ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон дар бораи бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон дар бораи бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро бо ҷониби Лаҳистон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2026, № 501
Лоиҳа
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон дар бораи бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
бо хоҳиши таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ду давлат,
...