Тартиби пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок аз 9 декабри соли 2025, №83

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-юми декабри соли 2025-ум, № 1383 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Замима
ба фармоиши сардори
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо 
дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 декабри соли 2025, №83

Тартиби пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок

1. Тартиби пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок (минбаъд - Тартиби мазкур) мутобиқи сархати бистуми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2014-ум, №152 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнокро муқаррар менамояд.

2. Муқаррароти Тартиби мазкур нисбат ба ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликият, ки фаъолиятро дар соҳаи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегардад.

3. Мутобиқи Тартиби мазкур маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок (минбаъд-маълумот) дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кȳҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

4. Маълумот ҳангоми ба миён омадани зарурати хизматӣ бо дархости Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кȳҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

5. Ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо маълумотро дар шакли ҷадвал пешниҳод менамоянд, ки шакли он тибқи замима ба Тартиби мазкур муайян карда шудааст (замима мегардад).

...

                                          

Зарегистрировано в Министерстве юстиции

Республики Таджикистан 30 декабря 2025 года, №1383

Приложение
к распоряжению председателя Службы по государственному надзору
за безопасным ведением работ
в промышленности и горному надзору
при Правительстве Республики Таджикистан
от 9 декабря 2025 года, №83

Порядок представления информации о состоянии промышленной безопасности на опасном производственном объекте

1. Порядок представления информации о состоянии промышленной безопасности на опасном производственном объекте (далее-настоящий Порядок) разработан в соответствии с двадцатым абзацем пункта 6 Положения Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №152 и устанавливает порядок представления информации о состоянии промышленной безопасности на опасном производственном объекте.

2. Положения настоящего Порядка распространяются на все организации, учреждения и предприятия, независимо от форм собственности, осуществляющие деятельность в сфере промышленной безопасности опасных промышленных объектов на территории Республики Таджикистан.

3. В соответствии с настоящим Порядком информация о состоянии промышленной безопасности на опасном производственном объекте (далее - информация) представляются в бумажной или электронной форме в Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан.

4. Информация требуется по служебной необходимости по запросу Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан.

...