ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТ0Н
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 346)
Ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли 1999 № 294 "Дар бораи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи маркази ва нақшаи идоракунии замимагардидаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд,
2. Шумораи умумии кормандони сохтори Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 2500 воҳид (генералҳо -3, афсарон-584, прапоршикҳо -243, сержантҳо аскарон -1405, коргарон ва хизматчиён -265 нафар) аз ҷумла кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ба теъдоди 200 воҳид (генералҳо -3 афсарон-120, прапоршикҳо -35, сержантҳо ва аскарони хизмати қарордоди-14, коргарон ва хизматчиён -28 нафар) муқаррар карда шаванд.
3. Ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 (чор) муовини Вазир, аз он ҷумла 2 (ду) муовини аввал ва ба теъдоди 9 (нӯҳ) нафар, ки ҳайати шахсии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ҳайати мушовара дошта бошад.
4. Ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси қатори ва ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳои хизмати дар ҳаҷм ка шартҳои пешбининамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 29 декабри соли 1996 № 517-19 "Дар бораи чораҳо оид ба беҳдошти таъмини моддии хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси қатори ва ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ" муқаррар карда шавад.
5. Вобаста ба таъсиси Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Точикистон ба Вазорат супорида шавад, ки дар мӯҳлати то 1 апрели соли 2000 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ро таҳия намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 ноябри соли 1999 № 479
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 1999 № 479
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми идораи давлати буда, дар бобати омодаги ва ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлати, ҳуқуқи, мудофиави ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табий ва экологи, садамаҳои калони истеҳсоли, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба ҳамоҳанг месозад.
2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон, қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналхалқию ҳуқуқиро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст ва Низомномаи мазкурро таҳти роҳбари қарор медиҳад.
3. Вазорат муассисаи ҳарби буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимои ва ҳуқуқи, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад. Ба сохтори Вазорат дастгоҳи марказии Вазорат, намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи граждани, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Руссия, Маркази идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани, Раёсати тибби, Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометри, Госпитали ҳарби, Раёсати нақлиёт ва техника, Маркази таълими, Маркази омӯзишу методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани, Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қӯшунҳо ва ба истифодадиҳии биноҳо, Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти чанги, Ситодҳои вилояти ва шаҳру ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани, Ситодҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании водии Қаротегин, Ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании водии Ҳисор, Дастаи ҳавои, Раёсати "Маркази наҷотдиҳи", Раёсати истифодаи системаи "Усой", Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез, Дастаи махсуси зудамали (ДМЗ) ш. Хуҷанд, Хоҷагии аграри-истеҳсоли "Наҷот", қисмҳои ҳарби қарор доранд.
4. Мақсади асосии Вазорат аз ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг, аз ташкили омодаги, омӯзиши аҳоли, таҳлили ҳаматарафа ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табий ва техногенидошта ба ҷо овардани назорати доимии тақсимот ва хароҷоти маблағҳои пулии барои ин ҳадафҳо ҷудогардида, ҳолати иқтидор ва воситаи мудофиаи граждани, инчунин қабул, тақсимот, раҳнамои, интиқол ва назорати дастрасии кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида иборат мебошад
