, Реестри давлатии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мураттаб сохта, дар доираи салоҳияташ ба риояи қонунгузори оид ба аломатҳои мол назорат мекунад, таҷрибаи истифодаи онро ҷамъбаст карда, хулоса мебарорад, нуктаҳои Қонуни мазкурро шарҳ дода, доир ба масъалаҳои зикргардида кумаки методи ва хизмат мерасонад, оид ба аломатҳои мол кори ахбориро анҷом медиҳад ва фаъолияти вобаста ба қайду сабти байналхалқии аломатҳои молро ба роҳ мемонад.
БОБИ II. БАҚАЙДГИРИИ АЛОМАТИ МОЛ
Моддаи 9. Талабнома барои қайду сабти аломати мол
1. Талабнома барои қайду сабти аломати мол (минбаъд-талабнома) аз тарафи шахси юридики ё шаҳрванд ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Талабномаро ба воситаи намояндаи патентдоре, ки дар Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда шудааст, додан мумкин аст.
2. Шахсони юридикии хориҷие, ки дар мамлакатҳои хориҷи ҷои истиқомати доими доранд, ё шаҳрвандону шахсони бетабаа, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд (ё намояндагони патентдори онҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба сабти аломатҳои мол ва тамдиди мӯҳлати амали ин сабтро ба воситаи намояндагони патентдори Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
3. Талабнома бояд ба як аломати мол тааллуқ дошта бошад.
4. Талабнома бояд инҳоро дар бар гирад:
ариза дар бораи ба қайд гирифтани нишона ҳамчун аломати мол бо дарҷи арзкунанда, инчунин маҳали ҷойгиршави ё ҷои истиқоматаш;
нишонаи дар талабнома зикршуда ва тавсифи он;
рӯйхати молҳо ва хизматрасоние, ки барояшон ба қайд гирифтани аломати мол талаб карда мешавад ва аз рӯи гурӯҳҳои Таснифоти байналхалқии молҳо ва хизматрасони барои қайду сабти аломатҳо гурӯҳбанди шудаанд.
Талабнома ба забони давлати ва руси ё ба забони дигар пешниҳод мегардад.
5. Ба талабнома бояд инҳо замима карда шаванд:
ҳуҷҷате, ки пардохти андозаи муқарраргардидаи боҷ ё аз пардохти боҷ озод будан ва ё асосу далели кам кардани ҳаҷми онро тасдиқ кунад;
ҳуҷҷате, ки ҳуқуқу салоҳияти намояндаи патентдорро тасдиқ мекунад, агар талабнома ба воситаи намояндаи патентдор дода шавад;
оинномаи аломати коллективи, агар талабнома барои аломати коллективи мувофиқи моддаи 24-уми ҳамин Қонун дода шавад.
Ҳуҷҷатҳое, ки ба талабнома замима мегарданд, ба забони давлати ва руси ё ба забони дигар пешниҳод карда мешаванд. Агар ин ҳуҷҷатҳо ба забони давлати ё ба забони дигар пешниҳод шуда бошанд, ба талабнома тарҷумаи онҳо ба забони руси замима карда мешавад. Тарҷумаи русии ҳуҷҷатҳоро арзкунанда метавонад дар мӯҳлати ду моҳи баъди ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани талабнома пешниҳод кунад.
6. Тақозоҳоро нисбати ҳуҷҷатҳои талабнома Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 10. Афзалияти аломати мол
1. Афзалияти аломати мол аз рӯи таърихи ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани талабномае, ки ба тақозои дар банди 4-уми моддаи 9-уми ҳамин Қонун пешбинигардида мувофиқ мебошад, муқаррар карда мешавад.
2. Афзалияти аломати мол метавонад аз рӯи санаи додани талабномаи якум барои аломати мол дар мамлакати хориҷии иштирокчии Конвенсияи муҳофизати моликияти саноатии Париж (афзалияти конвенсиони) муқаррар карда шавад, агар ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабнома дар давоми шаш моҳи баъд аз санаи зикргардида расида бошад.
