Дастурамали №265 дар бораи пур кардани шакли ҳисоботи омории 1-ГПН «Ҳисобот оид ба гардиши пули нақд» аз 2 апрели соли 2026, №25

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7-уми майи соли 2026, №1409

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

Замима
ба қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз «2» апрели соли 2026, №25

Дастурамали №265 дар бораи пур кардани шакли ҳисоботи омории 1-ГПН «Ҳисобот оид ба гардиши пули нақд»

Дастурамали №265 дар бораи пур кардани шакли ҳисоботи омории 1-ГПН «Ҳисобот оид ба гардиши пули нақд» (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи қисми 4 моддаи 42 ва моддаи 86 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», моддаҳои 41 ва 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» таҳия гардида, тартиби пур кардан ва пешниҳоди шакли ҳисоботи оморӣ оид ба гардиши пули нақдро муайян менамояд.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Дастурамал мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- асъори пардохт – асъоре, ки бо он арзиши амалиёт ва бақияҳои дар қарордоди байни ду тараф зикршуда ифода меёбанд;

- бахши идоракунии давлатӣ – маҷмуи корхона, ташкилот ва муассисаҳое, ки дар моликияти давлат қарор доранд ва аз тарафи мақомоти давлатӣ ё шахсони таъинкардаи онҳо идора карда мешаванд;

- ташкилотҳои дигари молиявӣ – ташкилотҳо, аз ҷумла ширкатҳои лизингӣ, ломбард, ташкилотҳои суғуртавӣ, ғайр аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки фаъолияти асосии онҳо миёнаравии молиявӣ мебошад;

- имзои электронӣ (минбаъд - ИЭ) – иттилооте, ки барои аз сохтакорӣ ҳифз намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ, муайян кардани шахсе, ки ҳуҷҷатро имзо кардааст ва ё барои ҳифзи ҳуҷҷат аз дигаргунсозӣ ва азназаргузаронии шахси сеюм пешбинӣ шудааст;

...

Зарегистрировано Министерством юстиции

Республики Таджикистан от 7 мая 2026 года, №1409


Приложение
к постановлению Правления
Национального банка Таджикистана
от «2» апреля 2026, №25
Инструкция 265 по заполнению формы статистической отчетности 1-ОДН «Отчёт об обороте денежной наличности»

Инструкция №265 по заполнению формы статистической отчетности 1-ГПН «Отчёт об обороте денежной наличности» (далее - Инструкция) разработана в соответствии с частью 4 статьи 42 и статьей 86 Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана», статьями 41 и 52 Закона Республики Таджикистан «О банковской деятельности» и статьей 23 Закона Республики Таджикистан «О микрофинансовых организациях» и определяет порядок заполнения и представления формы статистической отчетности об обороте денежной наличности.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. В Инструкции используются следующие основные понятия:

- валюта платежа – валюта, в которой выражены стоимость операций и остатки средств, указанные в договоре между двумя сторонами;

- сектор государственного управления - совокупность предприятий, организаций и учреждений, находящихся в государственной собственности и управляемых государственными органами или, назначенными ими лицами;

- другие финансовые организации - организации, включая лизинговые компании, ломбарды, страховые организации, помимо кредитных финансовых организаций, основной деятельностью которых является финансовое посредничество;

- электронная подпись (далее - ЭП) - информация, предназначенная для защиты от подделки электронных документов, для идентификации лица, подписавшего документ, либо защиты документа от изменения и проверки третьим лицом;

...