5. Вазифаҳои асосии Вазорат аз инҳо иборатанд:
- таҳияи пешниҳодот оид ба пешбурди сиёсати давлати дар соҳаи мудофиаи граждани вобаста ба ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табии, экологи ва дорои хусусияти техногени, инчунин огоҳи, пешгири ва бартарафсозии онҳо;
- ташкил ва назорати татбиқи чорабиниҳои табобатию пешгири, ки ба аҳолии чи дар замони осоишта ва чи дар замони ҷанг аз оқибатҳои ҳолатҳои фавкулодда зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд;
- ташкили таҳия ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани чорабиниҳо дар бобати омодаги ва ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуд аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи имконпазир, огоҳи, пешгири ва бартарафсозии онҳо;
- ташкили роҳбари ва назорати пешбурди корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба бартарафсозии садамаҳои калони; истеҳсоли, фалокатҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи имконпазир ва оқибатҳои онҳо;
- ташкили таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки илмию техники, ки ба огоҳи, пешгири ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати фаъолияти устувори иншоотҳои иқтисоди ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар замони ҷанг нигаронида шудаанд:
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси системаи огоҳонии аҳоли аз ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг;
- ташкил ва таъмини омодагии қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждани, ки барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг пешбини шудаанд;
- қабул, захира ва бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим намудани кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумла кумакҳои башардӯстонаи барои аҳоли ва иншоотҳои иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида пешбинишуда, ки ба ҷумҳури ворид мегарданд, ҳамчунин ташкили захираи онҳо дар анборҳои махсус;
- ҳамоҳангсозии корҳои ташкили фондҳои захиравии фавқулодда, ҳамчунин фондҳои захираи давлати, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳи аз ҳолатҳои фавқулодда ва ба ҷо овардани корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба бартарафсозии оқибатҳои онҳо, назорат ба ташаккули мақсаднок, тақсимот ва хароҷоти онҳо ҷудо карда мешаванд;
- ташкили омӯзиши ҳамагонии аҳоли, омодагии ашхоси мансабдори мақомоти идорави ва ҷузъу томҳои гайринизомии мудофиаи граждани ҷиҳати фаъолият дар ҳолатҳои фавқулодда;
- таҳия ва татбиқи нақшаҳои рушд, такмил ва ташкили қушӯнҳои мудофиаи граждани ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорат;
- роҳбарии рӯзмарра ва дар ҳолати омодабошу сафарбари нигоҳ доштани қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии Вазорат, ба ҷо овардани таъминоти моддию техники, ақибгоҳ, молияви, иҷтимои ва ҳуқуқии онҳо;
- ташкили таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори ва дигар асноди меъёри оид ба мудофиаи граждани, огоҳи аз ҳолатҳои фавқулоддаи имконпазир, пешгири ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо, ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин пешниҳодот оид ба такмили қонунгузори вобаста ба масъалаҳои зикргардида;
- ташкил ва дар доираи ваколатҳои худ таъмини ҳамкориҳои байналхалқи ва бастани созишномаҳои байнидавлати вобаста ба масъалаҳои пешгири ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда.
- қабул, таҳлили ҳаматарафа, нигоҳдории боэътимод, интиқол ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табий ва техногенидошта бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамони иттилооти (кайҳони, системаҳои иттилоотии географи ва ғайра)
- ташкили ҳамкории ҳамоҳангсозишудаи муфид бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқоти ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ташкилотҳои байналмилали дар соҳаи ҷамъовари, таҳлил, нигоҳдори, мубодила ва истифодаи иттилоот
6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммадошта:
- ба мақомоти давлати, воситаҳои ахбори умум ва аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Вазорат, дар хусуси офатҳои табии, фалокатҳо, садамаҳои калон ва оқибатҳои онҳо иттилоъ медиҳад;