Агар бо сабабҳои новобаста аз талабномадиҳанда талабномаи дорои илтимоси афзалияти конвенсиони дар мӯҳлати зикргардида дода нашуда бошад, мӯҳлати мутазаккира метавонад бо тақозои талабномадиҳанда ба мӯҳлати на бештар аз ду моҳ тамдид карда шавад.
3. Афзалияти аломати молии дар экспонатҳои намоишгоҳҳои расми ё расман шинохташудаи байналхалқи ҷойгирифта, ки дар ҳудуди яке аз мамлакатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж оиди муҳофизати моликияти саноати (афзалияти намоишгоҳи) ташкил гардидааст, аз рӯи санаи оғози намоиши озоди экспонатҳо дар намоишгоҳ муқаррар карда мешавад, агар ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабнома барои аломати мол дар мӯҳлати шаш моҳи баъди санаи зикргардида расида бошад.
4. Талабномадиҳандае, ки хоҳиши истифодаи ҳуқуқи афзалияти конвенсиони ё намоишгоҳи дорад, бояд ҳангоми додани талабнома барои аломати мол инро зикр кунад ё дар мӯҳлати ду моҳи баъди санаи ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани талабнома ҳуҷҷатҳои лозимаеро, ки қонуни будани чунин тақозоро тасдиқ мекунанд, замима намояд ва ё ин ҳуҷҷатҳоро на дертар аз се моҳи баъди санаи ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани талабнома пешниҳод кунад.
5. Афзалияти аломати молро аз рӯи санаи бақайдгирии байналхалқии аломати мол мувофиқи аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардан мумкин аст.
Моддаи 11. Экспертизаи талабнома барои аломати мол
1. Экспертизаи талабнома аз тарафи Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва экспертизаи пешакию экспертизаи нишонаи дар талабнома овардашударо, ки мувофиқи ҳамин Қонун ва қоидаҳои дар асоси ин Қонун муқаррарнамудаи Умури давлатии муҳофизатии ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар бар мегирад.
Талабномадиҳанда ҳақ дорад бо ташаббуси худ ё бо даъвати эксперти давлати шахсан ва ё ба воситаи намояндааш дар баррасии масъалаҳое, ки дар рафти экспертизаи пешаки ва экспертизаи нишонаи дар талабнома овардашуда ба миён меоянд, иштирок кунад.
2. Дар мӯҳлати ду моҳи баъди санаи расидани талабнома талабномадиҳанда ҳақ дорад бо ташаббуси худ материалҳои талабномаро пурра, аниқ ё ислоҳ кунад.
Агар материалҳои иловаги нишонаи барои бақайдгири пешниҳодгардидаро комилан тағйир диҳанд ё ба рӯйхати молҳои дар талабнома зикргардида молҳои гуногунҷинс дохил кунанд, ин материалҳо барои барраси қабул карда намешаванд ва талабномадиҳанда метавонад онҳоро ҳамчун талабномаи алоҳида тартиб диҳад.
3. Дар давраи гузаронидани экспертизаи талабнома ба талабномадиҳанда имконият дода мешавад, ки ба талабнома иловаҳо, тасҳеҳот ё ислоҳҳо дарорад.
Материалҳои иловаги аз рӯи дархости экспертиза бояд дар мӯҳлати 2 моҳи баъди гирифтани дархост пешниҳод гарданд. Бо хоҳиши талабномадиҳанда ин мӯҳлатро тамдид кардан мумкин аст, ба шарте ки илтимоснома пеш аз гузаштани ин мӯҳлат расида бошад. Агар талабномадиҳанда ин мӯҳлатро вайрон карда бошад ё ба дархости экспертиза ҷавоб надода бошад, талабнома пасгирифта ҳисоб меёбад, ки дар ин бора ба талабномадиҳанда хабар дода мешавад.
4. Талабномаро бо хоҳиши талабномадиҳанда дар ҳар марҳалаи баррасии он пас гирифтан мумкин аст.
