бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 октябри соли 2026,
№ 673 тасдиқ шудааст
СОЗИШНОМА
байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон вобаста ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на Ҳукумати Гурҷистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
бо мақсади рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни онҳо, бо тасдиқи аҳаммияти дастгирӣ ва рушди воситаҳои ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи давлатҳои худ,
ба мувофикаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳамкории иқтисодиро дар асоси манфиати мутақобила дар соҳаҳое, ки барои Тарафҳо таваҷҷуҳи муштарак доранд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи давлатҳои худ, инчунин уҳдадориҳои байналмилалӣ рушд ва таҳким бахшанд.
Моддаи 2
1.Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои Созишномаи мазкур ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи он, Тарафҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро таъсис медиҳанд, ки минбаъд «Комиссия» номида шуда, аз намояндагони мақомоти масъул ва ташкилотҳои ҳар ду давлат иборат мебошад.
...