- вобаста ба мудофиаи граждани, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳо, ташкилот, муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз мансубияти идорави, шакли моликият ва шартҳои хоҷагидориашон ҳамоҳангсози ва назорати фаъолиятро ба ҷо меорад;
- лоиҳаҳои нақшаҳои мудофиаи граждани, ҳифзи аҳоли ва ҳудуди,Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони осоишта ва ҷангро таҳия карда, барои тасдиқ ба Сарвазир-Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамояд;
- огоҳкунии мақомоти идоравии Вазорат, мудофиаи граждани ва иттилои аҳолиро аз таҳдид ва ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда, таъсис ва кори системаҳои дахлдори минтақави ва маҳаллии огоҳсозиро назорат менамояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои манфиатдор корҳои пешгӯии эҳтимолии ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда, амсиласозии онҳо, ноҳиябандии қаламрави мамлакатро вобаста ба мавҷудияти иншоотҳо ва истеҳсолоти эҳтимолан хатарнок ташкил ва ҳамоҳанг месозад;
- дар таҳияи тадбирҳои дорои хусусияти иқтисоди, ҳуқуқи, ташкили, иҷтимои ва илмию методи, ки ба муҳайё намудани шароити мувофиқ ҷиҳати пешгирии садамаҳои бузург, фалокатҳо ва паст кардани сатҳи оқибатҳои онҳо нигаронида шудаанд, иштирок менамояд;
- оид ба иҷрои талаботи меъёрие, ки оид ба мудофиаи гражданӣ, омодаги барои аз ҳолатҳои фавқулодда ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуд муқаррар гардидаанд, назорати давлатиро ба ҷо меорад;
- дар қисмати риояи талаботи "Меъёрҳои лоиҳакашии муҳандисию техникии чорабиниҳои мудофиаи граждани" дар гузаронидани санҷищҳои давлатии асноди шаҳрсози ва лоиҳаҳои сохтмони ипшоот иштирок менамояд;
- якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо), роҳбарияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон ҳайат, ҷобаҷокуни ва ҷиҳозонии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро, ки барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда пешбини шудаанд, муайян менамояд;
- кори таъсис ва истифодаи воҳидҳои наҷотдиҳии садамавии (қувва) мунтазам омодабошро барои анҷоми корҳои пешгирии фаврии ҳолатҳои фавкулодда ташкил мекунад;
- ба корҳое, ки вобаста ба вусъати фаъолияти устувори ипшоотҳои иқтисоди ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг ба ҷо оварда мешаванд, дастурдиҳии методиро анҷом медиҳад;
- вобаста ба масъалаҳои ҳифзи аҳоли ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо анҷом додани корҳои илмию тадқиқоти, илмию техники ва таҷрибавию конструкториро ташкил менамояд;
- дар кори пешгири ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо самтҳои афзалиятнокро муайян карда аз рӯи ин масъалаҳо таҳия, ҳамоҳангсози ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникиро ташкил менамояд;
- омодагии ҷанги ва сафарбарии қӯшунҳои мудофиаи граждани, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, ташкил мекунад ва ҳалли масъалаҳои омодагии ҷанги ва сафарбариро дар тамоми воҳидҳои сохтории Вазорат таъмин ва назорат мекунад;
- барои таҷҳизонии қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии Вазорат доир ба истеҳсол, тайёр ва интиқоли лавозимот, таҷҳизот, механизмҳо ва мавод шартномаҳо мебандад;
- дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг истифода ва фаъолияти қӯшунҳои мудофиаи гражданиро ба нақша гирифта, дар ҷараёни пешбурди корҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо ҳамкориашонро бо ҷузъу томҳои ғайринизомии мудофиаи граждани ташкил менамояд;
- дар доираи шумораи штатии муқарраргардидаи ҳайати шахси нақшаи тибқи даъват ва қарордод бо хизматчиёни ҳарби мукаммал намудани муассисаҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии Вазоратро таҳия карда, тибқи тартиби муқарраршуда аз хизмати ҳарби озод намудани онҳоро ташкил менамояд;
- вобаста ба миқёси ҳолатҳои фавқулодда корҳои бартарафсозии оқибатҳои онҳоро ҳамоҳанг месозад, ё роҳбарии онҳоро ба зиммаи худ гирифта, теъдоди қувва ва воситаҳои барои ба ҷо овардани корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир заруриро муайян менамояд ва дар маврид ҷиҳати робита ва ирсоли маълумот тибқи тартиби афзалиятнок шабакаҳои давлатию идоравии воситаҳои алоқаро истифода мебарад;
