ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ»
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 июни соли 2026, № 514
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 июни соли 2026, № 514
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2026, № 263
ҷонибдорӣ гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2026, № 263
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812; с. 2009, № 5, мод. 318, № 7-8, мод. 496; с. 2010, № 1, мод. 9, № 12, қ. 1, мод. 816; с. 2011, № 12, мод. 844; с. 2016, № 11, мод. 890; с. 2022, № 7, мод. 449; с. 2025, № 5, мод. 514) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1 ва минбаъд тамоми матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳоеро», «ӯҳдадор», «ӯҳдадории», «ӯҳдадориҳояшон», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳое», «мавзӯи», «мавзӯъ», «мӯҳлат», «мӯҳлати», «мӯҳлаташон», «мӯҳлатҳои», «мӯҳлате», «Мӯҳлати», «Мӯҳлате», «мӯҳри», «мӯҳр», «Шӯрои», «Шӯро», «Шӯроро», «граждании» ва «гражданӣ» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадорӣ», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳоеро», «уҳдадор», «уҳдадории», «уҳдадориҳояшон», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳое», «мавзуи», «мавзуъ», «муҳлат», «муҳлати», «муҳлаташон», «муҳлатҳои», «муҳлате», «Муҳлати», «Муҳлате», «муҳри», «муҳр», «Шурои», «Шуро», «Шуроро», «мадании» ва «маданӣ» иваз карда шаванд.
2. Аз сархати шашуми моддаи 3, сархати якуми қисми 1 моддаи 21 ва сархати ҳабдаҳуми қисми 1 моддаи 45 калимаи «(дивиденди)» хориҷ карда шавад.
...