Моддаи 12. Экспертизаи пешаки
1. Экспертизаи пешакии талабнома дар мӯҳлати як моҳи баъд аз санаи ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон расиданаш сурат мегирад.
2. Дар рафти гузаронидани экспертизаи пешаки мазмуни талабнома ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои замимаи талабнома, инчунин ба талаботи муқарраршуда мувофиқат кардани онҳо тафтиш карда мешавад. Аз рӯи натиҷаи экспертизаи пешаки барои барраси қабул шудан ё қабул нашудани талабнома ба талабномадиҳанда хабар дода мешавад.
3. Дар мавриди барои барраси қабул шудани талабнома ба талабномадиҳанда дар бораи муқаррар намудани афзалияти аломати мол хабар дода мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки вай афзалияти конвенсиони ё намоишгоҳи талаб мекунад, вале ҳангоми таҳти барраси қарор додани талабнома ҳуҷҷатҳои лозимаеро, ки қонуни будани ин талабро тасдиқ мекунанд, пешниҳод накардааст.
4. Дар сурати бо қарори экспертизаи пешаки рози набудан талабномадиҳанда дар мӯҳлати ду моҳи баъд аз санаи гирифтани чунин қарор ҳақ дорад, ки ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирознома фиристад. Қарор аз рӯи эътирознома дар мӯҳлати як моҳи баъди рӯзи расидани он қабул карда мешавад.
Моддаи 13. Экспертизаи нишонаи дар талабнома овардашуда
1. Экспертизаи нишонаи дар талабнома овардашуда баъди анҷоми экспертизаи пешаки гузаронида мешавад.
Дар рафти экспертиза афзалияти аломати мол муқаррар карда мешавад, агар он ҳангоми гузаронидани экспертизаи пешаки муқаррар нашуда бошад, ва мутобиқати нишонаи дар талабнома овардашуда бо талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 6 ва 7-уми ҳамин Қонун тафтиш карда мешавад.
2. Аз рӯи натиҷаҳои экспертиза дар бораи қайду сабти аломати мол ё рад шудани бақайдгирии он қарор қабул карда мешавад.
Талабномадиҳанда ҳақ дорад бо материалҳое, ки ҳангоми гузаронидани экспертиза истифода мегарданд, шинос шавад.
Нусхаи материалҳое, ки хилофи нишонаи дар талабнома овардашуда мебошанд, дар давоми як моҳи баъди санаи гирифтани қарор аз рӯи талабнома метавонанд дархост карда шаванд.
3. Қарори экспертиза дар бораи сабти аломати мол бо сабаби расидани талабномае, ки мувофиқи моддаи 10-уми ҳамин Қонун пештар афзалият дошт, метавонад такроран барраси шавад.
4. Дар сурати бо қарори экспертиза рози набудани талабномадиҳанда ӯ ҳақ дорад дар мӯҳлати 2 моҳи баъд аз рӯзи гирифтани қарор ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси гузаронидани экспертизаи такрори илтимоснома пешниҳод кунад.
Экспертизаи такрори дар мӯҳлати 2 моҳи баъд аз рӯзи расидани илтимосномаи талабномадиҳанда гузаронида мешавад.
Моддаи 14. Эътироз намудан аз хусуси қарори аз рӯи талабнома қабулгардида ва барқарор кардани мӯҳлати гузашта
1. Дар сурати бо қарори экспертизаи такрори норози будани талабномадиҳанда ӯ ҳақ дорад дар мӯҳлати 3 моҳи баъд аз рӯзи гирифтани қарор ба Шӯрои апеллятсионии экспертизаи патентии назди Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Шӯрои апеллятсиони) шикоятномаи асоснок диҳад. Шикоятнома бояд дар мӯҳлати 4 моҳ баъд аз рӯзи расидани он барраси карда шавад. Талабномадиҳанд ҳақ дорад шахсан худаш ё ба воситаи намояндаи худ дар баррасии шикоятномааш иштирок кунад.
2. Талабномадиҳанда метавонад дар мӯҳлати шаш моҳи баъд аз рӯзи қабул шудани қарор аз хусуси қарори Шӯрои апеллятсиони ба суд аризаи эътирози диҳад.
