ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Созмони ҷаҳонии ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1.Лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Созмони ҷаҳонии ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ маъқул дониста шавад.
2.Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо маҳфуздоранда мувофиқа намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 июли соли 2026, № 1193
СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур,
бо эътирофи қудрати назарраси зеҳни сунъӣ ҳамчун неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ба суръат бахшидани татбиқи Рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 мусоидат намуда, ба некӯаҳволии мардум дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад,
бо дарки зарурати пешниҳоди бештари неъматҳои байналмилалии ҷамъиятӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва идоракунии ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо мақсади мусоидат ба рушди солим, мураттаб, бехатар одилона ва судманди он ба манфиати тамоми инсоният,
бо хоҳиши саҳмгузорӣ барои расидан ба мақсадҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид,
...