Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2026, № 1222 "Дар хусуси лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1.Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 маъқул дониста шавад.

2.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Протоколи мазкурро бо Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай мувофиқа намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 августи соли 2026, № 1222
Лоиҳа

ПРОТОКОЛ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002

Мутобиқи моддаи 23 Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 (минбаъд - Хартия) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Моддаи 4 Хартия дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Барои иҷро намудани ҳадаф ва вазифаҳои Хартияи мазкур дар чорчӯби Созмон амал менамоянд:

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Протоколе о внесении изменений и дополнений в Хартию Шанхайской организации сотрудничества           от 7 июня 2002 года

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1. Одобрить проект Протокола о внесении изменений и дополнений в Хартию Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года.

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать дату и место подписания настоящего Протокола с Секретариатом Шанхайской организации сотрудничества.

Президент Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 29 августа 2026 года № 1222

                                                                                                                         проект

Протокол о внесении изменений и дополнений в Хартию Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года

В соответствии со статьей 23 Хартии Шанхайской организации сотрудничества от 7 июня 2002 года (далее - Хартия) государства-члены Шанхайской организации сотрудничества договорились о нижеследующем:

Статья 1

Статью 4 Хартии изложить в следующей редакции:

«1. Для выполнения целей и задач настоящей Хартии в рамках Организации действуют:

Совет глав государств;

Совет глав правительств (премьер-министров);

...