Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳурявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 аз 26 августи соли 2026, №557

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» августи соли 2026, № 557

Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳурявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 (минбаъд – Барнома) барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, инчунин мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Мақсади асосии Барнома ба роҳ мондани низоми ягонаи омодасозии кадрҳои эҷодӣ ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи мусиқӣ, рассомӣ ва санъат аз ҳисоби наврасону кӯдакон, ҳифз ва эҳёи арзишҳои маънавӣ, нигоҳдошт ва ташаккули суннатҳои анъанавии «устод-шогирд», мутаммарказонидани мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ ва санъат, таълиму тарбия, ояндабинии кадрҳо, тақвияти асосҳои базаи модию техникӣ ва методии муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсус, инчунин баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва такмили касбияти кормандону омӯзгорон мебошад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ

3. Солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг рушд ёфта, муассисаҳои нави таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва биноҳои замонавии таъиноти фарҳангӣ таъсис дода шудаанд. Ин иқдомҳо далели ғамхории давлат нисбат ба тарбияи кадрҳои эҷодӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошанд.

4. Бо вуҷуди ин дастовардҳо, таҳлил нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам як қатор мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи таълимоти бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи санъат вуҷуд доранд. Аз ҷумла, инфрасохтори муассисаҳо ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ набуда, норасоии кадрҳои педагогии тахассусӣ ва мутобиқ набудани низоми методию таълимӣ то ҳол ба стандартҳои байналмилалӣ.

5. Дар ҷумҳурӣ ҳоло 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, зиёда аз 2,4 миллион хонанда таҳсил менамоянд. Аммо аз ин шумора ҳамагӣ тақрибан 0,01 дарсад ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг ҷалб шудаанд, ки ин нишондиҳандаи хеле пасти фарогирии кӯдакон мебошад. Ин омор аз он шаҳодат медиҳад, ки қисми зиёди кӯдакон ва наврасон аз имкониятҳои рушди қобилиятҳои эҷодӣ дур мондаанд.

6. Дар баробари ин, ҳарчанд соли 2024 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ 1659 нафарро ташкил дода бошад ҳам, танҳо 16 дарсади онҳо таҳсилро дар зинаи олии соҳаи фарҳанг идома доданд. Ин нишондиҳанда заъфи пайванд байни зинаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ, миёнаи махсус, миёна ва олии касбии соҳаро ошкор мекунад, ки мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилот талаб ба таъмини пайдарҳамии таълим ва омодасозии кадрҳои эҷодиро иҷро намекунад.

7. Вазъи кадрҳои омӯзгорӣ мушкилоти ҷиддиро ба миён овардааст. Дар баъзе минтақаҳо зиёда аз 60 дарсад омӯзгорони мактабҳои бачагона таҳсилоти тахассусӣ надоранд. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 175 омӯзгор – 72, дар вилояти Суғд аз 562 омӯзгор – 350, дар вилояти Хатлон аз 391 омӯзгор – 210 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 344 омӯзгор – 121 таҳсилоти тахассусӣ доранд.

8. Набудани низоми мониторинг ва банақшагирии кадрӣ аз зинаи аввали таҳсилот ба сустшавии пайванди зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ ва санъат), миёнаи махсус (мактаб-интернатҳои миёнаи махсус), миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва олии касбӣ (донишкадаҳо ва консерватория) овардааст. Мониторинг дар ин соҳа назорати мунтазами раванди таълим ва таъмини робитаи мантиқии зинаҳои таҳсилот барои омодасозии самараноки кадрҳои эҷодӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатӣ ва талаботи бозори меҳнатро дар бар мегирад.

...


Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 26 августа 2026 года, №557 

Программа развития детских музыкальных, художественных школ, школ искусств и республиканских средних специальных школ-интернатов музыки и искусства в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития детских музыкальных, художественных школ, школ искусств и республиканских средних специальных школ-интернатов музыки и искусства в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы (далее – Программа) разработана для внедрение современных технологий в деятельность детских музыкальных, художественных школ, школ искусств и республиканских средних специальных школ-интернатов музыки и искусства, обеспечения доступа граждан к дополнительного художественного образования и среднего специального образования, а также приведение их деятельности в соответствие со стратегическими целями Правительства Республики Таджикистан.

2. Главная цель Программы создания единой системы подготовки творческих кадров к профессиональной деятельности в сфере музыки, искусства и изобразительного искусства из числа подростков и детей, сохранения и возрождения духовных ценностей, сохранения и формирования традиций «устод - шогирд», централизации детских музыкальных, художественных школ и школ искусств, обучения и воспитания, кадрового прогнозирования, укрепления материально-технической и методической базы учреждений дополнительного художественного образования и среднего специального образования, а также повышения социального статуса и профессионального совершенствования работников и преподавателей.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ И ОСНОВНЫХ ПРОБЛЕМ

3. В последние годы по инициативе и при поддержке Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сфера культуры получила развитие, созданы новые образовательные и культурные учреждения, в том числе Национальная консерватория Таджикистана, Республиканский хореографический колледж, Научно-исследовательский институт культуры и информации, Государственный институт изобразительных искусств и дизайна Таджикистана, а также современные здания культурного назначения. Эти мероприятия свидетельствуют о заботе государства о подготовке творческих кадров и сохранении национальных ценностей.

4. Несмотря на эти достижения, анализ показывает, что в сфере художественного образования и среднего специального образования в области искусства все еще существуют ряд серьезных проблем. В частности, инфраструктура учреждений не в полной мере соответствует современным требованиям, наблюдается недостаток квалифицированных педагогических кадров и несоответствие методической и образовательной системы международным стандартам.

5. В республике в настоящее время функционируют 4056 учреждения общего образования, в которых обучаются более 2,4 миллионов учащихся. Однако из этого числа лишь около 0,01 процента привлечены в учреждениях дополнительного художественного образования и среднего специального образования, что является крайне низким показателем охвата детей. Эти статистические данные свидетельствуют о том, что значительная часть детей и подростков остается лишенной возможностей для развития творческих способностей.

6. При этом, хотя в 2024 году число выпускников учреждений дополнительного художественного образования составило 1659 человек, лишь 16 процентов из них продолжили обучение на высшей ступени в области культура. Этот показатель выявляет слабость связи между ступенями начального дополнительное художественное образование, среднего специального, среднего и высшего профессионального образования в сфера, что не соответствует требованиям государственных образовательных стандартов по обеспечению преемственности образования и подготовки творческих кадров.

7. Ситуация с педагогическими кадрами создает серьезные проблемы. В некоторых регионах более 60 процентов учителей детских школ не имеют специального образования. Например, в Горно-Бадахшанской автономной области из 175 учителей – 72, в Согдийской области из 562 учителей – 350, в Хатлонской области из 391 учителя – 210 и в районах республиканского подчинения из 344 учителей – 121 имеют специальное образование.

...