ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДИН ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИНӢ
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонун
Ин Қонун ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муайян ва ифода намудани диёнат ва эътиқоди муносиби он, диёнати озодона ва иҷрои суннатҳои динӣ, инчунин адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ, ҳуқуқ ва манфиати шаҳрвандон сарфи назар аз диёнаташон замонат медиҳад ва муносибатҳои вобаста ба фаъолияти ташкилотҳои диниро танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи озодии дин ва ташкилотҳои динӣ
Қонунгузорӣ дар бораи озодии дин ва ташкилотҳои динӣ аз Консититутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун иборат аст.
Моддаи 3.Ҳуқуқи пайравии озодона ба дин
Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон диёнати худро мустақилона муайян менамояд. ӯ ҳуқуқ дорад, ки шахсан ё ҳамроҳи дигарон ба ҳар дин пайравӣ намояд ё ба ягон дин пайравӣ накунад, диёнати худро ифода ва таблиғ намояд.
Волидайн ё шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, ҳақ доранд бо мувофиқаи тарафайн фарзандони худро мутобиқи муносибаташон ба дин тарбия намоянд.
Ҳангоми муайян намудани диёнати шаҳрванд, динро пайравӣ кардан ё накардани вай, иштирок кардан ё накардани ӯ дар тоату ибодат ва иҷрои суннату маросимҳои динӣ ва омӯхтани дин ба ҳеҷ гуна маҷбурсозӣ роҳ додан мумкин нест.
Дар амалӣ намудани ҳуқуқи озодии диёнат фақат маҳдудиятҳое ҷоизанд, ки барои ҳифзи тартиботу амнияти ҷомеа, саломатӣ ва одобу ахлоқ, инчунин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони дигар заруранду онҳоро Қонун муқаррар намудааст ва ба ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.
Моддаи 4. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон сарфи назар аз диёнаташон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз диёнаташон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар назди қонун баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ зикр кардани диёнати шаҳрванд мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки инро худи шаҳрванд мехоҳад.
Ҳар гуна маҳдудкунии бевосита ё бавоситаи ҳуқуқ ва муқаррар намудани ҳар навъ афзалияти шаҳрвандон аз рӯи диёнат, инчунин вобаста ба ин ангехтани кинаву адоват ё таҳқир намудани ҳиссиёти шаҳрвандон мавриди масъулияти муқаррарнамудаи қонун қарор мегирад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад бинобар диндориаш аз иҷрои вазифаҳое, ки қонун муқаррар кардааст, саркашӣ намояд. Дар асоси диндорӣ ба ҷои як вазифа иҷро намудани вазифаи дигар фақат бо тартиби муқарраршуда мумкин аст.
Моддаи 5. Ҷудо намудани давлат аз дин
Ҳамаи дину мазҳабҳо дар назди қонун баробаранд. Муқаррар намудани ягон хел афзалият ё маҳдуд кардани яке аз динҳо, ё мазҳабҳо нисбати дину мазҳабҳои дигар норавост.
Давлат иҷро намудани ягон вазифаи давлатиро ба зиммаи ташкилотҳои динӣ намегузорад. Давлат барои фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва таблиғи атеизм пул ҷудо намекунад.
Маҳдуд намудани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла тадқиқоте, ки давлат барояшон пул ҷудо мекунад, маҳдуд намудани таблиғоти натиҷаҳои онҳо ё ба программаи мактаби маълумоти умумӣ дохил намудани онҳо аз рӯи нишонаи мувофиқат кардан ё накардани онҳо ба аҳкоми ягон дин ё атеизм мукмкин нест (Қонун аз 15.05.97с. № 421).
Ташкилотҳои динӣ вазифаҳои давлатиро иҷро намекунанд.
Ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намекунанд ва ба ҳизбҳои сиёсӣ кӯмаки молиявӣ наменамоянд.
Ходимони ташкилотҳои динӣ дар давраи адои хидмати ин ташкилотҳо ҳақ надоранд ба мақомоти қонунгузорӣ интихоб шаванд.
Ташкилотҳои динӣ бояд талаботи қонунҳои мавҷударо риоя намоянд.