3. Мӯҳлатҳои дар бандн 2-юми моддаи 11, банди 4-уми моддаи 12, банди 4-уми моддаи 13 ва банди 1-уми моддаи 14-уми ҳамин Қонун пешбинишударо, ки талабномадиҳанда гузаронидааст, Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи илтимосномаи талабномадиҳанда, ки на дертар аз шаш моҳи гузаштани мӯҳлати онҳо дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрнок ва пардохти боҷ дода шудааст, барқарор карда метавонад.
Моддаи 15. Реестри давлатии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аломатҳои молро дар Реестри давлатии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Реестр) ба қайд мегирад. Ба Реестр тасвири аломати мол, маълумот дар бораи соҳиби он, санаи афзалияти аломати мол, санаи ба қайд гирифтани он, феҳристи молу хизматҳое, ки барои онҳо аломати мол ба қайд гирифта шудааст, дохил карда мешаванд.
Ба Реестр дигар маълумотҳои вобаста ба қайду сабти аломати мол, дароз кардани мӯҳлати амали он ва бекор кардани бақайдгири, инчунин тамоми тағйироти минбаъдаи ин маълумотҳо дохил карда мешаванд.
Мувофиқи илтимосномаи шахси манфиатдор Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад иқтибосеро аз Реестр диҳад.
Шаҳодатнома ба аломати мол аз тарафи Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии аломати мол дар Реестр дар мӯҳлати як моҳи пас аз гирифтани ҳуҷҷат дар хусуси пардохти боҷи муқарраргардида дода мешавад.
Моддаи 16. Мӯҳлати эътибори қайду сабт
1. Қайду сабти аломати мол дар давоми даҳ сол аз рӯзи расидани талабнома ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.
2. Мӯҳлати эътибори сабти аломати мол мувофиқи аризаи соҳибаш, ки дар давоми соли охири амали он дода шудааст, метавонад ҳар дафъа ба даҳ соли дигар дароз карда шавад.
Мувофиқи илтимосномаи соҳиби аломати мол барои дароз кардани мӯҳлати эътибори қайду сабти он баъди ба охир расидани мӯҳлати эътибори сабт ба ӯ мумкин аст 6 моҳи дигар мӯҳлат дода шавд, ба шарте ки боҷи иловаги пардохта шавад.
3. Қайд дар бораи дароз кардани мӯҳлати эътибори сабти аломати мол ба Реестр ва шаҳодатномаи аломати мол дохил карда мешавад.
Моддаи 17. Дохил кардани тағйирот ба қайду сабт
Соҳиби аломати мол дар бораи тағйир додани унвон, ному насаб ё номи падар, илова даровардан ба феҳристи молҳое, ки нисбати онҳо аломати мол ба қайд гирифта шудааст ё кам кардани ин феҳристи молҳо, тағйир додани унсурҳои алоҳидаи аломати мол, ки моҳияти онро дигаргун намекунад, дигар тағйироти вобаста ба қайду сабти аломати мол ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонин Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қайд дар бораи даровардани тағйирот ба Реестр ва шаҳодатномаи аломати мол дохил карда мешавад.
Моддаи 18. Нашри маълумот дар бораи қайду сабт
Маълумоти вобаста ба сабти аломати мол ва мувофиқи моддаи 15-уми ҳамин Қонун ба Реестр дохил кардашуда аз тарафи Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳ аз рӯзи дар Реестр сабт кардани аломати мол дар бюллетени расми нашр карда мешаванд.
Тамоми тағйироти минбаъда низ дар маълумоти вобаста ба сабти аломати мол нашр карда мешавад.
