ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобила ва мубодилаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудаанд
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобила ва мубодилаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудаанд, маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2026, № 584
Лоиҳа
Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобила ва мубодилаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудаанд
Муқаддима
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
...