ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348)
Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст ().
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатии ҷамъиятию хоҷагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд ().
Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасони ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқи амали менамояд ().
Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссиони, хӯроки умуми, хариди маҳсулоти кишоварзи, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоҷагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасони, гузаронидани чорабиниҳои мадани ва варзиши, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иҷтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқони (фермери), хоҷагиҳои шахси, афзоиши захираҳои хӯроквори ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасони ба аҳоли фаъолона мусоидат мекунад ().
Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот
Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобиқ бо асосҳои узвияти ихтиёрӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳавасмандии моддӣ ва адолати иҷтимоӣ, иштироки мустақили аъзои кооператсия дар идораи корҳои он дар асоси демократия ва қонуният қарор мегирад ().
Ҳар гуна мудохилае, ки қодир аст ҳуқуқи кооператсияи матлуботро маҳдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин ҳуқуқ мегардад, манъ аст ().
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад ().
Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот
Системаи кооператсияи матлуботро ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ки аз тарафи шаҳрвандон дар деҳот, ноҳияҳо, шаҳрҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ таъсис меёбанд, ташкил медиҳанд ().
Хориҷ карда шуд ().
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд ваколатҳои роҳбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эҷоди инфраструктураи умумии истеҳсолию иҷтимоӣ, муҳофизати манфиатҳои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав тақсим намоянд ().
Моддаи 5. Мақомоти роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоят анҷуманҳо мебошанд ().
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ноҳия конференсияи иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот мебошад ().
Мақоми олии роҳбарикунанда ҷамъияти матлубот маҷлиси умумии саҳмдорон, (маҷлиси намояндаҳо) мебошад ().
Анҷуманҳою конференсияҳо Шӯроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анҷуману конференсияҳо вазифаҳои онҳоро иҷро карда, ба онҳо ҳисоботдеҳ мебошад ().
Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлиси намояндаҳо), конференсия ва анҷуман мақомоти идора ва мақомоти назоратро интихоб менамояд ().
Ташкилоти ибтидоии идораи корҳои кооператсияи матлубот участкаи кооперативӣ мебошад, ки аз рӯи аломати ҳудудӣ ё истеҳсолотӣ ташкил мегардад ().
Мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо раёсатҳои ҷамъияти матлубот, иттифоқҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад ().
Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон - Иттифоқи Тоҷикматлуботро ташкил мекунанд ().
Ба ҳайати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчунин дигар ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар ҷамъиятҳо (ширкатҳо) дар асоси комилан ихтиёрӣ дохил шуда метавонанд ().
Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд ():
- манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;
- стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, роҳҳои татбиқи қарорҳои қабулнамудаи анҷуманро таҳия ва амалӣ менамояд;
- бо максади татбиқи барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳа фаъолияти маблағгузориро дар ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот амалӣ месозад;
- иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои қабулкардаи худро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил ва назорат менамояд;
- бо ташкилотҳои кооператсияи матлуботи дигар давлатҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии кооператсияи матлубот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робита барқарор месозад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;
- барои ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот оиди сохтори ташкилӣ, меъёрӣ, пардохти музди меҳнат, таъсис ва истифодаи фондҳо, ки хоси соҳаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияҳо ба нашр мерасонад;
- назорати иқтисодӣ ва молиявиро амалӣ месозад, фаъолияти шахсони ҳуқуқиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онҳо кӯмакҳои техникӣ, иқтисодӣ ва кӯмакҳои дигар мерасонад;
- дар дигар давлатҳо намояндагиҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳад, ки онҳо манфиатҳои кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳимоя менамоянд;
- омӯзиши тамоюлҳои рушди бозори дохилӣ ва хориҷиро ташкил намуда, тавсияҳо медиҳад;
- омӯзиш ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва ҳамоҳанг месозад ().
БОБИ II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи кооператсияи матлубот
1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад ().
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқи он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд ().
Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст ().
2. Давлат ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки:
-барои иҷрои мақсад ва вазифаҳояшон корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд ().
амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва ҳуқуқи амволӣ гиранд;
ба тартиби муқарраршуда қитъаҳои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;
бо истифодаи асъори хориҷӣ амалиёт гузаронанд ва ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ баромад кунанд ();
бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро инкишоф диҳанд ();
дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис додани бозорҳо, фурӯшгоҳҳо, ва иншоотҳои дигари савдо ва хӯроки умумӣ савдои наздисарҳадиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд ().
