бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 октябри соли 2026,
№ 672 тасдиқ шудааст
СОЗИШНОМА
байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон, ки минбаъд дар алоҳидагӣ «Тараф» ва якҷоя «Тарафҳо» номида мешаванд,
бо хоҳиши таҳкими муносибатҳои дустонаи ду кишвар ва бо мақсади сода кардани сафари шаҳрвандони худ ба ҳудуди кишварҳои якдигар,
ба мувофиқаи зайл расиданд,
Моддаи 1
1.Шаҳрвандони Тарафҳои Созишномаи мазкур аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз Тарафҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои сафари эътиборноки дар замима овардашуда, ки қисми таркибии Созишномаи мазкур мебошад, ба муҳлати 30 (сӣ) рӯз дар давоми ҳар давраи 180 (яксаду ҳаштод) рӯз озод мебошанд.
2.Будубоши шаҳрвандони як Тараф, ки дорои ҳуҷҷатҳои сафари эътиборноки дар замимаи Созишномаи мазкур зикргардида буда, нияти дар ҳудуди Тарафи дигар зиёда аз муҳлати дар Созишномаи мазкур пешбинишуда иқомат ё кор ва таҳсил дар муассисаи таълимӣ, ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, тибқи муқаррароти қонунгузории Тарафҳо ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 2
Шаҳрвандони як Тараф ба ҳудуди Тарафи дигар тариқи нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии барои убури байналмилалӣ кушода мутобиқи қонунгузории миллии Тарафи дигар ворид ва аз он хориҷ мешаванд.
...