- тибқи тартиби муқарраршуда ташаккул, тақсимот ва дастрас гардонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба кишварҳои хориҷие, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, ташкил мекунад;
- барои тартиби истифодаи маблағҳои пули ва кӯмакҳои моддии ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда ва аз дигар кишварҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии байналхалқи, шаҳрвандони алоҳида, ҳуҷҷатҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табии ва дигар ҳолатҳои фавҳулодда воридгардида мақоми тақсимкунанда ва назорати мебошад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, дар доираи шумораи муқарраршудаи фонди музди меҳнат дар бораи таъсиси қисмҳо ва воҳидои ҳарбии мудофиаи граждани, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои омӯзиши тобеи Вазорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур мекунад:
- вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат дастуруламалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дигар асноди меъёрию методи таҳия ва тасдиқ менамояд;
- барои муассисаҳои махсуси таълими вобаста ба масъалаҳои мудофиаи граждани ва фаъолият дар шароити ҳолатҳои фавқулодда барвомаҳоро барраси намуда, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа месозад;
- таҳияи барномаҳои омӯзиши аҳоли, омодагии ашхоси мансабдор, мақомоти идорави ва ҷузъу томҳои ғайринизомии мудофиаи гражданиро бо фаъолият дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ҳамоҳанг ва тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналхалқи иштирок намуда, аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои мудофиаи граждани, огоҳсозии мутақобила ва расонидани кӯмакҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ҳамкории иқтисодии хориҷиро анҷом медиҳад;
- кори ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъияти ва шаҳрвандони дорои таҷрибаи дахлдорро ба гузаронидани чорабиниҳои пешгири ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва иштирок дар ин чорабиниҳоро тибқи тартиби муқарраршуда ташкил мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳангоми садамаҳои бузурги истеҳсоли, фалокатҳо ва офатҳои табии вобаста ба масъалаҳои мудофиаи граждани, пешгири ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи ҳаёт ва тандурустии мардум вусъати фаъолияти устувори иншоотҳои иқтисодии мамлакат бо аҳли ҷамоатчиги, шаҳрвандон, воситаҳои ахбори умум робитаро ба амал мебарорад;
- дар доираи салоҳияти худ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, вобаста ба масъалаҳои мудофиаи граждани, пешгири ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёри ба аҳоли, ҳамкориҳои байналхалқиро ба ҷо меорад, инчунин омӯзиш, ҷамъбаст ва истифодаи таҷрибаи хориҷиро анҷом медиҳад;
- сабт, бақайдгири, ҳамоҳангсозии фаъолият, назорати будубоши гуруҳҳо дар кӯҳҳо ва чорабиниҳои сайёҳию кӯҳнаварди ва дар дигар самтҳо гузаронидаи онҳоро анҷом медиҳад;
- дар ҳолати зарурат наҷотдиҳандагони воҳидҳои ҷамъиятии наҷотдиҳи, наҷотдиҳандагони ташкилотҳои алоҳидаи машғули фаъолияти сайёҳию кӯҳнаварди, инчунин шаҳрвандони дорои таҷрибаи дахлдорро, ки бо ҳуҷҷат тасдиқ гардидаанд ва ба таври ихтиёри ҷиҳати иштирок дар корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳи, ҳамлу нақл ва дигар корҳои таъхирнопазир розианд, ҷалб менамояд;
- роҳбариро ба фаъолияти наҷотдиҳандагоне, ки аз хориҷа барои расонидани кӯмак дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, анҷом медиҳад;
- дар ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пунктҳои доими ва муваққатии кӯмаки таъҷилиро ташкил мекунад;
- дар бораи истифодаи маблағҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумла барои аҳоли ва иншоотҳои иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида гирифташуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
- барои бунёд, истеҳсол, таъмири техника ва дигар амволе, ки барои татбиқи вазифаҳои Вазорат заруранд, фармоишҳои давлати медиҳад;
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда, барои ҳолати интизоми ҳарбию меҳнати дар қисмҳои ҳарби ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорат масъулият дорад;