Моддаи 19. Боҷ
1. Барои додани талабнома, гузаронидани экспертиза, бақайдгири ва додани шаҳодатнома ба аломати мол, дароз кардани мӯҳлати эътибори сабт, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои ҳуқуқан муҳим, ки бо сабт ва дароз кардани мӯҳлати эътибори бақайдгирии аломати мол вобастаанд, боҷ ситонида мешавад. Номгӯи корҳое, ки барои иҷрои онҳо боҷ ситонида мешавад, тартиб, андоза ва мӯҳлатҳои пардохти боҷ, инчунин асосҳои озод кардан аз пардохти боҷ, кам кардани андози он ё баргардонидани боҷро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Боҷро талабномадиҳанда, соҳиби аломати мол, инчунин бо мувофиқаи онҳо шахси дигари юридики ё шаҳрванди дигари манфиатдор пардозад.
Моддаи 20. Шартҳои бақайдгирии такрори
Аломати молро, ки мӯҳлати эътибори сабти он ба охир расидааст, дар давоми се сол аз рӯзи қатъ гардидани эътибори сабт ба номи шахси дигар, ғайр аз соҳиби пешинаи аломати мол ё вориси ҳуқуқии он, дубора ба қайд гирифтан мумкин нест.
Ин қоида дар мавриде низ татбиқ мегардад, агар соҳиби аломати мол қабл аз хатми мӯҳлати эътибори сабт аз аломати мол даст кашида бошад.
Моддаи 21. Сабти аломати мол дар мамлакатҳои хориҷи
1. Шахсони юридики, шарҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки бо риояи тартиби муқарраргардида аломати молашонро дар хориҷа сабт кунанд, сабти байналхалқии онро ба амал бароранд.
Талабнома барои сабти байналхалқии аломати мол тавассути Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
2. Хароҷоти вобаста бо сабти аломати мол дар мамлакати хориҷи ва сабти байналхалқиро талабномадиҳанда ё бо мувофиқаи он шахси юридики ё шаҳрванди дигари манфиатдор ба зимма мегирад.
БОБИ III. АЛОМАТИ КОЛЛЕКТИВИ
Моддаи 22. Ҳуқуқ ба аломати коллективи
1. Аломати коллективи чунин аломати моли иттифоқ, ассотсиатсияи хоҷаги, консерн ё дигар иттиҳодияи ихтиёрии корхонаҳо (минбаъд иттиҳодия) мебошад, ки барои ишора кардани молҳои аз тарафи онҳо истеҳсол ё ба фурӯш расонидашавандаи дорои сифати ягона ё дигар хусусиятҳои умуми пешбини шудааст.
2. Қоидаҳои моддаҳои 27-29-уми ҳамин Қонун ба аломатҳои коллективи дахл надоранд.
Моддаи 23. Сабт ва истифодаи аломати коллективи
1. Ба талабномаи аломати коллективи оинномаи аломати коллективи замима мегардад ва ин оиннома унвони иттиҳодияеро, ки барои сабт намудани аломати коллективи ба номи худ ваколатдор карда шудааст, номгӯи корхонаҳое, ки ҳуқуқи истифода аз ин аломатро доранд, мақсади бақайдгирии он, номгӯи молҳо ва сифатҳои ягона ё дигар характеристикаҳои умумии молҳои бо ин аломат нишона кардашаванда, шартҳои истифода аз он ва ҷавобгари барои вайрон кардани оинномаи аломати коллективиро дар бар мегирад.
2. Ба Реестр ва шаҳодатномаи аломати коллективи илова ба маълумоти дар моддаи 15-уми ҳамин Қонун пешбинишуда маълумот дар бораи корхонаҳое, ки ҳуқуқи истифодаи аломати коллективиро доранд, дохил карда мешаванд. Ин маълумот, инчунин иқтибос аз оинномаи аломати коллективи дар хусуси сифатҳои ягона ё дигар характеристикаҳои умумии молҳое, ки барои онҳо ин аломат сабт карда шудааст, аз тарафи Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бюллетени расми нашр карда мешаванд.
3. Соҳиби аломати коллективи ба Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйироти ба оинномаи аломати коллективи воридшуда хабар медиҳад.
4. Дар сурати истифодаи аломати коллективи барои молҳое, ки дорои сифатҳои ягона ё дигар характеристикаҳои умуми намебошанд, эътибори сабти он метавонад дар асоси қарори суд, ки мувофиқи аризаи шахси юридики ё шаҳрванди манфиатдор бароварда шудааст, пеш аз мӯҳлат пурра ё қисман қатъ гардонида шавад.
