Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт"
Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии ,Тоҷикангишт, дар заминаи корхонаҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомии (пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқдошта) истихроҷи ангишт, таъсис дошта шавад.
2. Рӯйхати замимагардидаи корхонаҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомии (пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқдошта) истихроҷи ангшит тобеъи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт" тасдиқ карда шавад.
3. Корхонаи воҳиди давдатии "Тоҷикангишт" дар муддати як моҳ Оинномаашро тартиб дода, барои тасдиқ кардан ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт"-ро мувофиқи тартиби муқарраршуда сабти ном намояд.
5. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт" дар асоси қарордод бо корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомии дар саноати ангишт фаъолияткунанда анҷом дода мешавад.
6. Дар Номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомии (пакети назоратии саҳмиҳояшон ба давлат тааллуқдошта) дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 тасдиқ шудааст, ба ҷои калимаҳои "Иттиҳодияи истеҳсолии "Ленинободангишт", Кони "ФонЯғноб", Кони "Зиддӣ", Кони "Назарайлоқ" калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт" навишта шаванд.
7. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар муддати як моҳ дар хусуси ҷойгиркунии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт" пешниҳодҳо манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 11 апрели соли 2001 № 140
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "11" апрели соли 2001 № 140
тасдиқ шудааст.
Номгӯи Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии (пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ доранд, ки тобеъи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикангишт" мебошанд.
1. Иттиҳодияи истеҳсолии "Ленинободангишт"
2. Кони "Фон-Яғноб".
3. Кони "Назар-Айлоқ".
4. Кони "Зиддӣ"
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"Об образовании Государственного унитарного предприятия "Точикангишт"
В соответствии с Законом Республики Таджикистан <Об энергетике> Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Образовать Государственное унитарное предприятие <Точикангишт> на базе угледобывающих государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций которых принадлежит государству).
2. Утвердить прилагаемый перечень угледобывающих государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций, которых принадлежит государству), подведомственных Государственному унитарному Предприятию <Точикангишт>.
3. Государственному унитарному предприятию <Точикангишт> в месячный срок разработать Устав и представить на утверждение Министерству энергетики Республики Таджикистан.
4. Министерству юстиции Республики Таджикистан зарегистрировать Устав Государственного унитарного предприятия <Точикангишт> в установленном порядке.
5. Установить, что финансирование Государственного унитарного предприятия <Точикангишт> обеспечивается на договорной основе с государственными предприятиями и акционерными обществами, осуществляющими деятельность в угольной промышленности.
6. В Перечне государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций которых принадлежит государству), осуществляющих деятельность в энергетике, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2000 года №484 слова <Производственное объединение <Ленинабадуголь>, шахта <Фан-Ягноб>, карьер <Зидды>, карьер <Назар-Айлок> заменить словами <Государственное унитарное предприятие <Точикангишт>.
7. Государственному комитету Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом, хукумату г. Душанбе в месячный срок представить предложения о размещении Государственного унитарного предприятия <Точикангишт>.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
от 11 апреля 2001 года, №140
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 11 апреля 2001 г. № 140
Перечень Государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций, которых принадлежит государству), подведомственных Государственному унитарному предприятию "Точикангишт".
1. Производственное объединение "Ленинабадуголь"
2. Шахта "Фан-Ягноб".
3. Карьер "Назар-Айлок".
4. Карьер "Зидды".