Давлат барои пойдории таҳаммулу эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни ташкилотҳои динии мазҳабҳои гуногун, инчунин пайравони онҳо мусоидат намуда, ба таасуб ва ифротгарои роҳ намедиҳад (Қонун аз 3.09.99с. № 828).
Моддаи 6. Ҷудо намудани системаи давлатии маорифи ҳалқ аз ташкилотҳои динӣ
Системаи давлатии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дин ҷудо буда, хусусияти дунявӣ дорад. Ба шаҳрвандон сарфи назар аз муносибаташон ба дин ҳар навъу сатҳи маълумот дастрас мебошад.
Шаҳрвандон метавонанд ба ҳар забоне ки хоҳанд, ба таври инфиродӣ ё дастҷамъӣ таълими динӣ гиранд.
Ба кӯдакон динро бо ризояти хаттии волидайн ё шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, аз 7-солагӣ ва дар сурати ба синни 16 расидани онҳо ин бо ризояти худашон баъди дарсҳои мактаб таълим додан мумкин аст.
Ташкилотҳои динӣ, ки оинномаҳояшон (низомномаҳояшон) ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, ҳақ доранд мувофиқи муқаррароти худ барои таълими динии кӯдакон ва калонсолон таълимгоҳҳо таъсис намоянд, инчунин бо истифодаи биноҳое, ки ба онҳо тааллуқ доранд ё дар ихтиёри онҳо қарор дода шудаанд, таълимро дар шаклҳои дигар ба роҳ монанд.
Шахсоне, ки сабақи динӣ медиҳанд, бояд аз раёсати дахлдори динӣ иҷозатнома дошта бoшанд.
БОБИ II. ТАШКИЛОТҲОИ ДИНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 7. Ташкилотҳои динӣ
Ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамоатҳои динӣ,раёсатҳо ва марказҳо, масчидҳои ҷомеъ, дайрҳо, ихвони динӣ, ҷамьиятҳои миссионерӣ (миссияҳо), таълимгоҳҳои динӣ, инчунин идтиҳодияҳои дорои ташкилотҳои динӣ иборатанд.
Идтиҳодияҳои диниро марказҳои (раёсатҳои) онҳо намояндагӣ мекунанд.
Ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади қонеь гардидани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон ва густариш додани эътиқоди динӣ таъсис гардида, мувофиқи сохтори худ амал мекунанд, кормандони худро мувофиқи оинномаҳояшон (низомномаҳояшон) хоста мегиранд таъину иваз менамоянд ва аз ин хусус ба мақоми давлатӣ оид ба дин ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Моддаи 8. Ҷамоати динӣ
Ҷамоати динӣ ва масчидҳои панҷвақтаро шаҳрвандон ихтиёрӣ ба мақсади ибодати дастҷамъӣ ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ таъсис медиҳанд (Қонун аз 3.09.99с. № 828).
Моддаи 9. Раёсатҳо, марказҳо ва идтиҳодияҳои динӣ
Раёсатҳо, марказҳо, идтиҳодияҳoи динӣ ва масчидҳои ҷомеь дар асоси оинномаҳои (низомномаҳои) худ амал мекунанд, ба шарте ки ин оинномаҳо (низомномаҳо) хилофи қонун набошанд.
Раёсатҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиланд. Онҳо метавонанд дар таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои динии байнидавлатӣ иштирок намоянд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсатҳо, марказҳо ва идтиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла бо раёсатҳо, марказҳо ва иттиҳодияҳои динии хориҷӣ, ки муносибатҳо бо онҳо қонунан танзим нагардидаанд, бо мувофиқати байни онҳo ва мақомоти давлатӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 10. Дайрҳо, ихватҳо ва миссияҳо
Марказҳо ва раёсатҳои динӣ ҳуқуқ, доранд, ки мувофиқи оинномаи (низомномаи) ба қайд гирифташудаи худ дайрҳо, ихватҳои динӣ ва ташкилотҳои миссионерӣ (миссияҳо) таъсис диҳанд, ки онҳо дар асоси оинномаҳои (низомномаҳои) бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифтаашон амал мекунанд.
