ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷавонони назди Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷавонони назди Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон маъқул дониста шавад.
2. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Покистон сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 434
Лоиҳа
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷавонони назди Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон
Бо дарназардошти аҳаммияти муҳими таҳкими ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати баррасии мушкилоти муштарак ва мусоидат ба рушди устувор, Ёддошти тафоҳуми мазкур заминаи ҳамкориро байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷавонони назди Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон муқаррар менамояд.
Ҳамкории мазкур ба таҳкими иштироки ҷавонон, тавонмандсозии онҳо ва рушди ҳамкории минтақавию байналмилалӣ равона гардида, бар асоси уҳдадориҳои муштараки Тарафҳо ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон амалӣ карда мешавад.
...