- бо вазорату идораҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо ҳамкории мутақобиларо ба роҳ монда, иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз шартномаю созишномаҳои байналхалқи бармеоянд, таъмин менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани ҳамоҳанг месозад;
- назорати иҷрои қонунҳоро вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин месозад
- дар ҳамкори бо мақомоти давлати ва ташкилотҳои дахлдор, оид ба муайянкунии самтҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи мониторинг, пешгӯи, пешгири, кам кардан ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда пешниҳодҳо таҳия месозад, дар ин соҳа корҳои илми ва лоиҳави гузаронида, ба татбиқ ва амали шудани онҳо мусоидат менамояд
7. Вазорат ҳуқуқ дорад:
- барои мувофиқа ва тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир - Сардори Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи мудофиаи граждани, ҳифзи аҳоли ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёри ва дигар аснодро таҳия ва пешниҳод намояд;
- дар доираи салоҳияти худ вобаста ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои мудофиаи граждани, омодаги ва ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуд, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо қарор қабул кунад, ки иҷрои он ба раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ба вазорату идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ба ҳамаи ашхоси мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошад;
- ҳаракати бемамоният, дар навбати аввал бо маводи сӯзишворию равғанҳои молидани таъмин намудани воситаҳои нақлиёти қувваҳои мудофиаи граждании Вазорат, аз ҷумла Раёсати "Маркази наҷотдиҳи"-и Вазоратро, ки ба ҷои гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯи, инчунин корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир раҳсипоранд, ба ҷо орад;
- дар бораи масъалаҳои омодагии ҳифзи аҳоли, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо, вусъати фаъолияти устувори иншоотҳои иқтисоди ҳисоботи кормандони масъул ва дигар ашхоси мансабдори мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо), вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро шунавад;
- аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, барои ҳалли вазифаҳои зарурии ба зиммаи Вазорат гузошташуда иттилоъ ва маълумот талаб ва қабул намояд;
- аттестатсияи сарбозони наҷотбахшии қисмҳои ҳарби ва Раёсати "Маркази наҷотдиҳи"-и Вазорат, инчунин наҷотдиҳандагон ҷузъу томи ҷамъияти ва ташкилотҳоро, ки фаъолияти сайёҳию кӯҳнавардиро анҷом медиҳанд ва дорои воҳидҳои наҷотдиҳии худ мебошанд, анҷом дода, минбаъд ба онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдори намунаи муқарраргардида диҳад;
- воситаҳои тезҳаракати ҳавои ва нақлиёти махсуси тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқгардидаро, ки бо аломатқои фарқкунанда, сигнализатсияи нурию овози ва воситаҳои алоқа ҷиҳозонида шудаанд, дошта бошад;
- аз рӯи нақша ва бидуни огоҳи тафтиши ҳолати мудофиаи граждани, омодаги, омӯзиш ва ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудудиро дар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҷанги ва сафарбарсозии ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани, муассисаҳо, қисмҳои ҳарби ва воҳидҳои Вазорат, ҷузъу томҳои гайринизомии мудофиаи граждани, инчунин вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон ба нақша гирифта, доир намояд;
- барои истифода намунаҳои нав ва навкунии техникаи махсус, таҷҳизот ва воситаҳои ҳифзи аҳолиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун қабул намуда, намунаҳои кӯҳнашудаи онҳоро аз истифода хориҷ намояд;
- техника, таҷҳизот, лавозимот ва дигар арзишҳои моддиро (ба истиснои тамоми намудҳои аслиҳа ва муқимоти ҷанги), ки мӯҳлати муқарраргардидаашон сипари гардида, аз ҷиҳати маънави кӯҳнаю фарсуда ва ҷиҳати истифода дар корҳои наҷотдиҳи корношоямро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун фурӯшад;