Дайрҳо ва ихвони динӣ низ ба тартибе, ки ин Қонун барои таьсиси ҷамоатҳои динӣ ва сабти оинномаи (низомномаи) онҳo пешбинӣ намуда аст, ташкил шуда метавонанд.
Моддаи 11. Мактабҳои динӣ
Раёсатҳои динӣ ва инчунин масчидҳои ҷомеъ мувофиқи оинномаҳои (низомномаҳои) бақайдгирифтаи худ ҳуқуқ доранд барои таълими руҳониён ва дигар ходимони ихтисосҳои динии барояшон зарур мактабҳои динӣ кушоянд. Мактабҳои динӣ дар асоси оинномаҳои (низомномаҳои) худ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудаанд амал мекунанд.
Шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои рӯзонаи олӣ ва миёнаи динӣ таҳсил мекунанд, мувофиқи тартибе, ки барои талабагони донишкадаҳои давлатӣ муқаррар гардидааст, аз ҳуқуқу имтиёзҳои муваққатан монондан аз сипарӣ кардани хизмати ҳарбӣ, андозбандӣ ва ба собиқаи кор дохили давраи таҳсил истифода мебаранд.
Барнома ва нақшаҳои таълимии мактабҳои олӣ ва миёнаи динӣ бояд ба сатҳи ҳамин гуна маълумот мувофиқат дошта, ба қонунҳои ҷумҳурӣ дар бораи маълумоти умумӣ мухолиф набошанд (Қонун аз 15.05.97с. № 421).
Моддаи 12. Оинномаҳои ташкилотҳои динӣ
Оинномаи (низомномаи) ташкилоти динӣ бояд маълумотро оид ба чигунагиву маҳалли воқеи ташкилоти динӣ, мазҳаби он, мақоми он дар сохтори идтиҳодияи динӣ, вазъи амволӣ, ҳуқуқи таъсиси корхонаю воситаҳои ахбори оммавӣ, таъсиси дигар ташкилотҳои динӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ваколатҳо, тартиби ҳалли масъалаҳои амволӣ ва масъалаҳои дигар дар мавриди қатъи фаъолияти он, ҳамчунин қоидаҳои дигар хусусиятҳои фаъолияти ин ташкилот алоқамандро дарбар гирад.
Моддаи 13. Ташкилотҳои динӣ ҳамчун шахсони юридикӣ
Ташкилотҳои динӣ аз лаҳзаи ба қайд гирифта шудани оинномаашон (низомномаашон) ба сифати шахсони юридикӣ эътироф карда мешаванд.
Ташкилотҳои динӣ чун шахсони юридикӣ мувофиқи қонун ва оинномаҳои (низомномаҳои) худ дорои ҳуқуқу вазифаҳо мебошанд.
Моддаи 14. Ба қайд гирифтани оинномаҳои ташкилотҳои динӣ
Барои соҳиби ҳуқуқи шахси юридикӣ шудани ҷамоати динӣ ва масчидҳои панҷвакта шаҳрвандоне, ки онҳоро таъсис додаанд ва синнашон ба 18 расидааст, дар ҳайати камаш даҳ нафар ба ҳукумати ноҳияи (шаҳри) маҳалли фаъолияти эҳтимолии ҷамоат ва масчиди ҷомеъ ариза навишта, ба он оиннома (низомнома)-ро замима мекунанд. Агар ҷамоати динӣ, масчид ба ягон ташкилоти динӣ мансуб бошад, ин дар оиннома зикр гардида, аз тарафи раёсати дахлдори динӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳукумат (кумитаи иҷроия) аризаро дар мӯҳлати як моҳ дида баромада, оинномаи ҷамъияти динӣ, масчиди ҷомеъро бо мувофиқаи мақомоти давлати дин ба қайд мегирад (Қонун аз 3.09.99с. № 828).
