ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ маъқул дониста шавад.
2.Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи грантии мазкурро бо Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 20 октябри соли 2026, № 674
Созишномаи грантӣ Nо.
СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ ОИД БА ЛОИҲАИ ПЕШНИҲОДИ БУРСИЯҲОИ ТАҲСИЛӢ БАРОИ РУШДИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АГЕНТИИ ЯПОНИЯ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи ба имзо расонидани С/Г Моҳ, руз,сол.
Мувофиқи Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония аз санаи дар бораи ҳамкории иқтисодии Япония бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Ё/Т") ва қонунҳои марбута, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маблағҳои ҷудошудаи Япония Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Грантгиранда") ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (минбаъд - "JIСА") ба мувофиқа расиданд, ки созишномаи грантии мазкурро (минбаъд - "С/Г") ба имзо расонанд.
Моддаи 1 Маблағ ва ҳадафи Грант
JIСА ба Грантгиранда ба маблағ и умумии дусаду наваду шаш миллион йени японӣ (296 000 000 йен) (минбаъд - "Грант") бо мақсади татбиқи лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ, ки дар зербанди (1) Моддаи 1 Ё/Т (минбаъд - "Лоиҳа”) зикр шудааст, ҷудо менамояд. Маълумоти муфассал оид ба лоиҳаи мазкур дар замимаи Ҷадвали 1 оварда шудааст.
...