- ҷиҳати ба Вазорат интиқол додани техника, воситаҳои ҳифз ва алоқа, механизмҳо, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддию техники мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаю ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заводҳои таҳвилдиҳандаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шартномаҳо бандад;
- дар сохтмони иншоотҳои марбут ба ҳифзи аҳоли, инчунин ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти манзилию маишии хизматчиёни ҳарби, коргарон ва хизматчиёни Вазорат, қисмҳои ҳарби ва дигар воҳидҳои сохтории он ба ҳайси фармоишгар баромад намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида мутахассисони давлатҳои хориҷи ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷиҳати иштирок дар гузаронидани санҷиши давлатии ҳудуд, иншоот ва истеҳсолоти махсусан хатарнок ҷалб намояд;
- бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазири рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба миён омадаанд, ҷалб намудани қувваҳои зарури ва воситаҳои мудофиаи граждани қарорҳо қабул намояд;
- ҳангоми зарурат ҳайати дар кӯҳистон ҷойгиршударо ҷиҳати ба ҷо овардани тадбирҳои пешгирикунанда оид ба таъмини амнияти корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳи, ҳамлу нақл ва расонидаии кӯмак ба онҳое, ки дар кӯҳистон дучори фалокат гардидаанд, ҷалб намояд;
8. Қарорҳои Вазорат дар бобати мудофиаи граждани, ҳифзи аҳоли, иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуд барои тамоми вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияташон ва ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошанд.
9. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ашхоси мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мудофиаи граждани вазифадоранд, бо Вазорат, ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич намоянд.
10. Вазоратро Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти қонунгузори ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва Муовини аввали Сардори Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, роҳбари мекунад.
11. Вазир муовинони аввал ва муовинон дорад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Тақсимоти вазифаҳоро байни муовинон Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.
12. Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбариро дар асоси яккасардори ба роҳ монда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда шахсан масъулият дорад.
13. Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорате, ки ӯ роҳбари мекунад, барои омодагии Вазорат ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳалли дигар вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда пурра масъулият дорад.
14. Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба фаъолияти Вазорат, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии тобеи он, ташкилоту муассисаҳои мудофиаи граждани роҳбари менамояд;
- Вазоратро дар мақомоти давлати ва дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ташкилотҳои байналхалқи намояндаги мекунад;
- сардорони раёсатҳо, шуьбаҳо, хадамот ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорат, роҳбарони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани, командирони қисмҳои ҳарби ва воҳидҳои Вазоратро ба вазифаҳо таъин ва аз вазифаҳо озод мекунад;
- вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти худ фармон ва дастурҳо мебарорад;
- низомномаҳои оид ба воҳидҳои сохтори, нақшаҳои таълими ва барномаҳои омодагии оперативи, ҷанги ва сафарбарии Вазорат, қисмҳо, муассисаҳо, воҳидҳои ҳарби ва ҷузъу томҳои гайринизомии мудофиаи граждани, дастуруламалҳо, нақшаҳо, вазифаҳои амалии ашхоси дахлдори мансабдор, қоидаҳо ва дигар асноди меъёрию методиро оид ба масъалаҳои мудофиаи граждани, пешгири, бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо, ки таҳти салоҳияти Вазорат мебошанд, тасдиқ кунад;
- қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор дода, масъалаҳои адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Вазорат, муассисаҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии мудофиаи гражданиро ҳаллу фасл намуда, то "полковник" рутбаҳои ҳарби медиҳад ва рутбаҳои ҳарбиро паст мекунад;
- қонунҳои ҷориро дастури амал қарор дода, ашхоси мансабдори намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вазорати мудофиаи граждани, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Россия таъин мекунад;