Агар далелҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикрёфта тасдиқ нашуда бошанд, ҳукуматҳои дахлдор ҳақ доранд, ки ҳуҷҷатҳои иловагӣ дархост кунанд ва хулосаи мутахассисонро гиранд. Дар ин маврид, қарор дар мӯҳлати се моҳ қабул карда мешавад. Иттиҳодияҳо ва раёсатҳои динӣ, масчидҳои ҷомеъ, дайрҳо ва мактабҳои динӣ, ки онҳоро ташкилотҳои динӣ таъсис медиҳанд, оинномаи (низомномаи) худро, ки ин ташкилотҳо қабул намудаанд, барои ба қайд гирифтан ба мақомоти давлатӣ оид ба корҳои дин пешниҳод мекунанд. Мақоми давлатӣ оид ба корҳои дин бо мувофиқаи Ҳукумати дахлдор дар мӯҳлати як моҳ дар бораи ба қайд гирифтани оиннома қарор қабул мекунад.
Масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳо, марказҳои ноҳияҳо, вилоятҳо ва дар шаҳрҳои дорои на камтар аз 15 ҳазор аҳолӣ таъсис карда мешаванд.
Оинномаи (низомномаи) ташкилотҳои ҷумҳуриявии диниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи мақоми давлатӣ оид ба корҳои дин дар мӯҳлате, ки дар ин модда зикр шудааст, ба қайд мегирад.
Оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои динӣ фақат дар сурати хилофи қонун набудани онҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Тағйироту иловаҳои оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои динӣ ба ҳамон тартиб ва мӯҳлате, ки барои бақайдгирии оинномаҳо (низомномаҳо) муқаррар шудааст, ба қайд гирифта мешаванд.
Моддаи 15. Ба қайд нагирифтани оинномаи ташкилоти динӣ
Қарори ба қайд нагирифтани оинномаи (низомномаи) ҷамоати динӣ ё ташкилоти динӣ дар шакли хаттӣ бо зикри сабабҳояш ба аризадиҳандагон фиристода мешавад. Аз хусуси ин қарор ё аз тул кашидани мӯҳлати барои қабули қарор муқарраркардаи ҳамин Қонун ба тартибе, ки барои шикоят аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони мансабдор дар сурати ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд сохтани онҳо муқаррар шудааст, ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 16. Қатъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои динӣ
Фаъолияти ташкилотҳои динӣ фақат дар мавриди мувофиқи қарори худ барҳам хурданашон ё риоя накардани нуқтаҳои ин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардида метавонад.
Қарори қатъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои динӣ аз тарафи мақоме, ки оинномаи (низомномаи) онҳоро ба қайд гирифтааст, қабул карда мешавад. Доир ба ин қарор бо тартибе, ки дар Кодекси процессуалии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст.
БОБИ III. ВАЗЪИ АМВОЛИИ ТАШКИЛОТҲОИ ДИНӢ
Моддаи 17. Истифодаи амволе, ки моликияти давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё шаҳрвандон мебошад
Ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд барои заруратӣ худ амволу биноҳоеро, ки ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар асоси шартнома дастрасашон мегардонанд, истифода баранд.
Маҷлисҳои вакилони халқ ва дигар мақомоти давлатӣ метавонанд ибодатхонаҳо ва дигар амволеро, ки моликияти давлатанд, ба ихтиёр ё ба истифодаи бепулӣ ташкилотҳои динӣ диҳанд.
Ташкилотҳои динӣ барои гирифтани ибодатхонаҳо ва минтақаи атрофи онҳо назар ба дигарон ҳуқуқи бештар доранд.
Қарори ба ташкилотҳои динӣ додани ибодатхонаҳо ва амволи онҳо бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди расидани дархости дахлдор қабул карда шавад ва ҳамзамон аз ин хусус ба муроҷиаткунандагон хаттӣ хабар дода шавад.
Объектҳо ва ашёе, ки ёдгории таърих ва маданият мебошанд, мувофиқи қонун ба ташкилотҳои динӣ дода, аз ҷониби онҳо истифода карда мешаванд.
Ташкилотҳои динӣ заминро ба тартиби муқарраркардаи қонун ихтиёрдорӣ ва истифода мекунанд.
Ибодатхонаҳо бо иҷозати ҳукумати ноҳия, шаҳр ва вилоят бунёд карда мешаванд.
