ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа, фармон медиҳам:
1.Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад.
2.Ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 октябри соли 2026, № 1224
Бо фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2026, №1224
тасдиқ шудааст
Ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 40-солагии Истикдоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
...