Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд - Барномаи мазкур) ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад. Ҷиҳати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак шароити муносиб муҳайё гардида, таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз афзалиятҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
3. Барномаи мазкур вазъи ҷорӣ ва мушкилоти мавҷударо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак инъикос намуда, дурнамои рушдро барои давраи миёнамуҳлат дар бар мегирад.
4. Дар Барномаи мазкур талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», уҳдадориҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ба инобат гирифта шуда, он ба афзалиятҳои асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии дигар инъикос ёфтаанд.
2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ МАВҶУДА
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки Созмони Милали Муттаҳидро эътироф намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари дахлдорро қабул кардааст.
6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии кӯдакон 4405968 нафар ё 41 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2020176 духтар мебошанд. Аз ин шумора 34862 нафар кӯдаки маъюб, 13494 нафар кӯдаки ятим мебошанд, ки барои қонеъ намудани талаботи онҳо андешидани чораҳои дахлдор заруранд.
7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васояту парасторӣ ҳамчун шакли нигоҳубини кӯдак дар муҳити оилавӣ амал мекунад. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 588 кӯдак таҳти васояту парасторӣ қарор гирифта, 1213 кӯдак ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд.
8. Тибқи таҳқиқоти демографии тиббӣ, ки соли 2023 аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, 56 дарсади кӯдакони аз 1 то 14-сола бо ягон шакли зӯроварӣ дучор шудаанд. Андешидани чораҳои муассир дар ин соҳа нишон дод, ки шумораи кӯдакони аз 1 то 14-сола, ки ба ҳама гуна зӯроварии ҷисмонӣ дучор шудаанд, аз 69 дарсади дар соли 2017 то 56 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфта, инчунин афкори аҳолӣ низ вобаста ба истифодаи ҷазои ҷисмонӣ аз 15 дарсад дар соли 2017 то 4 дарсад дар соли 2023 тағйир ёфтааст. Дар ин замина соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 67 кишвари пешрафта дар ин соҳа шомил гардид, ки ҷазои ҷисмониро нисбат ба кӯдакон дар қонунгузорӣ манъ кардааст.
...