ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи аврупоӣ дар бораи шоҳроҳҳои байналмилалии автомобилгард
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи аврупоӣ дар бораи шоҳроҳҳои байналмилалии автомобилгард, ки 15 ноябри соли 1975 дар шаҳри Женева ба имзо расидааст, ҳамроҳ шавад.
2.Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба амалисозии Созишномаи мазкур муайян карда шавад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи мазкур огоҳ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 9 октябри соли 2026, № 1230
Созишномаи Аврупоӣ дар бораи шоҳроҳҳои байналмилалии автомобилгард (СШБ)
Ҷонибҳои аҳдкунанда,
бо дарки зарурати мусоидат ва рушди ҳаракати байналмилалии роҳ дар Аврупо,
бо назардошти он, ки барои таъмин ва рушди робитаҳо байни кишварҳои Аврупо, нақшаи ҳамоҳангшуда барои сохтмон ва азнавсозии роҳҳое, ки ба талаботи ҳаракати байналмилалӣ ва муҳити зист дар оянда ҷавобгӯ бошанд, зарур аст,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Муайян ва қабули
...