3. Ба маҳдудиятҳо дар ҷудо кардани молҳои истеъмоли халқ ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолотӣ аз манбаҳои давлатӣ ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат додани ҳаҷми захираҳое, ки аз ҳисоби харидорӣ ва истеҳсоли худ ба муомилот ҷалб мегарданд, роҳ дода намешавад ().
4. Давлат ба назорати фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотҳои корхонаҳои он риоя шудани мавқеи оинномаҳояшон, қоидаҳои муқарраршудаи савдо ва аз адои хизмати аҳолӣ ҳақ доштани мақомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад ().
Мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ ҳақ доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд ().
5. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо тадбирҳои масъулияти интизомии шахсони интихобӣ ва дигар кормандонро мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ мустақилона муқаррар мекунанд ().
Мақомоти давлатӣ дар мавриди зарурат ҳақ доранд ба раёсати ташкилоти болоӣ ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатҳо ва дигар кормандони интихобии ҷамъиятҳо ва иттифоқҳои матлубот ҷазои интизомӣ дода шавад.
Моддаи 8. Муносибатҳои кооператсияи матлубот бо Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ
1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, равнақи харидории маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ, адои хизматҳои гуногуни аҳолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ихтиёрӣ дар кори тараққии комплексии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, ки Маҷлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ширкат меварзанд ().
Мақомоти давлати ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар фаъолияти хоҷаги, молияви ва дигар фаъолияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба ғайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. Муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд ().
Масъалаҳои бунёд кардани иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба кор бурдани захираҳои табиӣ дар минтақаи дахлдор аз тарафи ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот бо ризояти Маҷлисҳои вакилони халқ ҳал карда мешаванд ().
2. Давлат барои ӯҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ва ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо барои ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Подоши зараре, ки мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар натиҷаи дахолати ғайриқонуниашон ба фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти онҳо расонидаанд, аз ин мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ ба воситаи суди иқтисодӣ ситонда мешавад ().
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
хориҷ карда шуд ();
ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои кооператсияи матлубот ва коркунони ин соҳаро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва дигар ташкилоту муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз намояд ();
дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок намоянд;
дар бораи мақсадҳо ва фаъолияташон озодона хабар паҳн кунанд. Воситаҳои ахбори омма таъсис диҳанд ва фаъолияти табъу нашрро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд ();
аз рӯи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ташаббус нишон диҳанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо намоянд, ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбинӣ кардаанд, татбиқ намоянд ();
ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда маълумотеро, ки ба фаъолияти оинномавӣ алоқаманд мебошад, пешниҳод намоянд ().
БОБИ III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 10. Моликияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо
1. Моликияти кооператсияи матлубот аз моликияти ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва моликияти муштараки онҳо иборат аст ().
Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро мақомоти он мутобиқи салоҳияти муайянкардаи оинномаҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо розигии иттифоқи ҷумҳуриявии онҳо бо ихтиёрдорӣ ва амалӣ мекунанд ().
2. Манбаъҳои амволи кооператсияи матлубот аз ҳисоби ҳаққи узвияти саҳмдорон, даромад аз фаъолияти соҳибкории ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва ташкилотҳои аз тарафи онҳо таъсис шуда, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбанд ().
3. Мусодира ва интизоъ кардани иморатҳо, иншоот, биноҳои истиқоматӣ, молҳо, дигар амвол ва маблағҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун моликияти кооператсияи матлубот аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот манъ аст ().
Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои аз тарафи ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад ().
Моддаи 11. Ҳамкории тарафайни ташкилотҳои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонаҳои шаклҳои дигари моликият
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои онҳо ба сифати аъзо ё иштирокчӣ дар асоси саҳмдорӣ ба ассотсиатсияҳои хоҷагӣ, консернҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд ва дигар ҷамъиятҳои (ширкатҳои) хоҷагӣ метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ҳуқуқи онҳо чун шахсони ҳуқуқӣ намегардад ().
