бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2026,
№ 581 тасдиқ шудааст
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм
Ҳукумати Гурҷистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
бо мақсади хоҳиши рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар,
бо эътикод ба он ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм ба таҳкими муносибатҳо ва беҳтар гардидани ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамояд,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо ҳамкориро дар самти соҳаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти олӣ ва илм дар асоси баробарҳуқуқӣ ва манфиати мутақобила рушд ва таҳким бахшида, ҳамкории байни муассисаҳои дахлдор ва мутахассисони Тарафҳоро ҳавасманд менамоянд.
Моддаи 2
Бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, Тарафҳо мусоидат менамоянд ба:
а) барқарор намудани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон;
б) татбиқи барномаҳои табодули академӣ бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон;
в) ҷудо намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони ҳар як кишвар, ки нияти таҳсил дар кишвари дигари Тарафро доранд, аз ҷумла, барои барномаҳои бакалавриат, магистратура, барномаҳои таҳсилоти ягона, инчунин, барномаҳои баъдидипломӣ ё сертификатсионӣ, тибқи шартҳое, ки аз ҷониби Тарафҳо бо мувофиқа муайян карда мешаванд;
г) ташкил ва татбиқи чорабиниҳои муштараки таълимӣ, илмӣ ва рушди иқтидор бо иштироки донишҷӯён ва ҳайати академии ҳар ду кишвар;
ғ) мубодилаи маводи таълимӣ, илмӣ ва методӣ, инчунин, нашрияҳои академии марбут ба самтҳои ҳамкории Тарафҳо;
д) мусоидат ба баргузории чорабиниҳои муштараки академӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо на озмунҳо бо иштироки донишҷӯён ва муҳаққиқон;
е) ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти касбӣ омӯзиши касбӣ, аз ҷумла, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаҳои пешқадам.
...