Моддаи 18. Моликияти ташкилотҳои динӣ
Биноҳо, ашёи ибодат, объектҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва хайрия, маблағ ва амволи дигаре, ки барои фаъолияти ташкилотҳои динӣ заруранд, моликияти онҳо буда метавонанд.
Ташкилотҳои динӣ ба амволе, ки онҳоро бо пули худ харидаанд ё сохтаанд, ё онҳоро шаҳрвандон, ташкилотҳо бахшидаанд ё давлат додааст, инчунин мувофиқи асосҳои дигари дар қонун пешбинишуда ба даст овардаанд, ҳуқуқи моликият доранд.
Амволи дар хориҷа буда низ моликияти ташкилотҳои динӣ шуда метавонанд.
Ташкилотҳои динӣ ҳақ доранд барои гирифтани хайру эҳсони ихтиёрии пулӣ ва бахшишҳои дигар муроҷиат кунанд ва онро дарёфт намоянд.
Қисми 5 хориҷ карда шуд (Қонун аз 12.05.01с. № 8).
Ходимони ибодатгоҳҳо ва кормандони ташкилотҳои динӣ барои ҳуқуқвайронкунии молиявӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мисли дигар шаҳрвандон дар назди қонун ҷавобгар мебошанд.
Ҳуқуқи моликияти ташкилотҳои диниро қонун ҳимоя мекунад.
Моддаи 19. Фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагии ташкилотҳои динӣ
Ташкилотҳои динӣ мувофиқи қонун ва оинномаҳои (низомномаҳои) худ ҳуқуқ доранд, ки нашриёту матбаа, корхонаҳои истеҳсолӣ, тармимию бинокорӣ, кишоварзӣ ва корхонаҳои дигар, инчунин муассисаҳои хайрия (паноҳгоҳ, интернату беморхонаҳо ва муассисаҳои дигар), ки дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ аз лаҳзаи сабти онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонун мебошанд, таъсис намоянд (Қонун аз 12.12.97с. № 498).
Даромади фаъолияти истеҳсолӣ ва даромади дигари корхонаҳои ташкилотҳои динӣ мувофиқи қонун ба тартиб ва ҳаҷме, ки барои корхонаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ муқаррар гардидааст, андозбандӣ мешавад.
Моддаи 20. Ихтиёрдорӣ намудани амволи ташкилотҳои диние, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд
Баъди қатъ ёфтани фаъолияти ташкилотҳои динӣ амволе, ки ташкилоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ё шаҳрвандон барои истифода ба онҳо дода будаанд, ба соҳибони пештараашон баргардонида мешавад.
Ҳангоми қатъи фаъолияти ташкилоти динӣ амволи он мувофиқи оинномааш (низомномааш) ва қонуни мавҷуда ихтиёрдорӣ карда мешавад.
Амволи мавриди ибодати ташкилотҳои динӣ аз рӯи даъвои қарзхоҳон ситонида намешавад.
Дар сурати набудани вориси ҳуқуқӣ амволи ташкилотҳои динӣ ба моликияти давлат мегузарад.
БОБИ IV. ҲУҚУҚИ ТАШКИЛОТҲОИ ДИНӢ ВА ШАҲРВАНДОН ВОБАСТА БА ОЗОДИИ ДИЁНАТ
Моддаи 21. Суннатҳо ва маросимҳои динӣ
Ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки ҷойҳои барои ибодат ва ҷамъомадҳои динӣ озод, инчунин ҷойҳои барои ин ё он дин муқаддасро (зиёратгоҳҳоро) таъсис ва нигаҳдорӣ намоянд.
Ибодат ва иҷрои суннату маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва ҳудуди онҳо, зиёратгоҳҳо, муассисоти ташкилотҳои динӣ, мазорот ва манзилу ҳавлиҳои шаҳрвандон бидуни мамониат гузаронида мешаванд.
Фармондеҳии қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ барои иҷрои расму оинҳои динӣ дар вақти холиашон мамониат намекунанд.