БОБИ IV. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар деҳот
Реҷаи кории корхонаҳои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудҳои хизматрасониро ба аҳолӣ амалӣ месозанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад ().
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба тараққии соҳаи иҷтимоии деҳот мусоидат намуда, дар ҳамкории мутақобил бо ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ шабакаи васеи корхонаҳои таҳияю коркарди маҳсулоти ба маҳалли зисти аҳолӣ басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди оддӣ ва фурӯши он, ҳамчунин хизматрасониро анҷом медиҳанд ().
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот фаъолияти хоҷагии худро дар деҳот дар ҳамкории наздик бо иттифоқҳою ассоциацияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, алоқаҳои ҷамъиятию хоҷагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба муҳофизати манфиатҳои аҳолии деҳот, пурратар таъмин намудани он аз молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ ва истеъмоли халқ истифода мекунанд.
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот якҷоя бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар қаламрави ноҳияҳои деҳотӣ системаи комплексии хизматрасонӣ барпо мекунанд, ки он ба аҳолӣ имкон медиҳад, то ҳама чизи лозимаро дар маҳал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шаҳр наравад. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон нигаҳдорӣ менамоянд ().
Бо қарори маҷлисҳои умумӣ (маҷлисҳои намояндагон) ҷамъиятҳои матлубот дар ташкили марказҳои савдою маишӣ ва ҷамъиятию фарҳангӣ, сохтмони манзил, муассисаҳои томактабӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ дар деҳот иштирок мекунанд ().
Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шаҳрҳо
Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шаҳрҳо бо роҳи ташкил намудани ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ, анборҳои фурӯши яклухти молу маҳсулот, таъминкунӣ аз маҳсулот ва маҳсулоттайёркунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмирӣ ва дигар корхонаҳо, шабакаи савдои чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молҳо, инчунии комплекси меҳмонхонаҳо, қароргоҳ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ривоҷ медиҳад ().
Моддаи 14. Ташкили захираҳои молӣ ва моддию техникӣ
1. Барои қонеъ намудани талаботи аъзои худ ва аҳолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби харидории захираҳои молӣ дар асоси шартномавӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, истеҳсоли молҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ дар корхонаҳои шахсии худ, аз ҳисоби инчунин ворид намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои молӣ ташкил мекунанд (, ).
2. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бозорҳои мол мустақилона ва баробарҳуқуқона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиҳанд, бидуни ҳеҷ як маҳдудият бо корхонаҳои саноат ва дигар таҳиякунандагони молу маҳсулот алоқаҳои мустақим барқарор мекунанд, дар кори биржаҳои молу ашёи хом иштирок менамоянд, ярмарка ва музоядаҳо (ауксионҳо) ташкил мекунанд (, ).
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот хариди захираҳои моддию техникиро бевосита аз истеҳсолкунандагон, дар савдои яклухт, дар биржаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, аз ташкилотҳои миёнарав ва дигар ташкилотҳо, инчунин бо роҳи гирифтан аз манбаъҳои марказонидаи давлатӣ дар таркиби комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд ().
Моддаи 15. Даромадҳо, нархгузори, андозгирӣ, қарзҳо ва ҳисоббаробаркунӣ
1. Фоидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби натиҷаҳои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки қонун манъ накардааст ташкил мегардад (, ).
2. Раёсати ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо мустақилона ё тавассути шартнома дар асоси нархгузорӣ бо назардошти арзиши воқеии ашёи хом ва материалҳо, масорифи муомилот ва истеҳсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молҳо, маҳсулот, ашёи хом, кору хизматҳоро, ки ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба аҳолӣ ва дигар харидорон мефурӯшанд ва кору хизматҳои онҳоро иҷро менамоянд, муқаррар мекунад ().
3. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар ташкили буҷети давлатӣ бо роҳи пардохти андоз аз фоида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобиқи қонуни ҷории ҷумҳурӣ имтиёзҳо дода мешаванд ().
Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад ().
4. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, метавонанд дар ҳар як банк барои нигоҳ доштани пул ва иҷрои ҳама гуна амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, қарзӣ ва хазинавӣ ҳисобҳои пардохт ва ҳисобҳои дигар кушоянд, аз кредитҳои банкӣ ба шартҳои барои ташкилотҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ муқарраршуда истифода намоянд ().