БОБИ IV. ИСТИФОДАИ АЛОМАТИ МОЛ
Моддаи 24. Истифодаи аломати мол ва оқибатҳои истифода накардани он
1. Ба кор бурдани аломати мол дар молҳое, ки барои онҳо ин аломат сабт карда шудааст, инчунин борҷомаҳои онҳо аз тарафи соҳиби аломати мол ё шахсе, ки ба ӯ дар асоси аҳдномаи литсензиони мувофиқи моддаи 28-уми ҳамин Қонун чунин ҳуқуқ дода шудааст, истифодаи аломати мол ба шумор меравад.
Ҳамчунин ба кор бурдани аломати мол дар реклама, нашрияҳои чопи, лавҳаҳо, ҳангоми намоиши экспонатҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашаванда, дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрноки истифода набурдани аломати мол дар молҳо ё борҷомаҳои онҳо метавонад истифодаи аломати мол эътироф карда шавад.
2. Шахсони юридики ё шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти миёнарави машғул мебошанд, ҳақ доранд аломати молии худро дар баробари аломати молии молистеҳсолкунанда ё хизматрасон, инчунин ба ҷои аломати молии молистеҳсолкунанда ё хизматрасон дар асоси аҳдномаи байнашон басташуда истифода намоянд.
3. Эътибори сабти аломати мол дар асоси қарори суд, ки мувофиқи аризаи шахси юридики ё шаҳрванди манфиатдор ба сабаби дар давоми панҷ соли баъд аз санаи сабт ё панҷ соли пеш аз додани чунин ариза пайваста истифода нагардидани аломати мол қабул шудааст, метавонад пеш аз мӯҳлат пурра ё қисман қатъ карда шавад.
Ҳангоми ҳалли масъалаи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани эътибори бақайдгирии аломати мол ба сабаби истифода накардани он чунин далеловарии соҳиби аломати мол, ки аломати мол бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда истифода нашудааст, метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
Моддаи 25. Тамғаи огоҳкунанда
Соҳиби аломати мол дар бари аломати мол метавонад тамғаи огоҳкунандаро гузорад ва ин аз он далолат мекунад, ки нишонаи ба кор бурдашаванда аломати молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабтшуда мебошад.
БОБИ V. ТАҚДИМИ АЛОМАТИ МОЛ
Моддаи 26. Вогузории аломати мол
Аломати мол нисбати тамоми молҳо ё як қисми онҳо, ки барои ин молҳо аломати мол ба қайд гирифта шудааст, метавонад аз тарафи соҳиби он мувофиқи аҳднома ба шахси юридики ё шаҳрванди дигар вогузор карда шавад.
Вогузории аломати мол ба шахси дигар, агар ин вогузори боиси ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунанда нисбати мол ё истеҳсолкунандаи он гардад, ҷоиз намебошад.
Моддаи 27. Додани литсензия (иҷозатнома) барои истифодаи аломати мол
Соҳиби аломати мол (литсензиар) метавонад мувофиқи аҳдномаи литсензиони ба шахси дигар (литсензиат) ҳуқуқи истифодаи аломати молро диҳад.
Аҳдномаи литсензияви бояд чунин шартеро дар бар гирад, ки сифати молҳои литсензиат набояд аз сифати молҳои литсензиар пасттар бошад ва литсензиар барои иҷрои ин шарт назорат хоҳад кард.
Моддаи 28. Сабти аҳднома дар бораи вогузории аломати мол ва аҳдномаи литсензияви
Аҳднома дар бораи ба шахси дигар вогузор кардани аломати мол аҳдномаи литсензияви дар Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда мешаванд. Бе чунин сабт онҳо аз эътибор соқит дониста шаванд.