- дар бораи номгӯйи мансабҳои Вазорат, ки аз ҷониби ҳайати олии афсари ишғол мегарданд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар бораи таъин намудани ашхоси мансабдор ба вазифаҳои аз ҷониби ҳайати олии афсари ишғолшаванда, дар хусуси ба онҳо додани рутбаҳои ҳарбии ҳайати олии афсари, дар бораи аз вазифаи ишғолнамуда озод кардан ва аз хизмати ҳақиқии ҳарби ҷавоб додани онҳо ба баррасии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар бораи бо мукофотқои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарби, кормандон ва хизматчиёни Вазорат ва воҳидҳои сохтории он пешниҳод манзур менамояд;
- меъёр ва мӯҳлати истифодаи техникаи махсуси наҷотдиҳи ва амвол, инчунин меъёри бо муқимот, техника ва амвол таъмин намудани Вазорат, муассисаҳо, қисмҳо, воҳидҳои ҳарби ва хадамоти Вазоратро тасдиқ менамояд;
- масъули кредитҳое, ки барои маблағгузории Вазорат ҷудо карда мешаванд, ҳамчунин маблағҳои асъори мебошад;
- барои аз ҳисоб баровардани арзишҳои модди ва воситаҳои техникии мӯҳлати хизмат ва захираҳои муқарраргардидаашон анҷомёфта, инчунин маблағҳои пулли барои харидани амволи моддию техники ва дигар эҳтиёҷот сарфгашта ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намуда, ҷиҳати лоиҳакаши ва хулосаи техники оид ба асноди лоиҳавию сметавии барои иншоот, воситаҳои техники, таҷҳизот ва муқимот таҳиягардида супоришро тасдиқ менамояд ва барои корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯии сохтмони ба анҷом нарасида бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон актҳои азҳисоббарориро тасдиқ карда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба фурӯши амвол ва воситаҳои техникии камхаридор ва истифоданашаванда иҷозат медиҳад;
- ҷиҳати ба лоиҳа гирифтани намудҳои нави муқимот, воситаҳои ҳифз, техника ва воситаҳои техники барои қӯшунҳои мудофиаи граждани ва ҷузъу томҳои садамивию наҷотдиҳи, инчунин ҷиҳати ба ҷо овардани корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори супоришотро тасдиқ мекунад;
- кормандон, аз ҷумла коргарон ва хизматчиёнро тибқи тартиби муқарраргардида ба сафарҳои хизмати, аз ҷумла берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад;
- сохтори ташкилию штатии муассисаҳо, қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии мудофиаи гражданиро тасдиқ намуда, ба онҳо бо дарлазардошти шумораи муқарраршуда ва дар ҳудуди фондҳои ҷудогардидаи музди меҳнат тағйирот ворид мекунад, инчунин мутобиқи санадҳои амалкунандаи меъёри маошҳои вазифавиро муқаррар менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда да таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналхалқи оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат марбутанд, иштирок мекунад.
15. Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз ҳуқуқҳои дигаре, ки ба ӯ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, истифода менамояд.
16. Вазорат, дар ҳайати зайл ҳайати мушовара ташкил мекунад: Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаиграждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси ҳайати мушовара), муовини Вазир, инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат. Аъзои ҳайати мушовараи Вазорат дар ҳайати 9 нафар ба таври инфироди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
17. Қарори ҳайати мушовараи Вазорат тибқи қарорҳо, фармонҳо ва дастурҳои Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд. Ҳайати мушовара инчунин масъалаҳои додани рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Вазорат, ба вазифаҳои баланд таъин кардан ва ба вазифаи пасттар гузаронидани онҳоро барраси намуда, пешниҳодоти худро ҷиҳати тасдиқ ба Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд.
18. Дар штати Вазорат, муассисаҳо, қисмҳо, воҳидҳои ҳарби ва дигар ҷузъу томҳои сохтории он, хизматчиёни ҳарби, коргарон ва хизматчиён шомиланд. Ба хизматчиёни ҳарби (ғайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатми) шаҳодатномаҳои шахсии намунаи муқарраргардида дода, мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдори ва бо худ гирифта гаштани яроқи оташфишони табели иҷозат дода мешавад.