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ҳақ доранд, ки банкҳои ҳисоби хоҷагии кооперативӣ ташкил намоянд. Ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои кооператсияи матлубот ба ин банкҳо ихтёран дохил мешаванд ().
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот метавонанд ҳамчунин марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ташкил кунанд, ки онҳо ба сифати қарздиҳандагони ягона, инчунин пардохткунандагони ӯҳдадориҳои пулии ҷамъиятҳои матлубот дар назди буҷет, банкҳо ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо баромад кунанд. Дар муомилоти хоҷагии кооператсияи матлубот векселҳо истифода шуда метавонанд ().
Моддаи 16. Фаъолияти амонатгузорӣ ва суғурта
1. Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метавонанд аз аъзои он ва дигар шаҳрвандон амонатҳоро қабул кунанд, мустақилона шартҳоеро муқаррар намоянд, ки мутобиқи онҳо амалиёти қабули амонатҳо сурат мегирад ().
Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ҳифзи маблағҳои ҷалбшуда, истифодаи самарабахши онҳо ва дар назди амонатгузорон дар вақташ иҷро шудани ӯҳдадориҳоро кафолат медиҳанд ().
2. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мустақилона бидуни иҷозатномаҳои мақомоти давлатӣ суғуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатҳои амволиро ба амал бароранд, дигар навъҳои суғуртаро ривоҷ диҳанд ҷамъиятҳои кооперативии суғурта таъсис кунанд, шароити суғуртапулиро муайян созанд.
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот, корхонаҳои онҳо метавонанд амволашон ва манфиатҳои амволиашонро дар мақомоти суғуртаи давлатӣ дар асоси ихтиёрӣ суғурта намоянд.
3. Ба мақсади сафарбар намудани маблағҳои озоде, ки аъзои ҷамъиятҳои матлубот ва шахсони дар ташкилотҳою муассисаҳои кооператсияи матлубот аз рӯи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, дигар шаҳрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот метавонанд қабули иловагии аъзоҳаққиро дар ҳаҷми номаҳдуд дар асоси созишномаҳо бо саҳмдорон ташкил намоянд (, ).
Моддаи 17. Дастгирии иҷтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷойҳои кор, васеъ намудани шабакаи корхонаҳои хурд, татбиқи реҷаи ӯҳдабароёнаи меҳнат, омӯзиш ва бозомӯзии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои ҷамъиятҳои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд ().
2. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисаҳои таълимоти кооперативӣ, оид ба тайёр намудани мутахасисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани кормандони касбҳои оммавӣ амал мекунанд.
Сохтори омӯзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, хаҷми омӯзиш дар муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад ().
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти қитъаҳои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, ҳангоми ҷо ба ҷо кардан ва сохтани иншоотҳои базаи моддию техникӣ тадбирҳои муҳофизати табиатро амалӣ менамоянд, ҳангоми анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва дигар фаъолияти хоҷагӣ талаботи муҳофизати муҳити зистро ба назар мегиранд ().
БОБИ V. АЛОҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 18. Алоқаҳои байналмилалии кооператсияи матлубот
(, )
Иттифоқи Тоҷикматлубот кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро дар Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои миллии (ҷумҳуриявии) кооператсияи матлуботи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мустақилона намояндагӣ мекунад (, ).
Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷии кооператсияи матлубот
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона татбиқ намоянд. Онҳо аз қарзҳои банкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзҳои тиҷоратӣ дар шакли асъори хориҷӣ ва пардохти ин қарзҳо аз ҳисоби маблағҳои асъории аз фурӯши молу маҳсулоти воридотӣ ба дастомада, ё дигар маблағҳои худӣ истифода мекунанд ().
Маблағҳо дар шакли асъори хориҷӣ, ки ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот аз содироти молу маҳсулот, молҳо (хизматрасонӣ) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ба ихтиёри онҳо дохил мешаванд ва воҷиби ситондан намебошанд ().
2. Ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ дода мешавад, то туризми байналхалқии кооперативиро равнақ диҳанд ва дар Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молҳоро ба асъори хориҷӣ фурӯшанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе,
аз 13 марти соли 1992, № 583
ҚАРОРИ ШӯРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз лаҳзаи чоп шуданаш амалӣ гардонда шавад.
2. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои нормативии идоравиро бо Қонун "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқ кунонанд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Кенҷаев
13 марти соли 1992, шаҳри Душанбе № 584
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73)
Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст (
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатии ҷамъиятию хоҷагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд ().
Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасони ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқи амали менамояд ().
Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссиони, хӯроки умуми, хариди маҳсулоти кишоварзи, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоҷагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасони, гузаронидани чорабиниҳои мадани ва варзиши, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иҷтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқони (фермери), хоҷагиҳои шахси, афзоиши захираҳои хӯроквори ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасони ба аҳоли фаъолона мусоидат мекунад ().
Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот
Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобиқ бо асосҳои узвияти ихтиёрӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳавасмандии моддӣ ва адолати иҷтимоӣ, иштироки мустақили аъзои кооператсия дар идораи корҳои он дар асоси демократия ва қонуният қарор мегирад ().
Ҳар гуна мудохилае, ки қодир аст ҳуқуқи кооператсияи матлуботро маҳдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин ҳуқуқ мегардад, манъ аст ().
Моддаи 3. Қонун ва санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти кооператсияи матлубот
Муносибатҳои вобаста ба фаъолияти кооператсияи матлуботро Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, оинномаҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо танзим мекунанд ().
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар фаъолияти худ ҳамчунин қоидаҳои асосиро дар бораи сарват ва асосҳои кооператсияи матлубот дастури амал қарор медиҳанд. Вазифаҳои асосӣ, ташкил, сохтор ва тартиби кори ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳоро оинномаҳои онҳо танзим менамоянд ().
Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот
Системаи кооператсияи матлуботро ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ки аз тарафи шаҳрвандон дар деҳот, ноҳияҳо, шаҳрҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ таъсис меёбанд, ташкил медиҳанд ().
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ҳуқуқеро, ки ҷамъиятҳои матлубот барояшон додаанд ва дар оинномаю шартномаҳо таҳким ёфтаанд, татбиқ намуда, манфиатҳои ҷамъиятҳои матлуботро дар мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот намояндагӣ ва муҳофизат мекунанд, ба онҳо дар иҷрои фаъолияти давлатӣ, ҷорӣ намудани комёбиҳои тараққии илмию техникӣ ёрӣ мерасонанд, кори ҷамъиятҳои матлуботро танзим мекунанд, фаъолияти хоҷагиҳои хусусиро пеш мебаранд, ки ба эҷоди инфраструктураи лозимаи истеҳсолию иҷтимоӣ равона карда шудааст ().
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд ваколатҳои роҳбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эҷоди инфраструктураи умумии истеҳсолию иҷтимоӣ, муҳофизати манфиатҳои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав тақсим намоянд ().
Моддаи 5. Мақомоти роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоят анҷуманҳо мебошанд ().
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ноҳия конференсияи иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот мебошад ().
Мақоми олии роҳбарикунанда ҷамъияти матлубот маҷлиси умумии саҳмдорон, (маҷлиси намояндаҳо) мебошад ().
Анҷуманҳою конференсияҳо Шӯроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анҷуману конференсияҳо вазифаҳои онҳоро иҷро карда, ба онҳо ҳисоботдеҳ мебошад ().
Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлиси намояндаҳо), конференсия ва анҷуман мақомоти идора ва мақомоти назоратро интихоб менамояд ().
Ташкилоти ибтидоии идораи корҳои кооператсияи матлубот участкаи кооперативӣ мебошад, ки аз рӯи аломати ҳудудӣ ё истеҳсолотӣ ташкил мегардад ().
Мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо раёсатҳои ҷамъияти матлубот, иттифоқҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд ().
Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон - Иттифоқи Тоҷикматлуботро ташкил мекунанд ().
Ба ҳайати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчунин дигар ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар ҷамъиятҳо (ширкатҳо) дар асоси комилан ихтиёрӣ дохил шуда метавонанд ().
БОБИ II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи кооператсияи матлубот
1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад ().
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқи он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд ().
Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст ().