БОБИ VI. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИИ АЛОМАТИ МОЛ
Моддаи 29. Аз эътибор соқит донистани сабти аломати мол
1. Сабти аломати мол метавонад дар давоми тамоми мӯҳлати эътибори он, агар он бо вайронкунии талаботи дар моддаҳои 2 ва 6-уми ҳамин Қонун пешбинишуда анҷом дода шуда бошад, ё дар давоми панҷ соли баъди нашр гардидани маълумотҳо дар хусуси бақайдгирии аломати мол дар бюллетени расми бо сабабҳои дар моддаи 7-уми Қонун зикргардида пурра ё қисман аз эътибор соқит дониста шавад.
Ҳар як шахси юридики ё шаҳрванд дар мӯҳлатҳои дар боло зикргардида метавонад ба муқобили бақайдгирии аломати мол ба Шӯрои апеллятсиони эътироз баён кунад.
2. Эътирозномаи зидди бақайдгирии аломати мол бояд дар давоми шаш моҳи баъди рӯзи расиданаш барраси гардад. Шахси эътироз баёнкарда, инчунин соҳиби аломати мол ҳақ доранд дар баррасии эътирознома иштирок намоянд.
3. Аз хусуси қарори Шӯрои апеллятсиони дар давоми шаш моҳи баъд аз рӯзи қабул гардидани қарор ба суд аризаи норизои додан мумкин аст.
Моддаи 30. Бекор кардани сабти аломати мол
Сабти аломати мол аз тарафи Умури давлатии муҳофизати ихтироот ва бақайдгирии аломатҳои молу хизматрасони дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:
бо сабаби қатъ гардидани мӯҳлати эътибори он, ки дар моддаи 17-уми ҳамин Қонун пешбини шудааст;
дар ҳолати аз эътибор соқит донистани он мувофиқи моддаи 30-юми ҳамин Қонун;
ҳангоми барҳам додани шахси юридики - соҳиби аломати мол; дар асоси қарори суд дар хусуси пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани эътибори он бо сабаби истифода накардани аломати мол мувофиқи моддаи 25-уми ҳамин Қонун;
дар ҳолати аз аломати мол даст кашидани соҳиби он.
БОБИ VII. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ СОҲИБИ АЛОМАТИ МОЛ
Моддаи 31. Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста бо аломатҳои мол, ба ғайр аз баҳсҳое, ки иҷрои онҳо мувофиқи моддаҳои 14 ва 30-уми ҳамин Қонун ба ихтиёри Шӯрои апеллятсиони дода шудаанд, дар суд барраси мегарданд.
Моддаи 32. Ҷавобгари барои вайрон кардани ҳуқуқи соҳиби аломати мол
1. Истифодаи аломати мол бар хилофи ҳамин Қонун ё истифодаи нишонаи ба аломати мол монанд барои молҳои якхела, инчунин дигар амалҳо нисбати аломати мол, ки ба соҳиби он ё истеъмолкунандагон зарар мерасонанд, мувофиқи қонуни ҷори боиси ба ҷавобгарии шаҳрвандию ҳуқуқи кашидан мегарданд.
2. Шахсе, ки аз аломати молии дигарон ғайриқонуни истифода менамояд, бо талаби аломати мол вазифадор аст истифодаи онро қатъ гардонида, зарари расонидашударо талофи намояд.
БОБИ VIII.ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ
Моддаи 33. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аломатҳои мол
Қонунгузори оид ба аломатҳои мол аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои ба ихтиёри онҳо додашуда иборат мебошад.
Моддаи 34. Ҳуқуқи шахсони юридикии хориҷи, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа
Шахсони юридикии хориҷи, инчунин шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа дар баробари шахсони юридики ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи дар ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки масъалаҳои аломатҳои молро танзим мекунанд, истифода менамоянд, агар аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунии ҷори чизи дигаре барнаояд.
Моддаи 35. Аҳдномаҳои байналхалқи
Агар дар аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар гардида бошанд, ки онҳо аз қоидаҳои ҳамин Қонун фарқ мекунанд, он гоҳ қоидаҳои аҳдномаи байналхалқи ба кор бурда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе
23 декабри соли 1991 № 456