ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин таҷҳизоту асбобҳо барои истеҳсоли онҳо, ки аз муомилоти қонунӣ гирифта шудаанд
Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин таҷҳизоту асбобҳо барои истеҳсоли онҳо, ки аз муомилоти қонунӣ гирифта шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои қарори мазкурро таъмин намуда, қоидаҳои нобуд кардани ампулаҳо ва флаконҳои холии маводи доругии нашъадори истифодашуда ва дорухатҳои махсусро таҳия ва қабул намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 сентябри соли 2026, № 627
...