2. Давлат ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки:
барои иҷрои фаъолияташон ҳар навъ корхонаҳо, воҳидҳои хоҷагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки таъсиси онҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад, ташкил намоянд;
амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва ҳуқуқи амволӣ гиранд;
ба тартиби муқарраршуда қитъаҳои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;
бо истифодаи асъори хориҷӣ амалиёт гузаронанд ва ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ баромад кунанд ();
бо таваккал ва масъулияти амволии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро низ инкишоф диҳанд.
3. Ба маҳдудиятҳо дар ҷудо кардани молҳои истеъмоли халқ ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолотӣ аз манбаҳои давлатӣ ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат додани ҳаҷми захираҳое, ки аз ҳисоби харидорӣ ва истеҳсоли худ ба муомилот ҷалб мегарданд, роҳ дода намешавад ().
4. Давлат ба назорати фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотҳои корхонаҳои он риоя шудани мавқеи оинномаҳояшон, қоидаҳои муқарраршудаи савдо ва аз адои хизмати аҳолӣ ҳақ доштани мақомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад ().
Мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ ҳақ доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд ().
5. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо тадбирҳои масъулияти интизомии шахсони интихобӣ ва дигар кормандонро мутобиқи оинномаҳои худ мустақилона муқаррар мекунанд.
Мақомоти давлатӣ дар мавриди зарурат ҳақ доранд ба раёсати ташкилоти болоӣ ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатҳо ва дигар кормандони интихобии ҷамъиятҳо ва иттифоқҳои матлубот ҷазои интизомӣ дода шавад.
Моддаи 8. Муносибатҳои кооператсияи матлубот бо Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ
1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, равнақи харидории маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ, адои хизматҳои гуногуни аҳолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ихтиёрӣ дар кори тараққии комплексии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, ки Маҷлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ширкат меварзанд ().
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар фаъолияти хоҷагӣ, молиявӣ ва дигар фаъолияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба ғайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. Муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд ().
Масъалаҳои бунёд кардани иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба кор бурдани захираҳои табиӣ дар минтақаи дахлдор аз тарафи ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот бо ризояти Маҷлисҳои вакилони халқ ҳал карда мешаванд ().
2. Давлат барои ӯҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ва ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо барои ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Подоши зараре, ки мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар натиҷаи дахолати ғайриқонуниашон ба фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти онҳо расонидаанд, аз ин мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ ба воситаи суди иқтисодӣ ситонда мешавад ().
Моддаи 9. Ҳуқуқи ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
дар ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок кунанд;
манфиатҳои қонунии аъзо ва кормандони худро дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ намояндагӣ карда, муҳофизат намоянд;
дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок намоянд;
дар бораи мақсадҳо ва фаъолияташон озодона хабар паҳн кунанд.
БОБИ III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 10. Моликияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо
1. Моликияти кооператсияи матлубот аз моликияти ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва моликияти муштараки онҳо иборат аст ().
Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро мақомоти он мутобиқи салоҳияти муайянкардаи оинномаҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо розигии иттифоқи ҷумҳуриявии онҳо бо ихтиёрдорӣ ва амалӣ мекунанд ().
2. Манбаъҳои амволи кооператсияи матлубот аз ҳисоби ҳаққи узвияти саҳмдорон, даромад аз фаъолияти соҳибкории ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва ташкилотҳои аз тарафи онҳо таъсис шуда, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбанд ().
3. Мусодира ва интизоъ кардани иморатҳо, иншоот, биноҳои истиқоматӣ, молҳо, дигар амвол ва маблағҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун моликияти кооператсияи матлубот аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот манъ аст ().
Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои аз тарафи ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад ().
Моддаи 11. Ҳамкории тарафайни ташкилотҳои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонаҳои шаклҳои дигари моликият
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои онҳо ба сифати аъзо ё иштирокчӣ дар асоси саҳмдорӣ ба ассотсиатсияҳои хоҷагӣ, консернҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд ва дигар ҷамъиятҳои (ширкатҳои) хоҷагӣ метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ҳуқуқи онҳо чун шахсони ҳуқуқӣ намегардад ().
БОБИ IV. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар деҳот
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба тараққии соҳаи иҷтимоии деҳот мусоидат намуда, дар ҳамкории мутақобил бо ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ шабакаи васеи корхонаҳои таҳияю коркарди маҳсулоти ба маҳалли зисти аҳолӣ басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди оддӣ ва фурӯши он, ҳамчунин хизматрасониро анҷом медиҳанд ().
