×

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2026, № 1227 "Дар хусуси Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуҷҷатҳои боркашонии гардишӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуҷҷатҳои боркашонии гардишӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1.Матни Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуҷҷатҳои боркашонии гардишӣ, ки 15 декабри соли 2025, №80/162 дар Иҷлосияи 80 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, маъқул дониста шавад.

2.Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Конвенсияи мазкурро бо Котиботи Созмони Милали Муттаҳид мувофиқа намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2026, № 1227

КОНВЕНСИЯИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТҲОИ БОРКАШОНИИ ГАРДИШӢ

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амал

1.Конвенсияи мазкур нисбат ба баровардан, интиқол ва оқибатҳои ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои боркашонии гардишӣ татбиқ мегардад, ки дорои истиноди возеҳ ба ин Конвенсия буда, ҳамлу нақли байналмилалии борро тавассути як ё якчанд намуди нақлиёт танзим менамояд, ба шарте ки:

a)маҳалли қабули мол барои боркашонӣ, ки дар ҳуҷҷат қайд шудааст, дар ҳудуди Давлати иштирокдор воқеъ бошад;

b)маҳалли супоридани мол ба борқабулкунанда, ки дар ҳуҷҷат қайд шудааст, дар ҳудуди Давлати иштирокдор воқеъ бошад; ё

c)маҳалли додани ҳуҷҷати боркашонии гардишӣ, ки дар худи ҳамин ҳуҷҷат нишон дода шудааст, дар ҳудуди Давлати иштирокдор ҷойгир мебошад.

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Конвенции Организации Объединенных Наций об оборотных грузовых документах

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1. Одобрить текст Конвенции Организации Объединенных Наций об оборотных грузовых документах, принятой 15 декабря 2025 года, №80/162 на 80-й Сессии Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций.

2. Министру транспорта Республики Таджикистан подписать настоящую Конвенцию от имени Республики Таджикистан и при необходимости вносить в её текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать дату и место подписания настоящей Конвенции с Секретариатом Организации Объединенных Наций.

Президент Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 8 октября 2026 года №1227

Приводится на тадж.яз. 

...