Ибодат ва суннату оинҳои динӣ дар беморхонаҳо, госпиталҳо, дар хонаҳои пиронсолону маъюбон, дар маҳалҳои ҳабси пешакӣ ва адои ҷазо бо хоҳиши шаҳрвандоне, ки дар он ҷо қарор доранд, ба ҷо оварда мешаванд. Маъмурияти ин муассисаҳо барои ба ин ҷоҳо даъват намудани ходимони дин мусоидат мекунад, то қадри имкон ба тоату ибодат, иҷрои суннату оинҳои динӣ шароит муҳайё месозад.
Дар мавридҳои дигар ибодати оммавӣ, суннату оинҳои динӣ мувофиқи тартибе, ки барои ҷамъомадҳо, митингу намоишҳо ва роҳпаймоиҳо муқаррар шудааст, ба ҷо оварда мешаванд.
Ташкилотҳои динӣ ҳақ доранд ба шаҳрвандоне, ки дар беморхонаю госпиталҳо, хонаҳои пиронсолону инвалидон, дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, барои иҷрои тоату ибодат муроҷиат кунанд.
Моддаи 22. Адабиёт ва ашёи динӣ
Шаҳрвандон ва ташкилотҳои динӣ ҳақ доранд, ки ба забони дилхоҳашон адабиёт, инчунин дигар ашёю маводи динӣ дарёфт намуда, истифода баранд.
Ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд ашёву адабиёти динӣ ва дигар воситаҳои ахбории мазмунашон динӣ тайёр карда, содиру ворид ва интишор намоянд, ба истиснои чизҳое, ки ба ифротгароӣ ва таассуб даъват мекунанд, вазъиятро номуътадил мегардонанд ва бар зидди саломатию ахлоқ, инчунин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони дигар нигаронда шудаанд.
Ташкилотҳои динӣ дар таъсиси корхонаҳои нашри адабиёти динӣ ва истехсоли ашёи динӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Адабиётҳои динӣ бо пешниҳоди муассисаҳои динӣ метавонанд дар нашрияҳои давлатӣ чоп шаванд ва дар ҷойҳои махсус паҳн гарданд. Мақомоти давлати оид ба дин метавонад бо пешниҳоду дархости ташкилотҳои динӣ матбаа ва маҳаллӣ паҳн намудани адабиёти диниро муайян кунад (Қонун аз 15.05.97с. № 421).
Моддаи 23. Фаъолияти хайрия ва фарҳангию маърифатии ташкилотҳои динӣ
Дар назди ташкилотҳои динӣ барои фаъолияти хайрия, омӯзиш ва паҳн кардани адабиёти динӣ ва фаъолияти дигари фарҳангию маърифатӣ ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва дигар идтиҳодияҳои шаҳрвандон таъсис шуда метавонанд. Онҳо метавонанд оинномаҳои худро дошта бошанд, ки мувофиқи тартиби барои идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ муқарраргардида ба қайд гирифта мешаванд.
Ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти шафқату хайрияро ҳам мустақилона ва ҳам ба воситаи фондҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.
Моддаи 24. Робитаю алоқаҳои байналхалқии диндорону ташкилотҳои динӣ
Шаҳрвандон ва ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки ба таври дастаҷамъӣ ё инфиродӣ робита ва алоқаҳои бевоситаи байналхалқии шахсӣ барқарор намоянд, аз ҷумла барои зиёрат, иштирок дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои динӣ ба хориҷа мусофират намоянд, инчунин намояндагони дину мазҳабҳои дахлдор ва миссионерҳоро бо мувофиқаи мақомоти давлатӣ оид ба дин даъват кунанд.
Ташкилотҳои динӣ метавонанд шаҳрвандонро барои таҳсил ба мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ фиристанд ва ба ин мақсад шаҳрвандони хориҷиро бо мувофиқаи мақоми давлатӣ оид ба дин қабул намоянд.
БОБИ V. ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ДИНӢ ВА ДАР КОРХОНАҲОИ ОНҲ0
Моддаи 25. Муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ дар ташкилотҳои динӣ
Ташкилоти динӣ ҳуқуқ дорад шаҳрвандонро ба кор қабул намояд. Шароити кор бо мувофиқаи байни ташкилоти динӣ ва корманд муқаррар карда, дар шартномаи меҳнатӣ зикр мегардад.