19. Дар дастгоҳи марказии Вазорат ба кор қабул кардани коргарон ва хизматчиён, инчунин аз кор озод кардани онҳоро Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
20. Фаъолияти меҳнатии коргарон ва хизматчиён дар дастгоҳи маркази, муассисаҳо, қисмҳо, воҳидҳои ҳарби ва дигар ҷузъу томҳои сохтории Вазорат тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат танзим карда мешавад.
21. Бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳо ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти хоҷагидори, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, коргарон ва хизматчиёни Вазорат ҳуқуқ дорад, хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷаги дошта бошад ва техникаи ҳарбию нақлиёти ва ҳавоиро бо мақсади тиҷорат истифода намояд. Фаъолияти зикргардида бояд ба омодагии Вазорат ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда таъсири манфи нарасонад.
22. Бо мақсади ҳавасмандкунии ашхосе, ки ба штати қисмҳои ҳарби ва Раёсати "Маркази наҷотдиҳи"-и Вазорат шомил нестанд ва ба чорабиниҳои ҷустуҷӯи, наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазири марбут ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шудаанд, роҳбарияти Вазорат дар асоси шартнома ба онҳо пардохти маблағҳои пулиро ба ҷо меорад.
23. Ба хизматчиёни ҳарби мукаммалсозии Вазорат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарби ва хизмати ҳарби" тибқи қарордод ва ба хизмати ҳарби даъват намудани шаҳрвандон сурат мегирад.
24. Бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ мукаммалсозии Вазорат ва сохторҳои он дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
25. Вазорат, муассисаҳо, қисмҳо, воҳидҳои ҳарби ва дигар ҷузъу томҳои сохтори аз ҳисоби буҷети ҷумҳури, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки тибқи шартномаҳо бо корхонаю ташкилотҳо ба даст меоянд, таъмин карда мешаванд.
26. Вазорат дар масъалаи огоҳсозии мутақобила вобаста ба ҳолатҳои фавқулоддаи табии, дорои хусусияти техногени ва экологи, ҷудо кардани ҳайати шахсии қисмҳои ҳарби, воситаҳои махсуси техники ва нақлиёт ҷиҳати бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ки дар иншоотҳои иқтисоди ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони осоишта ва ҷанг ба миён омадаст, бо сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори мекунад.
27. Сохтори дастгоҳи маркази, шумораи штати ва нақшаи идораи Вазорат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
28. Вазорат шахси ҳуқуқи буда, бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ дорои мӯҳр мебошад ва дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредити суратҳисобҳои ҷори, асъори ва дигар ҳисобномаҳо дорад.
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 1999 № 479
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати корҳои дастгоҳи Вазир
Сарситод
Раёсати кадрҳо
Раёсати ташкилию сафарбарсози
Раёсати чорабиниҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи аҳоли ва ҳудуд
Раёсати қувваҳои ҳарби ва омодагии аҳоли
Раёсати кор бо ҳайати шахси
Мусоҳиботи маркази
Раёсати молия ва иқтисод
Шӯъбаи ҳуқуқ
Шӯъбаи супоришоти махсус
Шӯъбаи ҳамкории байналхалқи
Маркази иттилоотию таҳлили
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 1999 № 479
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи граждани, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табии Федератсияи Россия
Маркази идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани
Раёсати тибби
Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометри
Госпитали ҳарби
Раёсати нақлиёт ва техника
Маркази таълими
Маркази таълимию методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани
Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қӯшунҳо ва ба истифодадиҳии биноҳо
Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти ҷанги
Ситодҳои вилояти ва шаҳру ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани
Ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании водии Қаротегин
Ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании водии Ҳисор
Дастаи ҳавои
Раёсати "Маркази наҷотдиҳи"
Раёсати истифодаи системаи "Усой"
Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез
Дастаи махсуси зудамали (ДМЗ) ш. Хуҷанд
Хоҷагии аграрию истеҳсолии "Наҷот"
Қисмҳои ҳарби