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот фаъолияти хоҷагии худро дар деҳот дар ҳамкории наздик бо иттифоқҳою ассоциацияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, алоқаҳои ҷамъиятию хоҷагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба муҳофизати манфиатҳои аҳолии деҳот, пурратар таъмин намудани он аз молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ ва истеъмоли халқ истифода мекунанд.
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот якҷоя бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар қаламрави ноҳияҳои деҳотӣ системаи комплексии хизматрасонӣ барпо мекунанд, ки он ба аҳолӣ имкон медиҳад, то ҳама чизи лозимаро дар маҳал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шаҳр наравад ().
Бо қарори маҷлисҳои умумӣ (маҷлисҳои намояндагон) ҷамъиятҳои матлубот дар ташкили марказҳои савдою маишӣ ва ҷамъиятию фарҳангӣ, сохтмони манзил, муассисаҳои томактабӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ дар деҳот иштирок мекунанд ().
Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шаҳрҳо
Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шаҳрҳо бо роҳи ташкил намудани ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ, анборҳои фурӯши яклухти молу маҳсулот, таъминкунӣ аз маҳсулот ва маҳсулоттайёркунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмирӣ ва дигар корхонаҳо, шабакаи савдои чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молҳо, инчунии комплекси меҳмонхонаҳо, қароргоҳ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ривоҷ медиҳад ().
Моддаи 14. Ташкили захираҳои молӣ ва моддию техникӣ
1. Барои қонеъ намудани талаботи аъзои худ ва аҳолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби харидории захираҳои молӣ дар асоси шартномавӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, кооперативҳо, шаҳрвандон, истеҳсоли молҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ дар корхонаҳои шахсии худ, аз ҳисоби гирифтани молҳо аз манбаъҳои марказонидашудаи давлатӣ захираҳои молӣ ташкил мекунанд ().
2. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бозорҳои мол мустақилона ва баробарҳуқуқона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиҳанд, бидуни ҳеҷ як маҳдудият бо корхонаҳои саноат ва дигар таҳиякунандагони молу маҳсулот алоқаҳои мустақим барқарор мекунанд, дар кори биржаҳои молу ашёи хом иштирок менамоянд, дар асоси тиҷоратӣ биржаҳои худро барпо месозанд, ярмарка ва музоядаҳо (ауксионҳо) ташкил мекунанд ().
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот хариди захираҳои моддию техникиро бевосита аз истеҳсолкунандагон, дар савдои яклухт, дар биржаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, аз ташкилотҳои миёнарав ва дигар ташкилотҳо, инчунин бо роҳи гирифтан аз манбаъҳои марказонидаи давлатӣ дар таркиби комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд ().
Моддаи 15. Даромадҳо, нархгузори, андозгирӣ, қарзҳо ва ҳисоббаробаркунӣ
1. Фоидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби натиҷаҳои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки қонун манъ накардааст ва аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок ташкил мегардад ().
2. Раёсати ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо мустақилона ё тавассути шартнома дар асоси нархгузорӣ бо назардошти арзиши воқеии ашёи хом ва материалҳо, масорифи муомилот ва истеҳсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молҳо, маҳсулот, ашёи хом, кору хизматҳоро, ки ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба аҳолӣ ва дигар харидорон мефурӯшанд ва кору хизматҳои онҳоро иҷро менамоянд, муқаррар мекунад ().
3. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар ташкили буҷети давлатӣ бо роҳи пардохти андоз аз фоида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобиқи қонуни ҷории ҷумҳурӣ имтиёзҳо дода мешаванд ().
Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад ().
4. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, метавонанд дар ҳар як банк барои нигоҳ доштани пул ва иҷрои ҳама гуна амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, қарзӣ ва хазинавӣ ҳисобҳои пардохт ва ҳисобҳои дигар кушоянд, аз кредитҳои банкӣ ба шартҳои барои ташкилотҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ муқарраршуда истифода намоянд ().
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ҳақ доранд, ки банкҳои ҳисоби хоҷагии кооперативӣ ташкил намоянд. Ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои кооператсияи матлубот ба ин банкҳо ихтёран дохил мешаванд ().