Ташкилоти динӣ вазифадор аст, ки шартномаи меҳнатиро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирад.
Ҳуҷҷатҳое, ки шартҳои музди кори ходимони диниро муайян мекунанд, низ ба ҳамин тартиб ба қайд гирифта мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки дар ташкилоти динӣ дар асоси шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, аъзои иттифоқи касаба буда метавонанд.
Моддаи 26. Ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандоне, ки дар ташкилотҳои динӣ кор мекунанд
Нисбати шаҳрвандоне, ки дар ташкилотҳои динӣ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, чун нисбати коргарону хизматчиёни корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ қонуни меҳнат татбиқ мегардад.
Ба даромади шаҳрвандоне, ки дар ташкилотҳои динӣ кор мекунанд, ҳамчунин аз даромади ходимони дин аз рӯи меъёрҳое, ки барои коргарону хизматчиёни корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ муқаррар гардидааст, андоз баста мешавад.
Моддаи 27. Муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон дар корхонаҳо ва муассисаҳои ташкилотҳои динӣ
Нисбати шаҳрвандоне, ки дар ҳамаи корхонаҳои таъсиснамудаи ташкилотҳои динӣ, инчунин дар муассисаҳои хайрияи ташкилкардаи онҳо кор мекунанд, қонунҳо дар бораи меҳнат, тартиби андозбандӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоии коргарону хизматчиёни корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ татбиқ мегардад.
Моддаи 28. Таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар ташкилотҳои динӣ кор мекунанд
Шаҳрвандоне, ки дар ташкилотҳои динӣ кор мекунанд, ҳамчунин ходимони дин, мисли коргарону хизматчиёни корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мавриди таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ қарор мегиранд.
Ба ин мақсад ташкилотҳoи динӣ, корхонаю муассисаҳои онҳо ба фонди суғуртаи давлатӣ ва фонди нафақа ба тартиб ва меъёри барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳои онҳо муқарраршуда пул мегузаронанд.
Нафақаи давлатии ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар ташкилотҳои динӣ кор мекунанд, аз рӯи асосҳои умумӣ мувофиқи қонун таъин ва дода мешавад.
БОБИ VI. МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИНӢ
Моддаи 29. Мақоми давлатӣ оид ба корҳои дин
Мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои дин маркази назорат, иттилоотӣ, машваратӣ ва экспертӣ мебошад. Ба ин сифат корҳои зайлро анҷом медиҳад:
барои риояи нуқтаҳои оинномаи ташкилотҳои динӣ ва қонуни мавҷуда оид ба масъалаҳои дин назорат мекунад;
бо ҳамин гуна муассисаҳои берун аз хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва алоқаҳои ҳамоҳангсозӣ барқарор мекунанд;
оид ба ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қонун оид ба дин маркази маълумот таъсис медиҳад;
шӯрои экспертии диншиносон, намояндагони ташкилотҳои динӣ ва мутахассисонро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон барои гузаронидани экспертизаи диншиносӣ таъсис мекунад ва дар мавридҳои зарурӣ бо дархости мақомоти давлатӣ ва суди хулосаи расмии экспертӣ медиҳад;
бо хоҳиши ташкилотҳои динӣ ба гирифтани мувофиқаи мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад ва дар масъалаҳое, ки ҳалли мақомоти давлатиро тақозо менамоянд, ёрии зарурӣ мерасонад;
ба мустаҳкам шудани ҳамфикрӣ аз эҳтироми ташкилотҳои динӣ мазҳабҳои гуногун дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷа ёрӣ мерасонад.
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба корҳои дин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад ва он мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.
Моддаи 30. Масъулияти риоя накардани қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ
Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки барои риоя накардани қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ гунаҳкор мебошанд, ба ҷавобгарии муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд (Қонун аз
3.09.99с. № 828).
Моддаи 31. Шартномаҳои байналхалқӣ
Агар дар шартномаи байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили он аст, қоидаҳои дигаре муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои дар қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ пешбинигардида фарқ мекунанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ истифода мешаванд (Қонун аз 3.09.99с. № 828).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
1 декабри соли 1994