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот метавонанд ҳамчунин марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ташкил кунанд, ки онҳо ба сифати қарздиҳандагони ягона, инчунин пардохткунандагони ӯҳдадориҳои пулии ҷамъиятҳои матлубот дар назди буҷет, банкҳо ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо баромад кунанд. Дар муомилоти хоҷагии кооператсияи матлубот векселҳо истифода шуда метавонанд ().
Моддаи 16. Кори амонатгузорӣ, суғурта, барориш, бадастоварӣ, паҳнкунии саҳмҳо ва дигар коғазҳои қиматнок
1. Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метавонанд аз аъзои он ва дигар шаҳрвандон амонатҳоро қабул кунанд, мустақилона шартҳоеро муқаррар намоянд, ки мутобиқи онҳо амалиёти қабули амонатҳо сурат мегирад ().
Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ҳифзи маблағҳои ҷалбшуда, истифодаи самарабахши онҳо ва дар назди амонатгузорон дар вақташ иҷро шудани ӯҳдадориҳоро кафолат медиҳанд ().
2. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мустақилона бидуни иҷозатномаҳои мақомоти давлатӣ суғуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатҳои амволиро ба амал бароранд, дигар навъҳои суғуртаро ривоҷ диҳанд ҷамъиятҳои кооперативии суғурта таъсис кунанд, шароити суғуртапулиро муайян созанд.
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот, корхонаҳои онҳо метавонанд амволашон ва манфиатҳои амволиашонро дар мақомоти суғуртаи давлатӣ дар асоси ихтиёрӣ суғурта намоянд.
3. Ба мақсади сафарбар намудани маблағҳои озоде, ки аъзои ҷамъиятҳои матлубот ва шахсони дар ташкилотҳою муассисаҳои кооператсияи матлубот аз рӯи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, дигар шаҳрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот аксияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматнок баровардан мумкин аст. Тартиби баровардану ба даст овардан ва паҳн намудани коғазҳои қиматнокро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд ().
Моддаи 17. Дастгирии иҷтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷойҳои кор, васеъ намудани шабакаи корхонаҳои хурд, татбиқи реҷаи ӯҳдабароёнаи меҳнат, омӯзиш ва бозомӯзии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои ҷамъиятҳои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд ().
2. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот шабакаи таълимоти кооперативӣ, ки иборат аз омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникумҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ мебошанд, амал мекунад ().
Сохтори омӯзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, ҳаҷми омӯзиш ва қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад ().
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти қитъаҳои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, ҳангоми ҷо ба ҷо кардан ва сохтани иншоотҳои базаи моддию техникӣ тадбирҳои муҳофизати табиатро амалӣ менамоянд, ҳангоми анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва дигар фаъолияти хоҷагӣ талаботи муҳофизати муҳити зистро ба назар мегиранд ().
БОБИ V. АЛОҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
Моддаи 18. Алоқаҳои байналхалқии кооператсияи матлубот
Иттифоқи Тоҷикматлубот кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро дар Иттифоқи байналмиллалии кооператсия ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мустақилона намояндагӣ мекунад ().
Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷии кооператсияи матлубот
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона татбиқ намоянд. Онҳо аз қарзҳои банкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзҳои тиҷоратӣ дар шакли асъори хориҷӣ ва пардохти ин қарзҳо аз ҳисоби маблағҳои асъории аз фурӯши молу маҳсулоти воридотӣ ба дастомада, ё дигар маблағҳои худӣ истифода мекунанд ().
Маблағҳо дар шакли асъори хориҷӣ, ки ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот аз содироти молу маҳсулот, молҳо (хизматрасонӣ) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ба ихтиёри онҳо дохил мешаванд ва воҷиби ситондан намебошанд ().
2. Ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ дода мешавад, то туризми байналхалқии кооперативиро равнақ диҳанд ва дар Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молҳоро ба асъори хориҷӣ фурӯшанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе,
аз 13 марти соли 1992, № 583
ҚАРОРИ ШӯРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз лаҳзаи чоп шуданаш амалӣ гардонда шавад.
2. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои нормативии идоравиро бо Қонун "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқ кунонанд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Кенҷаев
13 марти соли 1992, № 584
шаҳри Душанбе